Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2022, № 1928 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 12 октябри соли 2022, № 873

қабул карда шуд

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 16 декабри соли 2022, № 325

ҷонибдорӣ карда шуд

Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №12, қ. 1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, №5, мод. 321, №9-10, мод. 543; с. 2010, №1, мод. 2, мод.5, №3, мод.153, №7, мод. 547, №12, қ. 1, мод. 812; с. 2011, №6, мод. 430, мод. 431, №7-8, мод. 610, №12, мод. 838; с. 2012, №4, мод. 256, №7, мод. 685, мод. 693, №8, мод. 814, №12, қ. 1, мод. 1004; с. 2013, №3, мод. 181, №7, мод. 508; с. 2014, №3, мод. 143, мод. 144, №7, қ. 1, мод. 389, мод. 390; с. 2015, №3, мод. 201, №7-9, мод. 707, мод. 708, №11, мод. 955, №12, қ. 1, мод. 1108; с. 2016, №3, мод. 130, мод. 131, мод. 132, №5, мод. 359, мод. 361, №7, мод. 613, мод. 614, №11, мод. 877; с. 2017, №1-2, мод. 5, мод. 6, №5, қ. 1, мод. 275, №7-9, мод. 568, мод. 585; с. 2018, №1, мод. 9, №5, мод. 268, мод. 269; с. 2019, №1, мод. 8, №6, мод. 312, мод. 313, №7, мод. 464; с. 2020, №1, мод. 6, №7-9, мод. 604, мод. 606, мод. 621, №12, мод. 900, мод. 901; с. 2021, №6, мод. 384, мод. 385, №12, қ. 2, мод. 686, мод. 687, мод. 688, мод. 689; с. 2022, №1-3, мод. 12, №7, мод. 443), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба моддаи 17 қисмҳои 6 ва 7 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"6. Суиқасди содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ кирдори (амал ё беамалии) қасдонаи шахс мебошад, ки бевосита ба содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ равона гардидааст, агар ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо сабабҳои аз ин шахс вобастанабуда то ба охир расонида нашуда бошад.

7. Ҷавобгарии маъмурӣ барои суиқасди содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ танҳо дар ҳолатҳое фаро мерасад, ки агар ҷавобгарии маъмурии мазкур дар қисми махсуси ҳамин Кодекс пешбинӣ шуда бошад.".

2. Қисми 3 моддаи 40 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"3. Ҷазои маъмуриро дар намуди боздошти маъмурии амали иҷозатномаи машғул шудан бо намуди муайяни фаъолият мақомоти иҷозатномадиҳанда ё судя таъйин менамояд.".

3. Дар моддаи 207:

- матни модда қисми 1 ҳисобида шуда, рақамгузорӣ карда шавад;

- қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"2. Кирдорҳои дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, ки нисбат ба бабри барфӣ содир шуда бошанд,

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ ва ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то ҳаштод нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.".

4. Моддаи 377 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Моддаи 377. Истифодаи ғайриқонунии номи фирмавӣ, ҳамчунин номи маҳалли истеҳсоли мол, тамғаи молӣ ва тамғаи хизматрасонии ғайр нисбат ба мол ва хизматрасонии шабеҳ

1. Барои истифодаи ғайриқонунии номи фирмавӣ, ҳамчунин номи маҳалли истеҳсоли мол, тамғаи молӣ ва тамғаи хизматрасонии ғайр нисбат ба мол ва хизматрасонии шабеҳ ҳангоми набудани аломати ҷиноят,

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, аз сӣ то панҷоҳ, ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то сад, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз шаст то яксаду бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

2. Барои истифодаи ғайриқонунии тамғагузории огоҳкунанда нисбат ба номи маҳалли истеҳсоли мол ё тамғаи молие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, ҳангоми набудани аломати ҷиноят,

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, аз ҳафтод то сад, ба шахсони мансабдор аз ҳаштод то яксаду бист, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз яксаду бист то яксаду панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".

5. Ном ва қисми 1 моддаи 472 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

"Моддаи 472. Ғайриқонунӣ ворид намудан ё суиқасди ғайриқонунӣ ба муассисаҳои ислоҳӣ, изоляторҳо (тавқифгоҳҳо)-и тафтишотӣ ва нигоҳдории муваққатӣ ворид намудани ашёи манъшуда бо мақсади ба маҳкумшудагон, гумонбаршудагон, айбдоршавандагон ва судшавандагон додани онҳо

1. Барои ғайриқонунӣ ворид намудан ё суиқасди ғайриқонунӣ ба муассисаҳои ислоҳӣ, изоляторҳо (тавқифгоҳҳо)-и тафтишотӣ ва нигоҳдории муваққатӣ ворид намудани ашёи манъшуда бо мақсади ба маҳкумшудагон, гумонбаршудагон, айбдоршавандагон ва судшавандагон додани онҳо,

ба андозаи аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.".

6. Моддаи 638 хориҷ карда шавад.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                            Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 24 декабри соли 2022, № 1928