ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ БА БАЪЗЕ НАМУДҲОИ ФАЪОЛИЯТ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 18 ноябри соли 2022, № 912
қабул карда шуд
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 16 декабри соли 2022, № 345
ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" аз 17 майи соли 2004 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, № 5, мод. 348; с. 2005, № 3, мод. 120; с. 2006, № 7, мод. 343; с. 2007, № 6, мод. 433; с. 2008, № 1, қ. 2, мод. 14, № 6, мод. 457, № 10, мод. 816; с. 2009, № 3, мод. 78, № 5, мод. 326, № 9-10, мод. 544; с. 2010, № 12, қ. 1, мод. 821; с. 2012, № 12, қ. 1, мод. 1005; с. 2013, № 3, мод. 193, № 11, мод. 787; с. 2014, № 7, қ. 2, мод. 406, мод. 407, № 11, мод. 666; с. 2015, № 3, мод. 206, мод. 213, № 11, мод. 967; с. 2016, № 5, мод. 369, № 7, мод. 631, № 11, мод. 885; с. 2017, № 5, қ. 1, мод. 291; с. 2019, № 6, мод. 327; с. 2020, № 7-9, мод. 618) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Дар ном ва қисми 1 моддаи 6, матни моддаи 13 калимаҳои "Салоҳияти", "салоҳият" ва "салоҳияти" ба калимаҳои "Ваколати", "ваколат" ва "ваколати" иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 10:
- ба қисми 3 пас аз калимаи "мӯҳлати" калимаҳои "муқаррарнамудаи қисмҳои 1 ва 2 моддаи" илова карда шаванд;
- дар қисми 6 калимаи "бепул" ба калимаи "ройгон" иваз карда шавад;
- дар қисми 7 калимаи "дубликати" ба калимаҳои "нусхаи дуюми (дубликати)" иваз карда шавад.
3. Дар қисми 5 моддаи 14 калимаҳои "рӯзи ба ҳукми қонун даромадани" ба калимаҳои "эътибори қонунӣ пайдо кардани" иваз карда шаванд.
4. Дар моддаи 17:
- сархати бисту дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- фаъолият дар соҳаи обуҳавошиносӣ ва соҳаҳои ба он алоқаманд, инчунин корҳои таъсиррасонии фаъолона ба раванду падидаҳои обуҳавошиносӣ ва геофизикӣ;";
- аз сархати чилу сеюм калимаи "(нархгузорӣ)" хориҷ карда шавад;
- дар сархати чилу чорум калимаи "туристӣ" ба калимаи "сайёҳӣ" иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 24 декабри соли 2022, № 1944