ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи рамзгузории электронӣ, фаъолияти операторони пайгирикунандаи гардиши молҳо ва раванди назорати онҳо
Мутобиқи моддаи 15 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 45 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби рамзгузории электронӣ, фаъолияти операторони пайгиркунандаи гардиши молҳо ва раванди назорати онҳо тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Ҷоринамоии марҳилавии рамзгузории электронии молҳо барои намудҳои зерини молҳо таъмин карда шавад:
- то 1 июли соли 2024 барои тамокуи коркардшуда, маҳсулоти саноатии ивазкунандаи тамоку ва маҳсулоти тамоку, маҳсулоти дорои никотин, моеи дорои никотин, маҳсулот аз тамокуи гармкардашуда, сигорҳои электронӣ ва дастгоҳҳои интиқоли дуд тавассути мушаххаснамоии рақамӣ;
- то 1 июли соли 2024 барои ҳамаи намудҳои спирт, машрубот ва маҳсулоти спиртдор ва нчшокиҳои энергетикӣ;
- то 1 январи соли 2025 барои воситаи доруӣ ва молҳои тиббӣ;
- то 1 январи соли 2026 барои оби нӯшокӣ ва нӯшокиҳои хунуккунанда;
- то 1 январи соли 2027 барои техникаи маишӣ.
3. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи дастурамалҳо оид ба хусусияти рамзгузории электронии молҳои зеринро ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд:
- то 31 декабри соли 2024 барои воситаҳои доруӣ ва молҳои тиббӣ;
- то 31 декабри соли 2025 барои обҳо ва нӯшокиҳои хунуккунанда;
- то 31 декабри соли 2026 барои техникаи маишӣ.
4. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҷоринамоии марҳилавии рамзгузории электронии молҳо оператор оид ба пайгирнамоии муомилоти молро то 1 сентябри соли 2024 муайян намояд. Ба сифати оператор оид ба пайгиринамоии муомилоти мол метавонад субъекти хоҷагидоре баромад намояд, ки ба он функсияи оператори маълумоти фискалӣ дода шудааст.
5. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти давлатии ваколатдор оид ба рамзгузории электронӣ ва назорати фаъолияти операторони пайгиркунандаи гардиши молҳо муайян карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 12 июни соли 2023, № 263