ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ШАХСОНИ ҲУҚУҚӢ ВА СОҲИБКОРОНИ ИНФИРОДӢ"
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 21 декабри соли 2022, № 947
қабул карда шуд
бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 марти соли 2023, № 361
ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" аз 19 майи соли 2009 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №5, мод. 316; с. 2010, №12, қ. 1, мод. 828; с. 2012, №12, қ. 1, мод. 1006; с. 2015, №11, мод. 972; с. 2016, №5, мод. 370; с. 2019, №1, мод. 33, №7, мод. 475; с. 2020, №1, мод. 27) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 4:
- ба банди 1) қисми 2 пас аз калимаҳои "Қонуни мазкурро" калимаҳои "дар шакли коғазӣ ва ё электронӣ" илова карда шаванд;
- қисми 10 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"10. Мақомоти дахлдори давлатӣ ҷиҳати дар шакли электронӣ анҷом додани бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ маълумоти заруриро тавассути системаи ҳамгироии иттилоотии андоз дар реҷаи мустақим (онлайн) пешниҳод менамоянд. Тартиб ва шакли пешниҳоди маълумот аз ҷониби мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори давлатӣ муайян карда мешаванд.";
- қисми 10 қисми 11 ҳисобида шавад.
2. Қисми 6 моддаи 9 хориҷ карда шавад.
3. Дар моддаи 10:
- дар қисми 1 калимаҳои "то панҷ рӯзи корӣ" ба рақам ва калимаи "24 соат" иваз карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаҳои "панҷ рӯзи корӣ" ба рақам ва калимаи "24 соат" иваз карда шаванд.
4. Дар қисми 2 моддаи 12 калимаҳои "ду рӯзи корӣ" ба рақам ва калимаи "24 соат" иваз карда шаванд.
5. Дар моддаи 19:
- дар қисми 2 калимаи "се" ба калимаи "даҳ" иваз карда шавад;
- дар қисми 4 калимаҳои "то панҷ рӯзи корӣ аз рӯзи" ба рақам ва калимаҳои "24 соат аз лаҳзаи" иваз карда шаванд.
6. Дар қисми 1 моддаи 21 калимаҳои "се рӯзи корӣ аз рӯзи" ба рақам ва калимаҳои "24 соат аз лаҳзаи" иваз карда шаванд.
7. Дар банди 4) моддаи 22 калимаи "шаш" ба калимаи "се" иваз карда шавад.
8. Дар қисми 5 моддаи 23 калимаҳои "ду рӯзи корӣ аз рӯзи" ба рақам ва калимаҳои "24 соат аз лаҳзаи" иваз карда шаванд.
9. Дар қисмҳои 1, 7 ва 8 моддаи 25 калимаҳои "се рӯзи корӣ аз рӯзи" ва "ду рӯзи корӣ аз рӯзи" ба рақам ва калимаҳои "24 соат аз лаҳзаи" иваз карда шаванд.
10. Дар моддаи 27:
- дар қисми 1 калимаҳои "ду рӯзи корӣ аз рӯзи" ба рақам ва калимаҳои "24 соат аз лаҳзаи" иваз карда шаванд;
- дар қисми 3 калимаи "панҷ" ба калимаи "даҳ" иваз карда шавад.
11. Дар қисми 1 моддаи 28 калимаҳои "то панҷ рӯзи корӣ аз рӯзи" ба рақам ва калимаҳои "24 соат аз лаҳзаи" иваз карда шаванд.
12. Дар қисми 2 моддаи 30 калимаҳои "ду рӯзи корӣ аз рӯзи" ба рақам ва калимаҳои "24 соат аз лаҳзаи" иваз карда шаванд.
13. Дар моддаи 31:
- дар қисми 2 калимаҳои "то панҷ рӯзи корӣ" ба рақам ва калимаи "24 соат" иваз карда шаванд;
- дар қисми 3 калимаи "ду" ба калимаи "даҳ" иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 15 марти соли 2023, № 1952