Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, № 1974 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ЗАМИНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 24 майи соли 2023, № 1014

қабул карда шуд

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 16 июни соли 2022, № 391

ҷонибдорӣ карда шуд

Моддаи 1. Ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1996 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, №23, мод. 351; с. 1997, фасли IV, №23-24, мод. 333; с. 1999, №5, мод. 59; с. 2001, №4, мод. 176; с. 2004, №2, мод. 55, №3, мод. 190; с. 2006, №7, мод. 347; с. 2008, №1, қ.2, мод. 22, №6, мод. 463; с. 2011, №3, мод. 171; с. 2012, №4, мод. 269, №8, мод. 828; с. 2016, №11, мод. 879; с. 2021, №12, қ.2, мод. 697, мод. 698, мод. 699; с. 2022, №7, мод. 444), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар зербанди а) қисми якуми моддаи 17 калимаҳои "Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин" ба калимаҳои "шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ" иваз карда шаванд.

2. Дар моддаи 27:

- ба ҷумлаи якуми қисми якум пеш аз калимаҳои "зарур аст" калимаҳои "дар доираи меъёрҳои муқарраргардида" илова карда шаванд;

- дар ҷумлаи дуюми қисми якум калимаи "ҳудуди" ба калимаҳои "меъёрҳои муқарраргардидаи" иваз карда шавад;

- ба қисми чорум пас аз калимаи "истифоданашуда" калимаҳои "бо тартиби пешбининамудаи моддаҳои 37 ва 39 Кодекси мазкур" илова карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                            Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 22 июни соли 2023, № 1974

 

Закон Республики Таджикистан

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗЕМЕЛЬНЫЙ КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Принят Постановлением МН МОРТ

от 24мая 2023 года №1014

Одобрить Постановлением ММ МОРТ

от 16 июня 2023 года №391

Статья 1. Внести в Земельный кодекс Республики Таджикистан, принятый Законом Республики Таджикистан от 13 декабря 1996 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1996 г., №23, ст. 351; 1997 г., раздел IV, №23-24, ст. 333; 1999 г., №5, ст. 59; 2001 г., №4, ст. 176; 2004 г., №2, ст. 55, №3, ст. 190; 2006 г., №7, ст. 347; 2008 г., №1, ч.2, ст. 22, №6, ст. 463; 2011 г., №3, ст. 171; 2012 г., №4, ст. 269, №8, ст. 828; 2016 г., №11, ст. 879; 2021 г., №12, ч.2, ст. 697, ст. 698, ст. 699; 2022 г., №7, ст. 444), следующие изменения и дополнения:

1. В подпункте а) части первой статьи 17 слова "Сертификатом на право пользования землей" заменить словами "свидетельством о государственной регистрации".

2. В статье 27:

- первое предложение части первой после слова "обслуживания" дополнить словами "в рамках установленных норм";

- во втором предложении части первой слово "территорию" заменить словами "установленную норму";

- часть четвертую после слова "участком" дополнить словами "в порядке, предусмотренном статьями 37 и 39 настоящего Кодекса,".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                                    Эмомали Рахмон

г.Душанбе

22 июня 2023 года №1974