Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 марти соли 2023, №51
Барномаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои солҳои 2023-2027
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои солҳои 2023-2027 (минбаъд - Барнома) барои самаранок истифода намудани захираҳои энергетикии кишвар аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия, зиёд намудани иқтидорҳои нави истеҳсолии энергетикии кишвар ва гузаронидани корҳои омӯзишӣ ва таҳқиқотию илмӣ дар рушди энергетикаи кишвар таҳия гардидааст.
2. Барнома дар асоси моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия" таҳия гардида, дар он ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва самаранок истифода намудани захираҳои энергетикӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба инобат гирифта шудаанд.
3. Барномаи мазкур барои самаранок истифода намудани захираҳои энергетикӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз қабили шуои офтоб, энергияи шамол, биомасса, об, инчунин ба роҳ мондани омӯзиши дақиқи захираҳои энергетикӣ, вусъат додани истифодаи технологияҳои инноватсионӣ бо истифодаи ашёи ватанӣ мусоидат менамояд. Барнома ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии аҳолӣ, ҳифзи муҳити зист мусоидат намуда, барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар ноҳияҳои дурдаст шароити мусоид фароҳам меоварад.
4. Бо мақсади беҳтар намудани сатҳи таъминоти барқи аҳолии минтақаҳои дурдаст ва баландкӯҳ, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолии ин минтақаҳо, ҳавасмандгардонии аҳолӣ барои зист дар ин минтақаҳо, ҳифзи муҳити зист, рушди сайёҳӣ, таъсиси ҷойҳои кории нави мавсимӣ ва доимӣ, самаранок истифода намудани захираҳо аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия, сохтмони неругоҳҳои хурди обӣ, офтобӣ ва бодӣ ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд ба роҳ монда шудааст.
5. Барномаи мазкур ҷиҳати ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар, яъне расидан ба истиқлолияти энергетикӣ равона гардидааст. Дар чорабиниҳои пешбинигардидаи Барнома самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи энергетика ва омӯзишии илму техникаи муосир пешбинӣ шудааст.
2. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА
6. Мақсадҳои асосии Барнома аз инҳо иборат мебошанд:
- самаранок истифода намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия;
- беҳтар намудани сифати таъминоти неруи барқ ва гармии деҳаҳои дурдаст, баландкӯҳ ва минтақаҳои аз ҳисоби эътимоднокии барқтаъминкунии мутамарказ осебпазир;
- зиёд намудани иқтидорҳои истеҳсолии энергетикии кишвар аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия;
- беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолии деҳаҳои дурдаст ва баландкӯҳ;
- рушди соҳаҳои муҳими иқтисодиёти минтақаҳои дурдаст ва баландкӯҳ;
- ҳифзи муҳити зист ва кам кардани партовҳои газҳои гулхонагӣ ба фазо;
- рушди сайёҳӣ дар минтақаҳои дурдаст ва баландкӯҳ;
- зиёд намудани саҳми минтақаҳои дурдаст дар амнияти озуқавории кишвар аз ҳисоби бунёд гардидани корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ дар ин минтақаҳо;
- таъсиси ҷойҳои нави корӣ;
- баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии минтақаҳои дурдаст ва баландкӯҳ;
- пайгирии доимии равандҳои нави технологӣ дар самти азхудкунии манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва таҳкими алоқаи илм бо истеҳсолот;
- мусоидат намудан ҷиҳати коҳиш додани вобастагии низоми энергетикии кишвар аз фаъолияти неругоҳҳои барқи обии миёна ва калон;
- саҳмгузорӣ дар амалисозии ҳадафҳои рушди устувор, ки аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид муайян карда шудаанд;
- саҳмгузорӣ дар амалисозии равандҳои умумиҷаҳонӣ, алалхусус, тағйирёбии иқлим ва ғайраҳо.
- тавсеаи корҳои омӯзишию тадқиқотӣ дар самти азхудкунии захираҳои энергетикӣ;
- навсозии технология ва таъмини истифодаи васеи он дар дастгоҳҳои тавлидкунандаи энергияи барқ ва иншоотҳои энергетикӣ;
- баланд бардоштани сатҳи дониши мутахассисони техникии соҳаи энергетика.
7. Баҳри амалисозии Барномаи мазкур ҳалли вазифаҳои зерин зарур аст:
- ҷалб намудани маблағҳои зарурӣ барои таҳияи асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаҳои неругоҳҳои обӣ, офтобӣ, бодӣ ва обҳои гарми зеризаминӣ, ҷалби сармоя аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои имконпазир ва дар мадди аввал маблағҳои шарикони рушд ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ барои амалисозии минбаъдаи ин лоиҳаҳо;
- ташкил намудани озмоишгоҳҳои илмию тадқиқотии муосир ва таҳия намудани лоиҳаҳои озмоишӣ;
- истеҳсоли дастгоҳҳои намоишию таҷрибавӣ барои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия;
- ташкил намудани хатҳои истеҳсолӣ дар заминаи корхонаҳои ватанӣ ва дар маҳалҳо барои истеҳсоли олотҳои неругоҳҳои хурд;
- гузаронидани чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ (тренингҳо, конференсияҳо ва семинарҳо) бо иштироки мутахассисони соҳаи энергетика ва илм;
- нашри китобҳо, дастурамалҳои методӣ ва варақаҳои иттилоотӣ оид ба истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия;
- омӯзиш ва таҳқиқотҳои илмии мавзеъҳои мувофиқ барои бунёди неругоҳҳои хурд аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия;
- тадбиқ намудани лоиҳаҳои пилотӣ барои истеҳсоли биогаз;
- азнавсозии дастгоҳҳои захиракунии энергия дар заминаи корхонаҳои ватанӣ;
- омӯзиши захираҳо ва сарчашмаҳои геотермалӣ;
- тартиб додани кадастраи манбаъҳои барқароршавандаи энергия;
- омӯзиши иловагии манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва тартиб додани кадастри дахлдор дар сатҳи маҳал.
3. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ КУНУНӢ
8. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи энергетикаи кишвар корҳои назаррас ба итмом расонида шудаанд. Аммо, новобаста аз ин, то кунун дар самти пурра ва боэътимод таъмин намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар бо қувваи барқ ва мусоидат намудан ба рушди босуботи иқтисоди миллӣ масъалаҳои ҳалталаб ҷой доранд, ки ҳалли онҳо аз истифодаи самараноку сарфакоронаи барқ, зиёд намудани иқтидорҳои истеҳсолӣ, иқтидори содиротии кишвар ва самаранок истифода намудани захираҳои мавҷудаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, дар мадди аввал, офтоб ва бод вобастагӣ дорад.
9. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти самаранок истифода намудани захираҳои энергетикӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия корҳои муайян ба сомон расонида шуданд. Дар ин самт ҷиҳати ҳалли мушкилоти соҳаи энергетика ва беҳ гардонидани вазъи таъминоти истеъмолкунандагон бо қувваи барқ дар дохили кишвар ва минтақа 34 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 57,2 миллиард сомонӣ амалӣ карда шуда, 17 лоиҳаи давлатии сармоягузории дигар ба маблағи 16,4 миллиард сомонӣ дар марҳилаи амалисозӣ қарор доранд. Дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат зиёда аз 2000 Мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта шуда, ҳаҷми истеҳсоли энергияи барқ аз 17 миллиард кВт/соат дар соли 1991 ба наздики 21 миллиард кВт/соат дар соли 2021 афзоиш дода шуд, ки ин нишондиҳанда дар тамоми давраи фаъолияти низоми энергетикӣ мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар ояндаи наздик таъмин намудани истиқлоли энергетикӣ, пурра ва боэътимод таъмин намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар бо қувваи барқ ва рушди босуботи иқтисоди миллӣ бунёду таҷдиди як силсила иншооти хурду бузургро дар соҳаи энергетика вусъат дода истодааст.
10. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирӣ ва кумаки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо як қатор шарикони рушд ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ бо мақсади вусъат бахшидани таъминоти барқи аҳолии деҳаҳои дурдаст ва баландкӯҳ бо истифода аз захираҳои энергетикии аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия корҳои муайянро роҳандозӣ намуда истодааст.
11. Бо ҷалби маблағҳои Бонки Умумиҷаҳонӣ лоиҳаи "Электрофикатсияи деҳот" шуруъ гардида, дар доираи он дар 35 деҳаи дурдасти ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмони 11 адад неругоҳи барқи обии хурд бо иқтидори 0,760 МВт, сохтмону васлу насби неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 3,570 МВт, неругоҳи бодӣ бо иқтидори 3,084 МВт, ва насби таҷҳизоти захиракунандаи қувваи барқ дар ҳаҷми 2,511 МВт ба маблағи умумии 17,8 млн доллари ИМА пешбинӣ гардидааст, ки он имкон медиҳад, иловатан, 2401 хоҷагии ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо қувваи барқи доимӣ ва боэътимод таъмин гардида, масъалаи барқтаъминкунии ин минтақаҳо комилан ҳаллу фасл карда шаванд.
12. Бо мақсади таъмини боэътимоди қувваи барқ, бартараф намудани мушкилиҳои техникии ҷойдошта дар ҳудуди вилояти Суғд ва ҳамчунин диверсификатсиякунонии манбаъҳои тавлиди қувваи барқ ҳамкориҳои дуҷониба бо намояндагии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон вобаста ба бунёди истгоҳи офтобӣ бо иқтидори 200 МВт ба роҳ монда шудааст.
13. Дар ҳамкорӣ бо Вазорати савдо, саноат ва энергетикаи Ҷумҳурии Корея лоиҳаҳои бунёди неругоҳи офтобӣ дар вилояти Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба нақша гирифта шудааст.
14. Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба бо Бонки Умумиҷаҳонӣ роҷеъ ба масъалаи дар ҳудуди вилояти Суғд бунёд намудани иншооти тавлидкунандаи энергияи барқ бо истифода аз лавҳаҳои офтобӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.
15. Ҷиҳати тақвият бахшидани корҳо дар самти аз худ намудани захираҳои энергетикӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи қувваи барқ дар ҳудуди вилояти Суғд аз ҷониби Бонки Рушди Осиё ширкати машваратӣ барои омода намудани Барномаи тавлиди энергияи барқароршаванда дар вилояти Суғд ҷалб гардидааст, ки дар доираи Барнома омӯзиш ва таҳияи номгӯйи мавзеъҳои имконпазир барои ҷойгиркунии неругоҳҳои барқи бодӣ ва офтобӣ бо иқтидорҳои тақрибан 50 МВт, чунин ташхиси нишондодҳои тавлидӣ нисбати нишондодҳои серборӣ дар ин минтақа ва таҳияи асосноккунии техникию иқтисодии пешакии лоиҳаҳои мазкур ҷиҳати пешниҳоди минбаъдаи онҳо ба бахши хусусӣ ба нақша гирифта шудааст.
16. Бо дастгирӣ ва кӯмаки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ҷалби шарикони рушд ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ корҳои сохтмонии неругоҳи хурди барқи обии "Себзор" бо иқтидори 11 МВт дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шуруъ гардидаст. Бо мақсади таъмини устувории қувваи барқ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон раванди омодасозии асосноккунии техникию иқтисодии неругоҳи барқи обии "Чарсем" бо иқтидори 14 МВт бо ҷалби шарикони рушд ба роҳ монда шудааст.
17. Дар назар аст, ки аз ҳисоби ҷалби маблағҳои Иттиҳоди Аврупо дар марҳилаи аввал яке аз пойгоҳҳои обкашии вилояти Суғд таҷдид карда мешавад, алалхусус қисмати энергетикии он ва масъалаи насби панелҳои офтобӣ барои барқтаъминкунии ин пойгоҳ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Ҳамин тавр, фаъолияти пойгоҳи обкашӣ беҳ гардида, ин имкон медихад, ки боз ҳам зиёдтар заминҳои киштшаванда обёрӣ карда шавад ва мутаносибан истифодабарии қувваи барқ дар ин пойгоҳи обкашӣ коҳиш дода мешавад. Аз ин ҳисоб ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар дар мадди аввал расидан ба амнияти озуқаворӣ ва истиқлоли энергетикӣ саҳмгузорӣ карда мешавад.
18. Таҷрибаи давлатҳои пешрафта нишон медиҳад, ки истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия яке аз самтҳои асосии рушди иқтисодии ҳар як кишвар ба ҳисоб рафта, ҷиҳати беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолии минтақаҳои дурдаст ва баландкӯҳ, рушди ин минтақаҳо ва ҳавасмандгардонии онҳо барои зист дар ин минтақаҳо бо роҳи ташкил намудани системаи таъминот бо қувваи барқ ва гармӣ, ҳифзи муҳити зисти ин минтақаҳо, аз ҷумла эмин нигоҳ доштани ҷангалу буттаҳо, рушди сайёҳӣ, зиёд намудани саҳми минтақаҳо дар амнияти озуқавории кишвар, аз худ намудани захираҳои табиии барои рушди соҳаи саноат тавассути ба истифода додани корхонаҳои саноатии хурд, таъсиси ҷойҳои кории нав ва мутаносибан паст намудани сатҳи камбизоатӣ мусоидат менамояд.
4. ИМКОНИЯТИ МАВҶУДА БАРОИ БУНЁДИ НЕРУГОҲҲОИ БАРҚӢ АЗ ҲИСОБИ МАНБАЪҲОИ БАРҚАРОРШАВАНДАИ ЭНЕРГИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
19. Тибқи баҳогузории пешакии олимону мутахассисон, Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бойи манбаъҳои барқароршавандаи энергия буда, зиёда аз 60 фоизи захираҳои гидроэнергетикии Осиёи Марказӣ дар ҳудуди кишвари мо ташаккул меёбад. Айни замон, аз ҷониби коршиносон баҳогузории захираҳо ва иқтидори манбаъҳои барқароршавандаи энергия аз рӯи захираҳои гидроэнергетикӣ, офтоб, бод ва геотермалӣ мавриди омӯзиш қарор дода шудааст. Аз рӯйи баҳодиҳии пешакӣ захираҳои энергетикии манбаъҳои мазкур (бе дарназардошти неругоҳҳои барқи обии азим) зиёда аз 35 754,55 МВт муайян карда шудааст. Аз ҷумла:
- иқтидори дарёҳои хурд аз рӯи имкониятҳои техникию иқтисодӣ барои сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ 32 476 МВтро бо имконияти истеҳсоли зиёда аз 100 млрд кВт.соат солона ташкил намуда, тадриҷан аз худ намудани ин захираҳо имконият фароҳам меорад, ки мушкилоти иҷтимоию экологии аҳолии минтақаҳои дурдаст аз байн бурда шавад;
- давомнокии солонаи дурахши офтоб дар ҳудуди ҷумҳурӣ тақрибан аз 250 то 330 рӯзро дар бар мегирад. Бинобар ин самаранок истифода намудани энергияи офтоб дар ҳоли кунунӣ ва ояндаи наздик муҳим арзёбӣ мегардад;
- иқтидори энергияи бодӣ аз рӯи имкониятҳои техникию иқтисодӣ барои сохтмони неругоҳҳои барқӣ 1 926,35 МВт-ро ташкил намуда, ин намуди энергия яке аз маъмултарин манбаи барқароршавандаи энергия ба шумор меравад;
- иқтидори энергияи биомасса аз рӯйи имкониятҳои техникию иқтисодӣ имконпазир барои сохтмони неругоҳҳои барқӣ 807 МВт-ро ташкил медиҳад.
5. ТАҶРИБАИ МУВАФФАҚИ БАДАСТОВАРДАШУДА ДАР НАТИҶАИ АМАЛИСОЗИИ ҲУҶҶАТҲОИ ҚАБЛАН ҚАБУЛШУДА
20. Таҷриба нишон медиҳад, ки самаранок истифода намудани захираҳои энергетикӣ бо истифода аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва сохтмони неругоҳҳои хурд дар рушди минтақаҳои дурдаст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатовар мебошад. Танҳо бо ин роҳ метавон вазъи барқтаъминкунии муштариёни деҳаҳои дурдаст ва баландкӯҳро беҳтар гардонида, аз ин ҳисоб нишондиҳандаҳои иқтисодии ин минтақаҳо ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони онро таъмин кард. Пайваст намудани иншооти истеҳсолӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба системаи ягонаи хатҳои интиқоли барқи марказӣ ва таъмини фаъолияти мувозии онҳо бо низоми ягонаи энергетикии ҷумҳурӣ эътимоднокии таъминоти барқро баланд бардошта, дар умум боиси фаъолияти устувори низоми энергетикӣ мегардад.
21. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Помир Энерҷӣ" нишон дод, ки дар маҷмуъ сохтмон ва истифодаи нерӯгоҳҳои барқи обии хурд дар сурати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани усулҳои идоракунӣ ва ҷорӣ намудани тарифҳои рӯйпӯшкунандаи хароҷоти истеҳсолӣ метавонанд манфиатовар бошанд. Бо истифода аз иқтидорҳои хурди истеҳсолӣ тавассути ворид намудани усулҳои дурусти тақсимот ва баҳисобгирии қувваи барқ бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти ҳозиразамон соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо қувваи барқ таъмин гардидаанд.
22. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Помир Энерҷӣ" бо дастгирии Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Америка оид ба рушди байналмилалӣ ҳамчун лоиҳаи озмоишии намоишӣ дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон неругоҳи барқи офтобиро бо иқтидори 200 кВт ба шабакаҳои барқии ноҳия пайваст намуд. Бо мақсади беҳтар намудани барқтаъминкунии маркази ноҳияи Мурғоб дар фасли зимистон аз ҳисоби зиёд кардани иқтидори лавҳаҳои фотоэлектрикӣ ва низоми захиракунӣ бо Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ ҷиҳати то соли 2023 ҷалб намудани маблағгузории зарурӣ ва иловатан 800 кВт зиёд намудани иқтидори неругоҳи офтобии Мурғоб ҳамкории зич ба роҳ монда шудааст.
23. Аз шумораи умумии 16 неругоҳи хурди дар тавозуни Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Помир Энерҷӣ" ва Ширкати "Ориён ГЭС" қарордошта 11 адади он ба реҷаи ягонаи хатҳои барқи мутамаркази вилоят тариқи мувозӣ пайваст карда шуда, аз ин ҳисоб истеҳсоли солонаи энергияи барқ 28,8 фоиз зиёд ва сатҳи талафот ба таври назаррас шудааст, ки ин нишондиҳанда яке аз дастовардҳои замони истиқлол ба шумор меравад. Илова бар ин, бо дастгирии шарикони рушд дар шаҳру ноҳияҳои дурдасти вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ як қатор неругоҳҳои барқи обии хурд мавриди сохтмон ва баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
6. ТАЙЁР НАМУДАНИ МУТАХАССИСОН
24. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вобаста ба омӯзонидани мутахассисони соҳа аз ҳисоби аҳолии минтақаҳои дурдаст дар Муассисаи давлатии "Маркази таълимӣ дар соҳаи энергетика"-и назди Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чораҷӯйӣ менамояд.
25. Дар мавриди зарурӣ дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисони техникӣ ва муҳақиқони илмӣ барои омӯзиши таҷрибаи пешқадам ба хориҷи кишвар сафарбар карда мешаванд.
26. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати бозомӯзии мутахассисони техникӣ дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон коршиносонро аз хориҷи кишвар ҷалб менамояд.
7. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
27. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳояшон ҳамкориҳои дуҷонибаро бо шарикони рушд ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ дар самти самаранок истифода намудани захираҳои энергетикии кишвар бо истифода аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба роҳ мемонад.
28. Ҳамкории байналмилалӣ дар самти манбаъҳои барқароршавандаи энергия тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, ба роҳ монда мешавад, аз ҷумла:
- мубодилаи манфиатбахши дастовардҳои илмию технологӣ бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд;
- иштирок дар амалисозии лоиҳаҳо аз ҷумла бо ҷалби шарикони рушд;
- мубодилаи таҷриба оид ба истифодаи самараноки манбаъҳои барқароршавандаи энергия;
- омӯзиш ва бозомӯзии мутахассисон дар асоси созишномаҳои барасмиятдаровардашудаи дуҷониба;
- таъмини иштироки мутахассисон дар конфронсҳо, симпозиумҳо ва семинарҳои байналмилалӣ.
8. ТАЪМИНИ ИТТИЛООТ ДАР РАВАНДИ АМАЛИГАРДОНИИ ЧОРАБИНИҲОИ БАРНОМА
29. Мақоми ваколатдор бо мақсади таъмин намудани иттилоот вобаста ба амалисозии чорабиниҳои Барнома ва ҳавасмандсозии шарикони рушд барои иштирок дар ин раванд, аз ҷараёни сохтмони неругоҳҳои хурди барқӣ оби, офтобӣ ва бодӣ тавассути воситаҳои ахбори омма маълумоти заруриро паҳн менамояд.
30. Мақоми ваколатдор якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ ҷиҳати баргузории семинарҳо, намоишҳои таҷҳизот ва технологияҳои муосире, ки дар иншооти бо истифода аз манбаъҳои барқароршаванда сохташаванда истифода мегарданд, мусоидат менамояд.
31. Амалисозии саривақтии чорабиниҳои Барнома вазифаи аввалиндараҷа ба ҳисоб рафта, натиҷаҳои бадастовардашуда дар соҳаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар роҳи ноил гардидани соҳаи энергетика ба ҳадафҳои гузошташуда, яъне барои ноил гардидан ба истиқлоли энергетикии кишвар ва бо энергияи барқӣ боэътимод таъмин намудани муштариёни деҳаҳои дурдаст ва баландкӯҳ метавонад саҳми сазовор гузоранд.
9. ЧОРАБИНИҲО ОИД БА ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ
32. Тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва стандартҳои байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи оқилона ва барқарорсозии захираҳои муҳити зистро вазифаи муҳими умумидавлатӣ ва қарзи маънавии ҳар як шаҳрванд қабул намудааст.
33. Дар раванди амалисозии Барнома ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои кори, чорабиниҳо оид ба ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва бехатарии иншооти сохташаванда пешбинӣ карда мешаванд.
10. МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБИИ АМАЛИГАРДОНИИ БАРНОМА
34. Мониторинг ва арзёбии Барнома аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
35. Мониторинг ва арзёбии Барнома мутобиқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018, №615 "Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани мониторинг ва арзёбии амалишавии ҳуҷҷатҳои стратегии сатҳи миллӣ, барномаҳои соҳавӣ ва минтақавии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" гузаронида мешавад.
36. Амалигардонии Барнома дар алоҳидагӣ аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тибқи замимаи 2 ба роҳ монда мешавад.
37. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар алоҳидагӣ ва мустақиман тибқи муҳлатҳои муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба амалисозии Барномаи мазкур ҳисобот манзур менамоянд.
11. НАТИҶАҲОИ ИНТИЗОРИИ БАРНОМА
38. Дар натиҷаи амалӣ намудани Барнома ба даст овардани натиҷаҳои зерин дар назар аст:
- иқтидорҳои истеҳсолии энергетикии кишвар аз ҳисоби захираҳои энергетикӣ бо истифода аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия (об, офтоб ва бод) дар ҳаҷми 32,2 МВт зиёд мегарданд;
- аз ҳисоби ба истифода додани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия (об, офтоб ва бод) муштариён ва иншооти соҳаи иқтисодиёт ва иҷтимоиёт зиёда аз 35 деҳаи дурдаст бо неруи барқи доимӣ таъмин мегарданд;
- бо ҷалби сармояи шарикони рушд дар деҳаҳои дурдаст ва баландкӯҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 11 адад неругоҳи барқи обии хурд бо иқтидори 0,760 МВт сохта ба истифода дода мешаванд;
- дар деҳаҳои дурдаст неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 14,374 МВт сохта ба истифода дода мешаванд;
- дар деҳаҳои дурдаст неругоҳҳои бодӣ бо иқтидорӣ 3,084 МВт сохта ба истифода дода мешаванд;
- дар деҳаҳои дурдаст насби таҷҳизоти захиракунандаи энергияи барқ дар ҳаҷми 2,511 МВт насб карда мешавад, ки ин таҷҳизот коэффитсиенти кори фоиданоки неругоҳҳои офтобӣ ва бодиро баланд мебардорад;
- 2401 хоҷагии минтақаҳои дурдаст бори аввал бо барқ таъмин карда мешаванд;
- асосноккунии техникию иқтисодӣ ва лоиҳаҳои кории неругоҳҳо аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия таҳия карда мешаванд;
- пудратчиён, мутахассисон ва кормандону муҳандисони маҳаллӣ ҷалб гардида, ҷойҳои нави кории мавсимӣ ва доимӣ таъсис дода мешаванд;
- барои интиқол додани қувваи барқ ба муштариён, тибқи лоиҳаҳои корӣ, хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ ва трансформаторӣ сохта, ба истифода дода мешаванд;
- барои таъмин гардидани фаъолияти боэътимоди неругоҳҳои хурд мутахассисони маҳаллӣ дар Муассисаи давлатии "Маркази таълимӣ дар соҳаи энергетика"-и назди Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон омӯзонида мешаванд;
- вазъи обтаъминкунии иншооти ирригатсионӣ ва обёрии заминҳои корам беҳ карда мешавад;
- барои пешгирӣ намудани ҳолатҳои буридани дарахту буттаҳо дар минтақаҳои дурдаст барои истифода намудан ҳамчун сӯзишворӣ мусоидат карда мешавад;
- барои кам намудани партофти газҳои гулхонаӣ ба фазо мусоидат карда мешавад;
- дар минтақаҳои дурдаст озмоишгоҳи муосири илмӣтадқиқотӣ бунёд мегардад;
- истеҳсоли таҷҳизот, қисмҳои асосӣ ва эҳтиётӣ барои иншоотҳои хурди энергетикӣ ба роҳ монда мешавад;
- тартиби додани кадастр ва таҳияи дастурамалҳо оид ба технологияҳои истифодаи энергия таҳия ва пешниҳод мегардад;
- санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи истифодаи энергияи гидроген таҳия мегарданд;
- корҳои таблиғотӣ дар самти самаранок истифода намудани неруи барқ ба роҳ монда мешавад.
12. САРЧАШМАҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ЧОРАБИНИҲОИ БАРНОМА
39. Маблағи умумӣ барои амалисозии Барнома дар ҳаҷми 1 млрд 4 млн 174 ҳаз сомонӣ муайян шудааст, ки он аз ҳисоби сарчашмаҳои сармоягузории дохилию хориҷӣ ва маблағҳои буҷети давлатии ҳамасола ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷудошаванда амалӣ карда мешавад. Сарчашмаҳои асосии маблағгузории Барнома иборат аст аз:
- маблағҳои шарикони рушд - 1 млрд 574 ҳазор сомонӣ;
- маблағҳои буҷетӣ - 3,6 млн сомонӣ;
40. Айни замон, дар амалигардонии лоиҳаву пешниҳоди грантҳо Иттиҳоди Аврупо, Бонки Умумиҷаҳонӣ, Ҳукумати Федералии Олмон, Агентии ИМА оид ба ҳамкории байналмилалӣ, Ҳукумати Швейтсария, Бонки Осиёгии Рушд ва донорҳои дигар иштирок менамоянд.
41. Аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳояшон ҷиҳати ҷалб намудани маблағҳои сармоягузорӣ барои амалисозии Барнома чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 марти соли 2023, №51
Нақшаи амали солҳои 2023-2025-и Барномаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои солҳои 2023-2027
Ниг. ба замима