Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 майи соли 2023, №215
тасдиқ шудааст
Номгӯйи гурӯҳи моли бо шарти пурра озод намудан аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз муваққатан воридшаванда, инчунин шартҳои чунин озодкунӣ
Воридоти муваққатии гурӯҳи молҳо бо риояи шартҳои зерин аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз пурра озод карда мешавад:
1) воситаҳои нақлиёт ва контейнерҳои якҷо бо воситаҳои нақлиёт воридшаванда агар воситаҳои нақлиёти зикргардида барои интиқоли байналмилалии мол ва мусофирон истифода шаванд, инчунин қисмҳои эҳтиётӣ ва таҷҳизоти барои таъмири чунин воситаҳои нақлиёт пешбинигардида;
2) таҷҳизоти касбӣ (ба истиснои таҷҳизоти барои истеҳсоли саноатии мол, интиқоли мол, истифода барои захираҳои табиӣ, сохтмон, таъмир ва нигоҳубини бино ва иншоот, борбандии мол ва корҳои заминкобӣ истифодашаванда ва таҷҳизоти дигари ба инҳо монанд) ва асбобҳои ба шахсони хориҷӣ таалуқдошта, агар асбобҳои зикргардида аз ҷониби шахсони хориҷӣ барои иҷрои корҳои мушаххас дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шаванд, инчунин қисмҳои эҳтиётии барои таъмири чунин таҷҳизот пешбинигардида;
3) молҳо барои намоиш додан дар намоишгоҳҳо, ярмаркаҳо, вохӯриҳои байналмилалӣ ва чорабиниҳои дигари ба инҳо монанд (ба истиснои намоишгоҳҳои дар маҳалли анҷоми фаъолияти истеҳсолӣ ва тиҷоратии дигар, ки бо мақсади фурӯши молҳои воридгардида, инчунин таҷҳизот ва маводи ёрирасони барои истифода ҳангоми намоиши молҳо ё дар ҷараёни вохӯриҳои байналмилалӣ, конференсияҳо ва анҷуманҳо пешбинигардида баргузор мегарданд);
4) таҷҳизот ва мавод барои мақсадҳои илмию тадқиқотӣ, инчунин қисмҳои эҳтиётии барои ба кор андохтан, назорат ва таъмири чунин таҷҳизот пешбинигардида, агар мақсад аз истифодабарии чунин таҷҳизот, мавод ва қисмҳои эҳтиётӣ ба даст овардани даромад набошад;
5) молҳое, ки барои истифодабарии муваққатӣ ройгон ба мақомот ва муассисаҳои давлатӣ бо шарти бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ, садамаҳо, фалокатҳо ва расонидани кумакҳои дигари байналмилалӣ дода мешаванд;
6) контейнерҳо (аз ҷумла лавозимот ва таҷҳизоти барои ин контейнер зарури якҷо бо контейнер интиқолёбанда), агар онҳо барои истифодаи чандинкарата пешбинӣ гардида бошанд;
7) тагмонҳо, ки ҳангоми интиқоли молҳо истифода мешаванд, агар онҳо барои истифодаи чандинкарата пешбинӣ гардида бошанд;
8) зарфҳо ва бастабандҳо, агар онҳо барои истифодаи чандинкарата пешбинӣ гардида бошанд;
9) намунаҳо, агар онҳо танҳо барои қабули фармоиши чунин навъи молҳо пешбинӣ гардида бошанд ва мақсад аз истифодабарии онҳо ба даст овардани даромад набошад ва шумораи намунаҳои монанд аз ду нусха зиёд набошад;
10) маводи таблиғотӣ (каталогҳо, нархномаҳо ва лоиҳаҳои тиҷоратӣ), агар ин мавод барои як гиранда дар як нусха ворид карда шавад ё вазни ғайрихолиси умумии он аз як килограмм зиёд набошад;
11) филмҳои таблиғотие, ки хусусият ва тарзи кори молҳоро тавзеҳ медиҳанд, агар ин филмҳо танҳо барои намоиш додан ба харидорони эҳтимолӣ пешбинӣ гардӣда, дар як нусха ворид карда шаванд ва мақсад аз истифодабарии онҳо ба даст овардани даромад набошад;
12) молҳо барои гузаронидани озмоиш, санҷиш, таҷриба ва намоиш додани хусусияти молҳо, агар мақсад аз истифодабарии онҳо ба даст овардани даромад набошад;
13) ҳомилҳои иттилооти рақамӣ, ки ройгон барои истифодабарӣ ҳангоми коркарди автоматии маълумот пешниҳод карда мешаванд;
14) таҷҳизоти тиббии ҷарроҳӣ ё озмоишӣ, ки ба муассисаҳо ва ташкилотҳои тиббӣ барои истифодабарии муваққатӣ барои мақсадҳои ташхис, ҷарроҳӣ ва табобат роёгон дода мешаванд;
15) молҳое, ки барои гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ, чорабиниҳои намоишии варзишӣ ё тамринҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд;
16) ҳайвонот барои омӯзонидан, таълим, парвариш, табобати байторӣ, сайёҳӣ, ғизодиҳӣ, гузаронидани озмоиш, амалиётҳои наҷотдиҳӣ, иҷрои вазифаҳои махсус, иштирок дар намоишгоҳҳо, озмунҳо, мусобиқаҳо, намоишҳо ва чорабиниҳои дигари ба инҳо монанд, инчунин барои мақсадҳои тиббӣ ва ҳамчун ҳайвоноти корӣ (якҷо бо таҷҳизоти дахлдор) барои истифода дар хатти назди сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
17) либосҳои театрӣ (сиркӣ), таҷҳизоти саҳнавӣ ва лавозимоти дигари театрӣ (сиркӣ), ки барои гузаронидани намоишномаҳо ва чорабиниҳои ба ин монанд пешбинӣ гардидаанд;
18) кино ва видеофилмҳо, диапозитивҳо, аксҳо ва маводи дигари дорои тасвирҳои сабтшуда барои намоиш додан дар озмунҳон кино, аксҳо ва чорабиниҳои ба инҳо монанд, агар мақсад аз истифодабарии онҳо ба даст овардани даромад набошад;
19) молҳо, агар бо шартҳои лизингӣ анҷом дода шавад.