Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 июни соли 2023, № 296
Барномаи сармоягузории бо таҷҳизоти муосиру каммасрафи барқӣ таъмин намудани пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 20232027
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи сармоягузории бо таҷҳизоти муосиру каммасрафи барқӣ таъмин намудани пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 (минбаъд - Барнома) бо мақсади азнавсозӣ ва барқарорсозии пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Агентӣ) бо дарназардошти иваз намудани дастгоҳҳои обкашӣ, муҳаррикҳои барқӣ ва таҷҳизоти дигари барқию механикии пойгоҳҳои обкашӣ бо таҷҳизоти муосиру камасрафи барқӣ таҳия карда шудааст.
2. Барнома ҷиҳати амалигардонии ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Нақшаи чорабиниҳои Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025 ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари соҳавӣ оид ба азнавсозӣ ва барқарорсозии инфросохтори обёрӣ барои таъмини устувори истифодабарандагони об бо оби обёрӣ, пешгирӣ намудани хавфи аз гардиши кишоварзӣ берун мондани заминҳои кишоварзии минтақаи обёрии мошинӣ, инчунин ҷорӣ намудани таҷҳизоти муосиру каммасрафи барқӣ барои сарфа намудани истифодаи неруи барқ тавассути пойгоҳҳои обкашӣ равона карда шудааст.
2. ТАҲЛИЛИ ҲОЛАТИ ҶОРӢ ВА МУШКИЛОТИ АСОСӢ
3. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 763,9 ҳазор гектар заминҳои корами обӣ мавҷуд мебошанд. Тавассути инфросохтори обёрии дар мувозинаи Агентӣ қарордошта, ба 550 ҳазор гектари он дар асоси шартномаи таъмини оби обёрӣ ба истифодабарандагони об аз ҷониби идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ хизматрасонӣ карда шуда, боқимонда 213,9 ҳазор гектар тавассути иншоотҳои обёрии дар тавозуни мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва истифодабарандагони дигари об қарор дошта, бо оби полезӣ обёрӣ карда мешаванд.
4. Аз 550 ҳазор гектари заминҳои обёрии хизматрасонӣ 292,2 ҳазор гектари он ё 52,9 фоиз, тавассути пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ карда мешаванд. Барои обёрӣ намудани заминҳои доманакчҳҳо 228 адад пойгоҳҳои обкашии силсилавӣ бо 914 адад дастгоҳҳои обкашӣ сохта ба истифода дода шудаанд, ки обро аз 2 то 7 зина бароварда, 214,7 ҳазор гектар заминҳои кишоварзиро обёрӣ менамоянд.
5. Дар маҷмуъ дар тавозуни Агентӣ 393 адад пойгоҳҳои обкашӣ бо 1516 адад дастгоҳҳои обкашӣ, 539 883 метр қубурҳои баландфишор, 247 адад зеристгоҳҳои барқӣ, 1113 адад сулулҳо, инчунин 505 адад чоҳҳои амудӣ мавҷуд мебошанд.
6. Нишондодҳои мазкур ба тариқи зерин тақсим шудаанд:
- дар вилояти Суғд 175 адад пойгоҳҳои обкашӣ бо 650 адад дастгоҳҳои обкашӣ, 332046 метр қубурҳои баландфишор, 35 адад зеристгоҳҳои барқӣ, 477 адад сулулҳо, инчунин 317 адад чоҳҳои амудӣ;
- дар вилояти Хатлон дар маҷмуъ 139 адад пойгоҳҳои обкашӣ бо 617 адад дастгоҳҳои обкашӣ, 146004 метр қубурҳои баландфишор, 154 адад зеристгоҳҳои барқӣ, 544 адад сулулҳо, инчунин 169 адад чоҳҳои амудӣ, аз ҷумла дар минтақаи Бохтар 98 адад пойгоҳҳои обкашӣ бо 436 адад дастгоҳҳои обкашӣ, 84262 метр қубурҳои баландфишор, 61 адад зеристгоҳҳои барқӣ, 397 адад сулулҳо, инчунин 20 адад чоҳҳои амудӣ, дар минтақаи Кчлоб 41 адад пойгоҳҳои обкашӣ бо 181 адад дастгоҳҳои обкашӣ, 61742 метр қубурҳои баландфишор, 93 адад зеристгоҳҳои барқӣ, 127 адад сулулҳо, инчунин 149 адад чоҳҳои амудӣ;
- дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 76 адад пойгоҳҳои обкашӣ бо 240 адад дастгоҳҳои обкашӣ, 61023 метр қубурҳои баландфишор, 58 адад зеристгоҳҳои барқӣ, 112 адад сулулҳо, инчунин 19 адад чоҳҳои амудӣ васл карда шуда, заминҳои кишоварзиро бо оби обёрӣ таъмин менамоянд.
7. Пойгоҳҳои обкашӣ бо дастгоҳҳои обкашӣ, муҳаррикҳои барқӣ, қубурҳои баландфишор зеристгоҳҳои барқӣ ва сулулҳо асосан солҳои 1958-1988 сохта ба истифода дода шудаанд ва айни замон муҳлати техникии истифодабарии онҳо аз меъёри муайяншуда 2-4 маротиба гузашта, фарсудаву корношоям гаштаанд.
8. Бинобар сабаби солҳои тчлонӣ фаъолият намудани пойгоҳҳои обкашӣ ва фарсудаву корношоям гардидани онҳо, дар ҷумҳурӣ 56 адад пойгоҳҳои обкашӣ бо 169 адад дастгоҳҳои обкашӣ дар ҳолати корношоям қарор доранд. Аз фаъолият бозмондани пойгоҳҳои обкашӣ сабаби мушкилоти таъминоти 12,3 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ гардидааст, ки боиси эҳтимолияти хавфи аз гардиши кишоварзӣ берун мондани онҳо мегардад.
9. Бо сабаби фарсуда гардидани пойгоҳҳои обкашӣ, эҳтимолияти барзиёд истифода шудани нерчи барқ дар пойгоҳҳои обкашӣ ба миён меояд. Ба ҳисоби миёна дар пойгоҳҳои обкашии дар тавозуни Агентӣ қарордошта дар як сол 1,4 млрд кВт/соат неруи барқ истифода мегардад, ки ин 8,2 фоизи истеҳсоли миёнаи солонаи неруи барқи кишварро ташкил медиҳад.
10. Неруи барқ тавассути пойгоҳҳои обкашӣ ва чоҳҳои амудӣ дар сохтори Агентӣ ба ҳисоби миёна ба маблағи 125 миллион сомонӣ истифода мегардад. Пардохти маблағи истифодаи қувваи барқ ба ҳисоби миёна дар сатҳи 31,0 фоиз қарор дорад, зеро бо сабаби марҳила ба марҳила баланд бардоштани тарифи истифодаи неруи барқ барои пойгоҳҳои обкашӣ дар давраи мавсим ва ғарийримавсимии обёрӣ пардохти пурраи маблағи истифодаи неруи барқ аз ҷониби идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳои Агентӣ аз ҳисоби ҷамъоварии пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ аз минтақаҳои обёрии мошинӣ ғайриимкон гардидааст.
11. Таҳлил нишон медиҳад, ки аз соли 2010 то соли 2022 тарифи истифодаи мавсимии нерчи барқ барои пойгоҳҳои обкашӣ аз 1,5 дирам барои 1кВт/соат дар соли 2010 ба 9,2 дирам барои 1 кВт/соат дар соли 2022 баланд ё 524,6 фоиз афзоиш ёфтааст. Тарифи ғайримавсимии истифодаи неруи барқ барои пойгоҳҳои обкашӣ бошад, аз 5,7 дирам барои 1 кВт/соат дар соли 2010 ба 26,51 дирам барои 1 кВт/соат дар соли 2022 ё 466 фоиз афзоиш ёфтааст.
12. Дар ин раванд тарифи ҳаққи хизматрасонии таъмини об аз соли 2010 то соли 2022 танҳо аз 1,77 дирам то 2,0 дирам барои 1 м3 об афзоиш ёфтааст, ки ин ҳамагӣ 12,9 фоизро ташкил медиҳад. Дар навбати худ арзиши аслии ҳаққи хизматрасонӣ дар минтақаҳое, ки тавассути пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ карда мешаванд, вобаста аз истифодаи неруи барқ гуногун буда, аз 6 то 12 дирам барои 1 м3 об ташкил медиҳад.
13. Таҳлилҳои мазкур нишон медиҳанд, ки дар солҳои минбаъда ҳам хавфи ташаккулёбии уҳдадориҳои молиявии Агентӣ дар назди Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" вобаста ба истифодаи неруи барқ дар пойгоҳҳои обкашӣ ҷой дорад.
14. Дар раванди таъмини устувори истифодабарандагони об бо оби полезӣ дар минтақаҳои обёрии мошинӣ як қатор мушкилоте, вуҷуд дорад, ки барои ҳалли онҳо андешидани тадбирҳои фавриро тақозо менамояд. Мушкилоти мазкур асосан аз омилҳои зерин иборат мебошад:
- куҳна ва фарсуда шудани таҷҳизоти барқӣ, механикӣ ва гидротехникӣ дар пойгоҳҳои обкашӣ;
- хавфи аз меъёр зиёд истифодабарии неруи барқ дар пойгоҳҳои обкашӣ;
- на дар ҳама пойгоҳҳои обкашӣ вуҷуд доштани дастгоҳҳои баҳисобгирии неруи барқ;
- дар пойгоҳҳои обкашӣ надоштани низоми автоматиконидашудаи қатъ гардидани кори пойгоҳҳои обкашӣ, ҳангоми бе огоҳӣ маҳдуд ва қатъ гардидани таъмини қувваи барқ барои пойгоҳҳои обкашӣ;
- норасоии маблағи ҷамъоваришудаи ҳаққи хизмати обрасонӣ дар минтақаҳои обёрии мошинӣ барои истифода ва нигоҳдории пойгоҳҳои обкашӣ ва ба пуррагӣ пардохт намудани истифодаи неруи барқ дар пойгоҳҳои обкашӣ;
- куҳна ва фарсудашавии зеристгоҳҳои барқӣ ва сулулҳо, хатти интиқоли барқ то пойгоҳҳои обкашӣ;
- норасоии буҷети Агентӣ барои азнавсозӣ ва барқарорсозии пойгоҳҳои обкашӣ, зеристгоҳҳои барқӣ, сулулҳо ва хатҳои интиқоли барқ бо истифода аз таҷҳизоти муосири каммасраф.
3. ҲАДАФ ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА
15. Ҳадафҳои Барнома аз инҳо иборат мебошанд:
- фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ ҷиҳати азнавсозӣ ва барқарорсозии марҳила ба марҳилаи пойгоҳҳои обкашӣ ва бо таҷҳизоти муосиру каммасрафи барқӣ таъмин намудани онҳо;
- азнавсозӣ ва барқарорсозии пойгоҳҳои обкашӣ бо истифода аз таҷҳизоти муосири каммасрафи барқӣ, ки дар навбати аввал ба барқарорсозӣ эҳтиёҷ доранд;
- сарфа намудани истифодаи неруи барқ дар пойгоҳҳои обкашӣ;
- таъмини устувори заминҳои кишоварӣ ва истифодабарандагони дигари об бо оби полезӣ дар минтақаҳои обёрии мошинӣ.
16. Барои иҷрои ҳадафҳои Барнома гузаронидани чорабиниҳои зерин ба нақша гирифта мешавад:
- ба роҳ мондани робитаҳои созандаи шарикӣ бо институтҳои молиявии байналмилалӣ ва созмонҳои байналмилалӣ барои ҷалби сармоягузории хориҷӣ ҷиҳати азнавсозӣ ва барқарорсозии пойгоҳхои обкашӣ бо васл намудани таҷҳизоти барқии муосир;
- ҷалби маблағҳои ҳиссаи маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маблағҳои бахши хусусӣ ва сарчашмаҳои маблағгузории дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст;
- таъмини устувори хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва истифодабарандагони дигари об дар минтақаҳои обёрии мошинии дар доираи Барнома банақшагирифташуда бо оби полезӣ;
- беҳтар намудани таъминоти устувори заминҳои кишоварзӣ бо оби обёрӣ дар минтақаҳои обёрии мошинӣ;
- муайян кардани нишондиҳандаи дақиқи паст гардонидани истифодаи неруи барқ дар пойгоҳҳои обкашӣ пас аз таҳия намудани ассосноккунии иқтисодӣ-техникии лоиҳаҳои азнавсозӣ ва барқарорсозии пойгоҳҳои обкашӣ;
- беҳтар намудани таъминоти оби полезӣ дар минтақаҳои обёрии мошинии дар доираи Барнома ба нақша гирифташуда ва дар ин замина пешгирӣ намудани хавфи аз гардиши кишоварзӣ берун мондани заминҳои кишоварзӣ дар масоҳати 98 843 гектар.
4. ДАВРАҲОИ АМАЛИГАРДОНӢ ВА МАНБАҲОИ МОЛИЯВИИ БАРНОМА
17. Амалисозии Барнома марҳила ба марҳила бо ҷудо намудани се давраи асосии зерин анҷом хоҳад ёфт:
- давраи 1 - солҳои 2023-2025;
- давраи 2 - соли 2026;
- давраи 3 - соли 2027.
18. Маблағгузории Барномаи мазкур аз ҳисоби ҷалби маблағҳои сармояҳои хориҷӣ, ҳиссаи маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маблағҳои бахши хусусӣ ва сарчашмаҳои маблағгузории дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ба нақша гирифта шудааст.
19. Хароҷоти молиявӣ барои амалигардонии Барномаи мазкур 889 670,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
20. Дар марҳилаи якум дар солҳои 2023-2025 36 адад пойгоҳҳои обкашӣ ба маблағи умумии 401615,0 ҳазор сомонӣ бо таҷҳизоти муосиру каммасрафи барқӣ таъмин карда мешаванд.
21. Дар марҳилаи дуюм дар соли 2026 16 адад пойгоҳҳои обкашӣ ба маблағи умумии 194000,0 ҳазор сомонӣ бо таҷҳизоти муосиру каммасрафи барқӣ таъмин мегардад.
22. Дар марҳилаи сеюм дар соли 2027 17 адад пойгоҳҳои обкашӣ ба маблағи умумии 294055,0 ҳазор сомонӣ бо таҷҳизоти муосиру каммасрафи барқӣ таъмин мегардад.
23. Дар назар аст, ки барои амалигардонии Барномаи мазкур маблағҳои институтҳои молиявӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар доираи амалигардонии лоиҳаҳои соҳавии сармоягузорӣ ҷалб карда мешаванд, ки ин 864936,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳамзамон маблағузорӣ аз ҳисоби ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахши хусусӣ ва сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ 24734,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
5. МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБИИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА
24. Мониторинг ва арзёбии амалисозии Барнома аз ҷониби Агентӣ гузаронида мешавад. Мақсади асосии мониторинг ва арзёбӣ баланд бардоштани самарабахшии иҷрои Барнома ва беҳтар намудани фаъолият дар самти ноил шудан ба ҳадафҳо мебошад.
25. Мониторинг ва арзёбии амалисозии Барнома дар асоси талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018, № 615 "Дар бораи қоидаҳои гузаронидани мониторинг ва арзёбии амалишавии ҳуҷҷатҳои стратегии сатҳи миллӣ, барномаҳои соҳавӣ ва минтақавии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" гузаронида мешавад.
6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
26. Агентӣ ташкил, ҳамоҳангсозӣ, арзёбӣ ва назорати корҳоро оид ба амалишавии Барнома иҷро карда, тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардоштани вазъияти иҷтимоию иқтисодии мавҷуда пешниҳод манзур мекунад, инчунин назорати истифодаи мақсадноки маблағҳоро таъмин менамояд.
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 июни соли 2023, № 296
Нақшаи амали солҳои 2023-2025 Барномаи сармоягузории бо таҷҳизоти муосиру каммасрафи барқӣ таъмин намудани пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027
Ниг. ба Замима