ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ КАФОЛАТҲОИ ДАВЛАТИИ БАРОБАРҲУҚУҚИИ МАРДОНУ ЗАНОН ВА ИМКОНИЯТҲОИ БАРОБАРИ АМАЛИГАРДОНИИ ОНҲО"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 ноябри соли 2022, № 895
қабул карда шуд
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 16 декабри соли 2022, № 336
ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо" аз 1 марти соли 2005 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, №3, мод. 129) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Муқаддима дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Қонуни мазкур муносибатҳоро вобаста ба таъмини кафолатҳои конститутсионии баробарҳуқуқии мардону занон дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва самтҳои дигар ба танзим дароварда, табъизро аз рӯи аломати ҷинсӣ пешгирӣ менамояд ва амалигардонии имкониятҳои баробарҳуқуқии онҳоро муқаррар мекунад.".
2. Дар номи БОБИ 1 калимаи "ҚОИДАҲОИ" ба калимаи "МУҚАРРАРОТИ" иваз карда шавад.
3. Дар моддаи 1:
- сархати якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- гендер - ҷанбаи иҷтимоии муносибатҳои байни мардону занон, ки дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт, аз ҷумла сиёсат, иқтисод, ҳуқуқ, фарҳанг, маориф ва илм зоҳир мегардад;";
- аз сархати панҷум калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад;
- сархати шашум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- табъизи ҷинсӣ - ҳама гуна фарқиятгузорӣ, истиснокунӣ, маҳдудсозӣ ё афзалиятдиҳӣ аз рӯи аломати ҷинсӣ.".
4. Аз матни моддаи 2 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.
5. Дар моддаи 3:
- дар ном ва матни модда калимаҳои "поймолкунии ҳуқуқ" ба калимаҳои "табъизи ҷинсӣ" иваз карда шаванд;
- қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Табъизи мардону занон аз рӯи ҷинс манъ аст.".
6. Моддаи 3(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Моддаи 3(1). Принсипҳои асосии таъмини кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо
Кафолатҳои давлатии баробарҳукуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо дар асоси принсипҳои зерин амалӣ карда мешаванд:
- қонуният;
- баробарҳуқуқии мардону занон;
- нораво будани табъиз аз рӯи ҷинс;
- ошкорбаёнӣ ва шаффофият.".
7. Дар сархати сеюми моддаи 4 калимаҳои "поймолкунии ҳуқуқи шаҳрвандонро аз рӯи ҷинс" ба калимаҳои "табъиз аз рӯи ҷинсро" иваз карда шаванд.
8. Дар қисми якуми моддаи 6:
- дар сархати сеюм калимаҳои "поймолкунии ҳуқуқро" ба калимаи "табъизро" иваз карда шаванд;
- дар сархати чорум калимаҳои "духтарони ноҳияҳои кӯҳистон, деҳот" ба калимаҳои "духтарон ва писарони деҳаҳои дурдасти ҷумҳурӣ" иваз карда шаванд.
9. Дар моддаи 13 калимаи "зайлро" ба калимаи "зеринро" иваз карда шавад.
10. Моддаи 14 хориҷ карда шавад.
11. Дар қисми якуми моддаи 17 калимаҳои "поймолкунии ҳуқуқ аз рӯи ҷинс" ба калимаҳои "табъизи ҷинсӣ" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 24 декабри соли 2022, № 1941