Низомномаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаҳои илм ва техника аз 29 майи соли 2023, № 206

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 майи соли 2023, № 206

Низомномаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаҳои илм ва техника

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Низомномаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаҳои илм ва техника (минбаъд - Низомнома) тартиби пешниҳод ва баррасии корҳои илмию техникиро ба дарёфти ҷоиза, мақом ва вазифаҳои Кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаҳои илм ва техникаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин супоридани ҷоизаро муайян менамояд.

2. Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаҳои илм ва техника ҷоизаи олии давлатӣ мебошад, ки хизмати олимони ватаниро дар назди ҷомеа ва давлат эътироф менамояд.

3. Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаҳои илм ва ва техника (минбаъд - ҷоизаи давлатӣ) барои корҳои илмии зерин супорида мешавад:

- барои корҳои илмию таҳқиқотӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ ва ҷомеашиносиву гуманитарӣ, ки натиҷаҳои онҳо илми ватаниро ба қадри назаррас ғанӣ гардонида, ба рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии ҷумҳурӣ ва барои дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани илму техникаи ватанӣ мусоидат кардаанд;

- барои коркард ва дар истеҳсолот татбиқ намудани намунаҳои нави техника, технологияҳои пешрафта, мавод, моддаҳо, доруҳои табобатӣ, навъҳои нави зироатҳои кишоварзӣ ва намудҳои нави зотҳо, асбобу таҷҳизоти наве, ки ба рушди инноватсионии соҳаи иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ, инчунин ба таҳкими қобилияти мудофиавии кишвар мусоидат намудаанд.

4. Ҳуқуқи пешниҳоди корҳои илмиро ба дарёфти ҷоизаи давлатӣ олимони соҳиби дараҷаи илмии доктори илм, доктор ҳабилитат, номзади илм ё доктор PhD - доктор аз рӯйи ихтисос доро мебошанд.

5. Корҳои илмии ба дарёфти ҷоизаи давлатӣ пешниҳодшаванда бояд ба самтҳои афзалиятдоштаи таҳқиқоти илмӣ ва илмию техникӣ, ки онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, мувофиқ бошанд.

6. Ҷоизаи давлатӣ аз мукофоти пулӣ, нишони ифтихории сарисинагӣ ва диплом иборат мебошанд.

7. Намунаи диплом ва нишони ифтихории сарисинагии "Дорандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаҳои илм ва техника"-ро Кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаҳои илм ва техникаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

8. Ҷоизаи давлатӣ дар ду сол як маротиба супорида мешавад. Чаҳор ҷоиза дар соҳаҳои зерини илм муқаррар карда мешаванд:

- илмҳои физикаю математика, химия, геология ва илмҳои техникӣ - 1 ҷоиза;

- илмҳои биологӣ ва кишоварзӣ - 1 ҷоиза;

- илмҳои тиббӣ ва фарматсевтӣ- 1 ҷоиза;

- илмҳои ҷомеашиносӣ ва гуманитарӣ - 1 ҷоиза.

9. Андозаи як ҷоиза ба 2625 доллари ИМА баробар буда, бо пули миллӣ аз рӯйи қурби асъори Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи қабули қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи супоридани ҷоизаи давлатӣ пардохт карда мешавад.

10. Ҷоизаи давлатӣ хусусияти шахсӣ дорад ва одатан ба як ғолиби озмун супорида мешавад. Агар натиҷаҳои кори илмию техникӣ ба якчанд нафар мансуб бошад, ҷоизаи давлатӣ мумкин аст ба ҳамаи ғолибони озмун, ки на бештар аз шаш нафар иборат мебошад, супорида шавад. Дар ин ҳолат муаллифи аввали кор бояд шахси соҳиби дараҷаи илмии доктори илм ё доктори ҳабилитат бошад. Мукофоти пулӣ байни ғолибони озмун баробар тақсим шуда, диплом ва нишони ифтихории сарисинагӣ ба ҳар яке аз онҳо супорида мешавад.

11. Дар ҳолати вафот кардани шахсе, ки барои сазовор гардидан ба Ҷоиза ҳамчун номзад пешниҳод гардидааст, додани Ҷоиза баъд аз марги ӯ иҷозат дода мешавад. Диплом ҳамчун хотира ва мукофоти пулӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ворисони ӯ супорида мешавад.

12. Дар ҳолати гум шудани диплом ё нишони ифтихории сарисинагии дорандаи ҷоизаи давлатӣ, нусхаи диплом ё нишони ифтихории сарисинагии дорандаи ҷоизаи давлатӣ ба соҳиби ҷоиза тибқи қарори Кумитаи ҷоизаи давлатӣ супорида мешавад.

2. ТАРТИБИ ПЕШНИҲОДИ КОРҲОИ ИЛМӢ БА ДАРЁФТИ ҶОИЗАИ ДАВЛАТӢ

13. Ба дарёфти ҷоизаи давлатӣ корҳои илмие пешниҳод шуда метавонанд, ки ба меъёрҳои дар Низомномаи мазкур нишондодашуда мувофиқ бошанд.

14. Ҳуқуқи пешбарии корҳои илмиро ба дарёфти ҷоизаи давлатӣ инҳо соҳиб мебошанд:

- Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;

- муассисаҳои илмӣ ва илмию техникӣ;

- ҳайати мушовараи вазорату идораҳо;

- шуроҳои илмӣ ва илмию техникии муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ.

15. Кори илмӣ мумкин аст аз тарафи гурӯҳи муаллифони якчанд муассисаҳо пешниҳод карда шавад. Дар ин маврид бо ризоияти умумӣ яке аз онҳо ҳамчун муассисаи пешбар, муассисаҳои дигар ҳамчун муассисаҳои ҳамроҳ муайян карда мешаванд.

16. Пешбарии корҳо тариқи овоздиҳии пинҳонӣ сурат мегирад. Агар кори барои дарёфти ҷоизаи давлатӣ пешбаришуда аз озмун нагузашта бошад, пешниҳоди баъдии он барои дарёфти ҷоизаи давлатӣ иҷозат дода намешавад.

17. Ба ҳайати довталабон шахсоне, ки аз рӯйи нишонаи маъмурӣ, машваратӣ ва ташкилӣ ба кор дахл доранд ва шахсоне, ки бо ҳамин кор сазовори мукофоти давлатӣ ва ё ҷоизаҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидаанд, набояд дохил карда шаванд.

18. Ба ҳайати гурӯҳи довталабон шахсоне метавонанд дохил шаванд, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд, аммо корҳоро якҷо бо муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ аз рӯйи нақшаю барномаҳо иҷро кардаанд ва аз тарафи ин муассисаҳо пешбарӣ карда шудаанд.

3. МАҚОМ ВА ВАЗИФАҲОИ КУМИТАИ ҶОИЗАИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ДАР СОҲАҲОИ ИЛМ ВА ТЕХНИКАИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

19. Корҳои илмие, ки ба дарёфти ҷоизаи давлатӣ пешниҳод шудаанд, аз тарафи Кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаҳои илм ва техникаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

20. Кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаҳои илм ва техникаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Кумита) мақоми ваколатдор оид ба ташкил, гузарондани озмун ва қабули қарорҳо доир ба супоридани ҷоизаи давлатӣ мебошад.

21. Раиси Кумита аз рӯйи мансаб президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, котиби илмии Кумита аз рӯйи мансаб саркотиби илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошанд.

22. Ба зиммаи Кумита қабули қарорҳо оид ба супоридани ҷоизаи давлатӣ тибқи банди 8 Низомномаи мазкур вогузор карда мешавад.

23. Кумита мувофиқи ҳадафҳои фаъолияти худ:

- корҳоеро, ки барои дарёфти ҷоизаи давлатӣ пешбарӣ шудаанд, қабул ва баррасӣ менамояд;

- корҳои арзандаро барои ширкат дар озмун интихоб мекунад ва номгӯйи ин корҳоро бо зикри номи муаллифон ва муассисаҳое, ки онҳоро барои гирифтани ҷоизаи давлатӣ пешбарӣ кардаанд, дар воситаҳои ахбори омма нашр менамояд;

- дар ташкили муҳокимаи васеъ ва ошкорои корҳое, ки барои гирифтани ҷоизаи давлатӣ пешбарӣ шудаанд, иштирок менамояд. Барои ибрози афкор ва баҳодиҳии ҷомеа мусоидат карда, пешниҳоду мулоҳизаҳои ба ин корҳо воридшударо таҳлил менамояд, дар бораи супоридани ҷоизаи давлатӣ қарор қабул карда, онро барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- пардохти ҳиссаи пулии дорандаи ҷоизаи давлатиро таъмин менамояд;

- барои паҳн шудани таҷрибаҳои эҷодӣ ва комёбиҳои дорандагони ҷоизаи давлатӣ дар воситаҳои ахбори омма мусоидат менамояд.

24. Ба Кумита ҳуқуқ дода мешавад, ки:

- барои баррасии пешакии корҳое, ки ба гирифтани ҷоизаи давлатӣ пешниҳод шудаанд, комиссияҳои экспертӣ ташкил намояд. Тартиби кори комиссияҳои экспертиро Кумита муайян менамояд;

- назорати пешбарӣ ва муҳокимаи экспертии корҳоеро, ки барои ҷоизаи давлатӣ пешниҳод шудаанд, бо риояи тартиби муқарраргардида амалӣ намояд.

25. Кумита аз чор бахши зерин иборат аст:

- бахши илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникӣ;

- бахши илмҳои биологӣ ва кишоварзӣ;

- бахши илмҳои тиббӣ ва фарматсевтӣ;

- бахши илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарӣ.

26. Ҳайати бахшҳоро ба миқдори 11 нафар (дар ҳар як бахш) бо пешниҳоди шуъбаҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз ҳисоби олимон ва мутахассисони барҷастаи ҷумҳурӣ Кумита тасдиқ менамояд.

27. Хизматрасонии хоҷагию техникии Кумитаро Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъмин менамояд.

4. ТАРТИБИ БАРРАСИИ КОРҲОИ ИЛМИЕ, КИ БА ДАРЁФТИ ҶОИЗАИ ДАВЛАТӢ ПЕШНИҲОД ШУДААНД ВА СУПОРИДАНИ ҶОИЗАИ ДАВЛАТӢ

28. Эълон оид ба баргузории озмун барои дарёфти ҷоизаи давлатӣ дар васоити ахбори омма ва матбуоти расмӣ то 1 феврали соли супоридани ҷоизаи давлатӣ бо тартиби муқарраркардаи Кумита нашр карда мешавад.

29. Корҳои илмии ба дарёфти ҷоизаи давлатӣ пешниҳодшударо Кумита то 1 марти соли супоридани ҷоизаи давлатӣ қабул менамояд.

30. Кумита дар муддати 10 рӯз пас аз гузаштани муҳлати муқарраршудаи пешбарии корҳо ба озмун онҳоро ба қайд мегирад ва ҳуҷҷатҳои корҳои сабтшударо ба бахшҳои дахлдори Кумита мефиристад.

31. Корҳои илмии хусусияти махфидошта дар ҷаласаҳои махсуси Кумита баррасӣ карда мешаванд.

32. Бахшҳои Кумита баъди аз Кумита расидани ҳуҷҷатҳо онҳоро баррасӣ мекунанд, оид ба корҳои воридшуда хулосаҳо тартиб медиҳанд ва дар бораи ба озмун иҷозат додани корҳо қарор қабул менамоянд.

33. Қарор дар бобати ба озмун иҷозат додани корҳо барои дарёфти ҷоизаи давлатӣ дар бахшҳои Кумита бо овоздиҳии кушода қабул карда мешавад. Барои ба озмун иҷозат додани кор овози бештар аз 50 (панҷоҳ) дарсади аъзои ҳозиршудаи бахш лозим аст.

34. Қарорҳои бахшҳо дар бобати ба озмун иҷозат додани корҳо аз тарафи Кумита тасдиқ карда мешавад.

35. Рӯйхати корҳое, ки Кумита барои иштирок дар озмун ҷиҳати дарёфти ҷоизаи давлатӣ иҷозат додааст, бо зикри муаллифон ва муассисаҳои онҳоро пешбарикарда дар моҳи апрели соли супоридани ҷоизаи давлатӣ дар васоити ахбори омма ва матбуоти расмӣ чоп мешавад.

36. Корҳои илмие, ки ба озмун барои дарёфти ҷоизаи давлатӣ иҷозат дода шудаанд, бояд дар воситаҳои ахбори омма, ҷаласаву конференсияҳои олимон ва муассисаҳои илмию техникӣ, дар маҷлисҳои коллективҳои меҳнатӣ ҳамаҷониба муҳокима гарданд. Муҳокимаҳо бояд хусусияти демократӣ ва мубоҳисавӣ дошта, ба ошкоро баён шудани ақидаву афкор ва баҳои ҳамаҷонибаи аҳли ҷомеа мусоидат кунанд.

37. Муҳокимаи корҳоро метавонанд ҳайати таҳририяи рӯзномаҳо, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳодияю корхонаҳо, муассисаҳои илмӣ, илмию техникӣ ва таълимӣ доир намоянд.

38. Ҳуҷҷатҳои муҳокима, мулоҳизаҳою тақриз, эрод ва таклифҳо бояд то 1 майи соли ҷоизасупорӣ ба раёсати Кумита фиристода шаванд ва ҳангоми қабули қарор оид ба супоридани ҷоизаи давлатӣ ба инобат гирифта шаванд.

39. Бахшҳои Кумита дар муддати 15 рӯзи тақвимӣ корҳои шоистаро муайян ва онҳоро барои дарёфти ҷоизаи давлатӣ ба Кумита тавсия менамоянд. Барои қабули тавсия дар бобати супоридани ҷоизаи давлатӣ аз тарафи бахшҳои Кумита аз чор се ҳиссаи овози аъзои ҳозири бахш ҳангоми дар овоздиҳии пинҳонӣ иштирок кардани аз се ду ҳиссаи ҳайати дар рӯйхатбудаи он зарур аст.

40. Қарор дар бораи дарёфти ҷоизаи давлатиро Кумита бо тарзи овоздиҳии пинҳонӣ қабул менамояд. Барои дарёфти ҷоизаи давлатӣ кор бояд аз чор се ҳиссаи овози аъзои иштирокдоштаи Кумита ва аъзои бахшҳои онро ба даст оварад. Қарори Кумита ҳангоми дар овоздиҳӣ иштирок кардани на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои ҳайати дар рӯйхатбудаи он қабулшуда ҳисоб мешавад.

41. Қарори Кумита оид ба дарёфти ҷоизаи давлатӣ барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи июни соли супоридани онҳо пешниҳод карда мешавад.

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 майи соли 2023, № 206

Ҳайати Кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаҳои илм ва техникаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

- президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (раиси Кумита);

- вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (муовини раис);

- саркотиби илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (котиби илмии Кумита);

- мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо;

- мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа;

- сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон;

- президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон;

- ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (раиси шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникӣ);

- ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (раиси шуъбаи илмҳои биологӣ);

- ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (раиси шуъбаи илмҳои ҷомеашиносӣ);

- ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (раиси шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтӣ).