Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2022, № 1930 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 12 октябри соли 2022, № 863

қабул карда шуд

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 16 декабри соли 2022, № 327

ҷонибдорӣ карда шуд

Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №1, қ. 1, мод. 6, мод. 7; с. 2010, №1, мод. 6; с. 2012, №7, мод. 721; с. 2014, №7, қ. 1, мод. 388; №12, мод. 821; с. 2015, №11, мод. 953; с. 2016, №5, мод. 360, с. 2018, №1, мод. 6; с. 2019, №1, мод. 6, №6, мод. 314; с. 2020, №7-9, мод. 603; с. 2021, №12, қ. 2, мод. 691; с. 2022, №1-3, мод. 6, мод. 7, №7, мод. 440), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 4:

- матни модда қисми 1 ҳисобида шуда, рақамгузорӣ карда шавад;

- қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"2. Аризаи даъвогӣ (ариза), шикоят, эътироз, дархосг, пешниҳод ва дигар ҳуҷҷатҳои замимашаванда метавонанд ба судҳо дар шакли хаттӣ ва (ё) электронӣ пешниҳод карда шаванд. Ҳуҷҷатҳо дар шакли электронӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзои электронии рақамии тасдиқшуда дар сомонаи судҳо ҷойгир карда мешаванд.".

2. Дар моддаи 11:

- ба қисми 5 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Дар маҷлиси пӯшидаи судӣ истифодаи воситаҳои сабти аудио ва видео иҷозат дода намешавад.";

- дар қисми 7 калимаҳои "ва телевизион" ба калимаҳои ", телевизион ва шабакаи интернет" иваз карда шаванд.

3. Ба моддаи 14 қисми 6 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"6. Санадҳои судӣ дар шакли хаттӣ қабул карда мешаванд. Санадҳои судӣ, ба истиснои санадҳои судие, ки дорои маълумоти сирри давлатӣ ё дигар сирри бо қонун ҳифзшаванда мебошанд ва (ё) парванда дар мурофиаи пӯшидаи судӣ баррасӣ гардида бошад, метавонанд дар шакли электронӣ тартиб дода шаванд, ки онҳо бо имзои электронии рақамии судя ё ҳайати суд тасдиқ карда мешаванд. Ҳангоми дар шакли электронӣ тартиб додани санади судӣ нусхаи он иловатан дар шакли коғазӣ чоп карда мешавад.".

4. Ба қисми 1 моддаи 37 сархати ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- ба суд ҳуҷҷатҳоро дар шакли электронӣ, аз ҷумла ҳуҷҷатҳоеро, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзои электронии рақамӣ тасдиқ карда шудаанд, бо ҷойгир намудани онҳо дар сомонаи суд пешниҳод намоянд;".

5. Ба қисми 2 моддаи 57 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Ба сифати далел истифода намудани сабти видеоии баёноти шахсони иштироккунандаи парванда, инчунин шахсони дигар, ки дар баррасии парвандаҳо дар судҳо бо тартиби пешбининамудаи моддаи 158(1) Кодекси мазкур гирифта шудааст, иҷозат дода мешавад.".

6. Дар моддаи 74:

- ба қисми 1 пас аз калимаи "электронӣ" калимаҳои ", тавассути истифодаи шабакаи интернет" илова карда шаванд;

- ба қисми 3 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Агар нусхаи ҳуҷҷатҳо ба суд дар шакли электронӣ пешниҳод гардида бошанд, суд метавонад пешниҳоди нусхаи аслии ин ҳуҷҷатҳоро талаб намояд.".

7. Сархати якуми қисми 1 моддаи 116 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- ном ва суроға, сомона, рақами телефон ва суроғаи почтаи электронии суд;".

8. Дар моддаи 118:

- ба номи модда пас аз калимаи "Супурдани" аломат ва калимаи "(ирсоли)" илова карда шаванд;

- қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"4. Хабарнома ё даъвати судӣ ба шахсони иштирокчии парванда ва иштирокчиёни дигари мурофиаи судӣ ҳамчунин бо ҷойгир намудани он дар сомонаи суд ирсол мегардад. Ҳамзамон суд шахсони иштирокчии парванда ва иштирокчиёни дигари мурофиаи судиро оид ба вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ ва амалҳои алоҳидаи мурофиавӣ ба воситаи ирсоли телефонограмма, телеграмма, алоқаи факсимилӣ, почтаи электронӣ ва воситаҳои дигари алоқа хабардор менамояд.".

9. Ба қисми 3 моддаи 121 пас аз калимаи "насб" калимаҳои "ва дар сомонаи судҳо ҷойгир" илова карда шаванд.

10. Ба қисми 1 моддаи 134 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Аризаи даъвогӣ мумкин аст ба судҳо дар шакли электронӣ тавассути ҷойгир намудани он дар сомонаи судҳо пешниҳод карда шавад.".

11. Ба моддаи 142 ҷумлаи сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Чунин ариза мумкин аст ба суд дар шакли электронӣ бо ҷойгир намудани он дар сомонаи суд пешниҳод карда шавад.".

12. Ба қисми 3 моддаи 149 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

13. Моддаи 158(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Моддаи 158(1). Иштирок дар маҷлиси судӣ тариқи реҷаи мустақим (онлайн)

1. Шахсони иштирокчии парванда ҳуқуқ доранд дар маҷлиси судӣ тариқи реҷаи мустақим (онлайн) иштирок кунанд, агар онҳо дар ин хусус дархост намуда бошанд ва имконияти техникии баргузор намудани он дар суд мавҷуд бошад.

2. Судҳои дахлдори маҳалли истиқомат, маҳалли будубош ва (ё) маҳалли ҷойгиршавии шахсони иштирокчии парванда, намояндагони онҳо, ҳамчунин шоҳидон, коршиносон, мутахассисон ва тарҷумонҳо барои баргузории мурофиаи судӣ тариқи реҷаи мустақим (онлайн) мусоидат менамоянд. Барои таъмини иштироки шахсоне, ки дар тавқифгоҳи нигаҳдории муваққатӣ, тавқифгоҳи тафтишотӣ ва (ё) муассисаҳои тарбиявию ислоҳӣ қарор доранд, дар мурофиаи судӣ мумкин аст аз алоқаи видеоии ин муассисаҳо истифода шавад.

3. Суде, ки дар маҷлиси судӣ иштироки шахсони иштирокчии парванда, намояндаи онҳо, ҳамчунин шоҳидон, коршиносон, мутахассисон ва тарҷумонҳоро тариқи реҷаи мустақим (онлайн) таъмин менамояд, ба суд ҳозир шудани онҳоро санҷида, шахсияти онҳоро муайян мекунад, ба шоҳидон, экспертҳо, тарҷумонҳо дар бораи аз ҷониби суди баррасикунандаи парванда фаҳмондани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо ва огоҳ намудан дар бораи пешбинӣ гардидани ҷавобгарӣ барои аз ҷониби онҳо вайрон кардани қонун, забонхат мегирад. Забонхат на дертар аз рӯзи дигари гирифтани он ба суде, ки парвандаро баррасӣ менамояд, барои ҳамроҳ намудан ба протоколи маҷлиси судӣ ирсол карда мешавад.

4. Агар барои таъмини иштироки шахсони дар тавқифгоҳи нигаҳдории муваққатӣ, тавқифгоҳи тафтишотӣ ва (ё) муассисаҳои тарбиявию ислоҳӣ қарордошта дар реҷаи мустақим алоқаи видеоии ин муассисаҳо истифода шавад, гирифтани забонхат аз ин шахсон дар бораи аз ҷониби суди баррасикунандаи парванда фаҳмонидани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо ва огоҳ намудан дар бораи ҷавобгарӣ барои қонунвайронкунӣ аз ҷониби онҳо, бо мусоидати маъмурияти ин муассисаҳо амалӣ карда мешавад.".

14. Ба қисми 1 моддаи 201 ҷумлаҳои дуюм ва сеюм бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"Ҳалнома дар шакли хаттӣ (коғазӣ ва (ё) электронӣ) тартиб дода мешавад. Агар дар суд имконияти дар шакли электронӣ тартиб додани ҳалнома мавҷуд набошад, ҳалнома танҳо дар шакли хаттӣ (коғазӣ) таҳия карда мешавад.".

15. Қисми 1 моддаи 218 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"1. Ҳалномае, ки дар шакли электронӣ тартиб дода шудааст, на дертар аз панҷ рӯзи пас аз қабул шудани он, ба шахсони иштирокчии парванда бо ҷойгир намудани он дар сомонаи суд дар реҷаи дастрасии маҳдуд ирсол карда мешавад. Нусхаи ҳалнома дар шакли хаттӣ (коғазӣ) бо дархости шахсони номбурда дар ҳамин мӯҳлат, тавассути почта бо огоҳинома оид ба супоридан ирсол карда мешавад ва (ё) бо гирифтани забонхат ба онҳо супорида мешавад.".

16. Ба моддаи 232 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Таъиноте, ки дар шакли санади судии алоҳида қабул гардида, дар шакли электронӣ тартиб дода шудааст, на дертар аз панҷ рӯзи пас аз қабул шудани он ба шахсони иштирокчии парванда ва шахсони дигари манфиатдор тавассути ҷойгир намудани он дар сомонаи суд дар реҷаи дастрасии махдуд ирсол карда мешавад.".

17. Ба моддаи 328 қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"4. Шикоят ё эътирози кассатсионӣ метавонад дар шакли электронӣ бо имзои электронии рақамии тасдиқшуда тавассути ҷойгир намудани он дар сомонаи суд пешниҳод карда шавад.".

18. Ба моддаи 367 қисми 5 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"5. Шикоят ё эътирози назоратӣ метавонад дар шакли электронӣ бо имзои электронии рақамии тасдиқшуда тавассути ҷойгир намудани он дар сомонаи суд пешниҳод карда шавад.".

19. Ба моддаи 383 ҷумлаи сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Ариза дар бораи аз нав дида баромадани санади судии эътибори қонунӣ пайдокарда аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоргардида метавонад дар шакли электронӣ бо имзои электронии рақамии тасдиқшуда тавассути ҷойгир намудани он дар сомонаи суд пешниҳод карда шавад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                              Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 24 декабри соли 2022, № 1930