Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 аз 29 декабри соли 2022, №629

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 декабри соли 2022, № 629

Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 (минбаъд - Барнома) бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати тарбияи маънавию ҷисмонии ҷавонон, инкишофи ҳисси ватандӯстӣ, маърифатнокӣ, худогоҳӣ, инсондӯстӣ, ифтихор ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, эмин нигоҳ доштани насли ҷавон аз таҳдидҳои замони муосир таҳия гардидааст.

2. Тарбияи ватандӯстӣ фаъолияти мунтазами мақсадноки мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оила буда, бо ташаккул додани шуури баланди ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан, омодагии ҷавонон ба иҷрои вазифаи конститутсионии шаҳрвандон вобаста ба ҳифзи манфиатҳои Ватан равона карда шудааст.

3. Таҳким бахшидан ва неруманд сохтани Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар аз тарбияи ватандӯстии ҷавонон вобастагӣ дорад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон буда, барои ҷавонон мактаби далериву шуҷоат ва мардонагӣ ба шумор меравад. Дар ин замина, солҳои охир ҷиҳати мустаҳкам кардан ва инкишоф додани низоми тарбияи ватандӯстии ҷавонон тадбирҳои зарурӣ андешида шудааст.

2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИЯТ

4. Барнома воситаи амалӣ барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ, маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷавонон, эмин нигоҳ доштани онҳо аз ҳар гуна хатарҳои ҷаҳонишавӣ, таҳким бахшидан ба рушди маънавию ахлоқӣ, ҳидоят сохтани ин неруи бузург ба корҳои бунёдкорию созандагии кишвар, садоқат ба Ватан, нангу номуси миллӣ ва фароҳам овардани шароит барои таҳкими ҳувияти миллии онҳо ва дӯст доштани арзишҳои миллию фарҳангӣ мебошад.

5. Мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 октябри соли 2022 аз шумораи умумии аҳолӣ, ки 10010,4 нафарро ташкил медиҳад, 33 фоизи онро ҷавонони 14-30-сола, синну соли миёнаи аҳолӣ дар кишвар 22,5 солро ташкил медиҳад. Дар 20 соли охир шумораи ҷавонон 33 фоиз зиёд гардидааст ва дар ин давра шумораи ҷавонон ба ҳисоби миёна ҳамасола 1,9 фоиз афзоиш меёбад.

6. Нишондиҳандаи мазкур амалисозии тадбирҳои зиёдро дар самти таълиму тарбия ва рушди қобилиятҳои зеҳниву ҷисмонии насли ҷавони ҷомеа ва боло бурдани ҳисси ватандӯстии онҳо тақозо мекунад.

7. Тибқи пешгӯиҳои Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон то соли 2030 аҳолии ҷумҳурӣ батадриҷ афзоиш ёфта, ба 11,5 миллион нафар хоҳад расид, ки афзоиши чашмдошти шумораи аҳолии синни қобили меҳнат барои суръат бахшидани рушди иқтисодӣ имконият фароҳам меоварад.

8. Шумораи захираҳои меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ба 5 миллиону 635,3 ҳазор нафар, соли 2021 то ба 5 миллиону 742,3 ҳазор нафар ва дар соли 2022 бошад, то 5 миллиону 851,1 ҳазор нафар меафзояд, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса ба соли 2018 давоми се соли оянда аз ҳисоби зиёдшавии табиии аҳолӣ ва шумораи захираҳои меҳнатии Тоҷикистон ба андозаи 7,8 фоиз афзоиш меёбад.

9. Ҳиссаи ҷавонон дар пешрафти иқтисодиёти кишвар нисбат ба дигар қишри аҳолӣ бартарӣ дорад ва андешидани тадбирҳо дар ин масъала саривақтӣ ба ҳисоб меравад.

10. Шахсоне, ки ҳамчун бекор ва ё бешуғл ба қайд гирифта шудаанд, ба гурӯҳи ҷавонони ниёзманд шомил мегарданд. Дар соли 2021 аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон ва Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯйхати ҷавонони бекасбу ихтисоси синни 15-30-сола дар ҷумҳурӣ анҷом дода шуда, маълум гардид, ки дар ҷумҳурӣ 571613 нафар ҷавонони бекасбу бешуғл зиндагӣ доранд. Вобаста ба ин, вазъи бекорӣ бештар ба ҷавонон таъсир мерасонад ва нигароникунанда он аст, ки ин вазъият дар солҳои 2017 - 2022 қариб бетағйир мондааст. Мантиқан, агар насли ҷавон дар 20 соли охир ҳамасола 2,5 фоиз зиёд шуда бошад, пас бояд мутаносибан ҳиссаи нави ҷойҳои корӣ ва инфрасохтори шуғли ҷавонон тағйир ёбад.

11. Барои ташаккул додани мафкураи миллӣ дар вуҷуди ҷавонон, шинохти бештари манфиатҳои миллӣ ва дар руҳияи ҳисси оштинопазир ба терроризму ифротгароӣ, пешгирӣ намудани тамоюли ҷавонон ба андешаву ҳадафҳои гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ аз масъулини сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ масъулияти бештарро тақозо менамояд.

12. Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон вобаста ба минтақа ва аҳолӣ дар сатҳҳои гуногун сурат гирифтааст, аз ҷумла соли 2021 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 112 ҳолат, вилоятҳои Хатлон 1133 ҳолат, Суғд 1388 ҳолат, шаҳри Душанбе 944 ҳолат ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1108 ҳолат содиршавии ҷиноятҳо аз ҷониби ҷавонон ба қайд гирифта шудааст. Дар маҷмуъ, содиршавии ҷинояткорӣ миёни ҷавонон дар ҷумҳурӣ соли 2019 - 5035 адад, соли 2020 - 4913 адад ва соли 20214685 адад ба қайд гирифта шудааст.

13. Дар миёни ҷавонон паҳн гардидани бемориҳои сироятӣ, аз қабили вируси норасоии масунияти одам ва нашъамандӣ низ ташвишовар мебошад, ки тибқи таҳлилҳо вазъи бемории аҳолӣ ВНМО/БПНМ (ВИЧ-СПИД) дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 548 нафарро дар нимсолаи якуми соли 2022 ташкил медиҳад.

14. Масъалаи ба ҷиноят даст задани ноболиғон низ нигароникунанда мебошад, зеро шумораи зиёди ҷиноятҳо аз ҷониби хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ содир карда мешавад. Дар панҷ соли охир аз ҷониби ноболиғон ё бо иштироки онҳо 4437 ҷиноят содир гардидааст. Ҳарчанд шумораи ҷиноятҳои дар соли 2020 содиршуда нисбат ба соли 2019 қариб 16 фоиз кам шуда бошад ҳам, вале 754 ҳолати ҷинояти аз ҷониби ноболиғон содиршуда ҳанӯз ҳам ташвишовар мебошад.

15. Мушкилоти зиёде, ки дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ инсоният бо онҳо рӯ ба рӯ шудааст, масъалаҳои шиддатёбии хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, шомилшавии ҷавонон ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, вусъат гирифтани радикализми динӣ, хурофотпарастӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, савдои одамон, нашъамандиву нашъаҷаллобӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ амнияти давлатҳоро халалдор сохта истодаанд. Дастовардҳои муосири технологӣ дар баробари осон намудани фаъолият дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт шароитро барои роҳандозӣ намудани шаклу шеваҳои гуногуни расонидани зиён ба худи инсоният фароҳам сохтаанд. Аз ҷумла, барои гумроҳ сохтани наврасону ҷавонон ва ба сафи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ҷалб кардани ин қишри осебпазир аз шабакаи интернет ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Дар робита ба ин бояд қайд кард, ки солҳои охир 70 фоизи шахсони ба сафи ҷангиёни кишварҳои дигар, аз ҷумла Сурияву Ироқ шомилшуда аз байни муҳоҷирони меҳнатӣ тавассути шабакаҳои интернетӣ ҷалб гардидаанд.

16. Ҳалли мушкилоти ҳазорон нафар ҷавонони мо, ки дар хориҷи кишвар таҳсили илм доранд ва ё ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, аз ҷумла пешгирӣ кардани пайвастани онҳо ба созмону ҳаракатҳои ифротӣ фаъолияти мунтазам ва ҳамоҳангшударо талаб менамояд. Дар ин самт вусъат бахшидани фаъолияти Шӯрои маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдоштаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба воситаи сафоратҳо, консулгариҳо, ҷамъиятҳои ҳамватанони бурунмарзӣ, муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ ва пурзӯр намудани назорати ин масъала аз ҷониби вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, корҳои дохилӣ, корҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ муҳим мебошад.

17. Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ахлоқӣ, огоҳии ҷавонон аз таъриху тамаддуни бою гаронбаҳои тоҷик, шиносоии онҳо аз урфу одат ва анъанаҳои меҳмоннавозии минтақаҳои ҷумҳурӣ, боздид аз мавзеъҳои сайёҳӣ ва ба ин васила ҳифз намудани арзишҳои миллӣ дар байни ҷавонон роҳандозӣ намудани сайёҳии дохилӣ ба мақсад мувофиқ мебошад. Дар ин замина, ташкили лагерҳои сайёҳативу омӯзишии ҷавонон, меҳмонии ҷавонон, боздиди ҷавонон аз минтақаҳои сайёҳӣ ва дигар чорабиниҳои ба он алоқамандро роҳандозӣ намудан лозим мебошад.

18. Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии мардуми Тоҷикистон ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави сухандону суханвар, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, рушди қобилияти эҷодӣ ва густариши эҳсоси худогоҳиву худшиносии аҳли ҷомеа озмунҳои ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", "ТоҷикистонВатани азизи ман" ва "Илм фуруғи маърифат" ҷараён дошта, барои кашфи истеъдодҳои ҷавон нақши муассир гузошта истодааст.

19. Имрӯз воқеан ҳам 97 фоизи хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷавонони далеру ғаюр ташкил медиҳанд, ки дар ҳифзи якпорчагии кишвар ва амнияту суботи ҷомеа саҳми шоистаи хешро гузошта истодаанд. Новобаста аз тадбирҳои андешидашаванда масъалаи ташвишовари дигар дар байни ҷавонон ин саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ буда, нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамасола бо мушкилиҳои зиёд иҷро мегардад. Торафт мураккаб шудани вазъи сиёсии ҷомеаи имрӯза, махсусан дар минтақа ва ҷаҳон аз ҳар як ҷавони кишвар тақозо менамояд, ки пеш аз ҳама дар ҳифзи якпорчагии Ватани худ омода буда, барои иҷрои қарзи фарзандӣ ба хизмати ҳарбӣ равад ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати кишварро ҳамаҷониба дастгирӣ намояд. Барои ҳалли ин масъала ба роҳ мондани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ ба мақсад мувофиқ мебошад.

3. ҲАДАФ, ВАЗИФА ВА САМТҲОИ АСОСИИ БАРНОМА

20. Ҳадафи асосии Барнома баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷавонон, эмин нигоҳ доштани онҳо аз ҳар гуна хатарҳои ҷаҳонишавӣ, таҳким бахшидан ба рушди маънавию ахлоқӣ, ҳидоят сохтани ин неру ба бунёдкорию созандагии кишвар, садоқат ба Ватан, нангу номуси миллӣ ва фароҳам овардани шароит барои таҳкими ҳувияти миллии онҳо ва эҳтиром намудани арзишҳои миллию фарҳангӣ мебошад.

21. Барои ноил шудан ба ҳадафи мазкур дар Барнома вазифаҳои зерин пешбинӣ карда мешаванд:

- мусоидат ҷиҳати иҷрои пурра ва саривақтии уҳдадориҳои конститутсионии шаҳрвандон дар самти ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он;

- такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ дар самти тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон;

- баргузории чорабиниҳои маърифатию иттилоотӣ дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон;

- баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқӣ ва сиёсии ҷавонон;

- тарбияи ҷавонон дар руҳияи эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва риояи қонуният;

- мусоидат дар амалисозии нақшаи даъвати сафарбарии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ тавассути баргузории чорабиниҳои маърифатию иттилоотӣ;

- ташаккули ҳисси ватандӯстӣ ва ҳувияти миллии ҷавонон;

- инкишофи ҷисмонии ҷавонон, ташаккул додани талаботи онҳо ба тарзи ҳаёти солим ҷиҳати омодашавӣ ба хизмати ҳарбӣ;

- тақвияти корҳои дастаҷамъона ҷиҳати тарбияи ватандӯстии ҷавонон;

- зиёд кардани шумораи тадқиқотҳои илмӣ ва корҳои методӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстӣ;

- коркарди таҷрибаи пешқадами давлатҳо дар самти ватандӯстӣ бо мақсади истифодаи амалии он;

- такмил додани низоми нишондиҳандаҳои баҳодиҳии дараҷа ва самаранокии тарбияи ватандӯстии ҷавонон;

- дар насли наврас ташаккул додани ҳисси ифтихор, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба муқаддасот ва арзишҳои миллӣ;

- инкишоф додани асосҳои илмию методии низоми тарбияи ватандӯстии ҷавонон;

- такмил ва инкишоф додани шаклу усулҳои бомуваффақият санҷидашудаи тарбияи ватандӯстӣ бо дарназардошти вазъияти ба таври динамикӣ тағйирёбанда, хусусиятҳои синну соли ҷавонон ва зарурати ҳамкории фаъоли байниидоравӣ, байнисоҳавӣ ва шарикии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат;

- фароҳам овардани шароит барои рушди ҳаракати волонтёрӣ дар низоми тарбияи ватандӯстии ҷавонон;

- таъминоти иттилоотии тарбияи ватандӯстӣ;

- ташаккули асосҳои маънавӣ ва тайёрии ҷисмонии ҷавонон дар самти муҳофизати Ватан ва асосҳои сохтори конститутсионӣ ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ;

- рушд ва фаъол гардонидани ҳамкории байни қисмҳои ҳарбӣ ва ҷавонони синну соли тодаъватӣ бо мақсади баланд бардоштани ҳавасмандии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва омода будани онҳо ба ҳимояи Ватан.

22. Самтҳои асосии Барнома инҳоянд:

- такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, нашриётӣ ва дастурдиҳӣ дар самти тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон;

- ташаккули фарҳанги миллӣ дар ҷавонон ба хотири тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии онҳо;

- ташаккули маънавиёту арзишҳои ахлоқӣ дар ҷавонон ба хотири тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии онҳо;

- ташаккули тафаккури сиёсӣ дар ҷавонон ба хотири тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии онҳо;

- ташаккули донишҳои ҳуқуқии ҷавонон ба хотири тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии онҳо;

- тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ба хотири тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии онҳо;

- ташаккули ҷаҳонбинии илмию маърифатӣ ва тафаккури дунявӣ дар ҷавонон ба хотири тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии онҳо.

4. НАТИҶАҲОИ ЧАШМДОШТИ БАРНОМА

23. Натиҷаҳои амалишавии Барнома аз рӯйи нишондиҳандаҳои муайянгардида барои андешидани чораҳои зерин равона гардидаанд:

- иҷрои ҳамаҷонибаи уҳдадориҳои конститутсионии шаҳрвандон дар самти ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он;

- баргузор намудани чорабиниҳои маърифатию иттилоотӣ дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон;

- андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқӣ ва сиёсии ҷавонон;

- тарбияи ҷавонон дар руҳияи эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва риояи қонун дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;

- мусоидат ба иҷрои нақшаи даъвати сафарбарии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ тавассути баргузории чорабиниҳои маърифатию иттилотӣ;

- баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ҳувияти миллии ҷавонон тавассути андешидани чораҳои зарурӣ;

- зиёд кардани шумораи тадқиқоти илмӣ ва корҳои методӣ дар соҳаи тарбияи ватандустӣ;

- такмили низоми нишондиҳандаҳои баҳодиҳии дараҷа ва самаранокии тарбияи ватандӯстии ҷавонон;

- ташаккули ҳисси ифтихор, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба муқаддасот ва арзишҳои миллӣ дар насли наврас;

- таҳияи заминаи илмию методии низоми тарбияи ватандӯстии ҷавонон;

- такмил ва инкишофи шаклу усулҳои бомуваффақият санҷидашудаи кори тарбияи ватандӯстӣ бо дарназардошти вазъияти ба таври динамикӣ тағйирёбанда, хусусиятҳои синну соли ҷавонон ва зарурати ҳамкории фаъоли байниидоравӣ, байнисоҳавӣ ва шарикии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат;

- васеъ ташаккул додани асосҳои маънавӣ ва тайёрии ҷисмонии ҷавонон бо мақсади муҳофизати Ватан ва асосҳои сохтори конститутсионӣ ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.

5. МАНБАЪҲОИ МОЛИЯВИИ БАРНОМА

24. Ҳаҷми умумии маблағгузории Барнома 43745000 (чилу се миллиону ҳафсаду чилу панҷ ҳазор) сомониро ташкил дода, 35830000 (сиву панҷ миллиону ҳашсаду сӣ ҳазор) сомониаш аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва 7915000 (ҳафт милиону нуҳсаду понздаҳ ҳазор) сомонӣ аз ҳисоби дигар сарчашмаҳои маблағгузорие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ гардида, барои татбиқи ду соли минбаъдаи он дар доираи имкониятҳои молиявӣ маблағҳои зарурӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва аз ҳисоби дигар сарчашмаҳои маблағгузорие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, пешбинӣ карда шуда, Нақшаи амал такмил дода мешавад.

25. Маблағгузории чорабиниҳо оид ба амалигардонии Барнома дар доираи маблағҳои пешбинишавандаи буҷети давлатӣ барои мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои дар амалисозии Барнома иштироккунанда амалӣ карда мешавад.

6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

26. Барнома дар тӯли давраи амалисозии он барои солҳои 20232027 тавассути 3 марҳила бо қабули Нақшаи амал ва бо дар назар доштани натиҷагириҳои миёнамуҳлати раванди амалишавии мақсадҳои болозикр, вазъи иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон дар Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

27. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил, ҳамоҳангсозӣ, арзёбӣ ва назорати корҳоро оид ба амалишавии Барнома иҷро намуда, тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти вазъияти иҷтимоию иқтисодии мавҷуда пешниҳод манзур мекунад, инчунин назорати истифодаи мақсадноки маблағҳоро таъмин менамояд.

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 декабри соли 2022, № 629

Нақшаи амали Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2025

Ниг. ба Замима