Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2022, № 1927 "Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 12 октябри соли 2022, № 875

қабул карда шуд

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 16 декабри соли 2022, № 324

ҷонибдорӣ карда шуд

Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2009 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №12, мод. 815, мод. 816; с. 2010, №7, мод. 551; с. 2011, №3, мод. 159, №7-8, мод. 609; с. 2012, №4, мод. 259, №7, мод. 714, №8, мод. 815, №12, қ. 1, мод. 1020, мод. 1025; с. 2013, №7, мод. 510, мод. 511; с. 2014, №3, мод. 142, №11, мод. 643; с. 2015, №11, мод. 950; с. 2016, №3, мод. 128, №5, мод. 357, №7, мод. 610, мод. 611; с. 2017, №1-2, мод. 4; с. 2018, №5, мод. 267; с. 2019, №1, мод. 3; с. 2020, №7-9, мод. 602, мод. 608; с. 2021, №1-2, мод. 5, №4, мод. 197, №12, қ. 2, мод. 684, мод. 685; с. 2022, №1-3, мод. 4, №7, мод. 442), тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:

1. Қисми 11 моддаи 161 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"11. Оид ба парвандаҳои вобаста бо ҷиноятҳое, ки моддаҳои 200, 201, 202, 202(1) , 202(2), 203, 204, 205, 206, 206(1) ва 289 (нисбати қочоқи воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо ва ё прекурсорҳои онҳо, моддаҳои сахттаъсир ва заҳрнок) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, тафтиши пешакӣ инчунин аз ҷониби муфаттишони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.".

2. Дар моддаи 401:

- қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"4. Пешниҳодҳо оид ба масъалаҳои дар қисми 3 ҳамин модда пешбинишуда дар муҳлати як моҳ аз рӯзи ворид шудани онҳо баррасӣ карда мешаванд.";

- қисмҳои 4, 5, 6 ва 7 мувофиқан қисмҳои 5, 6, 7 ва 8 ҳисобида шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                        Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 24 декабри соли 2022, № 1927