Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2023, № 1949 "Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ САНҶИШИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ ХОҶАГИДОР"

бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 21 декабри соли 2022, № 945

қабул карда шуд

бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 15 марти соли 2023, № 367

ҷонибдорӣ карда шуд

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор" аз 25 декабри соли 2015 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2015, №12, қ. 1, мод. 1115; с. 2017, №7-9, мод. 578; с. 2019, №6, мод. 326; с. 2020, №1, мод.29) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:

1. Қисми 3 моддаи 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"3. Аз ҷониби мақомоту сохторҳои давлатие, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дорои ваколатҳои назоратӣ (назорати давлатӣ, корҳои назоратӣ) ва санҷишӣ буда, дар моддаи 10 Қонуни мазкур пешбинӣ нашудаанд, ба истиснои муқаррароти қисми 2 ҳамин модда ва мавҷуд будани парвандаи ҷиноятӣ, гузаронидани назорат (назорати давлатӣ, корҳои назоратӣ) ва санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор манъ аст.".

2. Дар қисми 1 моддаи 10:

- дар сархати якуми банди 1) аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз карда шавад;

- ба банди 1) сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хоҷагии ҷангал, шикор, олами набототу ҳайвонот ва ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда.";

- бандҳои 2), 21) ва 25) хориҷ карда шаванд;

- дар банди 8) калимаҳои "назорати иёргирӣ" ба калимаи "молия" иваз карда шаванд;

- дар сархати панҷуми банди 11) аломати нуқтавергул ";" ба аломати нуқта иваз карда шавад;

- сархати шашуми банди 11) хориҷ карда шавад;

- банди 15) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"15) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати санитарию эпидемиологӣ:

- риояи меъёр ва қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ.";

- банди 23) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"23) Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими муносибатҳо вобаста ба замин ва геодезия:

- назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин;

- назорати давлатии геодезӣ.";

- бандҳои 3) - 26) мувофиқан бандҳои 2) - 23) ҳисобида шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                              Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 15 марти соли 2023, № 1949