Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 апрели соли 2023, № 171
тасдиқ шудааст
Тартиби дафни ҷасади террористони дар рафти амалиёти зиддитеррористӣ безараргардонидашуда
1. Тартиби дафни ҷасади террористони дар рафти амалиёти зиддитеррористӣ безараргардонидашуда (минбаъд - Тартиб) раванди дафни шахсонеро, ки фавти онҳо дар натиҷаи пешгирии амали террористии содиршуда фаро расидааст, ба танзим медарорад.
2. Тартиби мазкур ба шахсоне, ки нисбаташон таъқиби ҷиноятӣ бинобар фавти онҳо вобаста ба иштирок дар фаъолияти террористӣ, дар натиҷаи содир намудани амали террористӣ, инчунин дар сурати пешгирӣ намудани амали террористӣ қатъ карда шудааст, паҳн мегардад.
3. Дафн кардани шахсони дар банди 2 Тартиби мазкур зикргардида аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ташкилотҳои ба хизматрасонии маросими дафн машғулбуда дар ҷойҳои аз ҷониби мақомоти тафтиши пешакӣ муайянгардида анҷом дода шуда, оид ба ҷойи дафн хабар дода намешавад.
4. Барои анҷом додани дафн мақомоти тафтиши пешакӣ ба мақомоту ташкилоти дар банди 3 Тартиби мазкур зикргардида ҳуҷҷатҳои ҳамроҳикунандаи зарурӣ, аз ҷумла нусхаи қарор дар бораи қатъ намудани парвандаи ҷиноятиро нисбат ба шахсони дар банди 2 Тартиби мазкур зикргардида, инчунин маълумотномаи тиббӣ оид ба вафот, ки аз ҷониби муассисаҳои экспертизаи судӣтиббӣ дода шудааст, пешниҳод менамоянд.
5. Дар бораи фавти шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди дар рафти амалиёти зиддитеррористӣ безараргардонидашуда, ки аз кишварҳои дигар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд, мақомоти тафтиши пешакӣ намояндагиҳои дипломатӣ ё муассисаҳои консулии давлатҳои дахлдорро тавассути Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ мекунанд.
6. Дар асоси маълумотномаи тиббӣ оид ба вафот мақомот ё маъмурияти ташкилоте, ки дафнро анҷом медиҳад, дар китоби бақайдгирӣ сабти дахлдорро ворид карда, ба қабр рақами бақайдгирӣ медиҳад. Дар китоби бақайдгирӣ сол, моҳ ва санаи дафн, рақами қабр, санаи таваллуд ва марг, рақам, сана ва аз ҷониби кӣ маълумотномаи тиббӣ оид ба вафот дода шудааст, ном ва нишонии мақомот ё ташкилоте, ки бақайдгириро анҷом додааст, ворид карда мешавад. Насаб, ном, номи падари фавтида дар китоби бақайдгирӣ нишон дода намешавад.
7. Мақомот ё маъмурияти ташкилоте, ки дафнро анҷом медиҳад, ба мақомоти тафтиши пешакӣ шаҳодатнома оид ба дафн (бо нишон додани санаи дафн)-ро барои ҳамроҳ намудан ба парвандаи ҷиноятӣ медиҳад.
8. Интиқол ва то ба ҷойи дафн бурда расондани шахсони фавтида дар тобутҳои пӯшида анҷом дода мешавад.
9. Бо қарори мақомоти тафтиши пешакӣ ба хешовандони шахсони дар банди 2 Тартиби мазкур зикргардида нусхаи маълумотномаи тиббӣ оид ба вафоти аз ҷониби муассисаҳои экспертизаи судӣ-тиббӣ додашуда ва хулосаи судӣ-тиббии азназаргузаронии ҷасад супорида мешавад.
10. Дафни шахсони дар банди 2 Тартиби мазкур зикргардида аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ дар доираи маблағҳои пешбинишуда анҷом дода мешавад.
Утвержден
постановлением Правительства
Республики Таджикистан
от "28" апреля 2023 года, №171
Порядок погребения тел террористов, обезвреженных в ходе контртеррористической операции
1. Порядок погребения тел террористов, обезвреженных в ходе контртеррористической операции (далее - Порядок), регулирует процесс погребения лиц, гибель которых наступила в результате предотвращения совершения террористического акта.
2. Настоящий Порядок распространяется на лиц, в отношении которых уголовное преследование прекращено в связи с их смертью, связанной с участием в террористической деятельности, в результате совершения террористического акта, а также в случае пресечения террористического акта.
3. Погребение лиц, указанных в пункте 2 настоящего Порядка, осуществляется исполнительными органами государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, городов, районов, органами самоуправления поселков и сел, а также организациями, осуществляющими ритуальные услуги в местах, установленных органами предварительного следствия и о месте погребения не сообщается.
4. Для осуществления погребения органы предварительного следствия представляют органам и организациям, указанным в пункте 3 настоящего Порядка, необходимые сопроводительные документы, в том числе копию постановления о прекращении уголовного дела в отношении лиц, указанных в пункте 2 настоящего Порядка, а также медицинская справка о смерти, выданное учреждениями судебно-медицинской экспертизы.
5. О гибели иностранных граждан и лиц без гражданства обезвреженных в ходе контртеррористической операции, прибывших в Республику Таджикистан из других стран, органы предварительного следствия информируют дипломатические представительства или консульские учреждения соответствующих стран через Министерство иностранных дел Республики Таджикистан.
6. На основании медицинского свидетельства о смерти орган или администрация организации, осуществляющей захоронение, вносит соответствующую запись в регистрационной книге и выдает регистрационный номер на могилу. В книгу регистрации вносятся год, месяц и дата погребения, номер могилы, даты рождения и смерти, номер, дата и кем выдана медицинская справка о смерти, наименование и адрес органа или организации, осуществивших регистрацию. Фамилия, имя, отчество умершего в регистрационной книге не указываются.
7. Орган или администрация организации, осуществляющей погребение, выдает свидетельство о погребении (с указанием даты погребения) в орган предварительного следствия для приобщения к уголовному делу.
8. Транспортировка и доставка умерших к месту погребения осуществляется в закрытых гробах.
9. По решению органа предварительного следствия родственникам лиц, указанных в пункте 2 настоящего Порядка, выдаются копии медицинской справки о смерти, выданной учреждениями судебно-медицинской экспертизы, и судебномедицинского заключения экспертизы тела.
10. Погребение лиц, указанных в пункте 2 настоящего Порядка, осуществляется за счет средств местного бюджета в пределах предусмотренных средств.