Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Оинномаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиктрансгаз"
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.08.2018 № 381)
Мутобиқи моддаи 53 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Оинномаи замимагардидаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиктрансгаз" бо сармояи оинномавии 75731000 (ҳафтоду панҷ миллиону ҳафтсаду сиву як ҳазор) сомонӣ тасдиқ карда шавад.
2. Бақайдгирии давлатии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиктрансгаз" мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.
3. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиктрансгаз" дар доираи салоҳияти худ директорони ҷониби Тоҷикистонро дар Шӯрои директорони ширкати "Trans-Tajik Gaz pipeline Company Limited" дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва озод намуда, ҳармоҳа оид ба рафти амалишавии лоиҳаи сохтмони хатти лӯлаи гази "Тоҷикистон-Хитой" ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд .
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 29 апрели соли 2009 № 256
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Об утверждении Устава Открытого акционерного общества "Таджиктрансгаз"
(в редакции постановления Правительства РТ от 01.08.2018г.№381)
В соответствии со статьей 53 Гражданского кодекса Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить прилагаемый Устав Открытого акционерного общества "Таджиктрансгаз" с уставным капиталом 75731000 (семьдесят пять миллионов семьсот тридцать одна тысяча) сомони.
2. Государственную регистрацию Открытого акционерного общества "Таджиктрансгаз" осуществить в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.
3. Открытое акционерное общество "Таджиктрансгаз" в рамках своей компетенции по согласованию с Правительством Республики Таджикистан назначать и освобождать директоров таджикистанской стороны в Совете директоров компании "Trans-Tajik Gas Pipeline Company Limited" и ежемесячно представлять отчёт в Правительство Республики Таджикистан о ходе реализации проекта строительства газопровода "Таджикистан-Китай"
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
от 29 апреля 2009 года № 256
г. Душанбе