Низомномаи Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 1992 № 275

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.07.2001 № 337 беэътибор дониста шуд

Бо қарори Девони

Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 22 июли соли 1992 № 275

тасдиқ шудааст

НИЗОМНОМАИ Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

1. Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми идории давлатӣ буда, бевосита ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеият дорад ва дар доираи салоҳияти худ роҳбарият ва идоракунии умури почта, алоқаи телеграфӣ, телефонӣ ва радиоӣ истифодаи умум, васоити техникии радиошунавонӣ, радиофикация ва телевизион, паҳн кардани матбуоти даврӣ дар ҷумҳурӣ, масъулияти вазъ ва рушду нумӯи онҳоро ба ӯҳда дорад.

2. Вазорат дар раванди фаъолияти худ Қонуни асосӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаи мазкур, ҳамчунин дигар санадҳои нормативиро дастури амал қарор дода, татбиқи дурусти қонунгузории ҷориро дар корхонаву иттиҳодия ва ташкилотҳои Вазорат таъмин менамоянд.

3. Вазифаҳои асосии Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборатанд аз:

3.1. Таҳия намудани барномаҳои миллии инкишофи воситаҳои техникии алоқаи барқӣ, радиошунавонӣ, телевизион /минбаъд воситаҳои техникии алоқа номида мешавад/ ва алоқаи почта, инчунин дар амал татбиқ кардани онҳо. Иштирок кардан дар таҳияи концепцияҳо ва муайян намудани самтҳои асосии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ.

3.2. Таъмин кардан ва такмил додани истифодабарии воситаҳои техникии алоқа ва алоқаи почта.

3.3. Такмил додани сиёсати тарифӣ, дар савияи байнидавлатӣ ва дохилиҷумҳурӣ, таъмин намудани ҳисобу китоб байни муассисоти марбута.

3.4. Расондани кӯмаки методӣ, иттилоотӣ, машваратӣ ба сохторҳои тобеъ дар соҳаи алоқа.

3.5. Таҳияи дархосту пешниҳодот дар бобати ҷалб намудани инвестицияҳои хориҷӣ ва таъмин намудани истифодаи самарабахши онҳо.

3.6. Тақсимоти спектри радиобасомад байни давлатҳо.

3.7. Лицензиядиҳӣ дар соҳаи алоқа.

3.8. Ҳамкорӣ бо маъмурияти соҳаи алоқаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва созмонҳои байналҳалқӣ дар боби алоқаи барқӣ ва алоқаи почта.

3.9. Иҷро кардани супоришот дар боби рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва таъминоти риояи қатъии интизоми давлатӣ.

3.10. Самаранок истифода бурдани маблағҳои асосӣ ва афзун гардонидани маҳсулнокии онҳо, кам кардани арзиши аслӣ ва сари вақт ба кор андохтани иқтидорҳои истеҳсолӣ ва фондҳои асосӣ.

3.11. Мусоидат кардан ба иттиҳодияву муассисаҳои алоқа дар бобати омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо ва баланд бардоштани тахассуси онҳо.

3.12. Ҳамкорӣ намудан бо иттиҳодияву муассисаҳо дар бобати беҳдошти шароити будубоши кормандони алоқа.

4. Вазорат зимни таъиноти хеш адои чунин вазифаҳоро ба душ дорад:

4.1. Омӯхтани вазъи /конъюктураи/ талабот ва дар заминаи он талаботро оиди инкишофи ояндаи воситаҳои техникии алоқа дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудан.

4.2. Иштирок кардан дар таҳияи ҳуҷҷатҳои нормативию техникии шабакаҳои алоқа, ки истифодабарии системаҳои алоқаи барқии миллӣ ва байнидавлатиро таъмин менамоянд.

4.3. Бопултаъминкунӣ/иштироки амалӣ/ дар муҳимтарин корҳои тадқиқотию илмии умумидавлатӣ дар соҳаи алоқа, экология ва ғайра.

4.4. Иштирок кардан дар ташкил намудани корҳои тадқиқотӣ-илмӣ оид ба таҳия ва аз худ кардани тавлидоти техникаи алоқаи навин /системаҳои телевизионӣ, радифӣ ва системаҳои тақсимкунандаи рақамии телефонӣ, комплекси воситаҳои техникаи алоқаи радиотелефонии рақамӣ телевизион ва ғайра/.

4.5. Машғул шудан бо фаъолияти иқтисодии хориҷӣ оиди масоили алоқаи барқӣ ва алоқаи почта.

Баррасӣ намудани дархосту пешниҳодоти фирмаҳои хориҷӣ дар бобати иштироки онҳо дар инкишофи васоити техникии алоқа ва алоқаи почта, созмон додани корхонаҷоти муштарак, пешниҳод намудани таклифҳои худ.

4.6. Гузаронидани экспертиза барои мувофиқати электромагнитӣ. Тақсимоти басомади радиоспектр ва ҳамоҳангсозии фаъолият дар ин соҳа бо Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва Иттиҳоди байналхалқии алоқаи барқӣ.

4.7. Додани лицензия барои кор карда баромадан, сохтан ва истифодаи навтарин дастгоҳҳои алоқа.

4.8. Назорат кардан ба фаъолияти муассисоти алоқа дар бобати риояи нормативҳо ва қоидаҳои технологӣ.

4.9. Ҳамоҳангсозии ҳамкории муассисоти алоқа дар бобати хадамоти алоқа.

4.10. Ташкили ҳисобу китоб байни муассисоти алоқа дар дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ.

4.11. Ҳамоҳанг намудани кори муассисоти гуногун дар боби бунёд кардани шабакоти алоқаи аҳамияти ҷумҳурӣ дошта.

4.12. Анҷом додани сохтмони асосии объектҳои алоқа.

4.13. Мувофиқи тартиби муқарраргардида таҳия ва тасдиқ намудани рӯйхати сохтмонҳое, ки аз ҳисоби маблағгузориҳои давлатӣ эъмор мегарданд. Ба муассисаҳои паймонкор /пудратӣ/ додани асноди зарурии лоиҳавию сметавӣ.

4.13.1. Дар доираи салоҳияти худ созмон додани ҳайати комиссияи қабул барои ба истифода қабул кардани объектҳои сохтмонашон баитмомрасидаи алоқа.

4.13.2. Саривақт таъмин намудани маблағгузории сохтмон.

4.13.3. Назорати таъминоти объектҳои сохташаванда бо таҷҳизоту мавод ва маснуот.

4.14. Сиёсати эмиссионии интишори маркаҳои почтаро ба роҳ мемонад, корро дар бобати муайян намудани талаботи муассисоти алоқа ба маҳсулоти маркадор ташкил мекунад, онҳоро бо чунин маҳсулот таъмин мекунад, инчунин фурӯши онро ҳамчун пардохт барои хизматрасонии почта ва чун маҳсулоти филателия ба роҳ мемонад.

4.15. Тайёр кардани маҳсулоти марка ва фурӯши он.

4.16. Дар бобати такмили сохтори идоракунии соҳа тадбирҳо таҳия намуда онҳоро дар амал татбиқ мекунад.

5. Вазорат дар доираи салоҳияти худ ҳаққу ҳуқуқ дорад, ки:

5.1. Аз воҳидҳои истеҳсолии тобеаш риояи интизоми технологӣ ва иҷроияро талаб намояд, барои хатоҳои содиршуда, роҳбарони истеҳсолотро ба ҷавобгарӣ кашад.

5.2. Аз воҳидҳои марбута оиди масоили гуногун маълумоти зарурӣ, аз ҷумла ҳисоботи муқарраршудаи оморӣ гирад.

5.3. Роҳбарони корхонаҳои ба системаи Вазорат дохилбударо ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад.

5.4. Сохтори идоракунии системаи комили алоқаи давлатиро муайян кунад.

5.5. Мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ иттиҳодияҳо, ташкилоту корхонаҳои соҳаи алоқаро таъсис, таҷдид ва барҳам диҳад.

5.6. Барои баррасии пешниҳодот оид ба масъалаҳои муайян кардани системаи ягонаи сиёсати техникии аз ҷиҳати илмӣ асоснокшуда дар соҳа, таҳияи тавсияҳо дар бобати истифода ва ҷорӣ намудани дастовардҳои муасири илму техникаи ватанию хориҷӣ дар назди Вазорат Шӯрои ҳамоҳангсозии илмию техникӣ ва ғайра таъсис диҳад.

5.7. Яқҷоя бо Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати ставкаҳои андоз, тарифҳо, нормативҳо, интиқоли асъор ба фонди ҷумҳурӣ барои корхонаҳо, иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои алоқаи ҷумҳурӣ пешниҳодҳо таҳия кунад.

6. Вазорат таҷрибаи татбиқи қонунгузориро дар соҳаи худ ҷамъбаст менамояд, зимни муқаррароти мавҷуда такмили соҳаро ба роҳ мемонад, татбиқи қонунро ҳадафи асосии худ қарор медиҳад.

7. Сарварии Вазоратро вазир ба ӯҳда дорад, ки он, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ таъин карда мешавад.

Вазир муовинҳо дорад, ки аз тарафи Девони Вазирони Тоҷикистон таъин карда мешаванд. Вазифаҳои муовинҳоро Вазир таъин мекунад.

Вазир барои иҷрои вазифаҳои ба Вазорат гузошташуда ва онҳое, ки ба худи ӯ вогузошта шудаанд, шахсан ҷавобгар аст, вай дар навбати худ дараҷаи масъулияти муовинҳо ва сардорони сохторҳои тобеъи Вазоратро барои роҳбарӣ ба соҳаҳои алоҳидаи фаъолияти Вазорат муқаррар менамояд.

8. Вазир дар доираи салоҳияти худ ба унвонии муассисаҳо, иттиҳодияҳо, ташкилотҳои тобеъ зимни иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Шӯрои Олӣ, қарору фармоишҳои Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо, дастурҳо, супоришҳо медиҳад, ки иҷрои онҳо барои тамоми иттиҳодияҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳои тобеи Вазорат ҳатмӣ мебошад ва иҷрои онҳоро таҳти назорат қарор медиҳад.

Вазорат дар мавридҳои зарурӣ дар ҳамкорӣ бо дигар вазоратҳо ва кумитаҳои ҷумҳурӣ якҷоя фармонҳо мебарорад.

9. Вазири алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

9.1. Роҳбарии Вазоратро ба ӯҳда дорад.

9.2. Низомномаи идораю шуъбаҳои Вазорат, ҳамчунин оинномаи иттиҳодияҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои марбутаро тасдиқ менамояд.

9.3. Ба дастгоҳи Вазорат кормандонро ба кор қабул ва аз кор сабукдуш менамояд.

10. Дар Вазорат таҳти раёсати Вазир /раис/ ва ҷонишинҳои ӯ, ҳамчунин дигар роҳбарон Коллегия созмон дода мешавад.

Аъзоёни Коллегияи Вазратро Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

Коллегияи Вазорат дар маҷлисҳои мунтазам доиршавандаи худ масъалаҳои марбутаи Вазоратро ҳаллу фасл менамояд.

Қарорҳои Коллегия бо фармонҳои вазир дар ҳаёт татбиқ карда мешаванд. Дар мавриде, ки байни Вазир ва Коллегия хилоф ба миён меояд, Вазир қарори худро ҷорӣ намуда, дар хусуси ихтилофоти бамиёномада ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Аъзоёни Коллегия низ метавонанд ақидаи худро ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доранд.

11. Вазорат суратҳисоби муқарраррӣ, буҷетӣ ва асъори дар банк, ҳамчунин мӯҳр бо акси нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорад.