ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи масъалаҳои Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик"
Мутобиқи моддаҳои 53 ва 55 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 63 ва 64 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Номи Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Барқи Тоҷик" иваз карда шавад.
2. Оинномаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Барқи Тоҷик" тасдиқ карда шавад (замимаи 1).
3. Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Барқи Тоҷик" таъсис дода шуда, низомнома ва ҳайати он тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 2 ва 3).
4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2008, № 537 "Масъалаҳои Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" аз эътибор соқит дониста шавад.
5. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Барқи Тоҷик" дар муҳлати се моҳ ҷиҳати бо қарори мазкур мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 18 январи соли 2023, № 18