Низомномаи шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Барқи Тоҷик" аз 18 январи соли 2023, №18

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 18 январи соли 2023, №18

Низомномаи шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Барқи Тоҷик"

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Низомномаи шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Барқи Тоҷик" (минбаъд - Низомнома) мақом, тартиби даъват, ташкил ва баргузории маҷлисҳои шӯрои нозирони Ҷамъият, ҳуқуқу уҳдадориҳои аъзои шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Барқи Тоҷик" (минбаъд - Ҷамъият), инчунин тартиби пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколатҳои аъзои шӯрои нозирони Ҷамъиятро муайян менамояд.

2. Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Барқи Тоҷик" (минбаъд - шӯрои нозирон) мақоми идоракунии Ҷамъият буда, роҳбарии умумии фаъолияти Ҷамъиятро амалӣ менамояд, иҷрои қарорҳои маҷлиси умумии саҳмдорони Ҷамъиятро мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунад.

3. Шӯрои нозирон дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, оинномаи Ҷамъият ва ҳамин Низомнома фаъолияти худро амалӣ менамояд.

2. ТАЪСИСИ ШӯРОИ НОЗИРОН

4. Шӯрои нозирон аз тарафи муассиси Ҷамъият дар ҳайати 7 (ҳафт) нафар таъсис дода мешавад.

5. Бо қарори муассиси Ҷамъият ваколатҳои аъзои шӯрои нозирон метавонанд пеш аз муҳлат қатъ карда шаванд.

6. Узви шӯрои нозирон метавонад танҳо шахси воқеӣ бошад. Узви шӯрои нозирон метавонад саҳмдори Ҷамъият набошад.

7. Шахсоне, ки ба ҳайати шӯрои нозирон дохил шудаанд, метавонанд ба таври номаҳдуд якчанд маротиба ба аъзои шӯрои нозирон интихоб шаванд.

8. Аъзои шӯрои нозирон аз ҳисоби саҳмдорони Ҷамъият ва шахсони дигар интихоб карда мешаванд.

9. Шахсе, ки дар содир намудани ҷиноятҳои иқтисодию молиявӣ ё ҷиноятҳои муқобили ҳокимияти давлатӣ, манфиатҳои хизмати давлатӣ ва хизмат дар мақомоти идоракунии маҳаллӣ гунаҳкор дониста шудааст ва ё нисбати ӯ ҷазоҳои маъмурӣ барои ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ ё дар соҳаи молия, андозу хироҷ ва бозори коғазҳои қиматнок татбиқ шудаанд, ба ҳайати шӯрои нозирон дохил карда намешаванд.

10. Узви комиссияи тафтишотӣ дар як вақт узви шӯрои нозирон буда наметавонад.

11. Аъзои мақоми иҷроияи Ҷамъият наметавонанд зиёда аз чор як ҳиссаи ҳайати шӯрои нозиронро ташкил диҳанд.

12. Шумораи номзадҳое, ки барои интихоб ба ҳайати шӯрои нозирон пешниҳод шудаанд, метавонад аз шумораи аъзои шӯрои нозирон, ки дар оинномаи Ҷамъият пешбинӣ шудааст, зиёд бошад.

13. Пешниҳод дар бораи пешбарии номзадҳо дар шакли хаттӣ бо зикри маълумоти зерин манзур мегардад:

- насаб, ном ва номи падари ҳар як номзади пешниҳодшуда ва санаи таваллуди ӯ;

- номи мақоме, ки барои тасдиқ дар он номзад пешбарӣ шудааст (дар айни замон - шӯрои нозирон);

- номгӯйи (номи) саҳмдорон (саҳмдор), ки номзадро пешбарӣ намудаанд (намудааст);

- маълумот дар бораи таҳсилот, аз ҷумла дар хусуси такмили ихтисос (номи муассисаи таълимӣ, санаи хатм, ихтисоси гирифташуда);

- ҷойи кор ва вазифаҳое, ки номзад дар давоми 5 (панҷ) соли охир ишғол намудааст, инчунин вазифаҳое, ки номзад дар мақомоти идоракунии шахсони дигари ҳуқуқӣ дар давоми 5 (панҷ) соли охир ишғол кардааст;

- рӯйхати шахсони ҳуқуқие, ки номзад намояндаи онҳо мебошад, бо зикри миқдори саҳмияҳо дар сармояи оинномавӣ ва саҳму ҳиссаи онҳо;

- рӯйхати шахсоне, ки номзад нисбати онҳо шахси бонуфуз мебошад ва асосҳои он;

- муносибати номзад бо шахсони бонуфуз ва контрагентҳои калони ҷамъият, маълумот дар бораи бонуфузӣ бо Ҷамъият;

- маълумот дар бораи мавҷудияти доғи судӣ ва муҷозоти маъмурии бекорнашуда.

14. Пешниҳод дар хусуси пешбарии номзадҳо метавонад розигии номзадро барои тасдиқшавӣ дар бар гирад.

15. Номзад ба узвияти шӯрои нозирон ҳуқуқ дорад номзадии худро то лаҳзаи ворид шудани насабаш ба рӯйхати дахлдори номзадҳо бозпас гирад.

16. Бо қарори муассиси Ҷамъият ваколатҳои шӯрои нозирон мумкин аст пеш аз муҳлат қатъ карда шаванд. Дар ин маврид қарори муассис дар хусуси пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколатҳо нисбати ҳамаи аъзои шӯрои нозирон қабул шуда метавонад.

17. Дар сурати ба тариқи яктарафа даст кашидан аз ваколатҳо, узви шӯрои нозирон мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият бар дӯш дорад. Узви шӯрои нозирон дар хусуси тасмими худ бобати пеш аз муҳлат даст кашиданаш аз ваколатҳои узви шӯрои нозирон, бояд ба таври хаттӣ раиси шӯрои нозиронро огоҳ намояд.

18. Хароҷоти сафари хизматии аъзои шӯрои нозирон, ки ба фаъолияти шӯрои нозирон вобаста мебошад, аз ҳисоби Ҷамъият пардохт карда мешавад.

3. РАИСИ ШӯРОИ НОЗИРОН

19. Раиси шӯрои нозирон ташкили фаъолияти шӯрои нозиронро роҳбарӣ мекунад.

20. Раиси шӯрои нозирон дар асоси қарори муассиси ҷамъият тасдиқ карда мешавад.

21. Шахсе, ки вазифаи директори генералии ҷамъиятро иҷро мекунад, ҳамзамон раиси шӯрои нозирон буда наметавонад.

22. Раиси шӯрои нозирон ваколатҳои зеринро дорад:

- кори шӯрои нозиронро ташкил карда, барои озодона изҳор намудани андешаҳо аз тарафи аъзои шӯрои нозирон ва муҳокимаи озоди масъалаҳои рӯзнома шароит фароҳам меорад;

- маҷлисҳои шӯрои нозиронро даъват менамояд, рӯзномаи маҷлисҳоро тасдиқ мекунад, шакли гузаронидани маҷлисҳои шӯрои нозиронро муайян месозад;

- дар маҷлисҳо пешбурди протоколҳои ҷаласаҳоро ташкил намуда, онҳоро ба имзо мерасонад;

- аз номи Ҷамъият шартномаи меҳнатиро бо директори генералии Ҷамъият ба имзо мерасонад, агар ин ҳуқуқ ба шахсони дигар вогузор нашуда бошад;

- қабули қарорҳои дахлдорро оид ба масъалаҳои рӯзномаи маҷлисҳои шӯрои нозирон таъмин менамояд;

- кори таъсиси кумитаҳои шӯрои нозирон, пешбарии аъзои шӯрои нозирон ба ҳайати кумитаҳоро ташкил менамояд, инчунин ҳамкории кумитаҳоро байни якдигар ва бо мақомоти дигару шахсони мансабдори ҷамъият ҳамоҳанг месозад;

- бо дигар мақомот ва шахсони мансабдори Ҷамъият ҳамкории доимиро ба роҳ мемонад;

- ҳисоботи баҳодиҳии фаъолияти солонаи шӯрои нозиронро барои дохил намудани он ба ҳисоботи солонаи Ҷамъият таҳия менамояд.

23. Дар ҳолати набудани раиси шӯрои нозирон вазифаҳои ӯро мувофиқи қарори шӯрои нозирон, ки бо аксари овозҳои аъзои дар маҷлис иштирокдоштаи он қабул мегардад, яке аз аъзои шӯрои нозирон иҷро менамояд.

4. ВАКОЛАТИ ШӯРОИ НОЗИРОН

24. Ба ваколати шӯрои нозирон илова ба ваколатҳое, ки Оинномаи Ҷамъият дарҷ карда шудааст, масъалаҳои зерин дохил мешаванд:

- муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҷамъият;

- ба даст овардани коғазҳои қиматноки эмиссионӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- харидорӣ намудани саҳмияҳо, вомбаргҳо ва дигар коғазҳои қиматноки паҳннамудаи Ҷамъият дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- манзур намудани тавсияву пешниҳодот оид ба андозаи суди (дивиденди) саҳмияҳо ва тартиби пардохти онҳо;

- муқаррар намудани нархи (арзиши пулии) молу мулк, нархи паҳн кардан ва хариди коғазҳои қиматнок дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- тасдиқи маҳфуздорандаи феҳристи Ҷамъият ва шартҳои шартномаи бо ӯ басташуда, инчунин бекор кардани шартнома;

- шунидан ва баррасӣ намудани ҳисоботи директори генералии ҷамъият оид ба фаъолияти Ҷамъият (аз ҷумла оид ба иҷрои уҳдадориҳои вазифавӣ аз тарафи он) ва иҷрои қарорҳои маҷлиси умумии саҳмдорони Ҷамъият;

- тасдиқи тартиби ҳамкории ҷамъият бо ташкилотҳое, ки ҷамъият дар фаъолияти онҳо иштирок менамояд;

- тасдиқ намудани номзадии нархгузори (нархгузорони) мустақил барои муайян кардани арзиши саҳмияҳо, молу мулк ва дороиҳои дигари Ҷамъият дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, оиннома ва қарорҳои ҷудогонаи шӯрои нозирон;

- пешакӣ маъқул донистани шартномаи дастаҷамъӣ ва созишномаҳое, ки аз тарафи Ҷамъият дар доираи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ баста шудаанд;

- қабули қарор дар бораи пешбарӣ намудани директори генералии Ҷамъият барои гирифтани мукофотҳои давлатӣ;

- муайян намудани арзиши аҳдҳое, ки ҳамчун аҳдҳои калон шуморида мешаванд, инчунин маъқул донистани онҳо;

- тасдиқи низомномаҳо дар бораи идоракунии хавфҳо, дар бораи сиёсати иттилоотӣ, дар бораи филиалҳо ва намояндагиҳо, дар бораи феҳристи иттилооте, ки дорои сирри тиҳоратӣ ва хизматӣ мебошад, дар бораи расмиёти (қоидаҳои) назорати дохилӣ аз болои фаъолияти молиявию хоҷагӣ, дар бораи санадҳои дохилии дигари Ҷамъият, ба истиснои санадҳои дохилӣ, ки тасдиқи онҳо тибқи Оинномаи Ҷамъият ба салоҳияти маҳлиси умумии саҳмдорон ё мақомоти иҷроияи Ҷамъият дохил мешаванд;

- таъин намудани котиби корпоративӣ ва пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколатҳои ӯ;

- тасдиқи низомнома дар бораи котиби корпоративӣ, ки фаъолияти котиби корпоративиро муайян менамояд;

- масъалаҳои дигаре, ки ҳалли онҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ", Оинномаи Ҷамъият ва Низомномаи мазкур ба салоҳияти шӯрои нозирон дохил шудааст.

25. Масъалаҳое, ки ба ваколати шӯрои нозирон дохил мешаванд, наметавонанд барои ҳаллу фасл ба мақоми иҷроияи Ҷамъият супорида шаванд.

26. Аъзои шӯрои нозирон ҳангоми татбиқи ҳуқуқҳои худ ва иҷрои уҳдадориҳо бояд ба манфиати Ҷамъият амал намуда, ҳуқуқу уҳдадориҳои худро нисбат ба Ҷамъият софдилона татбиқ намоянд.

5. МАҶЛИСҲОИ ШӯРОИ НОЗИРОН

27. Маҷлисҳои шӯрои нозирон аз рӯи зарурат, вале на камтар аз як маротиба дар як се моҳ гузаронида мешаванд.

28. Маҷлисҳои шӯрои нозирон аз тарафи раиси шӯрои нозирони (ё яке аз аъзои шӯрои нозирон) бо ташаббуси ӯ ё бо дархости аъзои шӯрои нозирон, комиссияи тафтишотӣ, аудитори Ҷамъият ва мақоми иҷроияи ҷамъият даъват карда мешавад.

29. Дархост аз ҷониби узви шӯрои нозирон - ташаббускори даъвати маҷлис, мақоми иҷроияи ҷамъият, раиси комиссияи тафтишотӣ, аудитори ҷамъият ё шахси саҳмдоронро намояндагикунанда, ки даъвати маҷлисро талаб менамоянд, имзо карда мешавад.

30. Дар дархост бояд чунин маълумот зикр карда шавад:

- дар бораи ташаббускори даъвати маҷлис;

- оид ба мақсади гузаронидани маҷлис.

31. Раиси шӯрои нозирон дар давоми 30 (сӣ) рӯз аз санаи пешниҳоди дархост бояд маҷлиси шӯрои нозиронро даъват намояд.

32. Дар ҳолати беасос рад кардан ё имконияти даъвати маҷлиси шӯрои нозиронро надоштани раис, маҷлис метавонад аз тарафи ҳар узви шӯрои нозирон даъват карда шавад.

33. Огоҳинома дар бораи рӯз, маҳал ва вақти баргузории маҷлиси шӯрои нозирон бо зикри рӯзномаи маҷлис ва тартиби шиносшавӣ бо маълумоте, ки барои омодагӣ ба маҷлис зарур аст, бо мактуби фармоишӣ ирсол мегардад ё ба ҳар узви шӯрои нозирон ва ташаббускори гузаронидани маҷлис супорида мешавад, агар маҷлис бо дархости шахсони дар банди 29 Низомнома номбаршуда на дертар аз 30 (сӣ) рӯз то санаи гузаронидани маҷлис баргузор шавад. Санаи ирсоли огоҳинома аз рӯи муҳри почта ё санаи супоридани огоҳинома муайян карда мешавад.

34. Маҷлиси якуми шӯрои нозирон набояд дертар аз 1 (як) моҳ баъди таъсиси шӯрои нозирон гузаронида шавад.

35. Ба рӯзномаи маҷлиси якуми шӯрои нозирон ҳатман бояд масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:

- интихоби котиби корпоративии шӯрои нозирон;

- муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҷамъият.

36. Барои гузаронидани маҷлиси шӯрои нозирон котиби корпоративии шӯрои нозирон ва мақоми иҷроияи Ҷамъият бояд маълумоти пурра омода намоянд.

37. Иттилооти зарурӣ барои гузаронидани маҷлиси шӯрои нозирон бояд дорои чунин маълумот бошад:

- нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти Ҷамъият, ки аз тарафи мақоми иҷроияи Ҷамъият таҳия шудаанд;

- иттилооти пурраи молиявӣ;

- протокол ва тавсияҳои маҷлиси қаблан гузаштаи шӯрои нозирон;

- маълумот дар бораи самаранокии истеҳсолот дар Ҷамъият;

- ҳисоботи комиссияи тафтишотӣ;

- ҳисобот оид ба хароҷоти гузаронидашуда.

38. Шумораи зарурии иштироккунандагон барои гузаронидани маҷлиси шӯрои нозирон бояд на камтар аз нисфи аъзои шӯрои нозиронро ташкил диҳад.

39. Аз тарафи аъзои шӯрои нозирон ба шахси дигар, аз ҷумла ба узви дигари шӯрои нозирон додани ҳуқуқи овоз манъ аст.

40. Ҳангоми ҳалли масъалаҳо дар маҷлиси шӯрои нозирон ҳар аъзои шӯрои нозирон танҳо як овоз дорад. Дар ҳолати баробарии овозҳо зимни гузаронидани овоздиҳӣ, овози раисикунандаи маҷлис ҳалкунанда мебошад.

41. Қарорҳои шӯрои нозирон, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Ҷамъият ва Низомномаи мазкур бо аксари овозҳои аъзои шӯрои нозирон, ки дар овоздиҳӣ, аз ҷумла ҳангоми овоздиҳии ғоибона иштирок мекунанд, қабул карда мешаванд.

42. Қарор дар бораи маъқул донистани аҳде, ки дар иҷрои он манфиат вуҷуд дорад, мутобиқи моддаи 85 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" аз ҷониби шӯрои нозирон бо аксари овозҳо қабул карда мешавад.

43. Пешниҳоди таклиф дар бораи таъин ва қатъ намудани ваколатҳои мақоми иҷроияи Ҷамъият ва пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколатҳои он, агар тибқи Оинномаи Ҷамъият ин ба салоҳияти шӯрои нозирон тааллуқ дошта бошад, аз тарафи шӯрои нозирон бо аксари овозҳои аз чор се ҳиссаи аъзои шӯрои нозирони дар овоздиҳӣ иштирок кунанда, қабул мегардад.

44. Қарорҳо дар бораи аз тарафи Ҷамъият паҳн намудани вомбаргҳо, ба истиснои вомбаргҳои ба саҳмияҳо табдилдодашуда аз ҷониби ҳамаи аъзои шӯрои нозирон якдилона қабул мегарданд, дар ин маврид овозҳои аъзои хориҷгардидаи шӯрои нозирон ба ҳисоб гирифта намешавад.

45. Қарор дар бораи тасдиқи шартҳои шартномаи меҳнатӣ бо директори генералии Ҷамъият бо аксарияти овозҳои аъзои шӯрои нозирон, ки дар овоздиҳӣ ширкат меварзанд, қабул мегардад.

46. Қарорҳои шӯрои нозирон метавонанд дар маҷлисҳо дар шакли иштироки якҷоя ё иштироки якҷоя бо дарназардошти андешаҳои аъзои ҳузурнадоштаи шӯрои нозирон, ки дар шакли хаттӣ пешниҳод намудаанд, ҳангоми муайян намудани кворум ва натиҷаҳои овоздиҳӣ, инчунин бо роҳи гузаронидани овоздиҳии ғоибона қабул карда шаванд.

47. Огоҳкунӣ дар бораи гузаронидани маҷлиси шӯрои нозирон бо тартиби пешбининамудаи банди 33 Низомнома сурат мегирад.

48. Огоҳинома дар бораи гузаронидани маҷлис аз ду қисм иборат аст. Дар қисми якуми огоҳинома бояд чунин маълумот зикр карда шавад:

- номи пурраи расмии ҷамъият ва маҳалли ҳойгиршавии он;

- сана, маҳал ва вақти баргузории маҷлис;

- рӯзномаи маҷлис;

- маълумот оид ба тартиби шиносшавӣ бо мавод ва маълумоте, ки барои омодагӣ ба маҷлис зарур мебошанд ё рӯйхати маводи ба огоҳинома замимашаванда.

49. Қисми дуюми огоҳинома бояд чунин маълумотро дар бар гирад:

- суроғаи почтавие, ки ба он андешаи хаттиро фиристодан мумкин аст;

- санаи анҷоми қабули андешаҳо, ки дар шакли хатӣҳ баён шудаанд;

- мазмуни қарорҳо аз рӯи ҳар як масъалаи рӯзномаи маҷлис;

- намудҳои овоздиҳӣ оид ба ҳар як масъала: "тарафдор", "зид", "бетараф";

- ҷой барои баёни андешаи хаттии аъзои шӯрои нозирон оид ба ҳар як масъалаи рӯзномаи маҷлис;

- ҷой барои имзои аъзои шӯрои нозирон бо зикри ҳатмӣ будани ин имзо.

50. Қисми дуюми огоҳинома мумкин аст бо мактуби фармоишӣ ё тавассути номарасон ба шӯрои нозирон ирсол карда шавад.

51. Қарор дар бораи гузаронидани маҷлиси шӯрои нозирон дар шакли овоздиҳии ғоибона аз ҷониби раиси шӯрои нозирон ё ташаббускорони гузаронидани маҷлиси ғайринавбатӣ қабул мегардад.

52. Овоздиҳии ғоибона оид ба масъалаҳои зерин гузаронида намешавад:

- тасдиқи самтҳои афзалиятноки фаъолият ва нақшаи молиявию хоҳагидории Ҷамъият;

- тасдиқи пешакии ҳисоботи солонаи Ҷамъият.

53. Бюллетенҳо барои овоздиҳии ғоибона аз ҷониби раиси шӯрои нозирон имзо карда мешаванд. Иттилооти зарурӣ барои омодагӣ ба маҷлис бо мактуби фармоишӣ ирсол мегардад ё шахсан ба аъзои шӯрои нозирон бо гирифтани имзои онҳо на дертар аз 10 (даҳ) рӯз то санаи баргузоршавии маҷлис супорида мешавад.

54. Санаи аз тарафи аъзои шӯрои нозирон гирифтани бюллетен аз рӯйи муҳри почта ё санаи супоридани ин бюллетен муайян карда мешавад.

55. Дар бюллетен бояд чунин маълумотҳо нишон дода шаванд:

- номи пурраи расмии Ҷамъият ва маҳалли воқеъгардидаи он;

- мазмуни масъалаҳои ба овоздиҳӣ гузошташуда ва қарорҳо аз рӯйи ҳар як масъала;

- маълумот оид ба тартиби шиносшавӣ бо мавод ва иттилооте, ки барои омодагӣ ба ҷаласа зарур мебошанд ё рӯйхати маводи ба бюллетен замимашаванда;

- суроғаи почтавие, ки бюллетенҳои пуркардашуда бояд ба он ирсол гарданд;

- санаи анҷоми қабули бюллетенҳо.

56. Аъзои шӯрои нозирон, ки бюллетенҳояшон на дертар аз санаи муқарраршудаи анҷоми қабули бюллетенҳо гирифта шудаанд, дар овоздиҳӣ иштирокнамуда шуморида мешаванд.

57. Ҳисобот оид ба натиҷаҳои овоздиҳӣ ба аъзои шӯрои нозирон дар муҳлати на дертар аз рӯзи таҳияи протокол оид ба натиҷаҳои овоздиҳӣ бо мактуби фармоишӣ ирсол мегардад ё шахсан ба аъзои шӯрои нозирон бо гирифтани имзо супорида мешавад.

58. Андешаҳои хаттие, ки ҳангоми муайян намудани кворум ва натиҷаҳои овоздиҳӣ ба назар гирифта мешаванд, дар мавриди қабули қарорҳо дар бораи маъқул донистани аҳдҳои калон ва аҳдҳое, ки анҷом додани онҳо боманфиатанд, ба ҳисоб гирифта намешаванд.

6. ПРОТОКОЛ ВА ПАЙНАВИШТИ (СТЕНОГРАММАИ) МАҶЛИСҲОИ ШӯРОИ НОЗИРОН

59. Дар маҷлисҳои шӯрои нозирон протокол бурда мешавад. Протоколи маҷлиси шӯрои нозирони Ҷамъият аз тарафи раисикунандаи маҷлис ва котиби корпоративӣ имзо карда мешавад.

60. Протоколи маҷлиси шӯрои нозиронро котиби котиби корпоративии шӯрои нозирон пеш мебарад ва он на дертар аз 3 (се) рӯзи баъди гузаронидани маҷлис тартиб дода мешавад. Ба протокол ҳамаи маводи дахлдор оид ба масъалаҳои рӯзномаи маҷлис ва ҳуҷҷатҳои тасдиқнамудаи шӯрои нозирон замима мегарданд.

61. Дар сурати аз тарафи шӯрои нозирон тариқи овоздиҳии ғоибона қабул намудани қарорҳо, ба протокол варақаҳои пурсишнома барои овоздиҳӣ, ки аз ҷониби аъзои шӯрои нозирон имзо шудаанд, замима карда мешаванд.

62. Дар протоколи маҷлиси шӯрои нозирон маълумоти зерин нишон дода мешавад:

- маҳал ва вақти гузаронидани он;

- рӯйхати шахсони дар маҷлис иштирокнамуда;

- рӯзномаи маҷлис;

- масъалаҳои ба овоздиҳӣ гузошташуда ва натиҷаҳои овоздиҳӣ;

- қарорҳои қабулшуда.

63. Ҷамъият протоколҳои маҷлисҳои шӯрои нозиронро ба комиссияи тафтишотӣ ва аудитори Ҷамъият, инчунин ба саҳмдор бо дархости онҳо пешниҳод менамояд.

64. Ҷамъият протоколҳои маҷлисҳои шӯрои нозиронро дар маҳалли воқеъгаштаи мақоми иҷроияи он нигоҳ медорад.

65. Котиби корпоративии шӯрои нозирон пешбурди протоколи маҷлисҳои шӯрои нозиронро ташкил менамояд.

7. ВАЗИФАҲО ВА МАСЪУЛИЯТИ АЪЗОИ ШӯРОИ НОЗИРОН

66. Аъзои шӯрои нозирон ҳангоми татбиқи ҳуқуқҳои худ ва иҷрои уҳдадориҳо бояд ба манфиати Ҷамъият ва саҳмдорони он амал кунанд, ҳуқуқу уҳдадориҳои худро нисбат ба Ҷамъият ва саҳмдорони он софдилона татбиқ намоянд.

67. Аъзои шӯрои нозирон барои фаъолияти самараноки Ҷамъият масъулият доранд.

68. Аъзои шӯрои нозирон, ки зидди қарори ба Ҷамъият ва саҳмдорони он зарароварда овоз додаанд, масъулият бар дӯш надоранд.

69. Аъзои шӯрои нозирон ҳангоми татбиқи ҳуқуқҳои худ ва иҷрои уҳдадориҳои вазифавӣ бояд:

- ҳангоми қабули қарорҳои худ софдилона ба манфиати Ҷамъият амал кунанд;

- дар маҷлисҳо ва кори кумитаҳои шӯрои нозирон, ки ба онҳо интихоб шудаанд, иштирок намоянд;

- тавзеҳот талаб намоянд ва саволҳои аниқкунанда диҳанд;

- шӯрои нозиронро пешакӣ дар хусуси набудани имконияти иштирок дар маҷлиси шӯрои нозирон огоҳ намуда, сабаби иштирок накардани худро изҳор намоянд;

- қоидаву талаботи марбут ба бархӯрди манфиатҳоро риоя намоянд;

- аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ туҳфаҳо, хизматҳо ё афзалиятҳоеро, ки ҳамчун подош барои қарорҳо ё амалҳои аз тарафи узви шӯрои нозирон дар доираи ваколатҳои хизматии вай қабулшуда ё иҷрошуда дониста мешаванд, ба ғайр аз нишонаҳои рамзии ҳусни таваҷҷуҳ мутобиқи қоидаҳои пазируфташудаи одобу эҳтиром ё туҳфаҳои хотиравӣ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои расмӣ қабул накунанд;

- иттилооти махфӣ, инсайдерӣ ва иттилооти дигари хизматиро, ки ба узви шӯрои нозирон ҳангоми иҷрои вазифаю уҳдадориҳои дахлдор маълум гаштааст, ба шахсони ба чунин иттилоот дастрасинадошта ифшо накунанд, инчунин онҳоро дар давраи иҷрои вазифаҳои узви шӯрои нозирон ва дар муддати 5 (панҷ) соли баъди анҷоми кор дар Ҷамъият ба манфиати худ ё манфиати шахсони сеюм истифода набаранд;

- ҳамаи қоидаҳои дар санадҳои дохилиидоравии Ҷамъият пешбинишударо вобаста ба таъмини амният ва ҳифзи иттилооти махфии Ҷамъият риоя намоянд;

- сари вақт ба шӯрои нозирон дар бораи фаъолият ва вазъи молиявии Ҷамъият маълумоти пурра ва дақиқ пешниҳод намоянд.

70. Шӯрои нозирон дар назди муассиси Ҷамъият ҳисоботдиҳанда буда, ҳамасола ба муассиси Ҷамъият аз рӯйи натиҷаҳои фаъолияти солонаи Ҷамъият ҳисобот пешниҳод менамояд.

Замимаи 3

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 18 январи соли 2023, №18

Ҳайати шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Барқи Тоҷик"

1. Муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа)- Раиси шӯрои нозирон

Аъзои шӯрои нозирон:

2. Муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4. Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

5. Муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

6. Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

7. Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Барқи Тоҷик".