Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 1994, № 185 "Дар бораи тадбирҳои зиёд кардани буҷети ҷумҳурӣ барои соли 1994"

Санаи амалкуни: 16.07.1996

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

бандҳои 4,5 бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.07.1996 № 306 беэътибор дониста шуд

ШӯРОИ ВАЗИРОНИ ҶУМУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи тадбирҳои зиёд кардани буҷети ҷумҳурӣ барои соли 1994

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.07.1996 № 306)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.07.1996 № 306)

 

Бо мақсади зиёд намудани даромади буҷети ҷумҳурӣ барои соли 1994 ва камкунии камбуди он Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кумитаҳои иҷроия, Шӯрои детутатҳои халқи вилояту шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ барномаҳои истеҳсолии корхонаю ташкилоти тобеъ ва миқдори маблағҳоеро, ки онҳо ба буҷет медиҳанд, бо дарназардошти афзоиши банақшагирифтаи истеҳсолот, таъҷилан аниқ карда, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба зиёд намудани даромади буҷетҳои дахлдори соли ҷорӣ таклифҳо пешниҳод намоянд.

2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати иқтисод ва ояндабинии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи гумруки назди Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати 10 рӯз ба Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷорӣ намудани боҷи гумрукӣ ба баъзе молҳои ба ҷумҳурӣ воридшаванда таклифҳо пешниҳод намоянд.

3. Вазорати иқтисод ва ояндабинии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мелиорация ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ризоияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду ҳафта барои ташкилоту корхонаҳои ҳисоби хоҷагӣ /ба истиснои корхонаҳои кишоварзӣ ва коммуналӣ/ андозаи пардохти истифодаи обро /аз манбаъҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ/ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри с. 1993 "Дар бораи ҳифзи табиат" тасдиқ намояд.

4. Коэффициенти афзоиш барои ҳисобу китоби ставкаҳои андози замин, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Таҷикистон аз 5 марти с. 1992 № 547 "Дар бораи пардохти замин" пешбинӣ гардидаанд, ба андозаи зерин муқаррар карда шавад:

барои заминҳои таъиноти кишоварзӣ - 50;

барои заминҳои таъиноти ғайрикишоварзӣ - 60 (бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.07.1996 № 306 беэътибор дониста шуд).

5. Индекси нархҳои соли 1994 барои ҳисобу китоби арзиши бино, иморат ва иншооте, ки бояд мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри с. 1993 "Дар бораи андози моликияти шахсони воқеӣ" андозбандӣ гардида, дар соли 1993 азнавнархмонӣ карда нашудааст, чунин муқаррар гардад:

...