ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ ПАСАНДОЗҲОИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 ноябри соли 2022, № 893
қабул карда шуд
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 16 декабри соли 2022, № 344
ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ" аз 2 августи соли 2011 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №7-8, мод. 612; с. 2015, №11, мод. 973; с. 2018, №7-8, мод. 534) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 22:
- қисми 14 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"14. Шахсе, ки аз пасандоздор ҳуқуқи талаб кардани пасандозро баъди фарорасии ҳолати суғуртавӣ соҳиб шудааст, ба гирифтани ҷубронпулӣ аз рӯи чунин пасандоз ҳуқуқ надорад, ба истиснои шахси воқеие, ки ҳуқуқи талаб кардани пасандози аз рӯи он ба пасандоздор ҷубронпулӣ пардохтнагардидаро бо тартиби мерос соҳиб шудааст. Меросхӯр ҳуқуқ дорад аз ҳуқуқҳои пасандоздори фавтида, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, аз лаҳзаи ба меросхӯр додани шаҳодатномаи дахлдори ҳуқуқ ба мерос ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи ӯ ба мерос ё ҳуқуқи истифодаи маблағҳои пулии меросгузор, истифода барад.";
- қисми 15 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"15. Ҳангоми бо тартиби мерос ба якчанд шахс гузаштани ҳуқуқи талаб кардани пасандози пасандоздор баъди фарорасии ҳолати суғуртавӣ, ҳар яке аз онҳо ҳуқуқ ба қисми ҷубронпулии ба пасандоздор пардохтнашударо ба андозаи баробар ба ҳуқуқи соҳибшудаи ӯ барои талаб кардани пасандози мазкур соҳиб мешавад. Пардохти ҷубронпулӣ ба меросхӯр аз рӯи пасандози мазкур аз пардохти ҷубронпулӣ ба ҳамон меросхӯр аз рӯи пасандозҳои дигар вобаста намебошад. Андозаи умумии пардохтҳо ба ҳамаи меросхӯрон аз рӯи пасандозе, ки ҳуқуқи талаб кардан ба он бо тартиби мерос гузаштааст, бо андозаи ниҳоии ҷубронпулӣ аз рӯи пасандози муқаррарнамудаи Қонуни мазкур маҳдуд карда мешавад.".
2. Дар қисми 1 моддаи 25 пас аз калимаи "суғуртавӣ" калимаҳо ва рақамҳои ", ба истиснои ҳолатҳои дар қисми 14 моддаи 22 Қонуни мазкур пешбинишуда," илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2021 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 24 декабри соли 2022, №1943
Закон Республики Таджикистан
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЯ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О СТРАХОВАНИИ СБЕРЕЖЕНИЙ ФИЗИЧЕСКИХ ЛИЦ"
Принят Постановлением МН МОРТ
от 2 ноября 2022 года, №893
Одобрить Постановлением ММ МОРТ
от 16 декабря 2022 года, №344
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан "О страховании сбережений физических лиц" от 2 августа 2011 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2011 г., №7-8, ст. 612; 2015 г., №11, ст. 973; 2018 г., №7-8, ст. 534) следующие изменение и дополнения:
1. В статье 22:
- часть 14 изложить в следующей редакции:
"14. Лицо, которое приобрело у вкладчика право требования по вкладу после наступления страхового случая, права на возмещение по такому вкладу не имеет, за исключением физического лица, приобретшего в порядке наследования право требования по вкладу, по которому выплата возмещения вкладчику не производилась. Наследник вправе воспользоваться правами умершего вкладчика, предусмотренными настоящим Законом, с момента выдачи наследнику соответствующего свидетельства о праве на наследство или иного документа, подтверждающего его право на наследство или право использования денежных средств наследодателя.";
- дополнить частью 15 следующего содержания:
"15. При переходе в порядке наследования после наступления страхового случая права требования по вкладу вкладчика нескольким лицам, каждый из них приобретает право на часть невыплаченного вкладчику возмещения в размере, пропорциональном размеру приобретенного им права требования по указанному вкладу. Выплата наследнику возмещения по указанному вкладу не зависит от выплаты этому же наследнику возмещения по иным вкладам. Совокупный размер выплат всем наследникам по вкладу, права требования по которому перешли в порядке наследования, ограничен предельным размером возмещения по вкладу, установленным настоящим Законом.".
2. Часть 1 статьи 25 после слова "случая" дополнить словами и цифрами ", за исключением случаев, предусмотренных частью 14 статьи 22 настоящего Закона".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие с 1 января 2021 года.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 24 декабря 2022 года №1943