Қоида ва меъерҳои нигоҳдорӣ, хизматрасонӣ, истифодабарӣ ва таъмири фонди манзил аз 29 майи соли 2023, №212

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 майи соли 2023, № 212

тасдиқ шудаанд

Қоида ва меъерҳои нигоҳдорӣ, хизматрасонӣ, истифодабарӣ ва таъмири фонди манзил

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2024 № 575)

1. Қоида ва меъёрҳои нигоҳдорӣ, хизматрасонӣ, истифодабарӣ ва таъмири фонди манзил (минбаъд - Қоида) тартиби нигоҳдорӣ, хизматрасонӣ, истифодабарӣ ва таъмири фонди манзилро муайян менамоянд.

2. Дар Қоида мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

1) нигоҳдории фонди манзил - фаъолият оид ба таъмини нигоҳдорӣ, ҳолати муносиби техникию санитарӣ, шароити зарурии истифодаи молу мулк ва хароҷоти бо он алоқаманд;

2) хизматрасонии фонди манзил - фаъолияти субъектҳои идоракунии фонди манзил, ки бевосита корҳоро вобаста ба нигоҳдории дурусти қисмҳои бинои истиқоматӣ тибқи меъёрҳои муқарраргардида амалӣ менамоянд;

3) истифодабарии фонди манзил - аз ҷониби соҳибмулкон, иҷорагирон, кироягирони манзилҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, ташкилотҳои дахлдор амалӣ намудани чорабиниҳо дар фонди манзил вобаста ба истифодабарӣ, хизматрасонии техникӣ ва таъмири манзилҳо, иншоот, низомҳои муҳандисӣ, таъмини амалишавии реҷаи корӣ, инчунин нигоҳдории санитарии биноҳо ва ҳудуди онҳо;

4) таъмири фонди манзил - маҷмуи корҳои сохтмонӣ ва чорабиниҳои ташкилию техникӣ оид ба бартараф намудани фарсудашавии бино ва иншоот, ки ба тағйир додани нишондодҳои асосии техникию иқтисодии онҳо вобастагӣ надоранд.

2. НИГОҲДОРИИ ФОНДИ МАНЗИЛ

3. Фонди манзил набояд ба зарари моликон, давлат, ҷомеа ва дигар шахсон истифода шавад.

4. Фонди манзил мувофиқи талаботи муқарраргардида бояд дар ҳолати санитарӣ, ҳарорати муътадил ва ивазшавии ҳаво нигоҳ дошта шавад.

5. Субъектҳои идоракунии фонди манзил дар асоси шартнома доир ба нигоҳдории фонди манзил инҳоро таъмин менамоянд:

1) тоза кардани ҳудуд ва назорати мунтазами ҳолати санитарии он;

2) дурустии ҳолати тарҳи сохтмонӣ, асбобҳои гармидиҳӣ ва қубурҳо (таҳхона ва болохона);

3) тозагӣ ва дурустии ҳолати қисмҳои болохона ва таҳхонаҳо;

4) ташкили кор вобаста ба кашондани партовҳо ва иҷрои реҷаи кашондани онҳо тавассути ташкилоти дахлдор;

5) дар ҳолати дуруст нигоҳ доштани қуттиҳои партов (ба истиснои қуттиҳое, ки дар тавозуни ташкилотҳои дигар мебошанд);

6) дар ҳолатҳои зарурӣ гузаронидани дератизатсия ва дезинфексия дар ҷойҳои истифодаи умум, болохонаҳо ва таҳхонаҳо барои нобуд кардани хояндаҳо ва ҳашарот тавассути ташкилоти дахлдор;

7) иҷрои корҳои барқӣ ва сантехникӣ дар асоси дархости соҳибмулкон;

8) тибқи талаботи муқарраршуда ташкил намудани нигоҳдории ҳолати техникии лифт ва истифодаи бехатари он тавассути хизматрасонии ташкилоти дахлдор;

9) пешгирии сохтмони худсарона (мошинсаройҳо, панҷараҳо), аз нав муҷаҳҳазсозии долонҳо, ранг кардани қисмати беруни тиреза бо ранге, ки аз рангҳои барои ин бино муқарраршуда фарқ менамояд;

10) гузарондани корҳои васеи фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ вобаста ба нигоҳдории бино ва ҳудуди он, аз ҷумла таъмини бехатарӣ аз сӯхтор, камераҳои назоратӣ ва бехатарии даромадгоҳ;

11) дар муҳлати муқарраршуда анҷом додани азназаргузаронии техникӣ ва тадбирандешӣ;

12) пешгирӣ намудани сӯзонидани партовҳо дар ҳудуди бино ва дар қуттиҳои партов.

3. ХИЗМАТРАСОНИИ ФОНДИ МАНЗИЛ

6. Хизматрасонии фонди манзил, сарфи назар аз шакли моликият, аз ҳисоби соҳибмулкон дар асоси шартнома аз ҷониби субъектҳои идоракунии фонди манзил амалӣ карда мешавад.

7. Хизматрасонии фонди манзил корҳои зеринро дар бар мегирад:

1) мувофиқи меъёрҳои муқарраршуда дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани қисмҳои бинои истиқоматӣ, нишондиҳандаҳои истифодабарӣ ва реҷаи кори таркиби он, низоми муҳандисӣ ва дастгоҳҳои техникӣ;

2) ба роҳ мондан ва танзим намудани бартарафнамоии ҳодисаҳои нохуш (садамаҳо), камбудиҳо ва мушкилиҳои техникӣ;

3) нигоҳдории ҳудуди назди манзилҳо;

4) назорати ҳолати унсурҳои бинои истиқоматӣ.

8. Назорати ҳолати унсурҳои бинои истиқоматӣ бо роҳи азназаргузаронии нақшавӣ ва ғайринақшавӣ анҷом дода мешавад.

9. Мақсади азназаргузаронӣ муайян кардани сабабҳои эҳтимолии пайдо гардидани камбудиҳо ва таҳияи чораҳои бартараф кардани онҳо мебошад.

10. Дар рафти азназаргузаронӣ назорати истифода ва нигоҳдории манзилҳо амалӣ мегардад.

11. Азназаргузаронии нақшавии биноҳои истиқоматӣ бояд дар як сол ду маротиба дар фаслҳои баҳор ва тирамоҳ пеш аз саршавии мавсими гармидиҳӣ гузаронида шавад.

12. Азназаргузаронии ғайринавбатӣ (ғайринақшавӣ) пас аз боронҳои шадид, шамол, бориши барф, обхезӣ ва ҳодисаҳои дигари табиӣ, ки ба қисмҳои алоҳидаи биноҳои истиқоматӣ зарар мерасонанд, инчунин дар ҳолати садама ё ҳангоми ошкор шудани шакливазшавии таркиби сохтмон ва корношоямии таҷҳизоти муҳандисӣ, ки барои кори муътадил халал мерасонанд, гузаронида мешаванд.

13. Камбудиҳои ҳангоми азназаргузаронӣ ошкоршуда, шакливазшавии таркиби сохтмон ё таҷҳизотҳои биноҳои истиқоматӣ, ки боиси паст шудани қобилияти борбардорӣ ва устувории биноҳо, фурӯравӣ ё вайрон шудани кори муътадили таҷҳизот мегарданд, аз тарафи ташкилотҳои дахлдор бо ёрии субъектҳои идоракунии фонди манзил дар асоси дархости соҳибмулкон бартараф карда мешаванд.

14. Натиҷаҳои азназаргузаронӣ дар ҳуҷҷатҳои махсус - дафтарҳо ва санадҳо, ки дар онҳо ҳолати теникии биноҳо ба қайд гирифта мешаванд, сабт мегарданд. Дар дафтари азназаргузаронӣ норасоиҳо ва ҳисороти ҳангоми азназаргузаронӣ ошкоршуда (умумӣ, қисман, фавқулода), инчунин ҳолати техникии қисмҳои бино инъикос мегарданд.

15. Корношоямӣ ва нуқсонҳо дар муҳлатҳои муқарраршуда дар асоси санадҳои азназаргузаронӣ аз ҷониби субъектҳои идоракунии фонди манзил бартараф карда мешаванд.

4. ИСТИФОДАБАРӢ ВА ТАЪМИРИ ФОНДИ МАНЗИЛ

16. Истифодабарандагони фонди манзил соҳибмулкон, иҷорагирон, кироягирони манзилҳои истиқоматии фонди манзил мебошанд, ки бояд нигоҳдории бино ва ҳудудҳои назди онҳоро таъмин намоянд, аз ҷумла:

1) бехатарии техникӣ ҳангоми истифодабарии фонди манзил;

2) бехатарӣ аз сӯхтор ва талаботи санитарию эпидемиологӣ;

3) истифодаи манзили истиқоматӣ мувофиқи таъинот;

4) фароҳам овардани шароит барои субъектҳои идоракунии фонди манзил ҷиҳати иҷрои корҳо.

17. Таъмири ҷории бино маҷмуи чорабиниҳои сохтмонӣ ва ташкилию техникӣ мебошад, ки барои бартараф намудани корношоямии қисмҳо, таҷҳизот, низоми муҳандисии бино ва нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои истифодабарии он равона шудааст.

18. Даврияти таъмири ҷорӣ метавонад аз се то панҷ солро бо дарназардошти фарсудашавии ҷисмонӣ ва шароити маҳалро ташкил диҳад.

19. Таъмири ҷории таҷҳизоти муҳандисии биноҳои истиқоматӣ (низомҳои гармидиҳӣ ва ҳавотозакунӣ, обтаъминкунии гарму хунук, канализатсия, таъминоти неруи барқ, таъминоти газ), ки дар хизматрасонии ташкилотҳои дахлдор истифодабарии муассисаҳои хоҷагии коммуналӣ мебошанд, аз ҷониби ҳамин ташкилотҳо бо мусоидати субъектҳои идоракунии фонди манзил анҷом дода мешавад.

20. Ҳангоми таъмири асосӣ зарур аст, ки камбудиҳои кори тамоми қисмҳои фарсудашудаи бино ва таҷҳизот ба таври маҷмӯӣ бартараф, иваз, барқарор ё бо таҷҳизоти муҳлати истифодааш зиёд ва каммасраф иваз гардида, нишондиҳандаҳои истифодабарии фонди манзил беҳтар карда шаванд.

21. Таъмири асосӣ дар биноҳои бартарафшаванда, ки барқароркунӣ ва ободонии онҳо ғайримақсаднок аст, ба таври истисно танҳо дар он ҳаҷме иҷозат дода мешавад, ки шароити бехатар ва санитарии зист дар онҳо дар давраи боқимонда таъмин гардад.

22. Таъмир дар асоси стандартҳои давлатӣ ва дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ анҷом дода мешавад.

5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

23. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадоранд сари вақт ва пурра маблағеро, ки дар шартномаи нигоҳдорӣ, хизматрасонӣ, истифодабарӣ ва таъмири фонди манзил пешбинӣ шудааст, тариқи ғайринақдӣ пардохт намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2024 № 575).

24. Назорати давлатии риояи Қоидаи мазкур аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи манзил тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

23. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадоранд сари вақт ва пурра маблағеро, ки дар шартномаи нигоҳдорӣ, хизматрасонӣ, истифодабарӣ ва таъмири фонди манзил пешбинӣ шудааст, пардохт намоянд.