Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 декабри соли 2022, № 611
Тартиби тайёр намудан (омодасозӣ) ва муомилоти тамғаҳои аксизӣ
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби тайёр намудан (омодасозӣ) ва муомилоти тамғаҳои аксизӣ (минбаъд - Тартиб) тартиби тайёр кардан, харид ва фурӯши тамғаҳои аксизро ба муомилоти истеҳсолкунандагони маҳсулоти тамоку ва машрубот баровардани тамғаҳои аксизиро муқаррар намуда, бо мақсади пурра ба ҳисоб гирифтани истеҳсоли ин намуд молҳои зераксизӣ таҳия гардидааст.
2. Тамғаи аксизӣ ҳуҷҷати ҳисоботдиҳии қатъии дорои дараҷаи муайяни муҳофизат буда, барои баҳисобгирӣ ва назорати молҳои алоҳидаи зераксизии истеҳсоли ватанӣ ва воридотӣ аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот бароварда мешавад.
3. Фурӯши молҳои зераксизии тамғагузоришаванда бе тамғаҳои аксизӣ манъ аст. Ҳангоми бе тамғаҳои аксизӣ ба фурӯш баровардани молҳои зераксизии тамғагузоришаванда, чунин молҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мусодира карда мешаванд.
4. Истеҳсолкунандагон ва воридкунандагони молҳои зераксизӣ барои тамғагузории молҳои зераксизӣ масъул мебошанд.
5. Фармоишгари тамғаҳои аксизӣ Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
6. Омодасозии тамғаҳои аксизӣ барои маҳсулоти тамоку ва машрубот дар асоси шартнома байни фармоишгар ва омодакунандаи тамғаҳои аксизӣ бо дарназардошти дархости мақомоти фискалӣ дар доираи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуда, хароҷоти он аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ пардохт карда мешавад.
7. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамғаҳои аксизиро барои нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ, фурӯш ва назорат ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси борхат месупорад.
8. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамғаҳои аксизиро ба андозсупорандагоне мефурӯшанд, ки барои истеҳсол ва ё воридоти маҳсулоти тамоку ва машрубот иҷозатномаи дахлдор доранд.
9. Тамғагузории молҳои зераксизии истеҳсолшаванда ва воридшаванда аз ҷониби истеҳсолкунандагон ва воридкунандагон то ба фурӯш баровардани молҳои зераксизӣ ва воридоти молҳои зераксизӣ ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
10. Тамғаҳои аксизӣ хусусияти истифодабарии яккарата дошта, дубора истифода бурдани онҳо манъ аст.
11. Молҳои зераксизии воридшаванда (маҳсулоти тамоку ва машрубот) пас аз тамғагузорӣ ба расмияти гумрукӣ дароварда мешаванд.
12. Дар ҳолати вайрон ё гум шудани тамғаҳои аксизӣ дар фаъолияти истеҳсолкунандагон ва воридкунандагони молҳои зераксизӣ, андози аксиз дар ҳаҷми номгӯйи молҳои зераксизии тамғагузоришаванда пардохт карда мешавад.
13. Ҳисоби андози аксиз аз рӯи тамғаҳои аксизии вайрон ё гумшуда дар асоси меъёрҳои андози аксизи барои ҳар воҳиди ҳаҷми зарф ё баста муқарраршуда, ки дар тамға зикр гардидааст, анҷом дода мешавад.
14. Дар сурати дар тамғаи аксизӣ мавҷуд набудани ишора ба ҳаҷми воҳиди зарф (баста), ҳисоби андози аксиз аз рӯи тамғаҳои аксизии вайроншуда ё гумшуда бо назардошти ҳаҷми нисбатан калони воҳиди зарфи (бастаи) молҳои зераксизӣ дар давоми давраи пеш аз вайрон ё гум шудани тамғаҳои аксизӣ муайян карда мешавад.
15. Ҳангоми вайрон ё гум шудани тамғаҳои аксизӣ, андози аксиз дар ҳолатҳои зерин пардохт карда намешавад:
- ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулода, бо дарназардошти ба мақомоти андоз ва гумрук пешниҳод гардидани хулосаи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода ё хулоса (санад)-и экспертизаи мустақил ва санади муоинаи гумрукӣ;
- тамғаҳои аксизии вайроншуда, ки барои аз ҳисоб баровардан ё нобудсозӣ ба мақомоти андоз ва гумрук дар асоси санад супорида шудаанд.
16. Дар ҳолатҳои зерин тамғагузории молҳои зераксизӣ ҳатмӣ намебошад:
- ҳангоми таҳти низоми гумрукии "Содирот" баровардани молҳои зераксизӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- аз ҷониби субъектҳои савдои бебоҷ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти низоми гумрукии "Савдои бебоҷ" ворид намудани молҳои зераксизӣ;
- тавассути ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти низоми гумрукии "Транзити гумрукии байналмилалӣ" интиқол додани молҳои зераксизӣ;
- аз ҷониби шахси воқеии аз 21-сола боло ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи меъёрҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани маҳсулоти машрубот ва тамоку.
2. АРЗИШИ ТАМҒАҲОИ АКСИЗӢ
17. Тамғаҳои аксизӣ ба истеҳсолкунандагон ва воридкунандагони молҳои зераксизӣ бо нархҳои зерин фурӯхта мешаванд:
- барои маҳсулоти тамоку бо пули миллӣ баробар ба 0,04 евро барои 1 тамға;
- барои маҳсулоти машруботӣ бо пули миллӣ баробар ба 0,08 евро барои 1 тамға.
3. ТАРТИБИ ХАРИДИ ТАМҒАҲОИ АКСИЗӢ ВА МУОМИЛОТИ ОН
18. Барои хариди тамғаҳои аксизӣ ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- мактуб (ариза)-и истеҳсолкунанда ё воридкунандаи маҳсулоти зераксизӣ;
- нусхаи иҷозатнома ё ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи истеҳсоли маҳсулоти зераксизӣ дар дохили кишвар ва (ё) воридоти он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пардохти арзиши тамғаҳои аксизӣ ба буҷети давлатӣ.
19. Маблағи тамғаҳои аксизӣ ба таври ғайринақдӣ тавассути ташкилоти бонкӣ ба буҷети давлатӣ пардохт карда мешавад.
20. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар семоҳа на дертар аз санаи 20-уми моҳи навбатӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба миқдор ва истифодаи тамғаҳои аксизии ба ташкилотҳои истеҳсолкунанда ва (ё) воридкунандаи молҳои зераксизӣ фурӯхташуда ҳисобот пешниҳод менамоянд.
21. Тартиби тамғагузории молҳои зераксизии воридотӣ ва истеҳсолшавандаро Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо вазоратҳои молия ва саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд.
22. Тамғаҳои аксизии истифоданашуда аз ҷониби воридкунандагон ва (ё) истеҳсолкунандагони молҳои зераксизӣ ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бозпас қабул ва маблағи онҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ баргардонида мешавад.
23. Тамғаҳои аксизие, ки ба истеҳсолкунандагон ва воридкунандагони молҳои зераксизӣ фурӯхта шуда, пас аз фурӯш корношоям гардидаанд, бозпас қабул ва маблағи онҳо баргардонида намешаванд.
24. Шахсоне, ки талаботи Тартиби мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 декабри соли 2022, № 611
Номгӯйи молҳои зераксизии истеҳсоли ватанӣ ва воридотӣ, ки бояд ҳатман тамғагузорӣ карда шаванд
Рамзи мол мувофиқи НМ ФИХ ҶТ
|
Номгӯйи
молҳо
|
2204
|
Шаробҳои
ангурии аслӣ,
ҳамчунин
қувватдор;
шираи ангур, ғайр
аз молҳои
дар мавқеи
2009 нишондодашуда
|
2205
|
Вермутҳо ва дигар шаробҳои ангурии аслӣ бо омехтаи экстрактҳои растанӣ ё хушбӯй
|
2207
|
Спирти этилии денатуратсиянашуда бо консентратсияи спиртии 80%-и ҳаҷм ё зиёда аз он; спирти этилӣ ва дигар қиёмҳои спиртии денатуратсияшудаи консентратсияи мухталиф
|
2208
|
Спирти этилии денатуратсиянашуда
бо консентратисияи
спиртии камтар аз 80%-и ҳаҷм;
қиёми
спиртӣ,
ликёрҳо
ва дигар нӯшокиҳои
спиртӣ
|
2402
|
Сигорҳо, сигорҳои охирҳояшон буридашуда, сигариллҳо
ва сигаретҳо аз тамоку ё ивазкунандаҳои онҳо
|
2403
|
Дигар тамокуи бо роҳи саноатӣ истеҳсолшуда ва ивазкунандаҳои саноатии тамоку; тамокуи
«гомогенизирондашуда» ё «барқароршуда»; экстрактҳо ва эссенсияҳои тамоку
|
Эзоҳ: Маҳсулоти
тамоку ва машруботи истеҳсоли ватанӣ ва воридотӣ бо намунаҳои тамғаҳои аксизӣ тамғагузорӣ карда мешавад.
Приложение 1
к постановлению Правительства
Республики Таджикистан
от "29" декабря 2022 года, №611
Порядок изготовления и оборота акцизных марок
1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ
1. Порядок изготовления и оборота акцизных марок (далееПорядок) устанавливает порядок изготовления, приобретения и реализации акцизных марок производителям табачной и алкогольной продукции и разработан с целью полного учета производства этих видов подакцизных товаров.
2. Акцизная марка является документом строгой отчётности, имеющим определенную степень защиты, и выпускается в оборот Министерством финансов Республики Таджикистан для учёта и контроля отдельных подакцизных товаров отечественного производства и ввозимых товаров.
3. Реализация подлежащих маркировке подакцизных товаров без акцизных марок запрещается. При реализации подакцизных товаров, без акцизных марок, такие товары изымаются в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.
4. Производители и импортеры подакцизных товаров несут ответственность за маркировку подакцизных товаров.
5. Заказчиком акцизных марок является Министерство финансов Республики Таджикистан.
6. Изготовление акцизных марок на табачную и алкогольную продукцию осуществляется на основании договора между заказчиком и изготовителем акцизных марок с учетом запроса фискальных органов в пределах норм, установленных Правительством Республики Таджикистан, а его расходы уплачиваются за счет средств государственного бюджета
7. Министерство финансов Республики Таджикистан передает Налоговому комитету при Правительстве Республики Таджикистан и Таможенной службе при Правительстве Республики Таджикистан акцизные марки для хранения, учета, реализации и контроля на основании накладной.
8. Налоговый комитет при Правительства Республики Таджикистан и Таможенная служба при Правительства Республики Таджикистан реализует акцизные марки налогоплательщикам, имеющим соответствующую лицензию на производство или импорт табачной и алкогольной продукции.
9. Маркировка производимых и импортируемых подакцизных товаров производится производителями и импортерами до выставления на продажу подакцизных товаров и ввоза подакцизных товаров на таможенную территорию Республики Таджикистан.
10. Акцизные марки имеет одноразовый характер использования, и их повторное использование запрещено.
11. Импортируемые подакцизные товары (табачная и алкогольная продукция) подлежат таможенному оформлению после маркировки.
12. В случае порчи или утери акцизных марок в деятельности производителей и импортеров подакцизных товаров, акцизный налог уплачивается в объёме перечня подакцизных товаров, подлежащих маркировки.
13. Исчисление акцизного налога по испорченным или утерянным акцизным маркам производится исходя из установленных ставок акцизного налога к объему каждой единицы тары или упаковки, указанной на марке.
14. В случае отсутствия на акцизной марке обозначения объема единицы ёмкости (упаковки), исчисление акцизного налога по испорченным или утерянным акцизным маркам производится с учётом из наибольшего объема единицы ёмкости (упаковки) подакцизных товаров в течение налогового периода, предшествующего периоду порчи, утери акцизных марок.
15. При порче или утере акцизных марок, акциз не уплачивается в следующих случаях:
- при возникновении чрезвычайных ситуаций, с учетом представления в налоговые и таможенные органы заключения уполномоченного государственного органа о чрезвычайных ситуациях или заключения (акта) независимой экспертизы и акта таможенного досмотра;
- передачи испорченных акцизных марок налоговым органам на основании акта для списания или уничтожения.
16. Маркировка подакцизных товаров не является обязательной в следующих случаях:
- при вывозе подакцизных товаров из территории Республики Таджикистан под таможенным режимом "Вывоз";
- ввоз субъектами беспошлинной торговли на территорию Республики Таджикистан подакцизных товаров под таможенным режимом "Беспошлинная торговля";
- перемещение подакцизных товаров через таможенную территорию Республики Таджикистан под таможенным режимом "Международный таможенный транзит";
- ввоз алкогольной и табачной продукции на территорию Республики Таджикистан физическим лицом старше 21 года в пределах норм, установленных законодательством Республики Таджикистан.
2. СТОИМОСТЬ АКЦИЗНЫХ МАРОК
17. Акцизные марки реализуются производителям и импортерам подакцизных товаров по следующим ценам:
- для табачных изделий в национальной валюте, эквивалентной 0,04 евро за 1 марку;
- на алкогольную продукцию в национальной валюте, эквивалентной 0,08 евро за 1 марку.
3. ПОРЯДОК ПРИОБРЕТЕНИЯ АКЦИЗНЫХ МАРОК И ИХ ОБРАЩЕНИЯ
18. Для приобретения акцизных марок в Налоговый комитет при Правительстве Республики Таджикистан и Таможенную службу при Правительстве Республики Таджикистан предоставляются следующие документы:
- письмо (заявление) импортера или производителя подакцизной продукции;
- копия лицензии или документов, подтверждающих право на производство подакцизной продукции внутри страны и (или) её импорт в Республику Таджикистан;
- копия документа, подтверждающего уплату стоимости акцизных марок в государственный бюджет.
19. Сумма акцизных марок уплачивается безналично через учреждения банков в государственный бюджет.
20. Налоговый комитет при Правительства Республики Таджикистан и Таможенная служба при Правительства Республики Таджикистан ежеквартально не позднее 20 числа следующего месяца предоставляют сведения Министерству финансов Республики Таджикистан о количестве и использовании марок, реализованных организациям, производящим и (или) импортирующим подакцизные товары.
21. Порядок маркировки импортируемых и производимых подакцизных товаров определяется Налоговым комитетом при Правительстве Республики Таджикистан и Таможенной службой при Правительстве Республики Таджикистан по согласованию с министерствами финансов и промышленности и новых технологий Республики Таджикистан.
22. Неиспользованные акцизные марки возвращаются производителями и (или) импортерами подакцизных товаров Налоговому комитету при Правительстве Республики Таджикистан и Таможенной службе при Правительстве Республики Таджикистан и их стоимость возмещается из государственного бюджета.
23. Акцизные марки, реализованные производителям и импортерам подакцизных товаров и поврежденные после их реализации, обратно не принимается и их сумма не возвращается.
24. Лица, нарушившие требования настоящего Порядка, привлекаются к ответственности в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.
Приложение 2
к постановлению Правительства
Республика Таджикистан
от «29» декабря 2022 года, №611
Перечень подакцизных товаров отечественного производства и ввозимых товаров, подлежащих обязательной маркировке
Код товара по ТН ВЭД Рес. Тадж. | Наименование товаров |
2204 | Вина виноградные натуральные, включая крепленые; сусло виноградное, кроме указанного в товарной позиции 2009 |
2205 | Вермуты и виноградные натуральные вина прочие с добавлением растительных или ароматических веществ |
2207 | Спирт этиловый не денатурированный с концентрацией спирта 80% объема или более; этиловый спирт и прочие спиртовые настойки, денатурированные, любой концентрации |
2208 | Спирт этиловый не денатурированный с концентрацией спирта менее 80% объема; спиртовые настойки, ликеры и прочие спиртные напитки |
2402 | Сигары, сигары с обрезанными концами, сигариллы и сигареты из табака или его заменителей |
2403 | Прочий промышленно изготовленный табак и промышленные заменители табака; табак «гомогенизированный» или «восстановленный»; табачные экстракты и эссенции |
Примечание: Отечественная и ввозимая табачная и алкогольная продукция маркируется соответствующими образцами акцизных марок.