ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 "Дар бораи маориф" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, № 5, мод. 345; с. 2005, № 12, мод. 655; с. 2006, № 12, мод. 546; с. 2008, № 6, мод. 465, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" аз 26 марти соли 2009, №488) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- сархати ҳафтум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"- таҳсилоти фосилавӣ - тарзи амалигардонии ҷараёни таълим бо истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ, ки таълимро дар масофа бе мулоқоти шахсӣ ва бевоситаи муаллим ба хонанда имконпазир мегардонад;";
- дар сархати нӯҳум калимаи "савод" ба калимаи "саводнокӣ" иваз кардашавад;
- сархати чордаҳум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"- аккредитатсияи давлатӣ - тартиби муайян намудани мақоми муассисаи таълимӣ ҷиҳати пешбурди фаъолияти таълимӣ мутобиқи стандартҳои давлатии таълим;";
- дар сархати понздаҳум пеш аз калимаи "муқаррар" калимаи "тартиби" илова карда шавад;
- сархати шонздаҳум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"- экстернат - омӯзиши мустақилонаи фанҳои таълимӣ мутобиқи барномаи асосии таълимӣ бо аттестатсияи минбаъдаи ниҳоӣ дар муассисаи таълимӣ;".
2. Моддаи 13 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 13. Тартиби фаъолияти муассисаҳои таълимӣ
Ба муассисаҳои таълимие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон додани иҷозатномаро пешбинӣ намудааст, аз ҷониби мақоми ваколатдор тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" иҷозатнома дода мешавад.
Муассисаҳои таълимӣ танҳо пас аз гирифтани иҷозатнома ҳуқуқи амалӣ сохтани фаъолияти таълимӣ ва истифодаи имтиёзҳои пешбининамудаи қонунгузориро пайдо менамоянд.
Тартиби гузаронидани аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таълимиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад".
3. Қисми панҷуми моддаи 17 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Таҳсил дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ бо тарзи рӯзона, шабона, фосилавӣ ва экстернат ташкил карда мешавад.".
4. Дар моддаи 21:
-дар ном, матни модда ва минбаъд дар тамоми матни Қонун калимаҳои "Таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии касбӣ" ба калимаҳои "Таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ" иваз карда шаванд;
-дар қисми сеюм калимаи "касбиро" ба калимаи "таълимиро" иваз карда шавад.
5. Қисми якуми моддаи 24 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Муассисаҳои таълимие, ки (ба истиснои муассисаҳои томактабӣ) мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштаанд, ба хатмкунандагоне, ки аз аттестатсияи ниҳоӣ мегузаранд, ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилот медиҳанд.".
6. Дар моддаи 30:
-дар сархати якум калимаҳои "ва олии касбии" ба калимаҳои ",олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ" иваз карда шаванд;
-дар сархати дуюм баъд аз калимаҳои "олии касбӣ" калимаҳои "ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ" илова карда шаванд.
7. Аз сархати шашуми моддаи 31 калимаҳои "андозҳои маҳаллӣ ва" хориҷ карда шаванд.
8. Сархати ёздаҳуми моддаи 32 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"- дар доираи салоҳияти худ муассисаҳои таълимиро аз аттестатсия мегузаронанд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
19 майи соли 2009 № 529
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев
ш. Душанбе, 22 апрели соли 2009 № 1310
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе, 18 майи соли 2009 № 649
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
"О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об образовании"
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 17 мая 2004 года "06 образовании" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2004 г., №5, ст. 345; 2005 г., №12, ст. 655; 2006 г., №12, ст. 546; 2008 г., №6, ст. 465, Закон Республики Таджикистан "О внесении дополнения в Закон Республики Таджикистан "Об образовании" от 26 марта 2009 г., №488) следующие изменения и дополнения:
1. В статье 1:
- абзац седьмой изложить в следующей редакции:
"- дистанционное образование - способ реализации процесса обучения, основанный на использовании современных информационных и телекоммуникационных технологий, позволяющих осуществлять обучение на расстоянии без непосредственного личного контакта между преподавателем и учащимся;";
- абзац четырнадцатый изложить в следующей редакции:
"- государственная аккредитация - процедура определения статуса образовательного учреждения для проведения образовательной деятельности, согласно государственным образовательным стандартам;";
- абзац пятнадцатый перед словом "установление" дополнить словом "порядок";
- абзац шестнадцатый изложить в следующей редакции: "
- экстернат - самостоятельное изучение дисциплин основной образовательной программы с последующей итоговой аттестацией в учебном заведении;".
2. Статью 13 изложить в следующей редакции:
"Статья 13. Порядок деятельности образовательных учреждений
Образовательным учреждениям, которым законодательством Республики Таджикистан предусмотрена выдача лицензии, уполномоченным органом выдается лицензия в порядке, установленном Законом Республики Таджикистан "О лицензировании отдельных видов деятельности".
Образовательное учреждение имеет право на осуществление образовательной деятельности и использование льгот, установленных законодательством Республики Таджикистан, только после получения разрешения на деятельность.
Порядок проведения аттестации и аккредитации образовательных учреждений определяется Правительством Республики Таджикистан.". ;
3. Часть пятую статьи 17 изложить в следующей редакции:
"Обучение в учреждениях общего образования организуется в дневной, вечерней, дистанционной формах и экстернатом.".
4. В названии, тексте статьи 21 и далее во всем тексте Закона слова "Профессиональное образование после высшего профессионального учреждения" заменить словами "Профессиональное образование после высшего образовательного учреждения".
5. Часть первую статьи 24 изложить в следующей редакции:
"Общеобразовательные учреждения (за исключением дошкольных учреждений), прошедшие в соответствии с законодательством Республики Таджикистан государственную аккредитацию, выдают выпускникам, прошедшим итоговую аттестацию, документ об образовании государственного образца.".
6. В статье 30:
- в абзаце первом слова "и высшего профессионального" заменить словами ", высшего и послевузовского профессионального";
- абзац второй после слов "высших профессиональных учреждений" дополнить словами ",заведений высшего и послевузовского образования".
7. Из абзаца шестого статьи 31 слова "местные налоги и" исключить.
8. Абзац одиннадцатый статьи 32 изложить в следующей редакции:
"- в пределах своей компетенции проводят аттестацию образовательных учреждений.".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
19 мая 2009 года № 529
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
0 принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "0б образовании"
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан ПОстановляет:
Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "0б образовании".
Председатель
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан С. Хайруллоев
г. Душанбе, 22 апреля 2009 года, № 1310
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
0 Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "0б образовании"
Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "0б образовании", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "0б образовании".
Председатель
Маджлиси милли Маджлиси Оли
Республики Таджикистан М.Убайдуллоев
г.Душанбе, 18 мая 2009 года №649