ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 1994 "Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с.1994, № 23-24, мод.462; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с.1996, № 4, мод. 62; с.1998, № 10, мод.119; с.2002, № 4, қ. 1, мод.161; с.2003, № 4, мод.142; с.2008, №6, мод.452) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар тамоми матни Қонун калимаи "Фасли" ба калимаи "Боби" иваз карда шуда, рақамгузории бобҳо бо рақамҳои арабӣ ишора карда шаванд.
2. Дар моддаи 1:
- дар номи модда ва минбаъд дар тамоми матни Қонун калимаҳои "ин Қонун" ба калимаҳои "Қонуни мазкур" иваз карда шаванд;
- сархати сеюми банди "а)" дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"шахсони ҳайати қаторӣ ва фармондеҳӣ, ки дар мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ хизмат кардаанд, шахсони дорои рутбаи махсуси мақомоти гумрук, ҷузъу томҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳо, коркунони прокурорию тафтишотии мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ва аҳли оилаи онҳо";
- дар сархати чорум калимаҳои "ин ашхос" ба калимаи "онҳо" иваз карда шаванд.
3. Дар матни моддаи 4 ва минбаъд дар тамоми матни Қонун калимаи "нашъадори" ба калимаи "нашъаовари" иваз карда шуда, баъд аз калимаҳои "назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд.
4. Дар моддаи 5:
- дар қисми якум ва тамоми матни Қонун калимаҳои "қисми аввали моддаи 1-уми" ба калимаҳои "қисми якуми моддаи 1" иваз карда шаванд;
- банди "а)" қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"а) барои собиқаи хизмат, агар онҳо собиқа дар хизмати ҳарбӣ ва (ё) собиқа дар хизмати мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, гумрук, ҷузъу томҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вазифаи судя ва дар мақомоти прокуратура, ки Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст, дошта бошанд;".
5. Дар моддаи 11:
...