Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 декабри соли 2022, № 612
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 декабри соли 2022, № 612
тасдиқ шудааст
Регламенти техникии "Талабот ба маҳсулоти никотиндор"
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Регламенти техникии "Талабот ба маҳсулоти никотиндор" (минбаъд - Регламенти техникӣ) дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ" таҳия гардида, талаботро ба маҳсулоти никотиндор муқаррар менамояд.
2. Регламенти техникии мазкур нисбат ба маҳсулоти никотиндор (маснуоти дорои тамокуи гармшаванда, моеи никотиндор ва зарфҳои он)-и воридотӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот бароварда мешаванд, татбиқ мегардад.
3. Регламенти техникии мазкур талаботро нисбат ба ҳаммонандкунии маҳсулоти никотиндор, ки истифода ва иҷрои онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмист, муқаррар карда, қоидаҳои истеҳсол, нигоҳдорӣ, интиқол, фурӯш, истеъмол (аз ҷумла, талабот нисбат ба ҷойҳои махсуси барои истеъмоли маҳсулоти никотиндор муқарраргардида), тартиби тамғагузориро ба борпечи истеъмолӣ ба танзим медарорад ва ҳамчунин талаботи марбутаро нисбат ба нишондиҳандаҳои таъйиноташон функсионалӣ, аз ҷумла, хусусиятҳои хоси истеъмолӣ ва тавсифоти маҳсулоти никотиндорро, ки дараҷаи сифатнокиро муайян намуда, истеъмолкунандаро аз иштибоҳ дар масъалаи сифати маҳсулоти никотиндор ва бехатарии истеъмоли он эмин медорад, муайян мекунад.
4. Талаботи Регламенти техникии мазкур ба инҳо паҳн намегардад:
- муносибатҳое, ки тибқи созишномаву санадҳои байналмилалӣ муқаррар карда шудаанд;
- намунаҳои маҳсулоти никотиндор, ки аз ҷониби озмоишгоҳҳо, истеҳсолкунандагони маҳсулоти никотиндор ва (ё) воридкунандагон (фурӯшандагон) ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуда, барои санҷиши сифат, дараҷаи бехатарӣ, мутобиқати ченкунӣ ба стандартҳои байналмилалӣ, ҳамчунин татбиқи озмоишҳои муқоисавии байниозмоишгоҳӣ, санҷидани мутобиқати параметрҳои бамеъёрдароваранда ба талаботи регламентҳои техникӣ, калибрченкунии таҷҳизот, санҷишҳо (тестҳо)-и муқоисавӣ, чошнигириҳо, омӯзиши намуди зоҳирӣ (дизайн) пешбинӣ шудаанд;
- намунаҳои маҳсулоти никотиндор, ки ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ташкилкунандагон ва (ё) иштирокдорони намоишгоҳҳои байналмилалӣ ва ярмаркаҳо ба сифати намунаҳо ва экспонатҳо ворид карда мешаванд;
- маҳсулоти никотиндор, ки дар дӯконҳои савдои бидуни боҷ фурӯхта мешаванд.
...