Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 апрели соли 2023, № 169
тасдиқ шудааст
Тартиб оид ба меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолӣ
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиб оид ба меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолӣ (минбаъд - Тартиб) мақсад, вазифа, сохтор, меъёрҳои баҳодиҳӣ, ташкил ва вазифаҳои комиссия, тартиби ҳавасмандгардонии шахсонеро, ки меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолиро иҷро намудаанд, муайян менамояд.
2. Меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолӣ бо мақсади оммавигардонии тарбияи ҷисмонӣ, солимгардонии аҳолӣ таҳия гардида, хислатҳои зерин ба монанди тавоноӣ ва нерумандӣ, тобоварӣ ва чандирию серҳаракатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба гурӯҳи синнусолӣ муайян менамояд.
3. Меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолӣ яке аз нишондиҳандаҳои рушди тарбияи ҷисмонӣ буда, омодагии гурӯҳҳои синнусолии гуногуни аз 9 то 70 болои аҳолиро ба меҳнат ва мудофиа муайян менамояд.
2. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ МЕЪЁРҲОИ МИЛЛИИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА СОЛИМИИ АҲОЛӢ
4. Мақсади меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолӣ ин баланд бардоштани самаранокии истифодаи имконияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар таҳкими саломатӣ, рушди мутаносибу ҳаматарафаи ҷисмонии шахсият, тарбия дар руҳияи ватандӯстӣ ва таъмини идомадиҳандагии тарбияи ҷисмонии аҳолӣ ба шумор меравад.
5. Вазифаҳои меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолӣ аз инҳо иборатанд:
- ҷалби ҳарчи бештари шумораи аҳолӣ ба машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;
- баланд бардоштани сатҳи тайёрии ҷисмонӣ ва давомнокии ҳаёти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муайян кардани ҳолати ҷисмонӣ ва вазъи саломатии аҳолӣ;
- инкишофи сифатҳои тарбияи ватандӯстӣ тавассути тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, инчунин омодагӣ ба меҳнат ва дифоъ;
- навсозии низоми тарбияи ҷисмонӣ ва низоми рушди варзишҳои оммавӣ, аз он ҷумла варзиши наврасону бачагон, тавассути зиёд намудани клубҳо ва иншооти варзишӣ барои кӯдакону наврасон, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ.
3. СОХТОР ВА МЕЪЁРҲОИ МИЛЛИИ САНҶИШИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА СОЛИМИИ АҲОЛӢ
6. Сохтори меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолӣ аз нуҳ зинаи зерин иборат мебошад:
- зинаи якум аз 9 то 12 - сола;
- зинаи дуюм аз 13 то 16 - сола;
- зинаи сеюм аз 17 то 19 - сола;
- зинаи чорум аз 20 то 29 - сола;
- зинаи панҷум аз 30 то 39 - сола;
- зинаи шашум аз 40 то 49 - сола;
- зинаи ҳафтум аз 50 то 59 - сола;
- зинаи ҳаштум аз 60 то 69 - сола;
- зинаи нуҳум аз 70 - сола боло.
7. Меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолӣ талаботи давлатиро вобаста ба сатҳи тайёрии ҷисмонии аҳолӣ мутобиқи замимаи 1 Тартиби мазкур пешбинӣ менамоянд. Инчунин, Тартиби мазкур меъёрҳоро аз рӯйи намудҳои санҷиш ва меъёрҳои талабот ба малака ва маҳорат дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш пешбинӣ менамояд.
8. Намудҳои санҷишҳое, ки меъёрҳои зеринро дар бар мегиранд:
- меъёрҳое, ки барои муайян намудани сатҳи инкишофи сифатҳои ҷисмонӣ, малака ва маҳорат имкон медиҳанд;
- меъёрҳое, ки ҷиҳати баҳодиҳии сатҳи гуногунҷанбагии инкишофи ҳаматарафаи сифатҳои асосии ҷисмонӣ, малака ва маҳорати тавоноиро мутобиқ ба инкишофи хусусиятҳои ҷинсӣ ва синнусолии шахс имкон медиҳанд.
9. Намудҳои санҷишҳо ба меъёрҳои ҳатмӣ ва интихобӣ ҷудо мешаванд:
- меъёрҳои ҳатмие, ки санҷишҳоро оид ба муайян намудани сатҳи инкишофи имконияти суръатнокӣ, тобоварӣ, қувва ва нерумандиро мутобиқи зинаҳои сохтори меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолӣ муқаррар менамоянд;
- меъёрҳои интихобӣ, ки санҷишҳоро оид ба муайян намудани сатҳи инкишофи имкониятҳои суръатнокӣ ва тавоноӣ, қобилияти ҳамоҳангсозӣ ва азхудкунии малакаву маҳоратро мутобиқи зинаҳои сохтори меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолӣ муқаррар менамоянд.
4. КОМИССИЯҲО ОИД БА ИҶРОИ МЕЪЁРҲОИ МИЛЛИИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА СОЛИМИИ АҲОЛӢ
10. Бо мақсади назорат ва амалӣ намудани меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолӣ дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи идоравии иҷрои меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолӣ (минбаъд - комиссияи идоравӣ) ва дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо бошад комиссияҳои маҳаллии иҷрои меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолӣ (минбаъд - комиссияҳои маҳаллӣ) таъсис дода мешаванд.
11. Вазифаҳои комиссияи идоравӣ аз инҳо иборатанд:
- роҳбарии умумии ҷараёни иҷрои меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолӣ;
- назорати фаъолияти комиссияҳои маҳаллӣ;
- тасдиқи нақшаи чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ оид ба иҷрои меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолӣ;
- ҷамъоварии маълумот аз натиҷаи иҷрои меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолӣ, таҳлилу баҳогузории он ва пешниҳоди тавсияҳо баҳри баланд бардоштани сатҳи солимии аҳолӣ ва омодагии он ба меҳнат ва дифоъ;
- иҷрои вазифаҳои дигар баҳри босифат амалӣ намудани меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолӣ дар доираи талаботи қонунгузорӣ.
12. Вазифаҳои комиссияҳои маҳаллӣ аз инҳо иборатанд:
- банақшагирии корҳо ва тасдиқи ҷадвали дахлдор ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолӣ;
- дастрас ва тасдиқ намудани рӯйхати шахсоне, ки меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолиро иҷро менамоянд ва муайян намудани ҷойи иҷрои меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолӣ;
- анҷоми корҳо ҷиҳати ташкили шароити зарурӣ баҳри иҷрои меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолӣ;
- иҷрои вазифаҳои дигар баҳри босифат амалӣ намудани меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолӣ дар доираи нақшаи тасдиқгардидаи чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ.
13. Комиссияҳои маҳаллӣ аз натиҷаи иҷрои меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолӣ ба комиссияи идоравӣ ҳисобот пешниҳод менамоянд.
5. МЕЪЁРҲОИ МИЛЛИИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА СОЛИМИИ АҲОЛӢ
14. Давраи ҳисоботӣ барои иҷрои меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолӣ ҳамасола барои хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ аз 1 июн то 1 август ва барои дигар шахсон аз 15 сентябр то 15 ноябр муқаррар карда мешаванд.
15. Муассисаҳои таълимӣ ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо ва ташкилотҳо ҳамасола то 1 июн рӯйхати хонандагон, донишҷӯён ва кормандони худро ба комиссияҳои маҳаллӣ оид ба иҷрои мутобиқи замимаи 2 Тартиби мазкур пешниҳод менамоянд.
16. Комиссияҳои маҳаллӣ рӯйхатҳои воридшударо мавриди таҳлилу баҳогузорӣ қарор дода, ҷадвали иҷрои меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолӣ ва макони онро муайян карда, сари вақт онҳоро ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо ва ташкилотҳо пешниҳод менамояд.
17. Шахсоне, ки меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолиро ба таври ихтиёрӣ иҷро менамоянд, дархости худро бо замимаи нусхаи шаҳодатномаи таваллуд ё шиносномаи худ ба комиссияҳои маҳаллӣ пешниҳод менамоянд. Комиссияҳои маҳаллӣ ҳангоми гирифтани дархост оид ба иҷрои меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолӣ, шахсро ба рӯйхати ягона вобаста ба гурӯҳи синнусолии ворид менамояд ва шахс тибқи тартиби муқарраргардида меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолиро иҷро менамояд.
18. Ҳангоми пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз ҷониби шахс ва ё бад шудани вазъи саломатии ӯ то анҷоми муҳлати иҷрои меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолӣ, шахс барои иҷрои меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолӣ аз ҷониби комиссияҳои маҳаллӣ роҳ дода намешавад.
19. Гузарондани санҷиш аз меъёрҳои санҷишии нисбатан осон оғоз гардида, дар баробари ин байни иҷрои меъёри санҷишҳо ба шахс барои истироҳат ва барқарор кардани қобилияти функсионалии организм вақти муайян дода мешавад.
20. Натиҷаи санҷиш аз ҷониби доварони варзишӣ дар протоколи иҷрои меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолӣ (минбаъд - протокол) вобаста ба намуди меъёрҳои санҷишӣ дарҷ карда мешавад. Ба протокол довари варзишӣ имзо мегузорад.
21. Доварони варзишӣ аз ҷониби комиссияҳои маҳаллӣ интихоб карда мешаванд.
22. Пас аз иҷрои ҳар як меъёри санҷишӣ ба шахс натиҷаи он эълон карда мешавад.
23. Дар сурати аз ҷониби шахс иҷро карда натавонистани меъёрҳои санҷишӣ, ӯ ҳуқуқ дорад такроран санҷиши ин намуди меъёрро дар муҳлати муқаррарнамудаи комиссияҳои маҳаллӣ, вале на дертар аз ду ҳафтаи иҷрои кӯшиши аввал ва на зиёда аз се кӯшиш дар давраи ҳисоботӣ барои тасдиқи иҷрои меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолӣ гузарад.
6. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ШАХСОНЕ, КИ МЕЪЁРҲОИ МИЛЛИИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА СОЛИМИИ АҲОЛИРО ИҶРО НАМУДААНД
24. Шахсоне, ки меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолиро бо тартиби муқаррарардида иҷро намуданд, бо додани шаҳодатномаи иҷрои меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолӣ мутобиқи замимаи 3 Тартиби мазкур ҳавасманд гардонида мешаванд.
25. Шаҳодатномаи иҷрои меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолӣ дар асоси натиҷаи иҷрои меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолӣ дода мешавад.
26. Ҳавасмандгардонии шахсон бо додани шаҳодатномаи иҷрои меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолӣ дар асоси қарори комиссияҳои маҳаллии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ амалӣ карда мешавад.
27. Супоридани шаҳодатномаи иҷрои меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолӣ ба гирандагони он аз ҷониби комиссияҳои маҳаллӣ амалӣ карда мешавад.
28. Тайёр намудани шаҳодатномаи иҷрои меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш аз ҳисоби маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ барои соҳа ё барномаҳои соҳавӣ амалӣ карда мешавад.
7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
29. Ҳангоми гум кардани шаҳодатномаи иҷрои меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолӣ нусхаи дуюми он дода мешавад.
30. Баҳсҳо вобаста ба иҷрои меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ё бо тартиби судӣ ҳал карда мешаванд.
Замимаҳои 1-2