Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 марти соли 2023, № 75
Тартиби беэътимод эътироф кардани қарзи андозӣ ва аз ҳисоб баровардани қарзи андозии беэътимод эътирофшуда
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби беэътимод эътироф кардани қарзи андозӣ ва аз ҳисоб баровардани қарзи андозии беэътимод эътирофшуда (минбаъд - Тартиб) тартиби беэътимод эътироф кардани қарзҳои андозии андозсупорандагон аз рӯйи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо, инчунин аз ҳисоб баровардани қарзи андозии беэътимод эътирофшударо муайян менамояд.
2. Дар ҳолатҳои зерин қарз аз рӯйи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳои андозсупорандагон (агентҳои андоз) қарзи беэътимод эътироф (минбаъд - қарзи беэътимод) карда мешавад:
1) барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ - мутобиқи муқаррароти моддаи 126 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми нокифоя будани молу мулки шахси ҳуқуқӣ ва (ё) имконнопазир будани пардохти он аз ҷониби муассисон (иштироккунандагон)-и ин шахси ҳуқуқӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ;
2) муфлис эътироф шудани соҳибкорони инфиродӣ ва шахси ҳуқуқӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 150 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми нокифоя будани молу мулк;
3) фавти шахси воқеӣ ё фавтида эълон шудан, бедарак ғоиб ё ғайри қобили амал эътироф шудани шахси воқеӣ аз ҷониби суд бо тартиби пешбининамудаи моддаи 129 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми нокифоя будани молу мулки чунин шахсон ё ба моликияти давлатӣ гузаронидани мерос;
4) қабули санади судӣ, ки дар робита ба он мақомоти андоз ҳуқуқи ситонидани қарзи андозиро бо сабаби ба охир расидани муҳлати муқарраршуда оид ба ситонидани қарзи андозӣ ё рад намудани ариза дар бораи барқарор намудани муҳлати баохиррасида аз даст медиҳад;
5) аз баҳисобгирии андозӣ баровардани шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар мақомоти андоз мутобиқи муқаррароти моддаи 78 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми нокифоя будани молу мулки муассисаи доимии шахси ҳуқуқии хориҷӣ ва ғайриимкон гардидани пардохти он аз ҷониби шахси ҳуқуқӣғайрирезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доира ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
6) ҳангоми офатҳои табиӣ (заминларза, обхезӣ), ҳолатҳои фавқулода (эпидемия ва пандемия) ва ҳолатҳои дигари шабеҳ, ки пардохти қарзи андозро ғайриимкон менамоянд.
3. Новобаста ба муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тартиби мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад қарзи андозии андозсупорандаро беэътимод эътироф намояд.
2. АСОСҲО ВА ШАРТҲОИ БЕЭЪТИМОД ЭЪТИРОФ НАМУДАН ВА АЗ ҲИСОБ БАРОВАРДАНИ ҚАРЗИ АНДОЗИИ АНДОЗСУПОРАНДА
4. Мақомоти андози маҳалли баҳисобгирии андозсупоранда аризаи пешниҳоднамудаи андозсупоранда ё шахси дигари ваколатдорро дар муҳлати то 10 рӯзи корӣ аз рӯзи қабули он баррасӣ намуда, дар ҳолати муайян намудани воқеияти ҳолатҳои пешбининамудаи зербандҳои 1)-6) банди 2 Тартиб дар хусуси беэътимод эътироф кардани қарзи андозии андозсупоранда хулоса тартиб дода, бо замимаи ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи банди 6 Тартиб ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
5. Дар ҳолати мавҷуд набудани муроҷиати андозсупоранда ё шахси дигари ваколатдор, ки қарзи андозии ӯ тибқи зербандҳои 1)-6) банди 2 Тартиб бояд беэътимод эътироф дониста шавад, мақомоти андози маҳалли баҳисобгирии андозсупоранда уҳдадор аст дар муҳлати 10 рӯзи корӣ пас аз муайян намудани ҳолати мазкур ба Кумитаи андоз бо замимаи ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи банди 6 Тартиб хулоса пешниҳод намояд.
6. Барои баррасии масъалаи беэътимод эътироф кардан ва аз ҳисоб баровардани қарзи андозии андозсупоранда ё шахси дигари ваколатдор аз ҷониби мақомоти андози маҳалли баҳисобгирии андозсупоранда ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
1) дар ҳолати барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ:
- аризаи андозсупоранда;
- нусхаи санади санҷишӣ оид ба барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ;
- маълумотнома оид ба нокифоя будани молу мулки шахси ҳуқуқӣ ва (ё) имконнопазир будани пардохти он аз ҷониби муассисон (иштироккунандагон)-и ин шахси ҳуқуқӣ;
- санади муқоисавӣ оид ба иҷрои уҳдадориҳои андозӣ (то рӯзи пешниҳоди мавод);
- маълумотнома аз бонки хизматрасон оид ба ҳолати молиявӣ ба санаи пешниҳоди ариза;
- хулосаи мақомоти андози маҳалли баҳисобгирии андозсупоранда дар хусуси беэътимод эътироф намудани қарз;
2) дар ҳолати муфлис эътироф шудани соҳибкори инфиродӣ ва шахси ҳуқуқӣ:
- аризаи андозсупоранда;
- қарори суд дар бораи муфлис эътироф намудани соҳибкори инфиродӣ ва шахси ҳуқуқӣ ва таъиноти суд дар хусуси ба охир расидани истеҳсолоти озмунӣ барои дар рӯйхати ягонаи давлатии шахси ҳуқуқӣ даровардани қайди барҳамхӯрии қарздор;
- санади муқоисавӣ оид ба иҷрои уҳдадориҳои андозӣ (то рӯзи пешниҳоди мавод);
- хулосаи мақомоти андози маҳалли баҳисобгирии андозсупоранда дар хусуси беэътимод эътироф намудани қарз;
3) дар ҳолати фавти шахси воқеӣ ё фавтида эълон шудан, бедарак ғоиб ё ғайри қобили амал эътироф шудани шахси воқеӣ:
- аризаи ворисони андозсупоранда ё шахси дигари ваколатдор;
- шаҳодатномаи вафоти шахси воқеӣ ё санади судӣ дар бораи фавтида эълон шудан, бедарак ғоиб ё ғайри қобили амал эътироф шудани шахси воқеӣ:
- маълумотнома оид ба нокифоя будани молу мулки чунин шахсон ё ба моликияти давлатӣ гузаронидани мерос;
- санади муқоисавӣ оид ба иҷрои уҳдадориҳои андоз (то рӯзи пешниҳоди мавод);
- хулосаи мақомоти андози маҳалли баҳисобгирии андозсупоранда дар хусуси беэътимод эътироф намудани қарз;
4) дар ҳолати қабули санади судӣ, ки дар робита ба он мақомоти андоз ҳуқуқи ситонидани қарзи андозӣ бо сабаби ба охир расидани муҳлати муқарраршуда оид ба ситонидани қарзи андозӣ ё рад намудани ариза дар бораи барқарор намудани муҳлати баохиррасида аз даст медиҳад:
- аризаи андозсупоранда;
- санади судӣ, ки дар робита ба он мақомоти андоз ҳуқуқи ситонидани қарзи андозиро бо сабаби ба охир расидани муҳлати муқарраршуда оид ба ситонидани қарзи андозиро надорад ё рад намудани ариза дар бораи барқарор намудани муҳлати баохиррасида аз даст медиҳад;
- санади муқоисавӣ оид ба иҷрои уҳдадориҳои андоз (то рӯзи пешниҳоди мавод);
- хулосаи мақомоти андози маҳалли баҳисобгирии андозсупоранда дар хусуси беэътимод эътироф намудани қарз;
5) дар ҳолати аз баҳисобгирии андозӣ баровардани шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар мақомоти маҳалли баҳисобгирии андозсупоранда:
- аризаи андозсупоранда;
- санади санҷишӣ оид ба иҷрои уҳдадориҳои андоз (агар имконияти гузаронидани санҷиш мавҷуд набошад,-хулосаи мақомоти андоз оид ба асос ва сабаби нагузаронидани санҷиш);
- маълумотнома оид ба нокифоя будани молу мулки муассисаи доимии шахси ҳуқуқии хориҷӣ ва ғайриимкон гардидани пардохти он аз ҷониби шахси ҳуқуқии ғайрирезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- санади муқоисавӣ оид ба иҷрои уҳдадориҳои андоз (то рӯзи пешниҳоди мавод);
- хулосаи мақомоти андози маҳалли баҳисобгирии андозсупоранда дар хусуси беэътимод эътироф намудани қарз;
6) ҳангоми офатҳои табиӣ (заминларза, обхезӣ) ва ҳолатҳои фавқулода (эпидемия ва пандемия), инчунин ҳолатҳои дигари шабеҳ, ки пардохти қарзи андозро ғайриимкон менамоянд:
- аризаи андозсупоранда;
- хулосаи мақоми ваколатдори дахлдори давлатии соҳавӣ дар бораи офатҳои табиӣ (заминларза, обхезӣ) ва ҳолатҳои фавқулода (эпидемия ва пандемия), инчунин ҳолатҳои дигари шабеҳ, ки пардохти андозро ғайриимкон мегардонад;
- санади муқоисавӣ оид ба иҷрои уҳдадориҳои андозӣ (то рӯзи пешниҳоди мавод);
- маълумотнома аз бонки хизматрасон оид ба ҳолати молиявӣ ба санаи пешниҳоди ариза;
- хулосаи мақомоти андози маҳалли баҳисобгирии андозсупоранда дар хусуси беэътимод эътироф намудани қарз.
7. Қарзи андозӣ бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи банди 3 Тартиби мазкур бо пешниҳоди ариза (мактуб)-и андозсупоранда ё шахси дигари ваколатдор, хулосаҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси беэътимод эътироф намудани қарз ва санади муқоисавӣ оид ба иҷрои уҳдадориҳои андозӣ (то рӯзи пешниҳод) аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беэътимод дониста мешавад.
8. Барои баррасии масъалаи беэътимод эътироф кардани қарзи андозӣ ва аз ҳисоб баровардани он дар назди Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби кормандони сарраёсат ва раёсатҳои дахлдори ин мақомот комиссия таъсис дода мешавад.
9. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи пешниҳодгардидаро дар муҳлати то 5 рӯзи корӣ баррасӣ карда, дар ҳолати мутобиқат намудан ба муқаррароти бандҳои 2-6 Тартиб хулосаи дахлдор қабул карда, бо ҳуҷҷати асосноккунанда дар муҳлати 5 рӯзи корӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол менамояд.
10. Хулосаи пешниҳоднамудаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар комиссияи назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тартиб дар муҳлати муқаррарнамудаи қонунгузорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз натиҷаи он протокол тартиб ва хулосаи дахлдор қабул карда мешавад.
11. Қарор дар бораи беэътимод эътироф кардани қарзи андозӣ ва аз ҳисоб баровардани қарзи андозии беэътимод эътирофшуда, ки ба талаботи зербандҳои 1)-6) банди 2 Тартиб мутобиқ буда, то 5000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо нисбат ба ҳар як андозсупоранда мебошад, аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.
12. Қарор дар бораи беэътимод эътироф кардани қарзи андозӣ ва аз ҳисоб баровардани қарзи андозии беэътимод эътирофшуда, ки ба талаботи зербандҳои 1)-6) банди 2 Тартиб мутобиқ буда, зиёда аз 5000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо нисбат ба ҳар як андозсупоранда мебошад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.
13. Мақомоти андози маҳалли баҳисобгирии андозсупоранда дар муҳлати то 5 рӯзи корӣ пас аз мавриди амал қарор гирифтани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё қарори якҷояи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи беэътимод эътироф кардани қарзи андозӣ ва аз ҳисоб баровардани қарзи андозии беэътимод эътирофшуда бо роҳи дар ҳисобварақаи андозсупоранда ворид намудани тағйироти дахлдор қарзи андозии беэътимод эътирофшударо аз ҳисоб мебарорад.
14. Баҳисобгирии маблағи аз ҳисоб баровардашудаи қарзи андозии беэътимод эътирофгардидаи андозсупоранда дар ҳисоботи дахлдор аз ҷониби мақомоти маҳалли баҳисобгирии андозсупоранда ба роҳ монда мешавад.
3. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
15. Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ уҳдадоранд якҷо бо мақомоти андози маҳалли баҳисобгирии андозсупоранда ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои андозии минбаъда санади муқоисавӣ бо тартиби муқаррарнамудани қонунгузорӣ таҳия намоянд.
16. Шахсоне, ки муқаррароти Тартибро риоя намекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Приложение к
постановлению Правительства
Республики Таджикистан
от "2" марта 2023 года, №75
Порядок признания налоговой задолженности безнадежной и списания налоговой задолженности, признанной безнадёжной
1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ
1. Порядок признания налоговой задолженности безнадёжной и списания налоговой задолженности, признанной безнадёжной (далее - Порядок) определяет порядок признания налоговой задолженности безнадежной, а также списания налоговой задолженности налогоплательщиков по налогам, штрафам и процентам, признанной безнадёжной.
2. Задолженность по налогам, штрафам и процентам налогоплательщиками (налоговыми агентами) признается безнадежной задолженностью (далее - безнадежная задолженность) в следующих случаях:
1) ликвидация юридического лица - в соответствии с положениями статьи 126 Налогового кодекса Республики Таджикистан, при недостаточности имущества юридического лица и (или) невозможности её оплаты учредителями (участниками) этого юридического лица в порядке, установленном законодательством;
2) признание индивидуальных предпринимателей и юридических лиц банкротами в случаях, предусмотренных статьей 150 Налогового кодекса Республики Таджикистан, при недостаточности имущества;
3) смерть физического лица или объявление умершим, признание физического лица без вести пропавшим или недееспособным судом в порядке, установленном статьей 129 Налогового кодекса Республики Таджикистан, при недостаточности имущества таких лиц или перехода наследства в государственную собственность;
4) принятие решения суда, в связи с которым налоговые органы утрачивают право взыскания налоговой задолженности в связи с истечением установленного срока взыскания налоговой задолженности или отклонением заявления о восстановлении срока;
5) снятие иностранного юридического лица с налогового учета налоговыми органами в соответствии с положениями статьи 78 Налогового кодекса Республики Таджикистан при недостаточности имущества постоянного учреждения иностранного юридического лица и невозможности ее погашения со стороны юридического лицанерезидента Республики Таджикистан в пределах и порядке, установленных законодательством Республики Таджикистан;
6) в случае стихийных бедствий (землетрясений, наводнений), чрезвычайных ситуаций (эпидемий и пандемий) и других подобных обстоятельств, делающих невозможным уплату налоговой задолженности.
3. Независимо от положений Налогового кодекса Республики Таджикистан и настоящего Порядка, Правительство Республики Таджикистан может признать налоговую задолженность налогоплательщика безнадежной.
2. ОСНОВАНИЯ И УСЛОВИЯ ПРИЗНАНИЯ БЕЗНАДЕЖНОЙ И СПИСАНИЯ НАЛОГОВОЙ ЗАДОЛЖЕННОСТИ НАЛОГОПЛАТЕЛЬЩИКА
4. Налоговый орган по месту учета налогоплательщика рассматривает представленное заявление налогоплательщиком или иным уполномоченным лицом в течение 10 рабочих дней со дня его принятия и в случае определения наличия положений, предусмотренных подпунктами 1)-6) пункта 2 Порядка, составляет и представляет в Налоговый комитет при Правительстве Республики Таджикистан заключение о признании безнадёжной налоговой задолженности налогоплательщика с приложением документов, предусмотренных пунктом 6 Порядка.
5. В случае отсутствия обращения налогоплательщика или иного уполномоченного лица, налоговая задолженность которого в соответствии с подпунктами 1) - 6) пункта 2 Порядка подлежит признанию безнадёжной, налоговый орган по месту учета налогоплательщика обязан в течение 10 рабочих дней после определения данных случаев представить в Налоговый комитет при Правительстве Республики Таджикистан заключение с приложением документов, предусмотренных пунктом 6 Порядка.
6. Для рассмотрения вопроса о признании безнадёжной и списания налоговой задолженности налогоплательщика налоговый орган по месту учета налогоплательщика представляет в Налоговый комитет при Правительстве Республики Таджикистан следующие документы:
1) при ликвидации юридического лица:
- заявление налогоплательщика;
- копию ликвидационного акта проверки юридического лица;
- справку о недостаточности имущества юридического лица и (или) невозможности его уплаты учредителями (участниками) этого юридического лица;
- акт сверки исполнения налоговых обязательств (на день представления материалов);
- справку из обслуживающего банка о финансовом состоянии на дату подачи заявления;
- заключение налогового органа по месту учета налогоплательщика о признании задолженности безнадежной;
2) в случае признания индивидуальных предпринимателей и юридических лиц банкротами:
- заявление налогоплательщика;
- решение суда о признании индивидуальных предпринимателей и юридических лиц банкротами и определение суда о завершении конкурсного производства для внесения в государственный реестр юридических лиц записи о ликвидации должника;
- акт сверки исполнения налоговых обязательств (на день представления материалов);
- заключение налогового органа по месту учета налогоплательщика о признании задолженности безнадежной;
3) в случае смерти физического лица или объявления умершим, признания физического лица без вести пропавшим или недееспособным:
- заявление наследников налогоплательщика или другого уполномоченного лица;
- свидетельство о смерти физического лица или решение суда об объявлении умершим, признании физического лица без вести пропавшим и недееспособным;
- справка о недостаточности имущества таких лиц или переходе наследства в собственность государства;
- акт сверки исполнения налоговых обязательств (на день представления материалов);
- заключение налогового органа по месту учета налогоплательщика о признании задолженности безнадежной;
4) в случае принятия судебного акта, в связи с которым налоговый орган утрачивает право на взыскание налоговой задолженности в связи с истечением срока взыскания налоговой задолженности или отклонением заявления о восстановлении срока:
- заявление налогоплательщика;
- судебного акта, в связи с которым налоговые органы не вправе взыскать налоговую задолженность в связи с истечением срока о взыскании налоговой задолженности или отклонением заявления о восстановлении срока;
- акт сверки исполнения налоговых обязательств (на день представления материалов);
- заключение налогового органа по месту учета налогоплательщика о признании задолженности безнадежной;
5) в случае снятия иностранного юридического лица с налогового учета в налоговом органе по месту учета налогоплательщика:
- заявление налогоплательщика;
- акт проверки об исполнении налоговых обязательств (в случае невозможности проведения проверки, - заключение налогового органа об основании и причинах непроведения проверок);
- справка о недостаточности имущества постоянного учреждения иностранного юридического лица и невозможности ее погашения со стороны юридического лица-нерезидента Республики Таджикистан;
- акт сверки исполнения налоговых обязательств (на день представления материалов;
- заключение налогового органа по месту учета налогоплательщика о признании задолженности безнадежной;
6) в случаях стихийных бедствий (землетрясений, наводнений), чрезвычайных ситуаций (эпидемий и пандемий) и других подобных обстоятельств:
- заявление налогоплательщика;
- заключение соответствующего отраслевого уполномоченного государственного органа о стихийных бедствиях (землетрясениях, наводнениях) и чрезвычайных ситуациях (эпидемиях и пандемиях) и других подобных обстоятельствах, делающих невозможным уплату налоговой задолженности:
- акт сверки исполнения налоговых обязательств (на день представления материалов);
- справку из обслуживающего банка о финансовом состоянии на дату подачи заявления;
- заключение налогового органа по месту учета налогоплательщика о признании задолженности безнадежной.
7. Налоговая задолженность по поручению Правительства Республики Таджикистан в соответствии с пунктом 3 настоящего Порядка при подаче заявления (письма) налогоплательщика или иного уполномоченного лица, заключения Налогового комитета при Правительстве Республики Таджикистан и Министерства финансов Республики Таджикистан о признании безнадёжной задолженности и акта сверки об исполнении налогового обязательства (до даты предоставления) признается Правительством Республики Таджикистан безнадежной.
8. Для рассмотрения вопроса о признании налоговой задолженности безнадёжной и ее списании перед Налоговым комитетом при Правительстве Республики Таджикистан и Министерством финансов Республики Таджикистан создается комиссия из числа работников соответствующих управлений и подразделений этих органов.
9. Налоговый комитет при Правительстве Республики Таджикистан в течение 5 рабочих дней рассматривает представленные документы и в случае соблюдения пунктов 2-6 Порядка, принимают соответствующее заключение и в течение 5 рабочих дней направляет в Министерство финансов Республики Таджикистан с подтверждающими документами.
10. Заключение, представленное Налоговым комитетом при Правительстве Республики Таджикистан, рассматривается комиссией при Министерством финансов Республики Таджикистан в течение в установленные законодательством сроки с учетом положений Налогового кодекса Республики Таджикистан и Порядка, по результатам которого составляется протокол и принимается соответствующее заключение.
11. Решение о признания налоговой задолженности безнадежной и списании налоговой задолженности, признанной безнадёжной, соответствующей требованиям подпунктов 1)-6) пункта 2 Порядка, составляющей до 5000 показателей для расчетов на каждого налогоплательщика, принимается Министерством финансов Республики Таджикистан совместно с Налоговым комитетом при Правительстве Республики Таджикистан.
12. Решение о признании налоговой задолженности безнадежной и списании налоговой задолженности, признанной безнадёжной, соответствующей требованиям подпунктов 1)-6) пункта 2 Порядка, составляющей более 5000 показателей для расчетов на каждого налогоплательщика, принимается Правительством Республики Таджикистан.
13. Налоговый орган по месту учета налогоплательщика в срок до 5 рабочих дней после вступления в силу постановления Правительства Республики Таджикистан и или совместного решения Министерства финансов Республики Таджикистан и Налогового комитета при Правительства Республики Таджикистан о признании налоговой задолженности безнадёжной и списании налоговой задолженности налогоплательщика, признанной безнадёжной, списывает задолженность, признанную безнадёжней путем внесения соответствующих изменений в лицевой счет налогоплательщика.
14. Учет денежных средств, списанных налоговых задолженностей налогоплательщиков, признанных безнадёжными, ведётся налоговым органом по месту учета налогоплательщика в соответствующих отчётах.
3. ЗАКЛЮЧИТЕЛЬНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ
15. Юридические лица и индивидуальные предприниматели обязаны совместно с Налоговым органом по месту учета налогоплательщика в порядке, установленном законодательством составить акт сверка об исполнении дальнейшего налоговых обязательств.
16. Лица, не сооблюдающие положения Порядка, несут ответственность в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.