Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2022, № 1946 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ШАРТНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 10 ноябри соли 2022, № 898

қабул карда шуд

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 16 декабри соли 2022, № 347

ҷонибдорӣ карда шуд

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 23 июли соли 2016 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2016, №7, мод. 606) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба моддаи 5 қисми 6 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"6. Тартиби баргузории гуфтушунидҳо, баимзорасонӣ ва барои тасдиқ (ратификатсия) пешниҳод намудани шартномаҳои байналмилалиро вобаста ба кумаки беруна Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.".

2. Дар ном ва муқаддимаи қисми 1 моддаи 7 калимаи "қабули" ба калимаҳои "маъқул донистани" иваз карда шавад.

3. Дар сархати шашуми моддаи 11 аломат ва калимаҳои ", кумаки иқтисодӣ, имтиёзҳои андозбандӣ ва кумакҳои дигар" ба калимаҳои "ва имтиёзҳои андозбандӣ, ба истиснои грант ва дигар кумакҳои бебозгашт" иваз карда шаванд.

4. Ба қисми 2 моддаи 12 пас аз калимаҳои "Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "мувофиқан тавассути мактуб ва қарори дахлдор" илова карда шаванд.

5. Моддаи 14 хориҷ карда шавад.

6. Дар моддаи 26:

- қисми 3 хориҷ карда шавад;

- қисмҳои 4 ва 5 мувофиқан қисмҳои 3 ва 4 ҳисобида шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                               Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 24 декабри соли 2022, № 1946