Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2022, №1939 "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи собиқадорон""

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ СОБИҚАДОРОН"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 октябри соли 2022, № 843

қабул карда шуд

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 16 декабри соли 2022, № 334

ҷонибдорӣ карда шуд

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи собиқадорон" аз 7 апрели соли 1995 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, №7-8, мод. 67; с. 1996, №3, мод. 48; с. 1998, №22, мод. 295; с. 2004, №2, мод. 41; с. 2007, №7, мод. 657; с. 2010, №1, мод. 18; с. 2020, №12, мод. 915; с. 2021, №12, қ. 2, мод. 717) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба қисми якуми моддаи 20 пас аз калимаҳои "мақомоти гумрук" аломат ва калимаҳои ", мақомоти назорати маводи нашъаовар" илова карда шаванд.

2. Ба матни моддаи 38 ва қисми сеюми моддаи 43 пеш аз калимаи "судяҳо" калимаҳои "мақомоти назорати маводи нашъаовар," илова карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                             Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 24 декабри соли 2022, №1939