Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 марти соли 2023, № 136
Барномаи давлатии рушд ва таҳкими заминаи илмию таҷрибавии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи давлатии рушд ва таҳкими заминаи илмию таҷрибавии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 (минбаъд - Барнома) бо мақсади иҷрои банди 4.1. Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2016, № 636 тасдиқ шудааст ва банди 6 Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, № 263 тасдиқ шудааст, таҳия гардидааст.
2. Заминаи моддию техникии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, хусусан қисмати илмию таҷрибавии он таркиби муҳимми иқтидори илмии мамлакат мебошад, ки ба анҷом додани таҳқиқоту коркардҳои илмӣ ва ба натиҷанокии онҳо имкон дода, барои рушди илми ватанӣ шароит фароҳам меоварад. Бинобар ин, самарабахшии таҳқиқоти илмӣ ва афзалиятҳои онҳо, рақобатпазирии коркардҳои олимон аз бисёр ҷиҳат ба ҳолати мукаммалсозии заминаи илмию таҷрибавии муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ вобаста мебошад.
3. Истифодаи таҷҳизоти таҳқиқотии муосир ба қадри назаррас ҷолибияти фаъолияти илмиро баланд мебардорад, зеро имкони ба даст овардани натиҷаҳои олии таҳқиқот ва ба элитаи илмии ҷаҳонӣ ворид шуданро таъмин мекунад. Бинобар ин, муҷаҳҳазгардонии раванди илмию таҳқиқотӣ бо таҷҳизоти илмии ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳониро ба сифати яке аз шартҳои заминавии ҷалби ҷавонон ба соҳаи илм баррасӣ кардан мумкин аст.
2. ҲОЛАТИ ЗАМИНАИ ИЛМИЮ ТАҶРИБАВИИ МУАССИСАҲОИ ИЛМИЮ ТАҲҚИҚОТИИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА МУШКИЛОТИ МАВҶУДА
4. Махсусияти илми муосир дар он зоҳир мегардад, ки омӯхтани қонуниятҳои рушди олам ва андӯхтани донишҳои нав асбобу таҷҳизоти илмию таҳқиқотии навро талаб мекунад. Асбобу таҷҳизоти илмии нав дар навбати худ барои таҳқиқ ва омӯзиши ҳодисаҳои табиат дар сатҳи муосир ва ба даст овардани донишҳои нав имконият фароҳам меоваранд. Бинобар ин, яке аз вазифаҳои давлат дастгирии илми бунёдӣ ва амалӣ ҳамчун асос барои рушди илмию технологӣ ва инноватсионии кишвар мебошад.
5. Яке аз вазифаҳои асосӣ барои ноил гардидан ба рушди илмию технологии Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам овардани шароит барои анҷом додани таҳқиқот ва коркардҳои илмие мебошад, ки ба принсипҳои муосири ташкили фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва инноватсионӣ мувофиқ бошанд. Дар солҳои охир мутобиқсозӣ ба сатҳи ҷаҳонии таҷҳизоту асбобҳои илмӣ, дастгоҳҳои таҷрибавию озмоишӣ бинобар болоравии арзиши онҳо ба масъалаи душвортарин табдил гардидааст.
6. Муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо таҷҳизоти таҳқиқотии муосир яке аз шартҳои асосӣ мебошад, ки имконияти анҷом додани таҳқиқотро дар сатҳи муосир таъмин менамояд. Маҳз, заминаи илмию таҷрибавии ташкилотҳои илмӣ, ҳолат ва динамикаи рушди он сатҳи таҳқиқотҳои илмии дар мамлакат анҷомдодашавандаро муайян мекунанд. Бинобар ин, таъминоти ташкилотҳои илмии кишвар, аз ҷумла Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо таҷҳизоти таҳқиқотии муосир яке аз омилҳои асосии рақобатпазирии илми ватанӣ буда, имконияти пешрафти илмӣ ва технологии Тоҷикистонро дар ҷаҳони муосир фароҳам меорад.
7. Мавҷудияти асбобу таҷҳизоти илмии муосир ба муҳаққиқон имконият медиҳад, ки натиҷаҳои таҳқиқотро дар маҷаллаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ба нашр расонанд, дар мавриде, ки таҳқиқот бо истифодаи асбобу таҷҳизоти куҳна гузаронда мешавад, мақолаҳо ба чунин маҷаллаҳо қабул карда намешаванд. Бинобар ин, дар марказҳои калонтарини илмии ҷаҳон асбобу таҷҳизоти илмӣ ҳар 35 сол комилан нав карда мешаванд ва дар ин маврид хароҷот барои таҳқиқот маблағи зиёдро тақозо менамояд.
8. Ҳолати заминаи илмию таҷрибавии ташкилотҳои илмии Тоҷикистон, аз ҷумла Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон на танҳо имконияти анҷом додани таҳқиқоти илмӣ ва натиҷадиҳии онҳо, балки дурнамои ба вуҷуд овардани технологияҳои нав ва маҳсулоти илмталабро муайян мекунад, ки онҳо рушди мунтазами инноватсионии иқтисодиёти кишвар ва мавқеи устуворро дар бозори ҷаҳонӣ таъмин менамоянд.
9. Дар айни замон ҳолати заминаи илмию таҷрибавии муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон навсозиро тақозо дорад, зеро заминаи техникӣ, асбобӣ ва таҷрибавии муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки асосан 30-40 сол пеш аз ин поягузорӣ шуда буд, то андозае фарсуда ва куҳна шудааст. Ҳаҷм ва сифати таҷҳизоти таҳқиқотии ғайристандартӣ, ки дар ин муассисаҳо аз ҳисоби воситаҳои дарихтиёрдошта сохта шудаанд, на ҳамеша ба сатҳи муосири таҳқиқот мувофиқат мекунад.
10. Ҳоло, новобаста ба чораҳои андешидашуда, ҷиҳати рушди заминаи моддию техникии муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, таъминоти олимони онро бо асбобу таҷҳизоти муосир барои анҷом додани таҳқиқот дар сатҳи ҷаҳонӣ кифоя эътироф кардан мумкин нест. Ҳолати заминаи илмию таҷрибавии муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба навсозӣ эҳтиёҷ дошта, бо баъзе асбобу таҷҳизоти нави илмии ҷавобгӯ ба талаботи замон, ҳамчунин маводи химиявию биологӣ ва маводи дигари зарурӣ таъмин кардани онҳоро талаб мекунад, то барои дар сатҳи зарурӣ анҷом додани корҳои илмию таҳқиқотӣ ва татбиқи натиҷаҳои таҳқиқот дар истеҳсолот шароити мусоид фароҳам оварда шавад.
11. Чорабиниҳо оид ба навсозии заминаи илмию таҷрибавии ин муассисаҳо тадбирҳои ҷиддии ташкилӣ ва хароҷоти зиёди молиявиро талаб мекунанд. Вале бе ин такмил додани заминаи илмию таҷрибавии муассисаҳо, ки ба баланд бардоштани неруи моддию техникии муассисаҳо ва гузарондани таҳқиқот аз рӯйи самтҳои афзалиятдоштаи рушди илми ватанӣ равона карда шудааст ва рушди устувори иқтисодии ҷумҳуриро таъмин карда метавонад, имкон надорад.
3. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА
12. Мақсади Барнома рушд ва таҳким бахшидани заминаи моддию техникӣ ва илмию таҷрибавии муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соҳаҳои илмҳои табиатшиносӣ ва техникӣ, баланд бардоштани самаранокии неруи илмии онҳо бо мақсади ҳалли масъалаҳои муҳимми иқтисодию иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароит барои рушди самтҳои нави таҳқиқот ва татбиқи дастовардҳои илмӣ, аз ҷумла технологияҳои нав ва лоиҳаҳои инноватсионӣ дар истеҳсолот мебошад.
13. Барои ноил гардидан ба ин мақсад иҷрои вазифаҳои асосии зерин зарур аст:
- таъмини муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо таҷҳизот, асбоб ва лавозимоти нави муосири илмию таҷрибавӣ;
- таъмини муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо қисмҳои эҳтиётӣ ва таъмири таҷҳизоти илмии мавҷуда, ки ҳоло қобили истифода мебошанд;
- таъмини муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо воситаҳои зарурӣ барои иҷрои корҳои илмии саҳроӣ ва экспедитсионӣ;
- таъмини муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо маводи химиявӣ, биологӣ, реактивҳо ва монанди инҳо.
14. Дар Барнома муассисаҳои зерини илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ ва техникӣ ба таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ машғул буда, дар айни замон ба рушд ва таҳкими заминаи илмию таҷрибавӣ эҳтиёҷи зиёд доранд интихоб гардидаанд:
- Институти физикаву техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;
- Институти химияи ба номи В.И.Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;
- Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;
- Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;
- Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;
- Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;
- Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловскийи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;
- Институти биологии Помир ба номи Х.Ю.Юсуфбекови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;
- Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;
- Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;
- Маркази инноватсионии биология ва тибби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;
- Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;
- Маркази илмии Хуҷанди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;
- Маркази илмии Хатлони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;
- Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;
- Шуъбаи географияи назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
4. САРЧАШМАҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА
15. Сарчашмаҳои асосии таъминоти захиравии Барнома маблағгузории буҷетӣ, маблағҳои махсуси муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, грантҳо ва кумакҳои байналмилалӣ, ҳамчунин маблағҳои ташкилотҳои байналмилалӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ мебошанд.
16. Барои амалисозии Барнома тайи солҳои 2023-2027 ҳамагӣ 9 млн сомонӣ, аз ҷумла маблағҳои буҷетӣ - 4 млн 500 ҳазор сомонӣ ва маблағҳои ғайрибуҷетӣ (маблағҳои махсуси муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ) - 4 млн 500 ҳазор сомонӣ пешбинӣ карда мешавад.
5. МАРҲИЛАҲОИ АМАЛИСОЗӢ ВА НАТИҶАҲОИ ЧАШМДОШТИ БАРНОМА
17. Барнома дар се марҳила амалӣ карда мешавад:
- дар марҳилаи 1 (соли 2023) барои амалисозии Барнома аз ҳисоби маблағҳои ҳамасола аз буҷети давлатӣ ҷудошаванда, маблағҳои махсуси муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ ҳамагӣ 1 млн 500 ҳазор сомонӣ пешбинӣ карда мешавад;
- дар марҳилаи 2 (солҳои 2024-2026) барои амалисозии Барнома 6 млн сомонӣ, аз ҷумла маблағҳои буҷетӣ 4 млн 500 ҳазор сомонӣ, маблағҳои махсуси муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ 1 млн 500 ҳазор сомонӣ пешбинӣ карда мешавад. Маблағҳои буҷетӣ тайи солҳои 2024-2026 ба андозаи 1 млн 500 ҳазор сомонӣ дар ҳар як сол ҷудо карда мешаванд;
- дар марҳилаи 3 (соли 2027) барои амалисозии Барнома аз ҳисоби маблағҳои ҳамасола аз буҷети давлатӣ ҷудошаванда, маблағҳои махсуси муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ ҳамагӣ 1 млн 500 ҳазор сомонӣ пешбинӣ карда мешавад.
18. Дар натиҷаи амалисозии Барнома:
- ҳолати заминаи илмию таҷрибавии муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон беҳтар гардида, онҳо бо баъзе асбобу таҷҳизоти нави илмии ҷавобгӯ ба талаботи замон, ҳамчунин маводи химиявию биологӣ ва маводи дигари зарурӣ таъмин карда мешаванд, ки ин барои дар сатҳи зарурӣ анҷом додани корҳои илмию таҳқиқотӣ ва татбиқи натиҷаҳои таҳқиқот дар истеҳсолот мусоидат менамоянд;
- харидорӣ ва насби асбобу таҷҳизоти нави илмӣ барои коркарду татбиқи технологияҳо ва лоиҳаҳои инноватсионие, ки аз тарафи муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 пешбинӣ карда шудаанд, мусоидат менамояд;
- самтҳои нави рушди илмию технологӣ ва иҷтимоии мамлакат ташаккул меёбанд, технологияҳое ба вуҷуд оварда мешаванд, ки ба истеҳсоли молу маводи нав мусоидат мекунанд;
- пойгоҳи илмию таҷрибавии муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳким меёбад, ки он барои иҷрои корҳои илмию таҷрибавӣ бо мақсади омода ва сохтани намунаҳои таҷрибавии маҳсулоти нав ва равандҳои технологӣ мусоидат менамояд;
- пойгоҳи илмии саҳроӣ ва экспедитсионии муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳким меёбад, ки он барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ дар шароити табиӣ мусоидат менамояд;
- сатҳи фаъолияти илмию технологӣ ва илмию инноватсионии муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон боло меравад.
6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
19. Амалисозии Барнома аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 марти соли 2023, № 136
Нақшаи амали соли 2023 Барномаи давлатии рушд ва таҳкими заминаи илмию таҷрибавии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027
Ниг. ба замима