Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 1992, № 277 "Дар бораи таъсиси Ширкати давлатии саҳомию холдингии "Барқи тоҷик""

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.11.2001 № 492 беэътибор дониста шуд

ДЕВОНИ ВАЗИРОНИ ҶУМУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси Ширкати давлатии саҳомию холдингии "Барқи тоҷик"

 

Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қарори Шӯрои Иттиҳодияи истеҳсолии энергетика ва электрикикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дар заминаи ташкилоту корхонаҳои ба ҳайати иттиҳодия дохилбуда таъсис додани Ширкати давлатии саҳомию холдингии "Барқи тоҷик" маъқул дониста шавад.

2. Муқаррар карда шавад, ки Ширкати давлатии саҳомию холдингии "Барқи тоҷик" вориси ҳуқуқии Иттиҳодияи истеҳсолии энергетика ва электрикикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва президенти онро Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикитон тасдиқ ва аз кор озод мекунад.

3. Кумитаи идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ширкати давлатии саҳомию холдингии "Барқи тоҷик" ҳуқуқи идораи маблағҳои асосӣ ва дигар амволи давлатии ба Иттиҳодияи истеҳсолии энергетика ва электрикикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқдоштаро бо харида гирифтани минбаъда ва ҳуқуқи баровардани саҳмҳо диҳад ва дар ҳаҷми умумии саҳмҳои ширкат ҳиссаи давлатро муайян намояд.

4. Ширкати давлатии саҳомию холдингии "Барқи тоҷик" бо тартиби муқарраргардида Оинномаи Ширкатро аз қайд гузаронад.

 

Сарвазири

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                            А. Мирзоев

Ҷонишини Мудири

Корҳои Девони Вазирони

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                            И. Бозоров

ш. Душанбе,

аз 24 июли соли 1992, № 277