Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2023, № 1960 "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ САВДО ВА ХИЗМАТРАСОНИИ МАИШӢ"

бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 декабри соли 2022, № 955

қабул карда шуд

бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 15 марти соли 2023, № 369

ҷонибдорӣ карда шуд

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ" аз 19 марти соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №3, мод. 186; с. 2014, №3, мод. 150; с. 2015, №7-9, мод. 704) тағйироти зерин ворид карда шаванд:

1. Сархати ҳаштуми моддаи 8 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- муқаррар намудани реҷаи кори ташкилоту объектҳои савдо, хизматрасонии маишӣ ва намудҳои дигари хизматрасонии аз ҷиҳати танзим муҳим тибқи тартиби қонунгузорӣ;".

2. Қисми 3 моддаи 11 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"3. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар воҳидҳои маъмурию ҳудудии дахлдор реҷаи кори бозорҳои давлатиро мустақилона муқаррар менамоянд.".

3. Қисми 5 моддаи 13 хориҷ карда шавад.

 

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                              Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 15 марти соли 2023, № 1960

 

Закон Республики Таджикистан

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ТОРГОВЛЕ И БЫТОВОМ ОБСЛУЖИВАНИИ"

Принят Постановлением МН МОРТ

от 29 декабря 2022 года,№955

Одобрить Постановлением ММ МОРТ

от 15 марта 2023 года, №369

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан "О торговле и бытовом обслуживании" от 19 марта 2013 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2013 г., №3, ст. 186; 2014 г., №3, ст. 150; 2015 г., №7-9, ст. 704) следующие изменения:

1. Абзац восьмой статьи 8 изложить в следующей редакции:

"- установление режима работы важных с точки зрения регулирования организаций и объектов торговли, бытового обслуживания и иных видов обслуживания в соответствии с законодательством;".

2. Часть 3 статьи 11 изложить в следующей редакции:

"3. Местные исполнительные органы государственной власти в соответствующих административно-территориальных единицах устанавливают режим работы государственных рынков самостоятельно.".

3. Часть 5 статьи 13 исключить.

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                         Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

 от 15 марта 2023 года №1960