ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи донории хун ва ҷузъҳои он
Қонуни мазкур муносибатҳои вобаста ба рушди донории хун ва ҷузъҳои онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намуда, амалӣ гардидани чораҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва тиббии ташкили ҳаракати донорӣ ва ҳифзи ҳуқуқи донорҳоро таъмин менамояд.
Боби 1. Муқаррароти умумӣ
Моддаи 1. Принсипҳои донории хун ва ҷузъҳои он
Принсипҳои асосии донории хун ва ҷузъҳои он иборатанд аз:
- инсондустӣ;
- ихтиёрӣ;
- беподошӣ;
- безарарии вазифаи донорӣ барои одам;
- бехатарии истифодаи хуни донорӣ ва ҷузъҳои он.
Моддаи 2. Фаъолияти донорӣ
1. Ҳар шаҳрванди қобили амали аз 18 то 65 сола, ки дар натиҷаи аз муоинаи тиббӣ гузаштан гирифторшавии ӯ ба бемориҳое, ки зидди нишондоди донорӣ мебошанд, ошкор нашудааст, донор шуда метавонад.
2. Ба сифати донор шахсоне дониста мешаванд, ки ҳадди ақал ҳар сол як ё ду маротиба хун ва ё ҷузъҳои онро месупоранд. Дар ҳолатҳои зарурӣ тибқи дастури муассисаҳои дахлдор, бо розигии онҳо ин амал такрор карда мешавад. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи донорӣ аз ҷониби муассисаҳои давлатие дода мешавад, ки бо тайёр кардан, коркард, нигоҳдорӣ ва таъмини бехатарии хуни донорӣ ва ҷузъҳои он машғуланд.
3. Хун ва ҷузъҳои он, ки бо мақсадҳои табобатӣ истифода мешаванд, танҳо аз одам гирифта мешаванд.
4. Гирифтани хуни донорӣ ва ҷузъҳои он дар ҳолати ба саломатии донор нарасонидани зиён раво дониста мешавад.
5. Мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди ҳаракати донории ихтиёрӣ ва беподошро дастгирӣ намуда, онро ҳавасманд мегардонанд.
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурни Тоҷикистон дар бораи донории хун ва ҷузъҳои он
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи донории хун ва ҷузъҳои он ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 4. Намудҳои донорӣ
Гурӯҳҳои зерини донорҳо мавҷуданд:
- донорҳои фаъол - шахсоне, ки ба муассисаҳои хунгирӣ муроҷиат намуда, мунтазам (на камтар аз 3 маротиба дар як сол) хун ва ҷузъҳои онро бо подош ё бе подош (барои хуни супоридаашон ҷуброни пулӣ мегиранд ё ҳеҷ гуна неъмати моддӣ намегиранд) месупоранд;
- донорҳои эҳтиётӣ - шахсоне, ки ба таври муташаккилона ба донорӣ ҷалб мешаванд ва ё ба таври инфиродӣ хун ва ҷузъҳои онро номунтазам, на бештар аз 2 маротиба дар як сол месупоранд (донорҳои эҳтиётӣ одатан донорҳои ихтиёрие мебошанд, ки подош намегиранд);
- донорҳо - хешовандон - шахсоне, ки хун ва ҷузъҳои онро барои табобати хешу табор ё шахсони наздики худ месупоранд;
- донорҳои қарордодӣ - шахсоне, ки бо муассисаҳои хунгирӣ оид ба супоридани хун ва ҷузъҳои он шартнома (қарордод) мебанданд.
Моддаи 5. Барномаи давлатии рушди донории хун ва ҷузъҳои он
1. Барномаи давлатии рушди донории хун ва ҷузъҳои он бо пешниҳоди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
2. Масъулияти амалисозии Барномаи давлатии рушди донории хун ва ҷузъҳои он ба Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад.
Моддаи 6. Ташкили ҳаракати донорӣ
1. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар муассисаҳое, ки дар ҳуҷҷатҳои таъсисиашон мусоидат намудан ба масъалаҳои ҳифзи саломатии аҳолӣ пешбинӣ шудааст, якҷоя дар ташкили ҳаракати донорӣ, тарғиби хундиҳии беподоши ихтиёрӣ дар байни аҳолӣ бо мақсадҳои табобатӣ иштирок ва мусоидат мекунанд.
2. Таъмини маблағгузории чорабиниҳо вобаста ба ташкил, рушд ва тарғиботи донории оммавии хун ва ҷузъҳои он ва моҳияти иҷтимоии он дар доираи маблағгузориҳои соҳаи тандурустӣ, ки дар буҷети давлатӣ пешбинӣ шудаанд, инчунин аз ҳисоби кумакҳои эҳсонкории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ анҷом дода мешавад.
Моддаи 7. Вазифаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ оид ба рушди донории хун ва ҷузъҳои он
Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар доираи салоҳиятҳои худ иҷрои барномаҳои давлатии рушди донории хун ва ҷузъҳои он, маблағгузорӣ ва таъмини базаи моддиву техникии муассисаҳои тандурустиро, ки ба тайёр кардан, коркард, нигоҳдорӣ ва таъмини бехатарии хуни донорӣ ва ҷузъҳои он машғуланд, имтиёзҳои тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донор муқарраршударо таъмин менамояд.
Моддаи 8. Вазифаҳои маъмурияти корхона, ташкилоту муассисаҳо оид ба мусоидати донории хун ва ҷузъҳои он
Роҳбарони корхона, ташкилоту муассисаҳо вазифадоранд:
- барои ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафи донорони хун мусоидат кунанд;
- кормандонеро, ки доноранд, дар рӯзи муоина ва супоридани хун ва ҷузъҳои он ба муассисаҳои тандурустӣ бемамоният ҷавоб диҳанд;
- биноҳоро барои гирифтани хун беподош ҷудо намоянд;
- ба корманде, ки донор мебошад, чораҳои дастгирии иҷтимоиро тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намоянд.
Боби 2. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои донорҳо ва чораҳои дастгирии иҷтимоии онҳо
Моддаи 9. Ҳимояи ҳуқуқи донорҳо аз тарафи давлат
1. Давлат ҳифзи ҳуқуқ ва саломатии донорҳо, инчунин андешидани чораҳои дастгирии иҷтимоии онҳоро кафолат медиҳад.
2. Шахсони мансабдори муассисаҳои тандурустӣ ӯҳдадоранд ба донорҳо дар бораи вазифаҳо ва кафолатҳои нигаҳдории саломатии онҳо ҳангоми супоридани хун ва ҷузъҳои он маълумот диҳанд.
3. Донор аз ҳисоби маблағи муассисаҳое, ки тайёр кардан, коркард, нигоҳдорӣ ва таъмини бехатарии хуни донорӣ ва ҷузъҳои онро анҷом медиҳанд, ҳангоми иҷрои вазифаҳои донорӣ барои ҳодисаи осеби бемориҳои сирояткунанда суғуртаи ҳатмӣ карда мешавад.
4. Муоинаи тиббии донорҳо пеш аз додани хун ва ҷузъҳои он, инчунин додани маълумотнома дар бораи вазъи саломатии онҳо ройгон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 10. Чораҳои дастгирии иҷтимоии донорҳо
1. Донорҳо дар рӯзи супоридани хун аз ҳисоби маблағҳои буҷети дахлдор бо хӯроки ройгон таъмин карда мешаванд. Донорҳо ҳуқуқ доранд пас аз супоридани хун бар ивази хӯрок ба андозаи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброни пулӣ гиранд.
2. Дар рӯзи супоридани хун, ҷузъҳои он ва муоинаи тиббӣ кормандоне, ки донор мебошанд, аз ҷониби корхона ва ташкилоту муассиса бо нигоҳдории маблағи миёнаи музди меҳнат ҷавоб дода мешаванд.
3. Ҳангоми супоридани хун ва ҷузъҳои он дар давраи рухсатии меҳнатӣ, рӯзҳои истироҳат ва рӯзҳои ид ба донор мувофиқи хоҳиши ӯ рӯзи дигари иловагии истироҳат пешниҳод карда мешавад.
4. Ба донорҳое, ки дар давоми сол хун ва ҷузъҳои онро ба андозаи ду вояи ниҳоӣ (800-1000 мл) беподош супоридаанд, имтиёзҳои иловагии зерин пешниҳод мегарданд:
- кӯмакпулии корношоямии муваққатӣ ҳангоми ҳама намудҳои беморӣ ба андозаи пурраи музди меҳнат, новобаста аз собиқаи корӣ дар давоми сол;
- аз ҷои кор ва ё таҳсил таъмин кардан бо роҳхатҳои имтиёзнок барои табобати санаторию курортии бенавбат дар давоми сол.
Моддаи 11. Чораҳои дастгирии иҷтимоии шахсоне, ки бо унвони фахрии "Донори ифтихории Тоҷикистон" мукофотонида шудаанд
1. Шахсоне, ки мувофиқи Қонуни мазкур, новобаста аз собиқаи донорӣ: мардон на камтар аз 20 литр ва занон на камтар аз 15 литр хун ва ё плазма супоридаанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мукофотҳои давлатӣ" барои гирифтани унвони фахрии "Донори ифтихории Тоҷикистон" пешниҳод карда мешаванд.
2. Шаҳрвандоне, ки бо унвони фахрии "Донори ифтихории Тоҷикистон" мукофотонида шудаанд, ҳуқуқҳои зеринро доранд:
- табобати бенавбат дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ;
- тайёр кардан ва таъмири ройгони дандонҳои ориятӣ (ғайр аз металҳои қиматбаҳо) дар муассисаҳои давлатии нигоҳдории тандурустӣ;
- хариди имтиёзноки доруворӣ аз мақомоти давлатӣ (бо 50% арзиши онҳо) бо дорухати муассисаҳои давлатии тандурустӣ;
- аз ҷои кор ва ё таҳсил гирифтани роҳхатҳои имтиёзноки табобатии санаторию курортӣ;
- гирифтани рухсатии ҳарсолаи пардохтшаванда дар вақти барои онҳо мувофиқ;
- рафтуомади ройгон дар ҳама намуди нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ тибқи тартиби муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо унвони "Донори ифтихории СССР" сарфароз гардонида шудаанд, аз ҳама гуна имтиёзҳое, ки барои шаҳрвандони бо унвони фахрии "Донори ифтихории Тоҷикистон" сарфароз гардонидашуда пешбинӣ шудаанд, истифода мебаранд.
Моддаи 12. ӯҳдадориҳои донорҳо
1. Шаҳрванде, ки розигии худро барои донори хун ва ҷузъҳои он шудан додааст, ӯҳдадор аст, ки ҳамаи маълумоти ба худ маълумро дар бораи бемориҳои аз сар гузаронидааш ва бемориҳои доштааш, инчунин истеъмоли маводи мухаддир хабар диҳад.
2. Шаҳрванде, ки огоҳона, қасдан маълумотҳоро нисбати ҳолати саломатиаш пинҳон ва ё ғалат маънидод мекунад, бо ин амалҳои худ ба саломатии шахсе, ки ба ӯ хун мегузаронанд, таъсири ҷиддӣ расонида бошад ва ё расонад, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Боби 3. Ташкили донории хун ва ҷузъҳои он
Моддаи 13. Муассисаҳои тандурустие, ки бо тайёр кардан, коркард, нигоҳдорӣ ва таъмини бехатарии хуни донорӣ ва ҷузъҳои он машғуланд
1. Тайёр кардан, коркард, нигоҳдорӣ ва таъмини бехатарии хуни донорӣ ва ҷузъҳои онро муассисаҳои тандурустии давлатӣ, ки дар ҳуҷҷатҳои таъсисиашон ин намуди фаъолият ба сифати фаъолияти асосӣ нишон дода шудааст, анҷом медиҳанд.
2. Дар муассисаҳои тандурустии давлатӣ бо мақсади тайёр кардан, коркард, нигоҳдорӣ ва таъмини бехатарии хуни донорӣ ва ҷузъҳои он шӯъбаҳои хунгузаронӣ ташкил кардан мумкин аст.
3. Талабот нисбати муассисаҳои тандурустӣ (воҳидҳои зерсохторӣ), ки ба тайёр кардан, коркард, нигоҳдорӣ ва таъмини бехатарии хуни донорӣ ва ҷузъҳои он машғуланд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
4. Тартиби тайёр кардан, коркард, нигоҳдорӣ ва таъмини бехатарии хуни донорӣ ва ҷузъҳои он аз тарафи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикстон тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 14. Назорати сифати хуни донорӣ ва ҷузъҳои он
1. Назорати сифати хуни донорӣ ва ҷузъҳои он тибқи тартиби муқарраркардаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақоми дахлдори соҳаи тандурустӣ амалӣ карда мешавад.
2. Тартиби ҳамкориҳои мутақобилаи муассисаҳое, ки ба тайёр кардан, коркард, нигоҳдорӣ ва таъмини бехатарии хуни донорӣ ва ҷузъҳои он машғуланд, бо корхонаҳои истеҳсоли доруворӣ аз хуни донорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад.
Боби 4. Муқаррароти хотимавӣ
Моддаи 15. Тартиби иваз намудани хуни донорӣ ва ҷузъҳои он, доруворӣ аз хуни донорӣ ва баровардани онҳо аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Тартиби иваз намудани хуни донорӣ ва ҷузъҳои он, доруворӣ аз хуни донорӣ, ки бо иштироки муассисаҳои тиббии хориҷӣ сурат мегирад, аз ҷониби Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
2. Берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани хуни донорӣ ва ҷузъҳои он, доруворӣ аз хуни донорӣ, танҳо дар ҳолатҳои расонидани кӯмаки таъҷилии башардӯстона ва ҳолатҳои фавқулодда бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
3. Фурӯхтани хуни донорӣ ва ҷузъҳои он, дорувории аз хуни донорӣ тайёркардашуда бо мақсади ба даст овардани фоидаи молиявӣ инчунин ба дигар давлатҳо манъ аст.
Моддаи 16. Ташкили донории хун ва ҷузъҳои он дар ҳолатҳои фавқулодда
1. Ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда - садамаҳо, зуҳуроти табиии хатарнок, фалокатҳо, офатҳои табиӣ, эпидемияҳо ва дигар офатҳои дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҳалҳои алоҳидаи он ба вуқӯъомада, ташкили донории хун ва ҷузъҳои он бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо роҳбарии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сурат мегирад.
2. Ҳамаи чорабиниҳо оид ба ташкили донории хун ва ҷузъҳои он дар ҳолатҳое, ки дар қисми 1 моддаи мазкур нишон дода шудаанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешаванд.
Моддаи 17. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва мансабдор барои риоя накардани муқаррароти Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 18. Аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи додани хун ва ҷузъҳои он"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1993 "Дар бораи додани хун ва ҷузъҳои он" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1994, №2, мод.32; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, №3, мод.48: с. 1998, №23 -24, мод. 332) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 19. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
26 марти соли 2009 № 503
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи донории хун ва ҷузъҳои он"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи донории хун ва ҷузъҳои он" қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев
ш. Душанбе
5 марти соли 2009, № 1256
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи донории хун ва ҷузъҳои он"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи донории хун ва ҷузъҳои он" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи донории хун ва ҷузъҳои он" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе
12 марти соли 2009 №610
3АКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О донорстве крови и её компонентов
Настоящий Закон регулирует отношения, связанные с развитием донорства крови и её компонентов в Республике Таджикистан, и обеспечивает осуществление социальных, экономических, правовых и медицинских мер по организации донорского движения и защите прав донора.
Глава 1. Общие положения
Статья 1. Принципы донорства крови и ее компонентов
Основными принципами донорства крови и ее компонентов являются:
- гуманность;
- добровольность;
- безвозмездность;
- безвредность функции донорства для человека;
- безопасность использования донорской крови и ее компонентов.
Статья 2. Донорская деятельность
1. Донором крови и ее компонентов может быть каждый дееспособный гражданин с 18 до 65 лет, прошедший медицинское обследование, в результате которого не обнаружено наличие в его организме заболеваний, противопоказанных донорству.
2. Донорами могут быть признаны лица, которые минимум один или два раза в год сдают кровь или ее компоненты. В необходимых случаях в соответствии с инструкцией соответствующих учреждений и с их согласия данная процедура может быть повторена. Документ, подтверждающий донорство, выдается государственными учреждениями, занимающимися заготовкой, переработкой, хранением и обеспечением безопасности донорской крови и ее компонентов.
3. Кровь и ее компоненты, применяемые в лечебных целях, могут быть получены только от человека.
4. Взятие донорской крови и её компонентов допустимо только при условии, если здоровью донора не будет причинен вред.
5. Органы государственной власти Республики Таджикистан поддерживают и поощряют развитие добровольного и безвозмездного донорского движения.
Статья 3. Законодательство Республики Таджикистан о донорстве крови и ее компонентов
Законодательство Республики Таджикистан о донорстве крови и её компонентов основывается на Конституции Республики Таджикистан и состоит из настоящего Закона, других нормативных правовых актов Республики Таджикистан, а также международных правовых актов, признанных Таджикистаном.
Статья 4. Виды донорства
Различаются следующие группы доноров:
- активные доноры - лица, обратившиеся в учреждения службы крови и регулярно (не менее 3 раз в год) сдающие кровь и ее компоненты платно или безвозмездно (получающие денежную компенсацию взамен сдачи крови или не получающие взамен никаких материальных благ);
- доноры резерва - лица, привлеченные к донорству в организованном порядке, или индивидуально сдающие кровь и ее компоненты нерегулярно, не более 2 раза в год (доноры резерва являются, как правило, добровольными неоплачиваемыми донорами);
- доноры родственники - лица, сдающие кровь и ее компоненты для лечения родственников и близких им людей;
- контрактные доноры - лица, заключившие договор (контракт) с учреждениями службы крови о сдаче крови и ее компонентов.
Статья 5. Государственная программа развития донорства крови и ее компонентов
1. Государственная программа развития донорства крови и ее компонентов по представлению Министерства здравоохранения Республики Таджикистан утверждается Правительством Республики Таджикистан.
2. Ответственность за осуществление Государственной программы развития донорства крови и ее компонентов возлагается на Министерство здравоохранения Республики Таджикистан.
Статья 6. Организация донорского движения
1. Министерство здравоохранения Республики Таджикистан, Общество Красного Полумесяца Республики Таджикистан, местные органы государственной власти, другие учреждения, учредительными документами которых предусмотрено оказание содействия охране здоровья населения, совместно участвуют и оказывают содействие в организации донорского движения, пропаганде среди населения безвозмездной добровольной сдачи крови для лечебных целей.
2. Финансовое обеспечение мероприятий по организации, развитию и пропаганде массового донорства крови и ее компонентов, включая ее социальную значимость, осуществляется в пределах финансирования отрасли здравоохранения, предусмотренных государственным бюджетом, а также за счет благотворительной помощи физических и юридических лиц.
Статья 7. Задачи органов государственной власти и местного самоуправления по развитию донорства крови и ее компонентов
Органы государственной власти и местного самоуправления в пределах своих полномочий обеспечивают выполнение государственных программ развития донорства крови и ее компонентов, финансирование и оснащение материально-технической базы учреждений здравоохранения, осуществляющих заготовку, переработку, хранение донорской крови и ее компонентов, предоставление донору льгот, установленных законодательством Республики Таджикистан.
Статья 8. Задачи администрации предприятий, организаций и учреждений по содействию донорству крови и ее компонентов
Руководители предприятий, организаций и учреждений обязаны:
- оказывать содействие в привлечении граждан в ряды доноров крови;
- беспрепятственно отпускать работника, являющегося донором, в учреждения здравоохранения в день обследования и сдачи крови и её компонентов;
- предоставлять безвозмездно необходимые помещения для сдачи крови;
- предоставлятъ работнику, являющемуся донором, установленные законодательством Республики Таджикистан меры социальной поддержки.
Глава 2. Права, обязанности доноров и меры их социальной поддержки
Статья 9. Защита государством прав доноров
1. Государство гарантирует донорам защиту их прав, охрану здоровья, а также меры социальной поддержки.
2. Должностные лица учреждений здравоохранения обязаны проинформировать донора о донорской функции и гарантиях сохранения его здоровья при сдаче крови и ее компонентов.
3. Донор подлежит обязательному страхованию за счет средств учреждений, осуществляющих заготовку, переработку, хранение, обеспечение безопасности донорской крови и ее компонентов, на случай заражения его инфекционными заболеваниями при выполнении донорской функции.
4. Медицинское обследование донора перед сдачей крови и ее компонентов и выдача справок о состоянии его здоровья производится бесплатно.
Статья 10. Меры социальной защиты доноров
1. В день сдачи крови доноры обеспечиваются бесплатным питанием за счет средств соответствующего бюджета. Доноры после сдачи крови имеют право на получение взамен питания денежной компенсации в установленном Правительством Республики Таджикистан размере.
2. Предприятия, организации и учреждения освобождают работника, являющегося донором, в день сдачи крови и ее компонентов и в день медицинского обследования от работы с сохранением за ним средней заработной платы.
3. В случае сдачи крови и ее компонентов в период трудового отпуска, в выходные и праздничные дни донору, по его желанию, предоставляется другой догюлнительный день отдыха.
4. Донорам, сдавшим безвозмездно в течение года кровь и ее компоненты в суммарном количестве, равном двум максимальным дозам (800 - 1000 мл), предоставляются следующие дополнительные льготы:
- пособие по временной нетрудоспособности при всех видах заболеваний в течение года в размере полного заработка, независимо от трудового стажа;
- первоочередное выделение по месту работы или учебы в течение года льготных путевок для санаторно-курортного лечения.
Статья 11. Меры социальной поддержки лиц, награжденных почетным знаком "Почетный донор Таджикистана"
1. Лица, сдавшие в соответствии с настоящим Законом кровь или плазму, независимо от донорского стажа: мужчины не менее 20 литров и женщины не менее 15 литров, представляются к награждению почетным знаком "Почетный донор Таджикистана" в порядке, установленном Законом Республики Таджикистан "О государственных наградах Республики Таджикистан".
2. Граждане, награжденные почетным знаком "Почетный донор Таджикистана", имеют право:
- на первоочередное лечение в государственных учреждениях здравоохранения;
- на бесплатное изготовленйе и ремонт зубных протезов (кроме протезов из драгоценных металлов) в государственных учреждениях здравоохранения;
- на льготное приобретение лекарств в государственных органах (в размере 50 процентов от их стоимости) по рецептам государственных учреждений здравоохранения;
- на приобретение по месту работы или учебы льготных путевок для санаторно-курортного лечения;
- на ежегодный оплачиваемый отпуск в удобное для них время года;
- на бесплатный проезд на всех видах общественного транспорта в порядке, установленном Правительством Республики Таджикистан.
3. Граждане Республики Таджикистан, награжденные знаком "Почетный донор СССР", пользуются всеми льготами, предоставляемыми гражданам, награжденным почетным знаком "Почетный донор Таджикистана".
Статья 12. Обязанности донора
1. Гражданин, изъявивший согласие стать донором крови и ее компонентов, обязан сообщить все известные ему сведения о перенесенных им и имеющихся у него заболеваниях, а также об употреблении им наркотических средств.
2. Гражданин, осознанно, умышленно скрывший или исказивший сведения о состоянии своего здоровья, несет ответственность, в установленном законодательством Республики Таджикистан порядке, если такие действия оказали или оказывают серьёзное воздействие на здоровье реципиентов.
Глава 3. Организация донорства крови и ее компонентов
Статья 13. Учреждения здравоохранения, осуществляющие заготовку, переработку, хранение и обеспечение безопасности донорской крови и ее компонентов
1. Заготовку, переработку, хранение и обеспечение безопасности донорской крови и ее компонентов осуществляют государственные учреждения здравоохранения, в учредительных документах которых этот вид деятельности указан как основной.
2. В государственных учреждениях здравоохранения в целях осуществления заготовки, переработки, хранения и обеспечения безопасности донорской крови и ее компонентов могут создаваться отделения переливания крови.
3. Требования к учреждениям здравоохранения (структурным подразделениям), осуществляющим заготовку, переработку, хранение и обеспечение безопасности донорской крови и ее компонентов, утверждаются в порядке, установленном Правительством Республики Таджикистан.
4. Порядок заготовки, переработки, хранения и обеспечения безопасности донорской крови и ее компонентов утверждается Министерством здравоохранения Республики Таджикистан.
Статья 14. Контроль качества донорской крови и ее компонентов
1. Контроль качества донорской крови и ее компонентов осуществляется в порядке, установленном Министерством здравоохранения Республики Таджикистан, соответствующим органом отрасли здравоохранения.
2. Порядок взаимодействия учреждений, осуществляющих заготовку, переработку, хранение и обеспечение безопасности донорской крови и ее компонентов, с предприятиями по производству препаратов из донорской крови определяется Правительством Республики Таджикистан.
ГЛАВА 4. Заключительные положения
Статья 15. Порядок обмена донорской кровью, ее компонентами, препаратами из донорской крови и их вывоза за пределы Республики Таджикистан
1. Порядок обмена донорской кровью, ее компонентами и препаратами из донорской крови с участием иностранных медицинских учреждений устанавливается Министерством здравоохранения Республики Таджикистан.
2. Вывоз донорской крови, ее компонентов и препаратов из донорской крови за пределы Республики Таджикистан допускается только в случае оказания экстренной гуманитарной помощи при экстремальных ситуациях по решению Правительства Республики Таджикистан.
3. Продажа донорской крови, ее компонентов и препаратов из донорской крови с целью получения финансовой прибыли, а также их продажи в другие государства запрещается.
Статья 16. Организация донорства крови и ее компонентов при чрезвычайных ситуаций
1. В случаях стихийных бедствий, аварий и катастроф, эпидемий и других чрезвычайных обстоятельств на территории Республики Таджикистан или в отдельных ее местностях организация донорства крови и ее компонентов осуществляется в установленном Правительством Республики Таджикистан порядке под руководством Министерства здравоохранения Республики Таджикистан и местных исполнительных органов государственной власти.
2. Финансирование всех мероприятий по организации донорства крови и ее компонентов в случаях, указанных в части 1 настоящей статьи, осуществляется в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.
Статья 17. Ответственность за нарушение настоящего Закона
Физические, юридические и должностные лица за нарушение положений настоящего Закона привлекаются к ответственности в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.
Статья 18. О признании утратившим силу Закона Республики Таджикистан " О донорстве крови и ее компонентов"
Закон Республики Таджикистан от 27 декабря 1993 года "О донорстве крови и ее компонентов" ( Ведомости Верховного Совета Республики Таджикистан, 1994 г., №2, ст. 32; Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1996 г., №3, ст.48; 1998 г., №23 - 24, ст. 332) признать утратившим силу.
Статья 19. Порядок введения в действие настоящего Закона
Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
26 марта 2009 года № 503
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О принятии Закона Республики Таджикитстан "О донорстве крови и её компонентов"
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республнки Таджикистан постановляет:
Принять Закон Республики Таджнкмстан "О донорстве крови и её компонентов".
Председатель
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан С. Хайруллоев
г. Душанбе,5 марта 2009 года, № 1256
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О Законе Республики Таджикистан "О донорстве крови и её компонентов"
Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О донорстве крови и её компонентов", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить Закон Республики Таджикистан "О донорстве крови и её компонентов".
Председатель
Маджлиси милли Маджлиси Оли
Республики Таджикистан М.Убайдуллоев
г. Душанбе, 12 марта 2009 года № 610