Низомномаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, ки дар соҳаи илм ва техника ба дастовардҳои намоён ноил гаштаанд 29 майи соли 2023, № 207

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замима

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 майи соли 2023, № 207

тасдиқ карда шудааст

Низомномаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, ки дар соҳаи илм ва техника ба дастовардҳои намоён ноил гаштаанд

1. Низомномаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, ки дар соҳаи илм ва техника ба дастовардҳои намоён ноил гаштаанд (минбаъд - Низомнома), талабот ва тартиби сарфароз гардондан ба Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомониро (минбаъд - Ҷоиза) муқаррар менамояд.

2. Ҷоиза қадршиносии хизматҳои шоистаи олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар назди ҷомеа ва давлат ба шумор рафта, барои дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, баланд бардоштани лаёқати эҷодии олимону муҳаққиқони ҷавон ва рушду инкишофи иқтидори илмӣ, техникӣ, технологӣ ва инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

3. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳои зерин бо Ҷоиза сарфароз гардонида мешаванд:

- натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникие, ки дар номгӯйи самтҳои афзалиятноки рушди илм, техника ва технология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидаанд;

- коркарди намунаи техникаи нав ва технологияҳои инноватсионие, ки иқтидори истеҳсолии ҷумҳуриро таҳким бахшида, ба рушди соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мусоидат менамоянд.

4. Довталаб барои гирифтани Ҷоиза дар соҳаи илм корманди муассисаҳои илмӣ, илмию таҳқиқотӣ ва таҳсилоти касбӣ шуда метавонад, ки дар рушди илм саҳми арзанда гузошта, дорои дараҷаи илмӣ (номзади илм, доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯйи ихтисос, доктори илм, доктори ҳабилитат) буда, ба талаботи сархати якуми банди 3 Низомномаи мазкур ҷавобгӯ мебошад.

5. Довталаб барои гирифтани Ҷоиза дар соҳаи техника, технология ва инноватсия шахсе шуда метавонад, ки дар фаъолияти худ ба дастовардҳои зеҳнии эътирофгардида соҳиб гардида, натиҷаи таҳқиқоташ дар истеҳсолот ҳамчун навоварӣ татбиқ шуда, дорои дараҷаи илмӣ (номзади илм, доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯйи ихтисос, доктори илм, доктори ҳабилитат) аст ва ба дастоварди пешниҳоднамудаи ӯ ҳуҷҷати муҳофизатӣ дода шуда, ба талаботи сархати дуюми банди 3 Низомнома ҷавобгӯ мебошад.

6. Довталаб барои гирифтани Ҷоиза то синни 35 солагӣ ҳуқуқи дар озмун иштирок карданро дорад.

7. Дастовардҳо барои дарёфти Ҷоиза тавассути вазорату идораҳо, муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти касбии дар соҳаи илму техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалиятдошта пешниҳод карда мешаванд.

8. Нишондиҳандаҳои корҳои пешниҳоднамудаи довталаб барои гирифтани Ҷоиза дар соҳаи илм чунин баҳогузорӣ карда мешавад:

- доштани дараҷаи илмӣ (номзади илм, доктори фалсафа (PhD) доктор аз рӯйи ихтисос, доктори илм, доктори ҳабилитат);

- моҳияти васеи илмӣ ва илмию амалӣ доштани натиҷаҳои илмии таҳқиқот, кашфиёт, ихтироот ё натиҷаи дигари фаъолияти зеҳнии пешниҳодшуда, интишор гардидан бо забонҳои давлатӣ ва хориҷӣ дар нашрияҳои илмии ҷумҳурӣ ва хориҷӣ бо замимаи маводи тасдиқкунанда дар шакли электронӣ, сабт ва аёнӣ;

- ҳуҷҷати дахлдори тасдиқкунандаи ҳолати татбиқшавӣ ва дар амал қарор доштани таҳқиқоти илмӣ;

- қарори муассисаи дахлдор оид ба пешниҳоди кори довталаб;

- 1 сол мавриди амал қарор доштани таҳқиқоти довталаб;

- доштани 2 мақола дар маҷмуаҳои илмӣ бе ҳаммуаллифӣ, ки яке аз онҳо аз ҷониби муассисаҳои илмии бонуфузи дохилӣ (Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, қарорҳои шурои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ё илмӣ) тасдиқ шуда бошад;

- доштани 10 мақолаи илмӣ (ба мақолаҳои илмии бе ҳаммуаллифӣ чопшуда афзалият дода мешавад), ки аз он 3 мақола дар маҷаллаҳои илмии онҳоро комиссияҳои олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё Федератсияи Россия эътироф намудааст ва 1 мақола бо забони хориҷӣ ба чоп расида бошад;

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи иштироки довталаб бо маърӯзаҳои илмӣ дар 10 конференсияи ҷумҳуриявӣ ва 3 конференсияи байналмилалӣ.

9. Нишондиҳандаҳои корҳои пешниҳоднамудаи довталаб барои дарёфти Ҷоиза дар соҳаи техника, технология ва инноватсия чунин баҳогузорӣ карда мешавад:

- қарори муассисаи дахлдор оид ба дастовардҳои илмии эътирофгардида;

- татбиқи коркардҳои инноватсионӣ дар самти рушди неруи инсонӣ, рушди инфрасохтор, амалан татбиқ кардани чор самти стратегии рушди кишвар, кам кардани сатҳи камбизоатӣ, бехатарии фаъолияти инсон ва экология, ҷорӣ намудани усулҳои нави таълим ва тахқиқотҳои илмӣ, истифодаи маводи навин бар ивази маводи мавҷуда, истифодаи технологияи иттилоотӣ, такмили сохти таҷҳизот ва мошинҳо, такмили конструксияҳои сохтмонӣ, бино ва иншоот, сарфаи энергия ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия, фаъолияти бонкӣ, менеҷмент ва маркетинг, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, такмили фаъолияти меҳнатӣ, паст кардани таъсири буҳрони молиявию иқтисодӣ ва таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (1 санад);

- мақолаҳои дар нашрияҳои тақризшавандаи комиссияҳои олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё Федератсияи Россия чопшуда (бе ҳаммуаллиф -1 мақола);

- мақолаҳои дар нашрияҳои тақризшавандаи комиссияҳои олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё Федератсияи Россия чопшуда (бо ҳаммуаллиф - 1 мақола);

- мақолаҳои дар нашрияҳои тақризшаванда бо забонҳои хориҷӣ чопшуда (1 мақола);

- мавҷуд будани ҳуҷҷати муҳофизатӣ (патент, дигар ҳуҷҷати муҳофизатӣ);

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи дар истеҳсолот татбиқ шудани натиҷаи кори илмӣ ё коркарди инноватсионӣ;

- хулосаи комиссияи босалоҳият иборат аз мутахассисони ин соҳа, ки ба натиҷаи навоварӣ бо дарназардошти нақши таҳаввулотии ихтироот ё натиҷаи дигари фаъолияти зеҳнӣ таҳлилу баҳогузорӣ менамояд (вобаста ба ҷараёни таъсири навоварӣ, истифодаи самараноки сарватҳои табии ҷумҳурӣ, рушди истеҳсолот ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва воридотивазкунанда, ташкили ҷойҳои кории нав ва истифодаи самараноки захираҳои инсонӣ, беҳтар кардани ҳолати дастгоҳу таҷҳизот ва шароити меҳнат, шаклҳои амалишавии масолеҳи технологӣ, рушди инфрасохтор, таъсири иқтисодӣ, рақобатпазирӣ дар бозор, рушди соҳаҳои мухталиф, сарфаи маблағ ва даромади назарраси иқтисодӣ, ҳаҷми кор, иқтидори босуръати истеҳсолот, бартараф намудани буҳрони молиявию иқтисодӣ, беҳдошти соҳаи иҷтимоӣ, экологӣ ва бехатарии шаҳрвандон, таъмини бехатарии озуқаворӣ, истеҳсоли молу маҳсулоти хусусияти инноватсионидошта ва таҳаввулот дар самти таҳия, татбиқ ва амалисозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ);

- дараҷаи навоварии кори пешниҳодшуда (техника ва таҷизоти нав, технологияҳои нав, маҳсулоти нав, усулҳои нави хизматрасонӣ дар ҳамаи соҳаҳо, усулҳои нави таълим, таҳқиқот) (1 ҳуҷҷат);

- санади тасдиқкунандаи дар истеҳсолот ҷорӣ намудани ихтироот ё натиҷаи дигари фаъолияти зеҳнӣ ва инноватсия бо нишон додани самаранокии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ;

- видеонавор дар бораи татбиқи амалии коркарди инноватсионӣ, ихтироот ё натиҷаи дигари фаъолияти зеҳнӣ дар истеҳсолот (1 навор).

10. Ба озмун барои дарёфти Ҷоиза дастовардҳое, ки муаллифи онҳо вобаста ба ҳамин дастовардҳо ба ҷоизаҳои дигари моҳияти давлатидошта пешниҳод ё сарфароз гардидаанд, роҳ дода намешаванд.

11. Озмун барои дарёфти Ҷоиза ҳар сол як маротиба гузаронида мешавад.

12. Эълон оид ба баргузории озмун барои дарёфти Ҷоиза дар васитаҳои ахбори омма ва матбуоти расмӣ 3 моҳ қабл аз баргузории он нашр ва инъикос карда мешавад.

13. Барои гузарондани озмун оид ба муайян намудани низоми пешбарии довталабон ва ташхиси корҳои илмӣ, техникӣ, технологӣ ва инноватсионии онҳо дар назди мақоми ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон Комиссияи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ (минбаъдКомиссия) таъсис дода мешавад.

14. Низомномаи Комиссия ва ҳайати онро мақоми ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон тасдиқ менамояд.

15. Ба ҳайати Комиссия намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо, академияҳои илмҳои соҳавӣ, муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мегарданд.

16. Барои таҳлилу баҳогузории навоварии пешниҳодгардида бо дарназардошти нақши таҳаввулотии ихтироот ё натиҷаи дигари фаъолияти зеҳнӣ комиссияи иловагӣ иборат аз мутахассисони соҳа барои хулосаи дақиқ дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.

17. Дастовардҳое, ки вобаста ба мазмун ва муҳтаво бо якдигар ҳаммаъно ва бо ҳам шабоҳат доранду ба талаботи озмун ҷавобгӯ мебошанд, бо қарори Комиссия танҳо ба яке аз онҳо афзалият дода мешавад.

18. Миқдори Ҷоиза 12 ҷой муқаррар шуда, аз рӯйи самтҳои афзалиятноки илм чунин тақсим карда мешавад:

- табию риёзӣ-2;

- техникию технологӣ-2;

- иқтисодӣ-1;

- гуманитарӣ-2;

- ҷомеашиносӣ-2;

- тиббӣ-2;

- кишоварзӣ-1.

19. Ба шахсоне, ки ба Ҷоиза сазовор дониста шудаанд, тибқи замима ба Низомномаи мазкур Диплом ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 1000 доллари ИМА баробар бо пули миллӣ аз рӯйи қурби асъори Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи қабули қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи супоридани Ҷоиза дода мешавад.

20. Дар ҳолати бо Ҷоиза сарфароз гардидани гурӯҳи муаллифон аз рӯйи як дастовард мукофоти пулӣ дар байни онҳо баробар тақсим гардида, диплом ба ҳар яки онҳо дар алоҳидагӣ супорида мешавад.

21. Ҷоиза, ба истиснои ҳолати пешбининамудаи банди 18 Низомномаи мазкур, тақсим карда намешавад.

22. Дар ҳолати вафот кардани шахсе, ки барои сазовор гардидан ба Ҷоиза ҳамчун номзад пешниҳод гардидааст, додани Ҷоиза баъд аз вафоти ӯ иҷозат дода мешавад. Диплом ҳамчун хотира ва мукофоти пулӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ворисони ӯ супорида мешавад.

23. Қарори Комиссия бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

24. Шаҳрванд танҳо як маротиба бо Ҷоиза сарфароз гардонида мешавад.