ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 7 декабри соли 2022, № 931
қабул карда шуд
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 16 декабри соли 2022, № 343
ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2021 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2021, №12, қ. 1, м. 681; с. 2022, №1-3, мод. 18) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 12 моддаи 21 калимаҳои "молу мулки давлатӣ" ба калимаҳои "объектҳое, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ тибқи тартиби муқарраргардида ба иҷора дода мешаванд" иваз карда шаванд.
2. Дар қисми 2 моддаи 189:
- дар банди 7) аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз карда шавад;
- банди 8) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"8) даромадҳои ғайрирезидент аз лизинги амалиётии (иҷораи) киштиҳои ҳавоӣ (ҳавопаймо, чархбол), муҳаррикҳо, агрегатҳои асосӣ ва қисмҳои эҳтиётии онҳо, инчунин аз хизматрасонӣ ва таъмири киштиҳои ҳавоӣ (ҳавопаймо, чархбол), муҳаррикҳо ва агрегатҳои асосии онҳо тибқи шартномаҳои дахлдор бо ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ.".
3. Дар моддаи 251:
- дар сархати понздаҳуми қисми 4 аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз карда шуда, сархатҳои шонздаҳум ва ҳабдаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"- воридоти сӯзишворӣ, моддаҳои кимиёвӣ ва равғанҳои молиданӣ барои киштиҳои ҳавоӣ (ҳавопаймо, чархбол) бевосита аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ;
- воридоти (воридоти муваққатии) киштиҳои ҳавоӣ (ҳавопаймо, чархбол), муҳаррикҳо, агрегатҳои асосӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ барои киштиҳои ҳавоӣ (ҳавопаймо, чархбол) бевосита аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ.";
- қисмҳои 7 ва 8 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"7. Хизматрасониҳои лизинги амалиётии (иҷораи) ғайрирезидент ба ширкати ватании ҳавопаймоӣ вобаста ба киштиҳои ҳавоӣ (ҳавопаймо, чархбол), муҳаррикҳо, агрегатҳои асосӣ ва қисмҳои эҳтиётии онҳо аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.
8. Амалиёте, ки ғайрирезидент барои ширкати ватании ҳавопаймоӣ вобаста ба хизматрасонӣ ва таъмири киштиҳои ҳавоӣ (ҳавопаймо, чархбол), муҳаррикҳо, агрегатҳои асосӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ онҳо анҷом медиҳад, инчунин воридоти киштиҳои ҳавоӣ (ҳавопаймо, чархбол), муҳаррикҳо, агрегатҳои асосӣ ва қисмҳои эҳтиётии онҳо пас аз хизматрасонӣ ва таъмир дар давлатҳои хориҷа аз андоз аз арзиши иловашуда озод мебошанд.".
4. Дар қисми 1 моддаи 286:
- дар сархати ҳаштум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз карда шавад;
- сархати нуҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- воридоти сӯзишворӣ, моддаҳои кимиёвӣ ва равғанҳои молиданӣ барои киштиҳои ҳавоӣ (ҳавопаймо, чархбол) аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ новобаста ба муқаррароти қисми 2 моддаи мазкур.".
5. Ба моддаи 397 қисми 18 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"18. Муқаррароти банди 8) қисми 2 моддаи 189, сархатҳои шонздаҳум ва ҳабдаҳуми қисми 4, қисмҳои 7 ва 8 моддаи 251 ва сархати нуҳуми қисми 1 моддаи 286 Кодекси мазкур то 1 сентябри соли 2027 амал мекунанд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 сентябри соли 2022 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 24 декабри соли 2022, № 1934