Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, № 1972 "Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА КОДЕКСИ МУРОФИАИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 марти соли 2023, № 988

қабул карда шуд

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 16 июни соли 2022, № 389

ҷонибдорӣ карда шуд

 

Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №7, мод. 502; с. 2014, №3, мод. 145, №7, қ. 1, мод. 391, №11, мод. 644; с. 2015, №3, мод. 202, №7-9, мод. 709, мод. 710, мод. 711, №11, мод. 956, №12, қ. 1, мод. 1109; с. 2016, №3, мод. 133, №7, мод. 615; с. 2017, №5, қ. 1, мод. 276; с. 2018, №1, мод. 8, №5, мод. 270, мод. 271; с. 2020, №1, мод. 7, №7-9, мод. 601, мод. 605, мод. 622, №12, мод. 902, мод. 903; с. 2021, №1-2, мод. 4, №4, мод. 194, мод. 195, №6, мод. 386, №12, қ. 2, мод. 690; с. 2022, №1-3, мод. 9, мод. 10, мод. 11, №12, қ. 2, мод. 769; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2023, №1951), тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:

1. Дар қисми 1 моддаи 94 рақамҳои "133-137" ба рақам ва калимаҳои "133, 134 (ба истиснои сари вақт напардохтани кумакпулӣ, ҷубронпулӣ ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ), 135-137" иваз карда шаванд.

2. Дар моддаи 95:

- ба қисми 1 пас аз рақамҳои "110-123" рақамҳо ва калимаҳои ", 134 (дар қисми сари вақт напардохтани кумакпулӣ, ҷубронпулӣ ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ) ва 140" илова карда шаванд;

- сархати якуми қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва муовинони ӯ, сардорони сарраёсатҳо ва раёсатҳои он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва раёсати Хадамот дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки дар моддаҳои 110, 110(1), 111, 119123, 134 (дар қисми сари вақт напардохтани кумакпулӣ, ҷубронпулӣ ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ) ва 140 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд;";

- сархатҳои дуюм ва чоруми қисми 2 хориҷ карда шаванд;

- дар сархати сеюм аломати нуқтавергул ";" ба аломати нуқта иваз карда шавад.

3. Аз қисми 1 моддаи 121(1) рақами "140," хориҷ карда шавад.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                          Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 22 июни соли 2023, № 1972

 

Закон Республики Таджикистан

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЯ В ПРОЦЕССУАЛЬНЫЙ КОДЕКС ОБ АДМИНИСТРАТИВНЫХ ПРАВОНАРУШЕНИЯХ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Принят Постановлением МН МОРТ

от 29 марта 2023 года, №988

Одобрить Постановлением ММ МОРТ

от 16 июня 2023 года, №389

Статья 1. Внести в Процессуальный кодекс об административных правонарушениях Республики Таджикистан, принятый Законом Республики Таджикистан от 22 июля 2013 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2013 г., №7, ст. 502; 2014 г., №3, ст. 145, №7, ч. 1, ст. 391, №11, ст. 644; 2015 г., №3, ст. 202, №7-9, ст. 709, ст. 710, ст. 711, №11, ст. 956, №12, ч. 1, ст. 1109; 2016 г., №3, ст. 133, №7, ст. 615; 2017 г., №5, ч. 1, ст. 276; 2018 г., №1, ст. 8, №5, ст. 270, ст. 271; 2020 г., №1, ст. 7, №7-9, ст. 601, ст. 605, ст. 622, №12, ст. 902, ст. 903; 2021 г., №1-2, ст. 4, №4, ст. 194, ст. 195, №6, ст. 386, №12, ч. 2, ст. 690; 2022 г., №1-3, ст. 9, ст. 10, ст. 11, №12, ч. 2, ст. 769; Закон Республики Таджикистан от 15 марта 2023 года, №1951), следующие изменения и дополнение:

1. В части 1 статьи 94 цифры "133-137" заменить цифрами и словами "133, 134 (за исключением несвоевременной выплаты пособия, компенсации и других социальных выплат), 135-137".

2. В статье 95:

- часть 1 после цифр "110-123" дополнить цифрами и словами ", 134 (в части несвоевременной выплаты пособия, компенсации и других социальных выплат) и 140";

- абзац первый части 2 изложить в следующей редакции:

"- начальник Службы государственного надзора здравоохранения и социальной защиты населения и его заместители, начальники ее главных управлений и управлений в Горно-Бадахшанской автономной области, областях и управления Службы в Кулябском регионе Хатлонской области - по административным правонарушениям, предусмотренным статьями 110, 110(1), 111, 119-123, 134 (в части несвоевременной выплаты пособия, компенсации и других социальных выплат) и 140 Кодекса Республики Таджикистан об административных правонарушениях;";

- абзацы второй и четвертой части 2 исключить;

- в абзаце третьем знак точки с запятой ";" заменить знаком точки.

3. Из части 1 статьи 1211 цифру "140," исключить.

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                               Эмомали Рахмон

г.Душанбе

22 июня 2023 года №1972