ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ШАРТНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 10 ноябри соли 2022, № 898
қабул карда шуд
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 16 декабри соли 2022, № 347
ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 23 июли соли 2016 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2016, №7, мод. 606) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 5 қисми 6 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"6. Тартиби баргузории гуфтушунидҳо, баимзорасонӣ ва барои тасдиқ (ратификатсия) пешниҳод намудани шартномаҳои байналмилалиро вобаста ба кумаки беруна Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.".
2. Дар ном ва муқаддимаи қисми 1 моддаи 7 калимаи "қабули" ба калимаҳои "маъқул донистани" иваз карда шавад.
3. Дар сархати шашуми моддаи 11 аломат ва калимаҳои ", кумаки иқтисодӣ, имтиёзҳои андозбандӣ ва кумакҳои дигар" ба калимаҳои "ва имтиёзҳои андозбандӣ, ба истиснои грант ва дигар кумакҳои бебозгашт" иваз карда шаванд.
4. Ба қисми 2 моддаи 12 пас аз калимаҳои "Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "мувофиқан тавассути мактуб ва қарори дахлдор" илова карда шаванд.
5. Моддаи 14 хориҷ карда шавад.
6. Дар моддаи 26:
- қисми 3 хориҷ карда шавад;
- қисмҳои 4 ва 5 мувофиқан қисмҳои 3 ва 4 ҳисобида шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 24 декабри соли 2022, № 1946
Закон Республики Таджикистан
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О МЕЖДУНАРОДНЫХ ДОГОВОРАХ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН"
Принят Постановлением МН МОРТ
от 10 ноября 2022 года, №898
Одобрить Постановлением ММ МОРТ
от 16 декабря 2022 года, №347
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан "О международных договорах Республики Таджикистан" от 23 июля 2016 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2016 г., №7, ст. 606) следующие изменения и дополнения:
1. Статью 5 дополнить частью 6 следующего содержания:
"6. Порядок проведения переговоров, подписания и представления для ратификации международных договоров, связанных с внешней помощью, определяется Правительством Республики Таджикистан.".
2. В названии и преамбуле части 1 статьи 7 слово "принятие" заменить словом "одобрение".
3. В абзаце шестом статьи 11 знак и слова ", экономической помощи, налоговых льгот и иной помощи" заменить словами "и налоговых льгот, за исключением грантов и иной безвозмездной помощи".
4. Часть 2 статьи 12 после слов "Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан" дополнить словами "соответственно письмом и соответствующим постановлением".
5. Статью 14 исключить.
6. В статье 26:
- часть 3 исключить;
- части 4 и 5 соответственно считать частями 3 и 4.
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душенбе,
от 24 декабря 2022 года №1946