Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2022, № 1945 "Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гаравхона (ломбард)"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ГАРАВХОНА (ЛОМБАРД)"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 декабри соли 2022, № 924

қабул карда шуд

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 16 декабри соли 2022, № 346

ҷонибдорӣ карда шуд

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гаравхона (ломбард)" аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №7, мод. 520; с. 2014, №11, мод. 662; с. 2020, №7-9, мод. 619) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:

1. Аз ном ва муқаддимаи Қонун, сархати якуми моддаи 1, ном ва матни моддаи 2, қисми 1 моддаи 4 аломат ва калимаҳои "(ЛОМБАРД)", "(ломбард)" ва "(ломбард, минбаъд - гаравхона)" хориҷ карда шаванд.

2. Моддаҳои 3(1) ва 3(2) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"Моддаи 3(1). Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими фаъолияти гаравхонаҳо

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими фаъолияти гаравхонаҳо мансубанд:

- пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи танзими фаъолияти гаравхонаҳо;

- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими фаъолияти гаравхонаҳо;

- фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои рушди соҳаи танзими фаъолияти гаравхонаҳо;

- амалӣ намудани дигар салоҳияти пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 3(2). Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими фаъолияти гаравхонаҳо

Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими фаъолияти гаравхонаҳо мансубанд:

- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи танзими фаъолияти гаравхонаҳо;

- мониторинги фаъолияти гаравхонаҳо;

- натиҷагирӣ аз таҷрибаи танзими фаъолияти гаравхонаҳо;

- таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани таклифҳо оид ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими фаъолияти гаравхонаҳо;

- таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи танзими фаъолияти гаравхонаҳо;

- иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти гаравхонаҳо;

- амалӣ намудани дигар ваколатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.".

3. Дар матни моддаи 5 калимаҳои "санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти баҳодиҳӣ" иваз карда шаванд.

4. Дар сархати панҷуми қисми 4 моддаи 4, ном ва матни моддаи 5, қисми 5 моддаи 7, қисми 3 моддаи 8, сархати чоруми қисми 2 моддаи 10 ва сархати чоруми қисми 2 моддаи 11 калимаҳои "нархгузории", "Нархгузории", "нархгузорӣ" ва "нархгузоришудаи" мувофиқан ба калимаҳои "баҳодиҳии", "Баҳодиҳии", "баҳодиҳӣ" ва "баҳододашудаи" иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                        Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 24 декабри соли 2022, № 1945