ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 октябри соли 2022, № 853
қабул карда шуд
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 16 декабри соли 2022, № 333
ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" аз 2 августи соли 2011 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №7-8, мод. 616; с. 2016, №3, мод. 147; с. 2018, №5, мод. 283; с. 2019, №4-5, мод. 222; с. 2022, №6, мод. 353) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 2 калимаҳои "новобаста ба маҳалли ҷойгиршавии" ба калимаҳои "новобаста ба шакли моликият ва маҳалли ҷойгиршавии" иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 7:
- ба сархати сеюм пас аз калимаи "умумӣ" аломат ва калимаҳои ", ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ" илова карда шаванд;
- ба сархати панҷум пас аз калимаи "умумӣ" аломат ва калимаҳои ", ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ" илова карда шаванд.
3. Дар моддаи 8:
- сархатҳои шашум, ҳафтум ва ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шаванд;
"- маърифати ахлоқӣ, эстетикӣ ва экологии фарзандро ташаккул диҳанд;
- фарзандро дар рӯҳияи эҳтиром ба худ ва атрофиён, оила, урфу одат, анъанаҳо ва фарҳанги миллии худ ва халқҳои дигар тарбия намоянд;
- фарзандро дар рӯҳияи сарфаю сариштакорӣ тарбия намуда, бо маблағ ва молу мулк муносибати эҳтиёткорона доштанро омӯзонанд;";
- сархати чордаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- ба фарзанд тамошои филмҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ, зӯроварӣ, экстремистӣ, террористӣ, тундгароӣ ва ҷудоихоҳиро манъ намоянд;";
- дар сархати шонздаҳум калимаҳои "экстремистӣ ва террористиро" ба калимаҳои "экстремистӣ, террористӣ, тундгароӣ ва ҷудоихоҳиро" иваз карда шаванд;
- сархати ҳаждаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- ба фарзанд истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ, маҳсулоти тамоку, воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, инчунин моддаҳои сахттаъсир ва мадҳушкунандаро манъ намоянд;".
4. Дар қисми 3 моддаи 15 калимаи "қонунгузорӣ" ба калимаҳои "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 24 декабри соли 2022, № 1938