ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА КОДЕКСИ МУРОФИАИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 21 декабри соли 2022, № 941
қабул карда шуд
бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 марти соли 2023, № 360
ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2013, №7, мод.502; с.2014, №3, мод.145, №7, қ.1, мод.391, №11, мод.644; с.2015, №3, мод.202, №7-9, мод.709, мод.710, мод.711, №11, мод.956, №12, қ.1, мод.1109; с.2016, №3, мод.133, №7, мод.615; с.2017, №5, қ.1, мод.276; с.2018, №1, мод.8, №5, мод.270, мод.271; с.2020, №1, мод.7, №7-9, мод.601, мод.605, мод.622, №12, мод.902, мод.903; с.2021, №1-2, мод.4, №4, мод.194, мод.195, №6, мод.386, №12, қ.2, мод.690; с.2022, №1-3, мод.9, мод.10, мод.11) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 72:
- дар қисми 1 калимаҳои "Бозрасии давлатии автомобилӣ дар ҳолатҳои зерин метавонанд воситаи нақлиётро" ба калимаҳои "Бозрасии давлатии автомобилӣ ҳамаи воситаҳои нақлиёт ва кормандони Бозрасии ҳарбии автомобилӣ танҳо воситаҳои нақлиёти ҳарбиро дар ҳолатҳои зерин метавонанд" иваз карда шаванд;
- ба қисмҳои 2 ва 3 пас аз калимаҳои "бақайдгирии давлатӣ" калимаҳои "ё ҳарбӣ" илова карда шаванд.
2. Моддаи 132 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 132. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 310, 311 қисми 1, 314, 315, 317-326, 330, 331, 333 қисми 2, 335, 336 қисмҳои 1 ва 3, 338, 339 қисми 1, 340-344 ва 346 (аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёти ҳарбӣ содиргардида, ба истиснои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, ки тавассути воситаҳои махсуси техникии низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт сабт шудаанд) ва моддаҳои 683-691(1) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, баррасӣ менамояд.
2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазоҳои маъмурӣ аз номи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо ҳуқуқ доранд:
- комиссарони ҳарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муовинони онҳо вобаста ба ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки дар моддаҳои 683-691(1) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд;
- сардори раёсат (шӯъба, шӯъбачае, ки ба ҳайати раёсати Бозрасии ҳарбии автомобилии Вазорати мудофиа дохил мешаванд) ва сардорони Бозрасии ҳарбии автомобилии гарнизонҳо оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки дар моддаҳои 310, 311 қисми 1, 314, 315, 317-326, 330, 331, 333 қисми 2, 335, 336 қисмҳои 1 ва 3, 338, 339 қисми 1, 340-344 ва 346 (аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёти ҳарбӣ содиргардида) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 15 марти соли 2023, № 1951