Барномаи миёнамуҳлати давлатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода барои солҳои 2023-2028 аз 29 декабри соли 2022, №630

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 декабри соли 2022, № 630

Барномаи миёнамуҳлати давлатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода барои солҳои 2023-2028

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Барномаи миёнамуҳлати давлатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода барои солҳои 2023-2028 (минбаъд - Барнома) дар асоси афзалиятҳои калидӣ ва ҳадафҳои мақсадноки Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2034, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018, №602 тасдиқ шудааст (минбаъд - Стратегияи миллӣ), бо дарназардошти муносибатҳои нави Барномаи қолабии Сендай оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030 ва Ҳадафҳои рушди устувор то соли 2030, ки ба гузаронидани таваҷҷуҳ аз идоракунии офатҳои табиӣ ба идоракунии хавфи офатҳои табиӣ, баланд бардоштани нақши омили гендерӣ ва ҳамгироӣ ба сиёсати ширкати бахши хусусӣ равона гаштаанд, таҳия карда шудааст.

2. Барнома мақсад, вазифа ва самтҳои фаъолият, инчунин воситаҳои амалисозии онро барои давраи миёнамуҳлат то соли 2028 муайян менамояд. Нақшаи амали Барнома барои давраи солҳои 20232025 ва 2026-2028 ба такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, воситаҳои ниҳодӣ, таҳияи муносибатҳои нави методологӣ оид ба идоракунии хавфи офатҳои табиӣ, эҷоди тамсилаи мониторинг ва арзёбӣ, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои Стратегияи миллӣ имконияти заминаи мустаҳкам гузоштанро доранд, равона карда шудааст.

3. Таваҷҷуҳи афзалиятнок дар давраи миёнамуҳлат ба тақвияти тадбирҳо оид ба коҳиш додани хавфҳо, осебпазирӣ ва афзоиши иқтидори аҳолӣ, таҳкими воситаҳои миллӣ дар шароити ҳамгиросозии масоили мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, хусусан дар сатҳи маҳаллӣ, гузаронидани санҷиши усулҳои амалии идоракунии хавфи офатҳои табиӣ, таҳия ва ҷорисозии методология ва воситаҳои аз назари илмӣ асоснок барои ба ҳисоб гирифтани маълумоти ҷудошуда оид ба талафот аз офатҳои табиӣ аз рӯйи ҷинс, синну сол, маъюбият, мубодилаи он ва иттилооти дигари оморӣ, мукаммалгардонии тамсиласозӣ, баҳодиҳӣ, харитасозӣ ва мониторинги хавфи офатҳои табиӣ ва низомҳои огоҳсозии барвақтӣ, ки намудҳои мухталифи таҳдидҳоро фаро мегиранд, амалиёти ба пешгирӣ ва омодагӣ ба эътиногирӣ ба ҳолатҳои фавқулода нигаронида, ки дар натиҷаи на танҳо офатҳои табиӣ, балки дар натиҷаи эпидемияҳо ва пандемияҳо, омилҳои номусоиди иқтисодӣ ва ғайра ба амал меоянд, равона карда мешавад.

2. ТАҲДИДҲОИ АСОСӢ ВА АРЗЁБИИ ВАЗЪИЯТ ДАР СОҲАИ ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ

4. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳое мансуб мебошад, ки бештар аз ҳама зери хавфи офатҳои табиӣ қарор дошта, сафарбаркунии самарабахши захираҳои мавҷудаи инсонӣ ва иқтисодиро барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ тақозо мекунад. Дар солҳои охир обшавии босуръати пиряхҳо, баландшавии ҳарорати миёнаи солона, тағйирёбии ҳаҷми боришот, давраҳои бештар бо шароити шадиди обу ҳаво (жола, бориши барф, хушксолӣ) ба назар мерасад. Ҳамаи ин метавонад ба захираҳои табиӣ, саломатии инсон ва дар маҷмуъ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ таъсири бештар расонад.

5. Таҳдидҳои асосӣ дар соҳаи хавфи офатҳои табиӣ, ки ба вазъи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолатҳои фавқулода таъсир мерасонанд, инҳо мебошанд:

- офатҳои табиӣ;

- садамаҳо ва фалокатҳои сунъисохт, аз ҷумла таҳти таъсири офатҳои табиӣ бавуҷудомада;

- бемориҳои махсусан хавфноки сироятии одамон, ҳайвонот ва растаниҳо, ки ба омилҳои гуногун марбутанд, аз ҷумла афзоиши шиддатнокии равандҳои муҳоҷират.

6. Омили калидии зиёдшавии офатҳо ва хатарҳои табиӣ, аз ҷумла, садамаҳои сунъисохти зери таъсири офатҳои табиӣ бавуҷудомада ин, пеш аз ҳама, тағйирёбии ҷаҳонии иқлим мебошад. Инчунин ба ин раванд ҷойгиркунии ғайримуносиби иншооти иқтисодиёт, тақсимоти қитъаҳои замин дар минтақаҳои дорои эҳтимолияти хавфи табиӣ, самаранокии нокифояи низоми мониторинги муҳити зисти атроф, риоя накардани қоидаҳои сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар, алалхусус дар минтақаҳои кӯҳӣ ва ғайра мусоидат менамояд.

7. Таъсири умумии манфии офатҳои табиӣ ба иқтисодиёти кишвар ва ҷомеа доимо меафзояд. Дар баробари ин, суръати афзоиши хатарҳо барои аҳолӣ ва молу мулк назар ба суръати коҳишёбии осебпазирии аҳолӣ ва инфрасохтор ба онҳо баландтар аст. Хатари калон аз зуҳуроти табиӣ дар Тоҷикистон аз рӯйи хосияти ба таври васеъ рух доданашон фаромадани селу тарма, сангрез, заминҷунбӣ, обхезӣ ва ярчҳо мебошанд.

8. Рушди истеҳсолоти саноатӣ, афзоиши коркарди захираҳои маъданӣ ва соҳаҳои коркардкунии саноатӣ, мураккабгардонии равандҳои технологӣ, мавҷудияти партовгоҳҳои хатарнок ба зуҳури таҳдидҳои нав мусоидат мекунанд. Аммо мавҷуд набудани таҳлил ва пешгӯии пурра оид ба таъсири эҳтимолии таҳдидҳои нав боиси набудани банақшагирӣ ва таҳкими иқтидор ҷиҳати коҳишёбии хатари ин таҳдидҳо мегардад.

9. Тамоюли муосири ҷаҳонишавӣ, афзудани равандҳои муҳоҷиратӣ, гардиши вусъатноки савдо ва иқтисод, шароитҳоро барои омилҳои беруна, ба монанди буҳронҳои иқтисодӣ, муноқишаҳои мусаллаҳона, офатҳои калони табиӣ, эпидемияҳо ва пандемияҳо фароҳам месозанд, ки ба рушди ҳолатҳо дар дохили кишвар таъсир расонида, метавонанд ба ҳаёт ва саломатии аҳолӣ ва устувории соҳаи иҷтимоию иқтисодӣ таҳдид намоянд. Дар чунин шароит осебпазирии махсуси занон, кӯдакон, пиронсолон, шахсони дорои маъюбият намудор мегардад.

10. Дар кишвар асосҳои қонунгузорӣ, ниҳодӣ ва ташкилии сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода фароҳам оварда шудааст. Аммо дар шароити тағйирёбии ҷаҳонии иқлим ва пайдоиши таҳдидҳои нави зуҳуркунанда зарур аст, ки равишҳои нави ба тағйир додани таваҷҷуҳ ва аз идоракунии офатҳои табиӣ ба идоракунии хавфи офатҳои табиӣ гузаронидани он, бахусус дар сатҳи маҳаллӣ равонашуда бо сиёсати давлатӣ ҳамгиро карда шаванд.

11. Дар заминаи афзоиши назарраси маблағгузории тадбирҳо оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди кишвар аз ҳолатҳои фавқулода аз буҷети давлатӣ ва афзоиши сармоягузории хориҷӣ муҳим аст, ки таносуби маблағҳои ҷудогардида барои идоракунии хавфи офатҳо ва рафъсозии пайомадҳои офатҳои табиӣ таҳлил карда шавад ва бо дарназардошти натиҷаҳо ба сиёсати молиявӣ дар ин самт ислоҳот ворид карда шавад.

12. Солҳои охир Платформаи миллӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ дар доираи Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода ҷиҳати беҳтар кардани ҳамоҳангсозии фаъолият дар байни тамоми мақомоти давлатӣ, бо шарикон аз ҷумлаи ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла гурӯҳи Баҳодиҳӣ ва ҳамоҳангсозии зуд дар ҳолатҳои фавқулода чораҳои фаъол андешид. Аммо самаранокии идоракунӣ бо роҳи муттаҳидсозии ҳамаи сатҳҳои низоми ягона, аз ҷумла ҷумҳуриявӣ, неруҳо ва дороиҳои сатҳи минтақавӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ташкилотҳо, аз ҷумла бахши хусусӣ ба даст меояд.

13. Гурӯҳи Шӯрои ҳамоҳангсозии донорҳо оид ба захираҳои обӣ, иқлим ва коҳиши хавфи офатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаи муҳокимаҳои сиёсат ва ҳамоҳангсозии фаъолиятҳо оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ дар сатҳи донорҳоро пешниҳод мекунад. Таҳкими минбаъдаи ҳамоҳангсозӣ байни шарикони беруна ва платформаҳои давлатӣ барои таъмини кумаки самарабахш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалисозии Стратегияи миллӣ ва барномаи миёнамуҳлат аҳамияти ҳалкунанда дорад.

14. Дар заминаи омилҳои калидӣ, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои Стратегияи миллӣ то соли 2034 ва арзёбии вазъ дар самти паст кардани хавфи офатҳои табиӣ мусоидат мекунанд, зарур аст, ки имкониятҳои эҳтимолӣ барои амалисозии ҳадафҳои Стратегияи миллӣ дар давраи миёнамуҳлат то соли 2028 ба таври дуруст ҳисоб карда шуда, захираҳои зарурӣ барои такмили заминаи ҳуқуқӣ, механизмҳои ниҳодӣ, таҳияи муносибатҳои нави методологӣ оид ба идоракунии хавфи офатҳо равона карда шаванд.

3. МАҚСАД, ВАЗИФА ВА АФЗАЛИЯТҲОИ БАРНОМА

15. Мақсади Барнома таҳкиму вусъати иқтидори миллӣ оид ба паст кардани хавфи мавҷудаи офатҳои табиӣ ва пешгирӣ намудани бавуҷудоии хавфҳои нави офатҳои табиӣ мебошад.

16. Барои ноил шудан ба ин мақсад вазифаҳои Барнома инҳо муайян гаштаанд:

- такмили воситаҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо мақсади пурзӯр намудани тадбирҳо оид ба кам кардани хавфҳо, осебпазирӣ ва баланд бардоштани иқтидори аҳолӣ ва инфрасохтор;

- рушди иқтидори ниҳодӣ барои арзёбии хатарҳо, омодагӣ ва эътино ба офатҳои табиӣ дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ;

- таъсиси воситаҳои ҷамъоварӣ, таҳлил ва паҳн кардани иттилоот дар бораи талафот ва хавфҳои дар натиҷаи офатҳои табиӣ баамаломада бо дарназардошти маълумоти аз рӯйи нишонаҳои ҷинсият, синну сол ва маъюбият гурӯҳбандишуда;

- паст кардани осебпазирӣ ва баланд бардоштани иқтидори аҳолӣ барои омодагӣ ва эътино ба офатҳои табиӣ бо дарназардошти эҳтиёҷоти гурӯҳҳои осебпазир;

- ҳамгиросозии тадбирҳо оид ба идоракунии хавфи офатҳои табиӣ дар низоми идоракунии соҳаҳои иқтисодиёти кишвар ва раванди рушд;

- таҳия ва ҷорӣ намудани тамсилаи мониторинг ва арзёбии амалисозии Стратегияи миллӣ мутобиқи нишондиҳандаҳои мониторинги Барномаи қолабии Сендай ва Ҳадафҳои рушди устувор.

17. Афзалиятҳои асосии Барнома аз инҳо иборатанд:

- беҳтар намудани дарки хавфи офатҳои табиӣ дар асоси тавсеаи дониш оид ба омилҳои хавф;

- такмили доираи ташкилӣ-ҳуқуқии низоми идоракунии хавфи офатҳои табиӣ;

- сармоягузории тадбирҳо оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ, аз ҷумла ба гурӯҳҳои гуногуни аҳолӣ нигаронидашуда, бо мақсади таҳкими иқтидори муқовимат ба онҳо;

- баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ба офатҳои табиӣ барои таъмини эътинои самарабахш ва ҷорӣ намудани чораҳои муқовимат дар фаъолият оид ба барқарорсозӣ, таҷдид ва азнавсозӣ.

18. Афзалиятҳои асосии Барнома дар Нақшаи амали он мушаххас карда мешаванд.

4. САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТ БАРОИ НОИЛ ГАРДИДАН БА АФЗАЛИЯТҲОИ БАРНОМА

19. Самтҳои асосии фаъолият оид ба беҳтар намудани дарки хавфи офатҳои табиӣ тавассути баланд бардоштани дониш оид ба омилҳои хавф:

- таҳия намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки тақвияти чорабиниҳо оид ба коҳиши хатарҳо, осебпазирӣ ва баланд бардоштани иқтидори аҳолӣ ва инфрасохторро таъмин мекунанд;

- такмили таъминоти методологӣ оид ба гузаронидани арзёбии хавфи офатҳои табиӣ бо дарназардошти омилҳои гендерӣ, синнусолӣ ва маъюбият;

- такмили таъминоти ташкилӣ, техникӣ ва методии мониторинг ва пешгӯии ҳолатҳои фавқулода;

- таъсиси махзани маълумот ва паҳн намудани иттилоот оид ба талафот ва таҳдидҳо дар натиҷаи офатҳои табиӣ бо дарназардошти маълумоти аз рӯйи нишонаҳои ҷинсият, синну сол ва маъюбият гурӯҳбандишуда;

- баланд бардоштани иқтидори мақомоти ҳокимияти давлатии ҳамаи сатҳҳо, институтҳои илмию тадқиқотии масъул, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ дар соҳаи паст кардани хавфи офатҳои табиӣ;

- ташаккули таъминоти иттилоотии ҳассос оид ба омодагӣ ва эътино ба офатҳои табиӣ ба кӯдакон, наврасон ва ҷамоаҳои маҳаллӣ, ки зери таъсири хатар қарор доранд;

- рушди муколама ва ҷалби бахши хусусӣ ба фаъолияти марбут ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ва таҳкими иқтидори муқовимат ба онҳо.

20. Самтҳои асосии фаъолият оид ба такмили заминаи ташкилию ҳуқуқии системаи идоракунии хавфи офатҳои табиӣ:

- таъсиси асосҳои ташкилию ҳуқуқӣ оид ба механизмҳои ниҳодии гузаронидани арзёбии хавфи офатҳои табиӣ дар сатҳҳои миллӣ ва маҳаллӣ;

- баланд бардоштани нақши Платформаи миллӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият байни сохторҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ;

- ҳамгиросозии масъалаҳои паст кардани хавфи офатҳои табиӣ дар барномаҳои соҳавӣ ва барномаҳои рушди шаҳрҳо ва ноҳияҳо;

- тавсеаи намояндагии занон дар сатҳи қабули қарорҳо дар соҳаи паст кардани хавфи офатҳои табиӣ дар сатҳҳои миллӣ ва маҳаллӣ;

- фаъолгардонии нақши воситаҳои ахбори омма оид ба баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ва эътинои аҳолӣ ба ҳолатҳои фавқулода бо дарназардошти талаботи махсуси гурӯҳҳои бештар осебпазири аҳолӣ.

21. Самтҳои асосии фаъолият оид ба сармоягузорӣ ба тадбирҳо оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ бо мақсади таҳкими иқтидори муқовимат ба онҳо:

- тавсеаи сармоягузориҳои давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ оид ба амалисозии барномаҳо дар соҳаи паст кардани хавфи офатҳои табиӣ;

- таҳияи воситаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар амалисозии чораҳои омодагӣ ва эътино ба ҳолатҳои фавқулода;

- омӯзиши имкониятҳо ва ҷорӣ намудани буҷетикунонии ҳассос ба масъалаҳои гендерии тадбирҳо оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ;

- баланд бардоштани нақши сохторҳои ниҳодӣ дар пасткунии хавфи офатҳои табиӣ дар сатҳи маҳаллӣ бо таваҷҷуҳ ба ҷамоаҳои маҳаллӣ ва бо дарназардошти баланд бардоштани нақши роҳбарикунандаи занон;

- таҷдиди низоми огоҳкунӣ бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ;

- ҷалб намудани захираҳои молиявӣ ба ташкили низоми таълими ғайрирасмӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои гурӯҳҳои гуногуни аҳолӣ, аз ҷумла занон, кӯдакон, маъюбон, пиронсолон ва ғайра.

22. Самтҳои асосии фаъолият оид ба баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ба офатҳои табиӣ барои таъмини эътино самарабахш ва ҷорӣ намудани чораҳои муқовимат дар фаъолият оид ба барқарорсозӣ, таҷдид ва азнавсозӣ:

- ислоҳоти низоми мавҷудаи омодагӣ ва эътино дар ҳамаи сатҳҳо;

- ҳамгиро намудани чораҳо оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ, инчунин эпидемияҳо ва пандемияҳо;

- такмили усулҳо ва расмиёти арзёбии зарар дар натиҷаи офатҳои табиӣ, инчунин эпидемияҳо ва пандемияҳо;

- тавсеаи иштироки бахши хусусӣ дар марҳилаҳои эътино барқарорсозӣ ва рушд;

- баланд бардоштани иқтидори муқовимати иншоотҳои нави сохташавандаи инфрасохтор ба хавфҳои офатҳои табиӣ;

- такмили воситаҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои гуногун оид ба барқарорсозӣ ва рушд пас аз баамалоии ҳолатҳои фавқулода бо дарназардошти бартараф кардани нобаробарии гендерӣ ва намудҳои дигари нобаробарӣ дар ҷомеа;

- таъмини ҷалби бештари кӯдакон ва ҷавонон ба барномаҳои паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар сатҳҳои миллӣ ва маҳаллӣ бо роҳи таҳкими фаҳмиши онҳо оид ба хавфи офатҳои табиӣ, коҳиши таъсири онҳо, андешидани чораҳо оид ба пешгирӣ ва таъмини омодагӣ ва омӯзиши усулҳои самарабахши мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим;

- истифодаи равишҳои инноватсионӣ, аз ҷумла ҷорӣ намудани технологияҳо барои баланд бардоштани самаранокии таълим дар соҳаи коҳишдиҳии хавфи офатҳои табиӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳонӣ дар бораи тағйирёбии иқлим ва сафарбаркунии ҷавонон ва ҷомеа.

5. ДАВРАҲОИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА

23. Амалисозии Барнома марҳила ба марҳила бо ҷудо намудани ду давраи асосии зерин анҷом хоҳад ёфт:

- давраи 1 - солҳои 2023-2025;

- давраи 2 - соли 2026-2028.

24. Дар давраи 1 таваҷҷуҳи асосӣ ба масъалаҳои таҳлил ва ҷамъоварии маълумот, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҷалби имкониятҳои созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати амалисозии чорабиниҳои Барнома равона гардида, дар давраи 2 чорабиниҳои асосӣ амалӣ карда мешаванд.

25. Барои марҳилавӣ таъмин намудани амалисозии афзалиятҳо ва вазифаҳои мақсадноки Барнома Нақшаи амали Барнома барои солҳои 2023-2025 ва 2026-2028 таҳия мегардад.

6. НАТИҶАҲОИ ПЕШБИНИШАВАНДА ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА

26. Натиҷаҳои пешбинишаванда аз амалисозии Барнома:

- воситаҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва ниҳодӣ оид ба гузаронидани арзёбии хавфҳо бо дарназардошти таҳдидҳо, осебпазирӣ ва иқтидори аҳолӣ муайян ва такмил дода мешаванд;

- сатҳи иқтидори воҳидҳои сохторӣ оид ба арзёбии хатарҳо, омодагӣ ва эътино ба офатҳои табиӣ, инчунин эпидемияҳо ва пандемияҳо баланд бардошта мешавад;

- нақши платформаҳои бисёрсоҳавӣ ва бисёрҷонибаи миллӣ ва маҳаллӣ дар ҳамоҳангсозии фаъолиятҳои тамоми сохторҳои манфиатдор фаъол гардонида мешавад;

- механизмҳо эҷод карда шуда, махзани маълумот дар бораи талафот ва зарар бо дарназардошти нишондиҳандаҳои аз рӯйи аломатҳои ҷинсият, синну сол ва маъюбият гурӯҳбандишуда ба таври доимӣ таҷдид карда мешавад;

- дастрасии тарафҳои манфиатдор ба иттилоот дар бораи арзёбии хавфҳо ва талафот дар натиҷаи офатҳои табиӣ тавсеа дода мешавад;

- сатҳи огоҳонии гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоии аҳолӣ оид ба омодагӣ ва эътино ба офатҳои табиӣ баланд бардошта мешавад;

- ҷалби занон, кӯдакон, ҷавонон ва маъюбон ҳангоми қабули қарорҳо дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ тавсеа дода мешавад;

- ба барномаҳои соҳавӣ ва барномаҳои рушди шаҳру ноҳияҳо тадбирҳо оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ворид карда мешаванд;

- нишондиҳандаҳо оид ба амалисозии Барномаи қолабии Сендай ва Ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи паст кардани хавфи офатҳои табиӣ милликунонидашуда дар низоми мониторинг ва арзёбии амалисозии Барнома ва Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2034 ворид карда мешаванд.

27. Маблағгузории амалисозии Барнома аз ҳисоби маблағҳои буҷетии пешбинишуда, ҷалби сармоягузории байналмилалӣ ва маблағҳои созмонҳои байналмилалӣ, инчунин манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, сурат мегирад. Ҳаҷми умумии маблағҳои барои амалигардонии Барнома пешбинишаванда 19 миллион сомонӣ аз ҷумла 2 миллиону 125 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, 16 миллиону 875 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби ҷалби маблағҳои шарикони рушд ва маблағҳои созмонҳои байналмилалӣ ташкил медиҳад.

7. МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБИИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА

28. Мониторинг ва арзёбии амалисозии Барнома аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Кумита) гузаронида мешавад. Мақсади асосии мониторинг ва арзёбӣ баланд бардоштани самаранокии идоракунии амалисозии Барнома ва беҳтар намудани фаъолият дар самти ноил шудан ба ҳадафҳо мебошад.

29. Мониторинг ва арзёбии амалисозии Барнома дар асоси талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018, № 615 "Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани мониторинг ва арзёбии амалишавии ҳуҷҷатҳои стратегии сатҳи миллӣ, барномаҳои соҳавӣ ва минтақавии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" гузаронида мешавад.

8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

30. Ҳамоҳангсози амалисозии Барнома Кумита муайян карда мешавад.

31. Кумита дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо ҷалби шарикони рушд амалисозии Барномаро таъмин мекунад.

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 декабри соли 2022, № 630

Нақшаи амали солҳои 2023-2025-и Барномаи миёнамуҳлати давлатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода барои солҳои 2023-2028

Ниг. ба Замима