ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТАҲСИЛОТИ КАЛОНСОЛОН"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 19 апрели соли 2023, № 998
қабул карда шуд
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 16 июни соли 2022, № 393
ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти калонсолон" аз 24 феврали соли 2017 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2017, №1-2, мод.17; соли 2018, №1, мод.18; соли 2021, №12, қ. 2, мод. 710) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- сархати панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон - муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ки фаъолияти онҳо ба ташаккули дониш, малака, маҳорат ва барои қонеъ гардондани талаботи маърифатӣ ва касбии таълимгирандагони калонсол равона гардидааст;";
- сархатҳои ҳаштум, нуҳум, даҳум ва ёздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"- таҳсилоти махсус - мукаммал гардондани дониш ва малака, ки барои фаъолияти бомуваффақият дар низоми тақсимоти технологӣ ва ҷамъиятии меҳнат заруранд;
- барномаи таълимии модулӣ - ҳуҷҷате, ки маҷмӯи модулҳои таълимиро дар бар гирифта, талабот ба сатҳи азхудкунии салоҳияти таълимгирандагон, мақсаду вазифаҳо, мазмуни таълим ва тарзи ташкили раванди таълимро ифода менамояд;
- баҳодиҳӣ - маҷмуи равандҳое, ки барои арзёбии сифати таҳсилоти касбӣ ва натиҷаи таҳсил тавассути воситаҳои баҳодиҳӣ истифода шуда, бо ҳуҷҷати дахлдори намунаи давлатӣ тасдиқ гардидаанд;
- модули таълимӣ - як қисми анҷомёфтаи барномаи таълимӣ мебошад, ки дар доираи он якчанд курси таълимӣ, фанҳо ё қисмҳои онҳо аз худ карда мешаванд ва як ё якчанд воҳиди салоҳиятро дар бар мегирад.".
2. Дар қисми 2 моддаи 3:
- аз сархати якум калимаҳои "дониш ва" хориҷ карда шаванд;
- дар сархати дуюм калимаҳои "касбӣ-техникӣ" ба калимаи "касбӣ" иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 4:
- дар сархати чорум калимаҳои "салоҳият, дониш, малака ва маҳорати" ба калимаҳои "салоҳияти касбии" иваз карда шаванд;
- сархати панҷум хориҷ карда шавад;
- сархати ҳаштум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- қонеъ гардондани талаботи ҷомеа ба мутахассисони босалоҳият;".
4. Ба моддаи 5 сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- ошкорбаёнӣ дар таҳия, қабул ва татбиқи қарорҳое, ки ба манфиатҳои аҳолии калонсол дар соҳаи маориф дахл доранд;".
5. Ба моддаи 9 қисмҳои 5 ва 6 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"5. Барои ташкили раванди таҳсилоти касбии калонсолон барномаҳои таълимии анъанавӣ ё модулӣ истифода мешаванд.
6. Номгӯи касбҳои таҳсилоти касбии калонсолон бо Маълумотномаи ягонаи тахассусии касбҳои кормандон мутобиқи сатҳҳои Таснифоти миллии тахассусҳо гурӯҳбандӣ ва рамзгузории Таснифоти касбҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.";
- қисмҳои 5 ва 6 мувофиқан қисмҳои 7 ва 8 ҳисобида шаванд.
6. Ба қисми 8 моддаи 11 пас аз калимаҳои "таҳсилоти умумӣ," калимаҳои "таҳсилоти махсус," илова карда шаванд.
7. Дар моддаи 15:
- ба қисми 2 сархатҳои дуюм, сеюм ва чорум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"- таҳияи барномаҳои махсус барои калонсолон;
- банақшагирӣ, ташаккул ва рушди шабакаи муассисаҳои таълимӣ, ки ба талаботи категорияҳои гуногуни аҳолии калонсол нигаронда шудааст;
- тасдиқи дастурамали тавсиявӣ оид ба таҳияи барномаҳои таълимии модулӣ барои ташкили раванди таҳсилоти касбии калонсолон дар заминаи курсҳои кутоҳмуддати таълимӣ;";
- сархати чорум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- тасдиқ намудани шакли ҳуҷҷати намунаи давлатӣ барои хатмкунандагони таҳсилоти касбии калонсолон дар заминаи курсҳои кутоҳмуддати таълимӣ;".
8. Дар қисми 2 моддаи 20 калимаҳои "Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 22 июни соли 2023, № 1976