Оинномаи Муассисаи давлатии "Маркази ёрии ҳуқуқӣ" аз 29 декабри соли 2022, №622

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 декабри соли 2022, №622

Оинномаи Муассисаи давлатии "Маркази ёрии ҳуқуқӣ"

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Муассисаи давлатии "Маркази ёрии ҳуқуқӣ" (минбаъд - Маркази ёрии ҳуқуқӣ) бо мақсади ташаккул додани асосҳо барои инкишоф ва мукаммалгардонии минбаъдаи низоми давлатии ёрии ҳуқуқии дастрас ва ихтисоснок барои аҳолӣ таъсис дода шудааст.

2. Маркази ёрии ҳуқуқӣ фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ" ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур амалӣ менамояд.

3. Маркази ёрии ҳуқуқӣ ба номгӯйи ташкилотҳои низоми Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил буда, шакли ташкилию ҳуқуқии он тибқи моддаи 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст.

4. Маркази ёрии ҳуқуқӣ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои тавозуни мустақил, суратҳисоб бо асъори миллӣ ва хориҷӣ мебошад ва барои иҷрои амалиёти ҳисоббаробаркунӣ ва қарзӣ аз ин суратҳисоб истифода мебарад.

5. Маркази ёрии ҳуқуқӣ нисбат ба молу мулк ҳуқуқи идоракунии оперативӣ дошта, аз номи худ уҳдадориҳо қабул ва иҷро мекунад ва дар суд ба сифати даъвогар ва ҷавобгар баромад мекунад.

6. Маркази ёрии ҳуқуқӣ дорои муҳри мудаввар бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи пурраи худ бо забони давлатӣ, логотип, муҳри чоркунҷа, бланк ва аломатҳои муайянкунандаи дигар мебошад.

7. Фаъолияти Маркази ёрии ҳуқуқӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва ғайрибуҷетӣ таъмин карда мешавад.

8. Номи расмӣ:

- бо забони тоҷикӣ: Муассисаи давлатии "Маркази ёрии ҳуқуқӣ";

- бо забони русӣ: Государственное учреждение "Центр юридической помощи".

9. Суроғаи ҳуқуқии Маркази ёрии ҳуқуқӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Садриддин Айнӣ, 127.

2. ВАКОЛАТҲОИ МАРКАЗИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ

10. Ваколатҳои асосии Маркази ёрии ҳуқуқӣ инҳоянд:

- ба ҳуқуқшиноси давлатӣ ҷиҳати баамалбарории уҳдадорияшон ёрии методӣ мерасонад;

- омӯзиши ҳуқуқшиносони давлатиро ташкил мекунад;

- давра ба давра ҳолати умумии расонидани ёрии ҳуқуқиро таҳлил ва ҷамъбаст намуда, доир ба ҳалли мушкилоти мавҷуда пешниҳодҳои дахлдор мекунад;

- фаъолияти ҳуқуқшиносони давлатиро оид ба масъалаи баланд бардоштани фарҳанг ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ ҳамоҳанг месозад;

- мониторинг ва баҳодиҳии сифати ёрии ҳуқуқии якумдараҷаро амалӣ менамояд;

- расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷаро ташкил ва ҳамоҳанг месозад;

- мониторинги иштироки адвокатҳоро дар парвандаҳо дар самти расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа ва баҳодиҳии сифати ёрии ҳуқуқии расонидашуда мегузаронад;

- бо адвокатҳо шартнома оид ба расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа ба имзо мерасонад ва иҷрои шартномаҳоро назорат мекунад;

- ба ҳуқуқшиносони давлатӣ ҷиҳати намояндагии манфиатҳои шаҳрвандон ҳангоми баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва гражданӣ дар судҳо мактуб медиҳад;

- шаҳрвандонро оид ба имконият ва шартҳои расонидани ёрии ҳуқуқӣ огоҳ месозад;

- ваколатҳои дигареро, ки ба зиммаи Маркази ёрии ҳуқуқӣ гузошта шуда, бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ нашудаанд, иҷро менамояд.

3. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ МАРКАЗИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ

11. Маркази ёрии ҳуқуқӣ ҳуқуқ дорад:

- бо тартиби муқарраршуда молу мулки дар асоси ҳуқуқи идораи оперативӣ ба он тааллуқдоштаро соҳибӣ ва истифода намояд;

- бо тартиби муқарраршуда барои хариди таҷҳизот шартномаҳо баста, амалҳои ҳуқуқии дигарро иҷро намояд;

- дар муассисаҳои бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо асъори миллӣ ва хориҷӣ суратҳисоб кушояд;

- амалҳои дигареро, ки ба мақсаду вазифаҳои Маркази ёрии ҳуқуқӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд, иҷро намояд.

12. Маркази ёрии ҳуқуқӣ уҳдадор мебошад:

- фаъолияти худро тибқи Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода, иҷрои талаботи ҳамин Оинномаро таъмин намояд;

- фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мутобиқи тартиби муқарраршуда ба иҷро расонад;

- оид ба фаъолият ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд;

- воситаҳои молиявиро тибқи қонунгузорӣ ва шартҳои созишномаҳои басташуда истифода кунад;

- ҳисоботҳои ҳуқуқшиносони давлатиро таҳлил ва ҷамъбаст карда, ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод намояд;

- ба кормандони худ шароити бехатари меҳнатро таъмин намуда, тибқи тартиби муқарраргардида барои зарари ба саломатӣ ва қобилияти меҳнатии онҳо расонидашуда масъулият бар дӯш дорад;

- баҳисобгирии фаврӣ ва муҳосибавии фаъолияти молиявию хоҷагиро анҷом дода, ҳуҷҷатҳои оморӣ ва муҳосибавиро таҳия намояд;

- уҳдадориҳои дигареро, ки тибқи қонунгузорӣ ба миён меоянд, иҷро намояд.

4. САРЧАШМАҲОИ БА ВУҶУД ОМАДАНИ ВОСИТАҲОИ ПУЛӢ ВА МОЛӢ

13. Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази ёрии ҳуқуқӣ метавонад дар ихтиёри худ бо ҳуқуқи идораи оперативӣ бино, иншоот, таҷҳизот, асбобу анҷом ва молу мулки дигарро, ки барои фаъолияти бо Оинномаи мазкур пешбинишуда заруранд, дошта бошад.

14. Воситаҳои пулӣ ва молии Маркази ёрии ҳуқуқӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои зерин ба вуҷуд меоянд:

- аз буҷети ҷумҳуриявӣ;

- аз манбаъҳои ғайрибуҷетӣ;

- манбаъҳои дигаре, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда нашудаанд.

5. ИДОРАКУНИИ МАРКАЗИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ ВА СОХТОРИ ОН

15. Ваколатҳои вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба Маркази ёрии ҳуқуқӣ:

- идоракунии умумиро дар самти расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба амал мебарорад;

- директори Маркази ёрии ҳуқуқӣ ва муовини ӯро ба мансаб таъин ва аз мансаб озод мекунад;

- ҷадвали басти вазифаҳо ва нақшаи фаъолияти молиявии Маркази ёрии ҳуқуқиро дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия тасдиқ менамояд;

- ҳисоботи солона ва ҳисоботи солонаи муҳосибавии Маркази ёрии ҳуқуқиро тасдиқ мекунад;

- фаъолияти мақомоти давлатиро дар самти расонидани ёрии ҳуқуқӣ ҳамоҳанг месозад.

16. Маркази ёрии ҳуқуқиро директор роҳбарӣ менамояд, ки аз ҷониби вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.

17. Директори маркази ёрии ҳуқуқӣ фаъолияти худро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур ба амал бароварда, ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони вазир тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.

18. Ваколатҳои директори Маркази ёрии ҳуқуқӣ:

- манфиатҳои Маркази ёрии ҳуқуқиро дар ташкилотҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ ва байналмилалӣ намояндагӣ менамояд;

- нақшаи кор, низомномаҳо ва дастурамалҳои мансабии кормандонро тасдиқ менамояд;

- аз номи Маркази ёрии ҳуқуқӣ шартномаҳо, созишномаҳоро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо мерасонад;

- санадҳои дохилиеро, ки ба фаъолияти Маркази ёрии ҳуқуқӣ вобаста аст, қабул менамояд;

- ваколатномаҳо медиҳад ва ба ҳуҷҷатҳои молиявию хоҷагидорӣ ва ҳуҷҷатҳои дигаре, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд, муҳр ва имзо мегузорад;

- дар мувофиқа бо вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраршуда кормандони Маркази ёрии ҳуқуқиро ба мансаб таъин ва аз мансаб озод менамояд;

- афзалиятҳо ва самтҳои стратегии кори Маркази ёрии ҳуқуқиро муайян менамояд;

- ваколатҳои дигарро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур иҷро менамояд;

19. Директори Маркази ёрии ҳуқуқӣ барои иҷрои уҳдадориҳои ба зиммаи Маркази ёрии ҳуқуқӣ вогузоршуда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур масъулияти шахсӣ дорад.

20. Муовини директори Маркази ёрии ҳуқуқӣ фаъолияти худро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур ба амал бароварда, ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум, муовинони вазир ва директор тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.

21. Ваколатҳои муовини директори Маркази ёрии ҳуқуқӣ:

- сарпарастии бахшҳоро тибқи тақсими сарбориҳо бар уҳда дорад;

- дар ҳолати набудани директор Маркази ёрии ҳуқуқиро роҳбарӣ намуда, ваколатҳои директорро амалӣ менамояд.

22. Бахши ташкили ёрии ҳуқуқии якумдараҷа воҳиди сохтории Маркази ёрии ҳуқуқӣ мебошад, ки онро мудири бахш роҳбарӣ намуда, фаъолияти ҳуқуқшиносони давлатиро мунтазам ҳамоҳанг, ташкил ва назорат менамояд.

23. Бахши ташкили ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа воҳиди сохтории Маркази ёрии ҳуқуқӣ мебошад, ки онро мудири бахш роҳбарӣ намуда, бо адвокатҳое, ки бо Маркази ёрии ҳуқуқӣ шартнома мебанданд, ҳамкорӣ намуда, фаъолияти маркази ҳамоҳангсозиро зери назорат қарор медиҳад.

24. Бахши банақшагирӣ, мониторинг ва баҳодиҳии сифати ёрии ҳуқуқӣ воҳиди сохтории Маркази ёрии ҳуқуқӣ мебошад, ки онро мудири бахш роҳбарӣ намуда, мониторинг, таҳлил ва баҳодиҳии сифати ёрии ҳуқуқиро ба роҳ мемонад.

25. Бахши кадрҳо ва коргузорӣ воҳиди сохтории Маркази ёрии ҳуқуқӣ мебошад, ки онро мудири бахш роҳбарӣ намуда, масъалаҳои кадрӣ ва коргузории Маркази ёрии ҳуқуқиро бар уҳда дорад.

26. Бахши молия ва хоҷагӣ воҳиди сохтории маркази ёрии ҳуқуқӣ мебошад, ки онро мудири бахш роҳбарӣ намуда, фаъолияти молиявӣ ва хоҷагии Маркази ёрии ҳуқуқиро пеш мебарад.

27. Мудирони бахшҳо ба директор ва муовини директор тобеъ ва ҳисоботдиҳанда буда, вазифаҳои дигари онҳоро низомномаҳои бахшҳо, ки аз ҷониби директор тасдиқ карда мешаванд, танзим менамоянд.

28. Барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқшиносони давлатӣ, ки воҳиди кории Маркази ёрии ҳуқуқӣ мебошанд, фаъолият менамоянд.

6. АЗНАВТАШКИЛДИҲӢ ВА БАРҲАМДИҲИИ МАРКАЗИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ

29. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Маркази ёрии ҳуқуқӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

7. ТАРТИБИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ОИННОМА

30. Тағйиру иловаҳо ба Оинномаи мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд.

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 декабри соли 2022, №622

Сохтори Муассисаи давлатии "Маркази ёрии ҳуқуқӣ"

Директор

Муовини директор

Бахши ташкили ёрии ҳуқуқии якумдараҷа

Бахши ташкили ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа

Бахши банақшагирӣ, мониторинг ва баҳодиҳии сифати ёрии ҳуқуқӣ

Бахши кадрҳо ва коргузорӣ

Бахши молия ва хоҷагӣ

Маркази ҳамоҳангсозӣ

Ҳуқуқшиносони давлатии шаҳру ноҳияҳо

Ҳайати хизматрасон