Ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 12 июни соли 2023, № 264
тасдиқ шудааст
Тартиби ташкил намудани дидбонгоҳҳои андозӣ ва назорати андози ҳаҷми истеҳсол (ба зарфҳо рехтан), нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ва аз ҳудуди бинои истеҳсолӣ берун баровардани маҳсулоти зераксизии спиртдор, ғайриспиртӣ ва (ё) тамоку, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол мешаванд, инчунин содироти он берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Тартиби ташкил намудани дидбонгоҳҳои андозӣ ва назорати андози ҳаҷми истеҳсол (ба зарфҳо рехтан), нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ва аз ҳудуди бинои истеҳсолӣ берун баровардани маҳсулоти зераксизии спиртдор, ғайриспиртӣ ва (ё) тамоку, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол мешаванд, инчунин содироти он берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, (минбаъд Тартиб) қоидаҳои муқаррар ва расмиёти ташкили кори дидбонгоҳҳои андозиро бо мақсади ба роҳ мондани назорати иловагӣ, аз ҷумла барои ҳаҷми истеҳсол (ба зарфҳо рехтан), нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ва аз ҳудуди бинои истеҳсолӣ берун баровардан, инчунин содироти маҳсулоти зераксизии спиртдор, ғайриспиртӣ ва (ё) тамокуи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолнамударо муайян менамояд.
2. Дидбонгоҳҳои андозӣ дар чунин ҳолатҳо ташкил карда мешаванд, агар:
- истеҳсолкунандаи молҳои зераксизӣ низоми электронии тамғагузории молиро надошта бошад;
- андозсупоранда мунтазам ҳисоботи сифрӣ пешниҳод намояд;
- тамоюли коҳишёбии нишондиҳандаҳои молиявии андозсупоранда 3 моҳи пайдарпайро дар бар гирад;
- муҳлати пардохт нашудани қарзи андозӣ зиёда аз 6 моҳро ташкил кунад;
- дар ҳисоботи андоз ва ҳисоботи расмии омории истифодабарандагони захираҳои табиӣ номутобиқатӣ ошкор гардад.
3. Дидбонгоҳи андозӣ бо мақсади назорати иловагии молҳои зераксизӣ ва фаъолияти дигари субъектҳои соҳибкорӣ ҳангоми ба миён омадани ҳолатҳои дар банди 2 Тартиб пешбинигардида дар ҳудуд ва ё маҳалли ҷойгиршавӣ ва дар реҷаи кории субъекти соҳибкорӣ, ё дар нуқтаҳои барасмиятдарории гумрукӣ ташкил карда мешавад.
4. Мақомоти ҳудудии андоз ҷиҳати ташкили дидбонгоҳҳои андозӣ ҳар семоҳа номгӯйи андозсупорадагони ба ҳолатҳои зикргардидаи банди 2 Тартиб мансуббударо бо маълумотномаи асоснок ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Кумитаи андоз) пешниҳод менамоянд.
5. Кумитаи андоз дар асоси маълумоти пешниҳоднамудаи мақомоти ҳудудии андоз номгӯйи субъектҳоеро, ки нисбат ба фаъолияти онҳо дидбонгоҳи андозӣ ташкил карда мешавад, тасдиқ намуда, дар ин хусус ба чунин субъектҳо тибқи талаботи моддаи 87 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли хаттӣ ё электронӣ огоҳинома ирсол менамояд.
6. Ба шахсони мансабдори мақомоти андозе, ки масъули дидбонгоҳи андозӣ мебошанд, ворид шудан ба маҳалли фаъолияти андозсупоранда бо пешниҳоди фармоиши мақоми ваколатдори давлатӣ ва шаҳодатномаи хизматӣ иҷозат дода мешавад.
7. Субъектҳое, ки дар фаъолияти онҳо дидбонгоҳи андозӣ ташкил карда мешавад ба шахси мансабдори мақомоти андоз ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои дар банди 9 Тартиб пешбинишуда, ҳуҷраи алоҳидаи корӣ ҷудо менамоянд.
8. Дар сурати монеъ шудани андозсупоранда ба воридшавии шахси мансабдори мақомоти андоз ба макони фаъолияти ӯ шахси мансабдори мақомоти андоз дар ин хусус санад тартиб дода, ба мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат менамояд. Дар ин сурат, воридшавии шахси мансабдори мақомоти андоз дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъмин карда мешавад.
9. Шахсони мансабдори мақомоти андоз, ки масъули дидбонгоҳи андозӣ мебошанд, уҳдадоранд корҳои зеринро иҷро намоянд:
- ҳаҷми бақияи мол, ашёи хом, нишондоди ҳисобкунакҳо ва тамғаҳои аксизиро дар муқоиса бо маълумоти ҳисоботӣ ва Низоми ҳамгироии иттилоотии андоз муайян намоянд;
- ҳолатҳои бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ воридот, таҳвил ва қабул намудани молҳо, аз ҷумла молҳои зераксизиро ошкор намоянд;
- ҳолат ва кори дастгоҳҳои ченкунии маҳсулоти тайёрро, ки бо тартиби муқарраршуда муҳрбандӣ карда шудааст, назорат намоянд;
- ҳаҷм ва шумораи молҳои фурӯхташударо бо навиштаҷот дар борхат ва ҳисобнома - фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо муқоиса намоянд;
- ҳангоми ошкор намудани қонуншиканӣ ё мавҷуд будани маълумоти тасдиқшуда молҳои дар воситаҳои нақлиёти аз ҳудуди корхона баромадаистодаро бо навиштаҷот дар борхатҳо муқоиса намоянд;
- бо мақсади назорати шумораи молҳо ва ҳаҷми истеҳсол (ба зарфҳо рехтан), нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ва аз ҳудуди бинои истеҳсолӣ берун баровардан, инчунин содироти маҳсулоти зераксизии спиртдор, ғайриспиртӣ ва (ё) тамоку шумораи тамғаҳои аксизӣ, этикеткаҳо, зарфҳо ва маводи ёрирасонро назорат намоянд;
- раванди истифодаи тамғаҳои аксизӣ ба маҳсулоти тамғагузоришударо мувофиқи таъинот (намуд, ном ва зарфҳо) назорат намоянд;
- аслӣ будани тамғаҳои аксизӣ (муҳрбандиҳо), нишондодҳои ҳисобкунакҳои дастгоҳҳо, дуруст ва сари вақт дар китобҳои бақайдгирии корхонаҳо сабт шудани нишондодҳоро назорат баранд. Дар ҳолати вайрон гардидани тамғаҳои аксизӣ, канда шудани муҳрбандиҳо фавран ба мақомоти андоз хабар диҳанд;
- дар инвентаризатсияи захираҳои молию моддии корхона, аз ҷумла ҳангоми санҷиши сайёри андоз иштирок намоянд;
- назорати асоснокии борхатҳои молҳои воридшаванда ва содиротшавандаро таъмин намуда, дар борхат ва дафтари қайди дидбонгоҳ сабтҳои дахлдор гузорад;
- ҳангоми бо сабабҳои гуногун муваққатан кор накардани корхона ё ҳолатҳои дигар, тавассути воситаҳои мухталиф назорати молҳои зераксизиро дар коргоҳҳо ва анборҳоро таъмин намоянд;
- ҳангоми зарурат барои ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намудан ба роҳбарияти мақомоти андоз гузориш пешниҳод намоянд;
- шахсони бо пули нақд харидорикунандаи молҳоро ба қайд гирифта нисбат ба онҳо шаклҳои мухталифи назорати андозиро амалӣ намоянд;
- дуруст ҳисоб ва сари вақт таъмин намудани иҷрои уҳдадориҳои андозиро назорат намоянд;
- баёноти хаттии роҳбарони корхонаро оид ба муваққатан фаъолият накардани коргоҳҳо талаб намоянд;
- дар асоси нишондиҳандаҳои ҳисоби муҳосибӣ воридшавии ашёи хом, истеҳсоли воқеӣ, таҳвили маҳсулоти зераксизиро назорат намуда, ба мақомоти андоз маълумот пешниҳод намоянд.
10. Шахсони масъули дидбонгоҳи андозӣ бо натиҷаи иҷрои корҳои дар банди 9 Тартиб пешбинигардида ҳар моҳ ба мақомоти ҳудудии дахлдори андоз ва мақомоти ҳудудии андоз ҳар семоҳа ба Кумитаи андоз маълумотнома пешниҳод менамоянд. Дар маълумотнома ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории андоз дар алоҳидагӣ дарҷ карда шуда, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда замима карда мешаванд.
11. Аз натиҷаи маълумотномаи тартибдодашуда мақомоти андоз нисбат ба субъект чораҳои пешбининамудаи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро татбиқ мекунанд.
12. Кумитаи андоз бо мақсади андозбандӣ ва назорати иловагии молҳои зераксизӣ ва фаъолияти дигар вобаста ба воридот ва содирот дар мувофиқа бо Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуқтаҳои барасмиятдарории гумрукӣ дидбонгоҳи андозиро ташкил мекунад.
Утвержден
постановленем Правительства Республики Таджикистан от 12 июня 2023 года, №264
Порядок организации налоговых постов и налогового контроля объёма производства (розлива в тару), хранения, транспортировки и отпуска за пределы производственного помещения подакцизной, спиртосодержащей, безалкогольной и (или) табачной продукции, произведенной на территории Республики Таджикистан, а также её экспорта из территории Республики Таджикистан
1. Порядок организации налоговых постов и налогового контроля объёма производства (розлива в тару), хранения, транспортировки и отпуска за пределы производственного помещения подакцизной, спиртосодержащей, безалкогольной и (или) табачной продукции, произведенной на территории Республики Таджикистан, а также её экспорта из территории Республики Таджикистан (далее-Порядок) определяет правила установления и процедуры организации работы налоговых постов в целях дополнительного контроля, в частности для объёма производства (розлива в тару), хранения, транспортировки и отпуска за пределы производственного помещения, а также экспорта подакцизной спиртосодержащей, безалкогольной и (или) табачной продукции, произведенной на территории Республики Таджикистан.
2. Налоговые посты организуются в следующих случаях, если:
- производитель подакцизных товаров не имеет электронную систему маркировки товаров;
- налогоплательщик систематически представляет нулевую отчетность;
- тенденция снижения финансовых экономических показателей налогоплательщика охватывает 3 последовательных месяца;
- срок непогашения налоговой задолженности составляет более 6 месяцев;
- выявлено несоответствие налоговой отчётности с официальным статистическим отчётом пользователей природными ресурсами.
3. Налоговый пост создается в целях дополнительного контроля подакцизных товаров и другой деятельности субъектов предпринимательства при возникновении случаев, предусмотренных в пункте 2 Порядка на территории или месте расположения в режиме работы субъекта предпринимательства или на местах таможенного оформления.
4. Местные налоговые органы ежеквартально в целях организации налогового поста предоставляют перечень субъектов, относящихся к случаям, указанным в пункте 2 Порядка с обоснованной информацией в Налоговый комитет при Правительстве Республики Таджикистан (далееНалоговый комитет).
5. Налоговый комитет на основании предоставленной информации местными налоговыми органами утверждает перечень субъектов, в отношении деятельности которых организуется налоговый пост и в соответствии со статьей 87 Налогового кодекса Республики Таджикистан относительно этого таким субъектам направляет письменное или электронное уведомление.
6. Должностным лицам налоговых органов, ответственным за налоговый пост, разрешается доступ к месту деятельности налогоплательщика по предъявлению распоряжения уполномоченного государственного органа и служебного удостоверения.
7. Субъекты, в деятельности которых организуется налоговый пост, выделяют отдельное рабочее помещение должностному лицу налогового органа для выполнения обязанностей, предусмотренных пунктом 9 Порядка.
8. В случае воспрепятствования налогоплательщиком допуска должностного лица налогового органа к месту его деятельности, должностное лицо налогового органа составляет об этом акт и обращается в соответствующие правоохранительные органы. В этом случае обеспечивается вход должностного лица налогового органа во взаимодействии с правоохранительными органами.
9. Должностные лица налоговых органов, ответственные за налоговый пост, обязаны выполнять следующие действия:
- определять остатки товаров, сырья, показаний счетчиков и акцизных марок в сравнении с данными отчетности и Интегрированной налоговой информационной системой;
- выявлять случаи ввоза, поставки и приемки товаров по поддельным документам, в том числе подакцизных товаров;
- осуществить контроль за состоянием и работой приборов учета готовой продукции, опломбированных в установленном порядке;
- сверять объем и количество реализованных товаров с надписями в накладной со счетами-фактурами налога на добавленную стоимость и акцизов;
- при обнаружении нарушения законодательства или наличии констатированной информации, сверять товар в транспортном средстве, выезжающем с территории предприятия, с надписями в накладной для контроля;
- в целях контроля количества товаров и объемов производства (розлива в тару), хранения, транспортировки и отпуска за пределы производственного помещения, а также экспорта подакцизной спиртосодержащей, безалкогольной и (или) табачной продукции, вести контроль за количеством акцизных марок, этикеток, тар и вспомогательных материалов;
- осуществлять контроль за процессом использования акцизных марок на маркированные товары по их назначению (вид, наименование и тара);
- вести контроль за подлинностью акцизных марок (пломб), показаний приборов учета, правильной и своевременной записи показаний в регистрационных книгах предприятий. В случае повреждения акцизных марок, вскрытия пломб, немедленно сообщить в налоговые органы;
- участвовать в инвентаризации товарно-материальных запасов предприятия, в том числе при проведении выездной налоговой проверки;
- обеспечить контроль обоснованности ввозимых и вывозимых товаров и вносит соответствующие записи в товарно-транспортную накладную и журнал учета поста;
- в случае временного простоя по разным причинам предприятия или иных случаях различными способами обеспечивать контроль за подакцизными товарами на цехах и складах;
- при необходимости представлять доклад руководству налогового органа для обращения в правоохранительные органы;
- регистрировать лиц, приобретающих товары за наличный расчет, и осуществлять в отношении них различные формы налогового контроля;
- вести контроль за правильностью исчисления и своевременное обеспечение налоговых обязательств;
- запрашивать письменное объяснение у руководителей компании о временном простое заводов;
- на основании показателей бухгалтерского учета вести контроль за поступлением сырья, фактическим производством, поставкой подакцизных товаров и представлять информацию в налоговые органы.
10. Ответственные лица налогового поста по результатам работ, предусмотренных в пункте 9 Порядка, ежемесячно представляют в соответствующий территориальный налоговый орган справку. В справке отдельно приводятся случаи нарушения налогового законодательства и прилагаются подтверждающие документы.
11. По результатам составленной справки налоговые органы в отношении субъекта применяют меры, предусмотренные в налоговом законодательстве Республики Таджикистан.
12. Налоговый комитет в целях налогообложения и дополнительного контроля подакцизных товаров и иной деятельности по согласованию с Таможенной службой при Правительстве Республики Таджикистан в точках таможенного оформления организует налоговые посты.