бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 июли соли 2023,№ 327
тасдиқ шудааст
Ёддошти тафоҳум байни Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони муҳосиботи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар бахши аудити давлатӣ
Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони муҳосиботи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, ки минбаъд "Тарафҳо" номида мешаванд, дар асоси принсипҳои эҳтироми мутақобила, боварӣ, баробарӣ, шарикӣ ва ҳамкорӣ, тибқи муқаррарот ва принсипҳои асосии фаъолияти Созмони байналмилалии мақомоти олии аудитӣ (СБМОА), Созмони Осиёии мақомоти олии аудитӣ (СОМОА) ва дар якҷоягӣ бо саъйю кӯшиши Тарафҳо барои баланд бардоштани самаранокии аудити молиявӣ, мутобиқат ва самаранокӣ, бо эҳтироми пурраи қонунҳои амалкунандаи давлатҳои худ ва мувофиқи захираҳои мавҷуда амал менамояд, ба мувофиқаи зерин расиданд.
Моддаи I Мақсад
Мақсади ҳамкорӣ дар доираи ин Ёддошти тафоҳуми мазкур таҳким, пешбурд ва рушди ҳамкории пурсамар дар соҳаҳои аудити молиявӣ, самаранокӣ ва мутобиқат дар доираи СБМОА, СОМОА ва дигар ташкилотҳои минтақавӣ байни Тарафҳо, ки онҳо аъзояшон мебошанд, ба ҳисоб мераванд.
Моддаи II Самт ва шаклҳои ҳамкорӣ
Тарафҳо дар самтҳои зерин ҳамкорӣ хоҳанд кард:
1. Мубодилаи таҷриба ва табодули афкор дар лоиҳаҳои тадқиқотӣ ва чорабиниҳои марбут ба соҳаҳои манфиатҳои умумӣ, ки пешниҳоди машваратҳо, гузаронидани семинарҳо, ташкили вохуриҳо вобаста ба самти аудити молиявӣ, самаранокӣ ва аудити мутобиқатро дар бар мегирад;
2. Гузаронидани барномаҳои таълимии муштарак дар мавзуъҳои марбут ба аудити молиявӣ, самаранокӣ ва мутобиқат;
3. Мубодилаи дастурҳои аудит ва методологияи аудит;
4. Ҳама гуна шаклҳои дигари ҳамкорӣ дар доираи Ёддошти тафоҳуми мазкур бо мувофиқаи Тарафҳо.
Моддаи III Тадбирҳои молиявӣ
Ҳангоми анҷом додани фаъолият дар доираи Ёддошти тафоҳуми мазкур ҳар як Тараф бояд хароҷот ва масрафи фаъолияти худро мувофиқи захираҳои мавҷуда ба уҳда гирад.
Моддаи IV Муошират
Муоширати Тарафҳо дар амалисозии фаъолият дар доираи Ёддошти тафоҳуми мазкур ба забони англисӣ сурат мегирад.
Моддаи V Махфият
1. Ҳангоми мубодилаи иттилоот ва мавод зимни амалисозии Ёддошти тафоҳуми мазкур ҳар як Тараф қонунҳои амалкунандаи худро оид ба мубодилаи байналмилалии иттилоот ва ҳифзи сирри давлатӣ ва дигар сирри бо қонун ҳифзшаванда ба роҳбарӣ мегирад.
2. Ҳар як Тараф танҳо иттилоот ва маводи мубодилаи аз ҷониби Тарафи дигар гирифташуда ё ба Тарафи дигар додашударо ба мақсадҳои худ истифода мебарад ва он набояд бе розигии Тарафи дигар ба тарафи сеюм пешниҳод шавад.
Моддаи VI Ҳифзи ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ
Тарафҳо моликияти зехнии фаъолият ва лоиҳаҳои муштаракро, ки зимни амалисозии Ёддошти тафоҳуми мазкур ба вуҷуд омадаанд, эҳтиром мекунанд.
Моддаи VII Ҳалли баҳсҳо
Гуногунназарӣ ва баҳсҳо, ки аз тафсир, амалисозӣ ва татбиқи муқаррароти Ёддошти тафоҳуми мазкур бармеоянд, бо мувофиқаи Тарафҳо тавассути машваратҳои мустақим ва ё гуфтушуниди байни ду Тараф ҳал карда мешаванд.
Моддаи VIII Ворид намудани тағйирот
Тарафҳо метавонанд барои ворид намудани тағйирот ба Ёддошти тафоҳуми мазкур дар шакли хаттӣ дархост пешниҳод намоянд. Чунин тағйирот бо розигии ҳар ду тараф ва аз ҷониби онҳо дар шакли хаттӣ мувофиқа карда мешаванд ва тибқи расмиёти танзимкунанда, ки дар давлатҳои онҳо татбиқ мешаванд, эътибор пайдо мекунанд.
Моддаи IX Эътибори қонунӣ пайдо кардан, муҳлати амал ва қатъ
1. Ёддошти тафоҳуми мазкур пас аз 30 рӯзи охирини огоҳинома тавассути роҳҳои дипломатӣ, ки анҷоми расмиёти дохилидавлатиро кафолат медиҳад, эътибор пайдо мекунад.
2. Муҳлати амали Ёддошти тафоҳуми мазкур панҷ сол буда, такроран ба муддати як сол тамдид карда мешавад, агар яке аз Тарафҳо дар бораи қатьи амали он на камтар аз се моҳ, пеш аз санаи анҷом ёфтани Ёддошти тафоҳуми мазкур тавассути роҳҳои дипломатӣ огоҳ накунад.
3. Пас аз қатъ гардидани амали Ёддошти тафоҳуми мазкур қоидаҳо ва муқаррароти он нисбат ба ҳамаи барномаҳо, лоиҳаҳои амалкунанда ё ҳама гуна ҳуқуқҳое, ки дар доираи созиш қарор доранд, амал мекунанд.
Ёддошти тафоҳуми мазкур дар шаҳри Душанбе 8 марти соли 2023 дар ду нусхаи аслӣ бо забонҳои тоҷикӣ, арабӣ ва англисӣ ба имзо расонида шуд. Ҳамаи матнхо эътибори баробари ҳуқуқӣ доранд.
Дар сурати ба миён омадани гуногунназарӣ зимни тафсири Ёддошти тафоҳуми мазкур, матни забони англисӣ бартарӣ дорад.
|
Аз ҷониби
Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон
__________________________
Чиллазода Қарахон |
Аз ҷониби
Девони муҳосиботи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ
_____________________
Доктор Ҳуссом Бин
Абдулмуҳсин ал-Анқарӣ |