ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ"
Моддаи 1. Ба моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2004 "Дар бораи боҷи давлатӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №2, мод. 51; с. 2005, №12, мод. 630; с. 2006, №12, мод. 541; с. 2008, №6, мод. 460) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми шашум:
- банди 1) дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"1) барои тасдиқ намудани шартномаҳои аз соҳибӣ соқит кардан (хариду фурӯш, ҳадя, иваз ва ғайра) ва додани шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқи мерос ба молу мулки ғайриманқул (ҳавлиҳои истиқоматӣ, хонаҳо, бӯстонсаройҳо, иншоот ва молу мулки дигари ғайриманқул ё қисми онҳо), ба истиснои ниҳолҳои бисёрсола ва молу мулки ғайриманқули дигаре, ки тасдиқи он тибқи банди 6) қисми мазкур ба амал бароварда мешавад, барои як метри мураббаи масоҳати умумӣ ба андозаи:";
- банди 6) дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"6) барои тасдиқи шартномаи дигар - ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо";
- дар банди 9) баъд аз калимаи "мерос" калимаҳои ", ба истиснои молу мулки ғайриманқуле, ки дар банди 1) қисми шашуми моддаи мазкур пешбинӣ шудааст" илова карда шаванд.
2. Қисми ҳаштум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Аз рӯи шартномаҳои мубодилаи амволи ғайриманқуле, ки дар банди
1) қисми шашуми моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, андозаи боҷи давлатӣ аз масоҳати ҳамон амволи ғайриманқуле муайян карда мешавад, ки масоҳати умумии он зиёд мебошад. Ҳамзамон, барои ситонидани боҷи давлатӣ меъёрҳое татбиқ карда мешаванд, ки барои маҳалли тасдиқгардидаи шартномаи мубодила муқаррар шудаанд.".
3. Қисми нӯҳум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Барои ҳисоб намудани андозаи боҷи давлатӣ ҷиҳати додани шаҳодатномаи ҳуқуқи мерос ба молу мулк, ба истиснои молу мулки дар банди 1) қисми шашуми ҳамин модда пешбинишуда, арзиши ҳамин молу мулкро нархгузор муайян мекунад.".
4. Қисми даҳум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
...