Тартиби баргардонидани маблағи андоз аз арзиши иловашуда ба намояндагиҳои дипломатӣ, консулгарӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда, инчунин аъзои ҳайати кормандони онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд аз 2 марти соли 2023, № 74

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 марти соли 2023, № 74

Тартиби баргардонидани маблағи андоз аз арзиши иловашуда ба намояндагиҳои дипломатӣ, консулгарӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда, инчунин аъзои ҳайати кормандони онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби баргардонидани маблағи андоз аз арзиши иловашуда ба намояндагиҳои дипломатӣ, консулгарӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда, инчунин аъзои ҳайати кормандони онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд (минбаъд - Тартиб) қоидаҳои баргардонидани маблағи андоз аз арзиши иловашудаи ҳангоми хариди молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохташударо ба намояндагиҳои дипломатӣ, консулгарӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда ва ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин аъзои ҳайати кормандони онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд (минбаъд - намояндагиҳо) ва ба дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар асоси шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

2. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон давлату ҳукуматҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, намояндагиҳои дипломатию консулгарии давлату ҳукуматҳои хориҷӣ ва кормандони дипломатию консулии онҳо, инчунин намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилалӣ, кормандони онҳо ва аъзои оилаи шахсони дар боло номбаршуда аз андоз озод карда мешаванд ва мавриди истифодаи дигар имтиёзҳо қарор мегиранд, агар қонунгузории давлату ҳукуматҳои хориҷӣ чунин тартибро нисбат ба шахсони дар боло номбаршудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда бошад, ё агар чунин меъёр дар шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шуда бошад.

3. Аз андоз аз арзиши иловашуда озод намудани давлату ҳукуматҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, намояндагиҳои дипломатию консулгарии давлату ҳукуматҳои хориҷӣ ва кормандони дипломатию консулии онҳо, инчунин намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилалӣ, кормандони онҳо ва аъзои оилаи шахсони дар боло номбаршуда дар шакли баргардонидан, ки Тартиби мазкур муқаррар намудааст, таъмин карда мешавад.

4. Аккредитатсия ин ризоияти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти ҳайати намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва намояндагиҳои онҳо, инчунин консулҳои фахрии кишварҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳуқуқи истифодабарӣ аз имтиёзу масуниятҳои муайяне мебошад, ки дар санадҳои байналмилалии ҳуқуқии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда пешбинӣ гардидаанд. Пешниҳоди кортҳои аккредитатсионӣ аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Тартиби аккредитатсияи ҳайати намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва намояндагиҳои онҳо, инчунин аъзои оилаҳои онҳо ба амал бароварда мешавад.

5. Баргардонидани маблағи андоз аз арзиши иловашуда ба намояндагиҳо бо шарте анҷом меёбад, ки чунин баргардонӣ дар асоси мутақобила бо шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии онҳо мебошад, пешбинӣ шуда бошад.

6. Маблағи андоз аз арзиши иловашуда, ки намояндагиҳо ба таҳвилкунандагони мол (кор, хизматрасонӣ)-и барои истифодаи расмӣ аз ҷониби ин намояндагиҳо, инчунин барои истифодаи шахсии аъзои ҳайати кормандони дипломатӣ, маъмурию техникӣ ва хизматрасони онҳо, аз ҷумла аъзои оилаи онҳо, пешбинигардидаро пардохтаанд, баргардонида мешавад, агар чунин баргардонӣ дар шартномаҳои байналмилалии андоз муқаррар шуда бошад.

2. ТАРТИБИ ПЕШНИҲОДИ ҲИСОБҲО ОИД БА БАРГАРДОНИДАНИ МАБЛАҒИ АНДОЗ АЗ АРЗИШИ ИЛОВАШУДА

7. Баргардонидани маблағи андоз аз арзиши иловашуда ба намояндагиҳо тибқи хулосаи раёсатҳои андоз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе дар асоси феҳристҳои ҷамъбастие, ки аз ҷониби ин намояндагиҳо тартиб дода мешаванд ва нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқшуда (ҳисобнома-фактураҳо, чекҳо ва ғайра), ки супоридани андоз аз арзиши иловашударо тасдиқ менамоянд, амалӣ карда мешавад.

8. Феҳристҳои ҷамъбастӣ аз рӯйи намунаи муқаррарнамудаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шуда, аз ҷониби намояндагиҳо ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқи мубодилаи ёддоштҳо оид ба риоя намудани принсипи мутақобила ҳангоми пешниҳоди имтиёзҳо оид ба андозҳои ғайримустақим (андоз аз арзиши иловашуда) мутобиқи муқаррароти шартномаҳои байналмилалии андоз пешниҳод карда мешаванд. Баъд аз тасдиқ шудани феҳристҳои ҷамъбастӣ, онҳо ба мақомоти андозе, ки Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргардондани маблағҳо муайян менамояд, пешниҳод карда мешаванд.

9. Намояндагиҳои дорои корти аккредитатсионӣ як маротиба дар ҳар семоҳа ба раёсати андоз дар шаҳри Душанбе ё мақомоти андози маҳалли қайд ду нусха ариза (ёддошт) дар таҳрири озод барои баргардонидани андоз аз буҷет, инчунин феҳристҳои ҷамъбастӣ ва ҳисоби маблағи баргардонидашавандаро аз буҷет бо ҳисоби ҳар моҳ дар алоҳидагӣ бо замима намудани ҳуҷҷатҳои аслии харид, ки пардохти мол, кор ва хизматрасониро тасдиқ мекунанд, баъди аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гаштани онҳо оид ба мавҷудияти усули мутақобила пешниҳод мекунанд.

10. Ба сифати ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда қабул карда мешаванд:

- ҳисоб ва супориши пардохтӣ бо қайди бонк оид ба пардохт;

- шартнома барои таҳвили мол, иҷрои кор ё хизматрасонӣ бо намояндагӣ басташуда, ки сертификатсияи мол (кор, хизматрасонӣ)-и таҳвилшавандаро бо нишон додани арзиши онҳо ва санади иҷро шудани корҳо ва хизматрасониҳо дар бар мегирад;

- мактуби расмии намояндагиҳо (бо имзои сардори намояндагӣ ё шахси ӯро ивазкунанда, бо муҳри тасдиқкунандаи ин намояндагӣ) бо нишон додани ном, суроғаи ташкилот ва ё насаб, ном, номи падар ва маҳалли зисти соҳибкори инфиродии мол (кор, хизматрасонӣ)-ро таҳвилкунанда, ки барои истифодаи расмии намояндагиҳо пешбинӣ шудани ин мол (кор, хизматрасонӣ)-ро тасдиқ мекунад;

- ҳисобнома-фактураи андоз ва борхати таҳвили мол, кор ва хизматрасонӣ;

- чеки молӣ;

- чеки кассавӣ бо муҳри муассисаи савдо (дар ин ҳол нусхаи чеки молӣ талаб карда намешавад);

- расид ба санади даромади хазинавӣ, бо қайди пардохти андоз аз арзиши иловашуда;

- дигар ҳуҷҷатҳои пулии ба таври зарурӣ ба расмият даровардашуда;

- нусхаи кортҳои аккредитатсионӣ.

11. Баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда аз рӯйи маблағҳои барои мол, кор ва хизматрасонӣ пардохташуда, ки аз субъектҳои хоҷагидории ҳамчун супорандаи андоз аз арзиши иловашуда аз қайд нагузашта ба даст омадааст, ба амал бароварда намешавад.

12. Феҳристҳои ҷамъбастӣ барои баргардондани маблағи андоз аз арзиши иловашуда аз ҷониби намояндагиҳо барои тасдиқи усули мутақобила ҳар семоҳа ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.

13. Намояндагиҳо бояд дар мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии саридораи худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо додани рақами мушаххаси андозсупоранда (минбаъд - РМА) ва нишон додани рамзи ташкилоти хориҷӣ (минбаъд - РТХ) ва рамзи сабабҳои ба қайд гузоштан (минбаъд - PCБ), бо мақсади кушодани суратҳисобҳо ва ҳисобҳои асъорӣ дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин барои ба амал баровардани баргардонидани маблағи андозҳои супоридашудаи ғайримустақим ва дигар андозу пардохтҳое, ки Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, ба қайд гузошта шаванд.

14. Намояндагиҳо уҳдадоранд дар муҳлати 30 рӯз аз лаҳзаи оғози фаъолият дар мақомоти андоз, новобаста аз мавҷудияти ҳолатҳое, ки қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадани уҳдадориҳоро оид ба пардохти андозҳо ба он вобаста медонад, худро ба қайд гузоранд. Тартиби дар мақомоти андоз ба қайд гузоштан, аз қайд баровардан ва дигар ҳолатҳои вобаста ба рақами мушаххаси андозсупоранда бавуҷудомада тибқи талаботи моддаҳои 78 ва 79 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад.

15. Намояндагиҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои молу мулки ғайриманқул ва воситаҳои нақлиёт мебошанд (аз ҷумла ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардаанд) ва ба онҳо бо ҳуқуқи моликият, ё бо ҳуқуқи соҳибӣ (ё) истифодабарӣ ва (ё) ихтиёрдорӣ мансуб мебошанд, ҳамчунин бояд ба қайд гирифта шаванд. Бақайдгирӣ дар маҳалли ҷойгиршавии молу мулки ғайриманқул сурат мегирад.

16. Бақайдгирии давлатии нақлиёти автомобилӣ мувофиқи қоидаҳои бақайдгирии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва ядаки онҳо дар Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси мактуби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар суроғаи зикргардида дар ҳуҷҷатҳои содирнамудаи ин вазоратҳо гузаронида мешавад.

17. Рақами РТХ бояд ба рақами тартибии аккредитатсияи намояндагӣ дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат намояд ва бо истифода аз роҳнамои "Рамзи ташкилоти хориҷӣ" ва "Таснифоти мамлакатҳои ҷаҳон" ташаккул ёфта бошад.

18. Ҳангоми қатъ гардидани фаъолияти намояндагиҳо ё тамоман рафтани аъзои ҳайати дипломатӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост оид ба баргардонидани маблағи андоз аз арзиши иловашуда 30 рӯз қабл аз сафар бояд пешниҳод карда шавад.

19. Намояндагиҳо уҳдадоранд, ки на дертар аз се рӯз аз санаи қабули қарор дар бораи анҷоми фаъолият дар ин хусус ба мақомоти андози маҳалли бақайдгирӣ хабар диҳанд. Бо мақсади аз қайд баровардан ба мақомоти андоз чунин ҳуҷҷатҳо пешниҳод карда мешаванд:

- ариза дар бораи аз қайд баровардан;

- нусхаи қарори мақомоти ваколатдори ташкилоти хориҷӣ (байналмилалӣ) дар бораи шуъба (намояндагӣ)-и ташкилоти хориҷӣ (байналмилалӣ), ё дар ҳолатҳои дахлдор нусхаи санади супоридани корҳо;

- эъломия дар бораи даромадҳо ва ҳисобҳо (эъломияҳо) аз рӯйи андозҳо, ки дар санаи анҷоми фаъолияти ташкилоти хориҷӣ (байналмилалӣ) таҳия шудааст;

- мактуб аз бонк (филиали бонк) дар бораи баста шудани ҳисобҳои ташкилотҳои хориҷӣ (байналмилалӣ) ва намояндагӣ;

- шаҳодатнома дар бораи ба қайд гирифтан.

20. Намояндагиҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон молу мулки ғайриманқул ва воситаҳои нақлиёте доранд, ки мутаносибан ба шуъба, ё намояндагиҳои ин ташкилотҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб нестанд, дар давоми даҳ рӯз аз лаҳзаи қатъи ҳуқуқи моликияти ин ташкилотҳо нисбат ба молу мулки дар боло зикргардида ҳуқуқи соҳибӣ ва (ё) истифода ва (ё) ихтиёрдории молу мулки ғайриманқул ва воситаҳои нақлиёт, ё аз лаҳзаи баровардани ин молу мулки аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадоранд ба мақомоти андоз дар бораи аз қайд баровардан ариза пешниҳод намоянд. Бо мақсади аз қайд баровардан ба мақомоти андоз чунин ҳуҷҷатҳо пешниҳод карда мешаванд:

- ариза дар бораи аз қайд баровардан;

- нусхаи ҳуҷҷатҳои бо тартиби муқарраргардида тасдиқшуда, ки қатъи ҳуқуқи граждании ташкилоти хориҷӣ (байналмилалӣ)-и дар ҷумлаи якуми ҳамин банд зикргардидаро тасдиқ мекунад ё нусхаи эъломияҳои бори гумрукӣ, ки содироти воситаҳои нақлиёти ба ташкилотҳои хориҷӣ (байналмилалӣ) мансуббударо аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамоянд;

21. Аз қайд баровардани ташкилоти хориҷиро (байналмилалиро) мақомоти андоз дар муддати чордаҳ рӯз пас аз пешниҳоди ариза анҷом медиҳад.

22. Аз қайд баровардани ташкилоти хориҷӣ (байналмилалӣ) ва намояндагӣ бо додани мактуби маълумотӣ дар бораи аз қайд баровардан анҷом меёбад.

3. ТАРТИБ ВА МУҲЛАТИ БАРГАРДОНИДАНИ МАБЛАҒИ АНДОЗ АЗ АРЗИШИ ИЛОВАШУДА

23. Раёсатҳои андоз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ва (ё) мақомоти ҳудудии он дар маҳалли қайди намояндагӣ дар муддати понздаҳ рӯз аз рӯзи ворид гардидани тасдиқи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мавҷудияти усули мутақобила, феҳристҳои ҷамъбастӣ ва ҳисобҳо аз аризадиҳанда, инчунин ҳисобҳо ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашударо месанҷад. Дар ҳисобҳо натиҷаҳои санҷиш бо нишон додани маблағи андозе, ки бояд аз рӯйи ҳамин ҳисоб баргардонида шавад, сабт мегардад ва як нусхаи ҳисоб бо замимаи ҳуҷҷатҳо ба аризадиҳанда баргардонида мешавад. Ҳисоби санҷидашуда дар мақомоти андоз нигоҳ дошта шуда, барои баргардонидани маблағи андоз аз арзиши иловашудаи барои мол, кор ва хизматрасонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтнамудаи намояндагиҳо асос ба ҳисоб меравад.

24. Дар ҳолате, ки мақомоти ҳудудии андоз агар ягон ҳуҷҷати пешбининамудаи Тартибро бо сабаби ба таври зарурӣ ба расмият дароварда нашудан қабул накунад, ё агар нисбати эътимоднокии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда шубҳа ба миён омада бошад, инчунин дар ҳолати пурра пешниҳод нашудани маҷмуи ҳуҷҷатҳо, бояд аз ҷониби мақомоти андоз дар муддати панҷ рӯз аз рӯзи ворид шудани ҳуҷҷатҳо ба аризадиҳанда оид ба мавҷуд набудани асос барои баргардонидани маблағи андоз аз арзиши иловашуда ба таври хаттӣ хабар расонида шавад.

25. Мақомоти ҳудудии андоз дар маҳалли қайди аризадиҳанда дар муддати понздаҳ рӯз аз рӯзи ворид гардидани ҳисоб ва ҳуҷҷатҳо аз аризадиҳанда қарор қабул мекунад ва дар панҷ нусха хулоса оид ба баргардондани маблағи андоз аз арзиши иловашуда ва феҳристро таҳия менамояд, ки бо мактуби ҳамроҳикунанда ба раёсатҳои андоз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе фиристода мешавад. Ҳисобҳо пас аз ҷамъбасти хулосаҳои мақомоти ҳудудии андоз бо маблағҳое, ки бояд баргардонида шаванд, аз ҷониби раёсатҳои андоз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегарданд.

26. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридоти умумии андоз аз арзиши иловашударо ба асос гирифта, дар давоми понздаҳ рӯз аз рӯзи гирифтани хулоса оид ба баргардонидани маблағи андоз аз арзиши иловашуда ва ҳуҷҷатҳои дахлдор аз раёсатҳои андоз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе маблағи андоз аз арзиши иловашударо ба суратҳисобҳои дар бонкҳои ваколатдор дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодаи намояндагиҳо бармегардонад.

27. Баргардонидани маблағи андоз аз арзиши иловашудаи пардохтшуда аз рӯйи ҳар як намояндагӣ мушаххас як маротиба дар се моҳ сурат мегирад.

28. Дар ҳамаи ҳолатҳо ҳангоми аз ҷониби мақомоти андоз ошкор гардидани он ки маблағи муайяни андоз ба намояндагиҳо саҳван баргардонида шудааст, мақомоти андоз метавонад баргардонидани чунин маблағҳоро бо тартиби барои ҷамъоварии андозҳо муқарраршуда талаб намояд.

4. АСЪОРИ ҶУБРОН

29. Ҳисобҳо ба мақомоти ҳудудии андози маҳалли қайд бо пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, баргардонидани маблағи андоз аз арзиши иловашуда ба суратҳисоби намояндагиҳо низ бо асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. Ҳангоми бо риояи қонунгузории танзими асъор ва назорати асъор бо асъори хориҷӣ пардохт намудани мол, кор ва хизматрасонӣ азнавҳисобкунӣ бо пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи ба вуқуъ омадани харид, қабули кор ва хизматрасонӣ сурат мегирад.

5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

30. Шахсони мансабдори мақомоти андоз, ки ба хулоса оид ба баргардондани маблағи андоз аз арзиши иловашуда имзо гузоштаанд, барои дуруст будани хулосаи таҳияшуда ва сари вақт пешниҳод намудани он ҷавобгар мебошанд.

31. Шахсони мансабдори Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хазинадории марказӣ ва шуъбаҳои минтақавии хазинадорӣ барои сари вақт ба иҷро расонидани хулоса оид ба баргардондани андоз аз арзиши иловашудаи мақомоти андоз тибқи аризаи намояндагӣ ҷавобгар мебошанд.

32. Шахсони мансабдори Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя гардидани усули мутақобила ҳангоми ба намояндагиҳо додани ҳуқуқи озод будан аз андозҳо ва дигар имтиёзҳои андозӣ ва иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, масъулият ба дӯш доранд.

33. Дигар шахсоне, ки муқаррароти Тартиби мазкурро риоя намекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.