×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, № 1970 "Дар бораи назорати маъмурӣ нисбат ба шахсони аз муассисаҳои ислоҳӣ озодшуда"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ НАЗОРАТИ МАЪМУРӢ НИСБАТ БА ШАХСОНИ АЗ МУАССИСАҲОИ ИСЛОҲӢ ОЗОДШУДА

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 7 июни соли 2023, № 1020

қабул карда шуд

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 16 июни соли 2022, № 387

ҷонибдорӣ карда шуд

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии муқаррар ва амалӣ кардани назорати маъмуриро нисбат ба шахси таҳти назоратбуда муайян менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

1) маҳалли будубоши воқеӣ - маҳалли аҳолинишини интихобшуда аз ҷониби шахсони аз муассисаҳои ислоҳӣ озодшуда;

2) муассисаи ислоҳӣ - мақоми низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ки иҷрои ҷазои ҷиноятиро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ таъмин менамояд;

3) назорати маъмурӣ - чораҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур, ки барои аз ҷониби шахси таҳти назоратбуда риоя шудани маҳдудиятҳои маъмурӣ муқаррар карда шудаанд;

4) шахси таҳти назоратбуда - шахсе, ки нисбат ба ӯ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур назорати маъмурӣ муқаррар карда шудааст.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи назорати маъмурӣ нисбат ба шахсони аз муассисаҳои ислоҳӣ озодшуда

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи назорати маъмурӣ нисбат ба шахсони аз муассисаҳои ислоҳӣ озодшуда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Мақсади Қонуни мазкур

Мақсади Қонуни мазкур танзими муносибатҳо вобаста ба назорати маъмурӣ нисбат ба шахси таҳти назоратбуда ва пешгирии содиршавии ҳуқуқвайрокуниҳои нав аз ҷониби ӯ мебошад.

БОБИ 2. АСОСҲО ВА ТАРТИБИ МУҚАРРАР, АМАЛӢ, ДАРОЗ ВА ҚАТЪ НАМУДАНИ НАЗОРАТИ МАЪМУРӢ

Моддаи 4. Шахсе, ки нисбати ӯ назорати маъмурӣ муқаррар карда мешавад

1. Назорати маъмурӣ аз ҷониби суд бо асосҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи мазкур нисбати шахси болиғ, ки барои содир намудани ҷиноятҳои зерин доғи судӣ дорад, муқаррар мегардад:

1) ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин;

2) ҷиноятҳо дар ҳолати ретсидиви ҷиноят;

3) ду ё зиёда ҷиноятҳои қасдона;

4) ҷиноятҳои қасдона ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ нисбати ноболиғон.

2. Нисбати шахси дар қисми 1 моддаи мазкур зикргардида назорати маъмурӣ муқаррар карда мешавад, агар:

1) ӯ дар давраи адо намудани ҷазо дар маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ ҳамчун вайронкунандаи ашаддии тартиботи муқарраршудаи муассисаи ислоҳӣ эътироф гардида бошад;

2) ӯ дар давоми як сол ду ва зиёда ҳуқуқвайронкунии маъмурии вобаста ба тартиботи идоракунӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва ахлоқ, ҳифзи саломатӣ ва амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ содир намуда, нисбаташ қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи мақомоти ваколатдори давлатӣ мавҷуд бошад.

Моддаи 5. Тартиби муқаррар намудани назорати маъмурӣ

1. Назорати маъмурӣ бо қарори судя дар асоси дархости мақомоти корҳои дохилӣ ва бо розигии прокурори дахлдор муқаррар карда мешавад. Ба дархост варақаи озодшавӣ ва маводи дигари дахлдор ҳамроҳ карда мешаванд.

2. Дархости мақомоти корҳои дохилӣ дар бораи муқаррар намудани назорати маъмурӣ аз ҷониби судя дар муҳлати панҷ рӯзи корӣ баррасӣ карда мешавад. Қарори судя аз рӯзи ба имзо расидан эътибори қонунӣ пайдо мекунад. Дар суд намояндаи мақомоти корҳои дохилӣ ва шахсе, ки нисбаташ назорати маъмурӣ муқаррар карда мешавад, иштирок менамоянд. Дар бораи рӯз ва вақти баррасии дархост тарафҳо ба таври дахлдор огоҳ карда мешаванд. Ба суд ҳозир нашудани шахсе, ки нисбаташ дархост дар бораи муқаррар намудани назорати маъмурӣ пешниҳод шудааст, барои баррасии дархост монеъ шуда наметавонад.

3. Судя метавонад бо асосҳои кофӣ дархостро дар бораи муқаррар намудани назорати маъмурӣ рад намояд. Ҳангоми нокифоя будани маводи дархост судя онро барои бартараф кардани камбудӣ бармегардонад ва мақомоти корҳои дохилӣ вазифадор аст камбудиҳоро дар муҳлати се рӯзи корӣ бартараф намуда, дархостро аз нав ба суд пешниҳод намояд.

4. Қарори судя дар бораи муқаррар намудани назорати маъмурӣ фавран ба мақомоти корҳои дохилӣ ирсол мегардад.

5. Назорати маъмурӣ нисбат ба шахси таҳти назоратбуда аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ дар маҳалли будубоши воқеии ӯ ва маҳалли муқаррарнамудаи суд амалӣ мегардад.

6. Шахси таҳти назоратбуда метавонад аз болои қарори судя ба суди болоӣ шикоят кунад. Суди болоӣ шикоятро дар муҳлати 5 рӯз баррасӣ намуда, оид ба қонеъ ва ё рад намудани он қарор қабул менамояд, ки дар ин бора шахси таҳти назоратбуда огоҳ карда мешавад.

Моддаи 6. Муҳлати назорати маъмурӣ

1. Назорати маъмурӣ аз ҷониби суд ба муҳлати аз 6 моҳ то 3 сол дар доираи муҳлати доғи судӣ муқаррар карда мешавад.

2. Баҳисобгирии муҳлати назорати маъмурӣ дар ҳолати дар кофтуков қарор доштан ва бедарак ғоибшуда эътироф гардидани шахси таҳти назоратбуда бо қарори судя боздошта мешавад.

3. Пас аз бартараф намудани ҳолатҳои пешбининамудаи қисми мазкур, ки барои боздоштани муҳлати назорати маъмурӣ асос шудаанд, ҷараёни муҳлати назорати маъмурӣ аз ҷониби суд барқарор карда мешавад. Агар муҳлати доғи судии шахси таҳти назоратбуда гузашта бошад, пас муҳлати назорати маъмурӣ барқарор карда намешавад.

Моддаи 7. Тартиби бақайдгирии шахси таҳти назоратбуда ва амалӣ намудани назорати маъмурӣ

1. Тартиби бақайдгирии шахси таҳти назоратбуда ва амалӣ намудани назорати маъмурӣ аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

2. Бақайдгирии шахси таҳти назоратбуда ва назорати маъмурӣ аз ҷониби мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Моддаи 8. Дароз ва кам кардани муҳлати назорати маъмурӣ

1. Бо қарори судя дар асоси пешниҳоди асосноки мақомоти корҳои дохилӣ ва розигии прокурори дахлдор нисбати шахси таҳти назоратбуда, ки тартиби назорати маъмурӣ ё маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи моддаи 9 Қонуни мазкурро вайрон мекунад, дар доираи муҳлати доғи судӣ муҳлати назорати маъмурӣ дароз карда мешавад.

2. Зимни мавҷуд будани асосҳо вобаста ба ислоҳ шудани шахси таҳти назоратбуда ва пурра риоя гардидани маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи маъмурӣ аз тарафи ӯ муҳлати назорати маъмурӣ метавонад аз ҷониби суд дар асоси пешниҳоди асосноки мақомоти корҳои дохилӣ ва бо розигии прокурори дахлдор кам карда шавад.

Моддаи 9. Маҳдудиятҳои маъмурӣ

1. Нисбати шахси таҳти назоратбуда маҳдудиятҳои маъмурии зерин муқаррар карда мешаванд:

1) нарафтан ба ҷойҳои муайян;

2) дар вақтҳои муайян берун нарафтан аз маҳалли будубоши воқеӣ;

3) нарафтан ва иштирок накардан дар чорабиниҳои оммавӣ;

4) дар вақти муайян набаромадан аз маҳалли муқаррарнамудаи суд.

Моддаи 10. Қатъ гардидани назорати маъмурӣ

1. Назорати маъмурӣ дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:

1) ба итмом расидани муҳлати назорати маъмурӣ;

2) барҳам хӯрдан ва ё бардоштани доғи судии шахси таҳти назоратбуда;

3) эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар бораи таъини ҷазо нисбати шахси таҳти назоратбуда;

4) эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд оид ба бедарак ғоиб эътироф намудан ё фавтида эълон кардани шахси таҳти назоратбуда;

5) фавти шахси таҳти назоратбуда.

2. Қарор дар бораи қатъ намудани назорати маъмурӣ бо тартиби пешбининамудаи моддаи 5 Қонуни мазкур аз ҷониби судя қабул карда мешавад.

3. Назорати маъмурӣ пеш аз муҳлат бо қарори судя дар асоси дархости мақомоти корҳои дохилӣ, бо розигии прокурори дахлдор, ё аризаи шахси таҳти назоратбуда ва ё намояндаи ӯ бо гузашти на камтар аз нисфи муҳлати назорати маъмурии муқарраргардида қатъ карда мешавад, агар аз ҷониби шахси таҳти назорати маъмурӣ қарордошта маҳдудиятҳои маъмурӣ, уҳдадориҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур бовиҷдонона риоя ва иҷро гашта, дар ҷойи кор ва маҳалли будубоши воқеӣ мусбат тавсиф карда шавад.

4. Пас аз қатъ гардидани назорати маъмурӣ такроран аз ҷониби судя муқаррар кардани назорати маъмурӣ дар ҳолатҳои ҷой доштани асосҳои дар моддаи 4 Қонуни мазкур пешбинигардида мумкин аст, агар шахси таҳти назоратбуда доғи судӣ дошта бошад.

БОБИ 3. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ ШАХСИ ТАҲТИ НАЗОРАТБУДА

Моддаи 11. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахси таҳти назоратбуда

1. Шахси таҳти назоратбуда ҳуқуқ дорад:

1) ба суд бо ариза дар бораи кам, пеш аз муҳлат қатъ намудани назорати маъмурӣ ва қисман бекор кардани маҳдудиятҳои маъмурии муқарраргардида муроҷиат намояд;

2) ба мақомоти корҳои дохилӣ дар бораи аз маҳалли будубоши воқеӣ ва ё маҳалли муқаррарнамудаи суд барои ба муҳлати кӯтоҳ берун баромадан муроҷиат намояд;

3) аз болои қарори судя дар бораи муқаррар, дароз, кам намудан ва ё пеш аз муҳлат қатъ намудани назорати маъмурӣ ё муқаррар намудани маҳдудиятҳои маъмурӣ ба суди болоӣ шикоят намояд, ки он бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 5 ҳамин Кодекс баррасӣ карда мешавад;

4) ба мақомоти дахлдор аз болои амалҳои (беамалии) мақомоти корҳои дохилӣ ҳангоми амалӣ намудани назорати маъмурӣ шикоят намояд;

5) аз хизмати адвокат истифода намояд;

6) аз ҳуқуқҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода барад.

2. Шахси таҳти назоратбуда уҳдадор аст:

1) пас аз муқаррар намудани назорати маъмурӣ ба маҳалли будубоши муайяншуда ҳозир шавад;

2) барои бақайдгирӣ дар як моҳ ду маротиба ба мақомоти корҳои дохилии маҳалли будубоши воқеӣ ҳозир шавад;

3) барои бақайдгирӣ ба мақомоти корҳои дохилии маҳалли будубоши муваққатӣ дар давоми се рӯзи корӣ, бо асосҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи 12 Қонуни мазкур барои гирифтани иҷозати мақомоти корҳои дохилӣ ҷиҳати берун баромадан аз маҳалли будубоши воқеӣ ва ё ба муҳлати кӯтоҳ ба маҳалли муқаррарнамудаи суд ҳозир шавад;

4) бо даъвати асосноки мақомоти корҳои дохилии маҳалли будубоши воқеӣ дар муҳлати муайяннамуда ҳозир шавад;

5) ба мақомоти корҳои дохилии маҳалли будубоши муваққатӣ оид ба рафтан ба маҳалли будубоши воқеӣ хабар диҳад, агар шахси таҳти назоратбуда бо асосҳои дар қисми 2 моддаи 12 Қонуни мазкур пешбинишуда берун аз маҳалли будубоши воқеӣ қарор гирифта бошад;

6) ба мақомоти корҳои дохилии маҳалли будубоши воқеӣ оид ба дигар намудани ҷойи истиқомат на дертар аз се рӯзи корӣ хабар диҳад;

7) ба мақомоти корҳои дохилии маҳалли будубоши воқеӣ дар давоми се рӯзи корӣ оид ба баргаштан хабар диҳад, агар шахси таҳти назоратбуда бо асосҳои дар қисми 2 моддаи 12 Қонуни мазкур пешбинишуда дар маҳалли будубоши воқеӣ ҳузур надошта бошад;

8) ба мақомоти корҳои дохилие, ки назорати маъмуриро амалӣ мекунад, дар давоми се рӯзи корӣ дар бораи ҷойи кор, иваз ё озод шудан аз кор хабар диҳад;

9) уҳдадориҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро намояд.

БОБИ 4. ВАКОЛАТҲОИ МАҚОМОТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ ҲАНГОМИ АМАЛИСОЗИИ НАЗОРАТИ МАЪМУРӢ

Моддаи 12. Ваколатҳои мақомоти корҳои дохилӣ ҳангоми амалисозии назорати маъмурӣ

1. Мақомоти корҳои дохилӣ ҳангоми амалӣ намудани назорати маъмурӣ ҳуқуқ дорад:

1) аз ҷойи кор ва ё маҳалли будубоши воқеии шахси таҳти назоратбуда дар бораи рафтори ӯ маълумот гирад;

2) шахси таҳти назоратбударо барои гирифтани баёнот дар шакли шифоҳӣ ва ё хаттӣ оид ба масъалаҳои аз ҷониби ӯ риоя нагардидани маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи суд ва иҷро нашудани уҳдадориҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур ба мақомоти корҳои дохилии маҳалли будубоши воқеӣ даъват намояд.

2. Мақомоти корҳои дохилӣ ба шахси таҳти назоратбуда, ки нисбат ба ӯ маҳдудиятҳои пешбининамудаи бандҳои 2) ва 4) қисми 1 моддаи 9 Қонуни мазкур муқаррар шудаанд, барои берун баромадан ба муҳлати кӯтоҳ аз маҳалли будубоши воқеӣ ё маҳалли муқаррарнамудаи суд бо асосҳои зерин иҷозат диҳад:

1) марг ё бемории вазнине, ки ба ҳаёти хешованди наздики ӯ таҳдид мекунад;

2) зарурати ба шахси таҳти назоратбуда расонидани кумаки тиббӣ, инчунин табобат дар муассисаҳои тандурустӣ, агар расонидани чунин кумак ва табобат дар маҳалли будубоши воқеии ӯ ё дар маҳалли муқаррарнамудаи суд имконнопазир бошад;

3) ғайриимкон будани зисти минбаъдаи шахси таҳти назоратбуда дар маҳалли будубоши воқеӣ бо сабаби рух додани офатҳои табиӣ ё вазъияти фавқулодаи дигар;

4) зарурати ҳалли масъалаҳои зерин ҳангоми таъмин шудан бо ҷойи кор:

- ҳозир шудан ба хадамоти шуғли аҳолӣ ҷиҳати бақайдгирӣ ва ҳамкории минбаъда бо мақомоти мазкур бо мақсади дарёфти кори мувофиқ ва ё ҳамчун шахси бекор ба қайд гирифтан, агар дар маҳалли муқаррарнамудаи суд мақомоти дахлдори хадамоти шуғли аҳолӣ мавҷуд набошад;

- гузаштан аз суҳбати пешакӣ;

- гузаштан аз муоина (ташхис)-и ҳатмии пешакии тиббии барои бастани шартномаи меҳнатӣ зарур, агар чунин муоина (ташхис) наметавонад дар маҳалли муқаррарнамудаи суд анҷом дода шавад;

- бастани шартномаи меҳнатӣ;

- бастани шартномаи дахлдор, ки мавзуи он иҷрои корҳо ва ё хизматрасониҳо мебошад;

- бақайдгирии давлатӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ, гирифтани иҷозатнома ё дигар ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳӣ барои амалисозии намуди муайяни фаъолият.

3. Мақомоти корҳои дохилӣ ҳангоми амалӣ намудани назорати маъмурӣ уҳдадор аст:

1) ба шахси таҳти назоратбуда ҳуқуқ ва уҳдадориҳояшро фаҳмонда, инчунин оид ба ҷавобгарӣ барои риоя накардани маҳдудиятҳои маъмурии муқаррарнамудаи суд ва иҷро накардани уҳдадориҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудаааст, огоҳ намояд;

2) шахси таҳти назоратбударо дар давоми муҳлати назорати маъмурӣ ба қайд гирад ва назорати маъмуриро амалӣ намояд;

3) аз ҷониби шахси таҳти назоратбуда риоя гардидани маҳдудиятҳои маъмурии муқаррарнамудаи суд ва иҷрои уҳдадориҳоеро, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, мунтазам назорат намояд;

4) бо шахси таҳти назоратбуда корҳои инфиродии пешгирикунанда, ки ба огоҳонӣ ва пешгирӣ намудан аз содиркунии ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳои дигар равона гардидаанд, гузаронад;

5) нисбати шахсони аз муассисаҳои ислоҳӣ озодшуда, ки бе сабабҳои узрнок дар муҳлати муайяннамудаи муассисаи ислоҳӣ ба маҳалли будубоши воқеӣ ҳозир нашудааст, инчунин нисбати шахси таҳти назоратбуда, ки худсарона ҷойи истиқомат ё маҳалли будубоши воқеиро тарк кардааст ва ё аз маҳалли муқаррарнамудаи суд берун баромадааст, чораҳо андешад, агар суд нисбати ӯ чунин маҳдудияти маъмуриро муқаррар намуда бошад;

6) дар бораи муқаррар намудани назорати маъмурӣ бо асосҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, на дертар аз як моҳ то ба охир расидани муҳлати адои маҳдуд кардани озодии маҳкумшуда, ки ба сифати намуди ҷазои асосӣ таъин шудааст, ё ҳангоми иваз кардани қисми адонашудаи ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ бо маҳдуд кардан аз озодӣ, ба суд дархост пешниҳод намояд.

4. Мақомоти корҳои дохилӣ ҳангоми амалӣ намудани назорати маъмурӣ нисбат ба шахси таҳти назоратбуда бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ ҳамкорӣ менамояд.

БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 13. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 14. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                        Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 22 июни соли 2023, № 1970