ШӯРОИ ВАЗИРОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи даровардани тағьироту иловаҳо ба Низомномаи Регистри корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри с. 1991 № 387 "Дар бораи таъсиси Регистри корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст
Бо мақсади пурзӯр гардонидани назорат аз болои фаъолият ва танзими механизми мушоҳидаи омории корхонаҳои хурду хусусӣ, кооперативҳо ва дигар шаклҳои ташкилии истеҳсоли молҳо, савдою хизматрасонӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Регистрҳои давлатӣ", Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба "Низомномаи Регистри корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки бо қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри с. 1991 № 387 "Дар бораи таъсиси Регистри корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағьироту иловаҳои зайл дохил карда шаванд:
1. Абзаци якуми банди 6 дар таҳрири зайл ифода карда шавад: "Маълумотҳои ба Регистри корхонаҳои Тоҷикистон дохилшаванда дар карточкаи бақайдгирӣ (дар се нусха) ба мақоми корхонаҳоро бақайдгирандае пешниҳод карда мешаванд, ки он аз тарафи кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ё ноҳиявӣ дар маҳалли ҷойгиршавии объект таъин гардида, ҳамзамон намояндаи дорандаи Регистри корхонаҳои Тоҷикистон мебошад".
2. Банди 8 дар таҳрири зайл ифода карда шавад: "Мақоми бақайдгирандаи корхонаҳо дурустии маълумотҳоеро, ки ба он барои ба Регистри корхонаҳои Тоҷикистон дохил кардан пешниҳод шудаанд, тафтиш намуда, ба онҳо аз рӯи классификаторҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ код мегузорад, кодҳоро дар карточкаи бақайдгирӣ сабт намуда, карточкаро дар давоми се рӯз пас аз пешниҳод шудани маълумотҳо дар бораи объекти бақайдгирифташаванда ба дорандаи Регистр ва муассисаи банке, ки дар он барои корхона ҳисобнома кушода мешавад, равон мекунад".
3. Ба Низомнома банди 8 "а" мазмунаш зайл илова карда шавад: "Муассисаҳои банк барои объектҳои бақайдгирифташаванда суратҳисоб ва дигар ҳисобномаҳоро танҳо дар сурати мавҷудияти карточкаи бақайдгирӣ бо сабти мақоми бақайдгирандаи корхонаҳо дар он мекушоянд".
4. Банди 13 дар таҳрири зайл ифода карда шавад: "Ҳангоми қатъ гардидани фаъолияти объекти ба Регистр дохилшуда комиссияи барҳамдиҳӣ ба мақоми бақайдгирандаи корхонаҳо дар хусуси дохил намудани қайди дахлдор оиди барҳамдиҳӣ ба Регистри корхонаҳои Тоҷикистон дар ду нусха ариза пешниҳод менамоянд. Пас аз ба қайд гирифтани ариза аз ҷониби мақоми бақайдгирандаи корхонаҳо як нусхаи ариза, бо сабти он, ки объект аз Регистри корхонаҳо истисно шудааст, ба муассисаи банк равон карда мешавад ва банк ҳуқуқ пайдо мекунад, ки суратҳисоб ва дигар ҳисобномаҳои корхонаи барҳам додашударо барҳам диҳад.
Маълумотҳо дар бораи объекти барҳамдодашуда дар Регистри корхонаҳои Тоҷикистон маҳфуз нигоҳ дошта шуда ҳангоми ба Регистр дохил намудани объектҳои нав истифодаи рақами он иҷозат дода намешавад".
5. Дар бандҳои 9, 10, 11, 12 ва 14 мафҳуми "бақайдгиранда" бо мафҳуми "мақоми бақайдгирандаи корхона" иваз карда шавад.
Муовини
Раиси Шӯрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Самадов
Ҷонишини
Мудири Корҳои Шӯрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон И. Бозоров
ш. Душанбе,
аз 6 июли соли 1993, № 323